Ҷаъфар Ибни Абутолиб

Дар қабилаи бани Абдуманоф панҷ шахсе буданд, ки ҳар кадоми онҳо ба чеҳраи ҳазрати Расули Худо (с) бисёр зиёд шабоҳат доштанд, то ба он андоза, ки мардумон камбин наметавонистанд, ки миёни он ҳазрат (с) ва ишонро фарқ кунанд ва ин панҷ тан иборат буданд аз Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталлиб, писари амаки ҳазрати Расули Худо (с) ва бародари разоъи вай ва Қусом писари Аббос ибни Абдулмуталлиб, писари амаки Расули Худо (с) ва Соиб ибни Убайд ибни Абдуязида ибни Ҳошим ҷадди Имом Шофеъӣ (р). Ва Ҳасан ибни Алӣ, набераи ҳазрати Расули Худо (с) ва Ҳасан нисбат ба ҳамаи онҳо ба ҳазрати Расули Худо (с) шабоҳати бештар дошт ва Ҷаъфар ибни Абутолиб бародари ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳу.

Ҳоло ба муаррифии шахсияти бузургвори ҳазрати Ҷаъфар (р) ва баъзе аз гӯшаҳои зиндагии вай мепардозем.

Абутолиб бо вуҷуди шараф обрӯй ва қадру манзалати баландаш дар миёни Қурайш марди бебизоат ва серфарзанд буд. Ин ҳолати бади вай ба иллати хушксолӣ, ки домангири Қурайш шуда буд, беш аз пеш табоҳ гардид. Маоши ҳама аз байн рафт, вазъи мардум ба ҳадде расида буд, ки аз устухонҳои кӯҳна ва хушк гуруснагии хешро бартараф мекарданд. Дар он вақт дар миёни бани Ҳошим ҳеҷ кас ба мисли Паёмбар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва амакаш Аббос марди тавонгар ёфт намешуд. Аз ин рӯ, Муҳаммад ба амакаш Аббос гуфт: Эй амак, бародарат Абутолиб соҳиби зану фарзанди зиёд аст ва мебинӣ, ки шиддати қаҳтӣ ва гуруснагӣ мардумро ба чӣ ҳолате мубтало сохтааст. Биё бо ҳам назди вай биравем, то баъзе афроди хонаводаашро ҳамроҳи худ гирем, як ҷавони вайро ман ба дӯши худ гирам ва ҷавони дигарашро ту ба дӯш гир ва ба ин тартиб бори дӯши ӯро сабуктар созем ва мушкилии ӯро ҳал намоем. Аббос гуфт: Пешниҳоди хубе аст ва ташвиқ аст ба кори хайр.

Баъд ҳарду назди Абутолиб рафта ба ӯ гуфтанд, ки мо омадаем, то андаке аз таклиф ва машаққате, ки аз ноҳияи серфарзандӣ бо он рӯ ба рӯ ҳастӣ бикоҳеи, то он, ки ин ранҷ ува азоб, ки мардум ба он рӯ ба рӯ аст, рафъ гардад. Абутолиб гуфт: Уқайлро ба ман бигузоред ва ҳар коре, ки мекунед, бикунед.

Ҳазрати Муҳаммад Алиро дар кафолати худ гирифт ва ба аҳли худ ӯро зам кард ва Аббос Ҷаъфарро дар сояи риояти худ гирифт ва ба хонааш бурд. Ҳазрати Алӣ то он дам ба ҳазрати Муҳаммад монд, ки Худованд ӯро ба дин ҳидоят қадр ва ҳақ мабъус сохт Ҳазрати Алӣ аз миёни ҷавонон аввалин касе буд, ки ба нубуввати он ҳазрат (с) имон овард ва ҳазрати Ҷаъфар низ то вақте ҳамроҳ бо Аббос бимонд, ки ҷавон шуд, имон овард ва рӯзгорашро худ сару сомон дод ва аз кӯмаки амакаш Аббос мустағнӣ шуд. Ҷаъфар ибни Абутолиб ҳамроҳ бо ҳамсараш Асмоа бинти Умайс аз нахустин рӯзи даъват ба қофилаи нур пайваст, тавре ки ин ҳарду даъвати ҳазрати Абубакри Сиддиқро қабл аз он, ки ҳазрати Расули Худо (с) дохили хонаи Арқам гардад, имон оварданд. Ин ҷавони ҳошимитабор ҳамроҳ бо ҳамсари ҷавонаш низ мисли дигар ҳамфикрони хеш мавриди азияту ва озори Қурайш қарор гирифтанд ва босуботу устуворӣ ин роҳро идома доданд ва сабр пеша карданд. Чун эшон медонистанд, ки роҳи ҷаннат пӯшида бо хорҳо ва мамлу аз мушкилот ва душвориҳост. Аммо он чи, ки зиндагии ӯ ва шарики зиндагиашро дар ин шаҳр тирау тор сохта, ин буд, ки ишон наметавонистанд шиорҳои динии худро озодона анҷом диҳанд ва қурайшиён дар миёни онҳо ва шиорҳои диниашон ҳоил шуда иҷоза намедоданд, ки аз лаззати ибодат баҳраманд гарданд. Онҳо дар ҳар ҷоӣ дар камин менишастанд ва тамоми ҳаракот ва сукунашонро зери назар доштанд. Дар чунин фурсат буд, ки Ҷаъфар ибниАбутолиб азҳазрати Расули Худо (с) иҷоза хост, то ба вай ва ҳамсараш иҷоза диҳад, ки ҳамроҳи ҷамъи дигар аз асҳоб ба сарзамини Ҳабаш ҳиҷрат намояд. Ҳазрати Расули Худо (с) сахт ғамгину афсурда гашта, барои ишон иҷозаи ҳиҷрат дод.

Ба вай сахт душвор буд, ки ин ҷамъ аз покони некниҳоди сарзамин ва маъворо, ки айёми туфулияти худро дар он сипарӣ намуда ва ба он хӯ гирифта ва унс ёфтаанд, бидуни кадом ҷурме ба қасди диёри бегона тарк гӯянд, гуноҳи ишон дар назари Қурайш он буд, ки фақат ба ваҳдонияти Худованди воҳид имон оварда ва рисолати Паёмбари гиромиашро тасдиқ намуданд ва ғайр аз ин чӣ гуноҳе метавон дар вуҷуди ин ҷамъи покон ёфт. Аммо вай чорае ҷуз ин надошт, ки ба ишон иҷозаи ҳиҷрат надиҳад, чун тавони онро дар худ намедид, ки азият ва озори Қурайшро аз онҳо дафъ намояд. Қофилаи муҳоҷирини аввал ба сӯи Ҳабаша, ки дар раъси он Ҷаъфар ибни Абутолиб қарор дошт, ба роҳ афтод ва дар он ҷо дар ҷивори подшоҳи одил ва ҳақбин ва солеҳи он Наҷҷошӣ оромиши худро дарёфтанд ва итминони қалбӣ барояшон ҳосил гашт ва барои аввалин бор баъд аз он, ки мусалмон шуд, таъми оромиш ва лаззати ибодатро чашиданд, чун дар инҷо касе набуд, ки фазои ибодати ононро тира созад ва ё саодат ва хушбахтии ононро тира гардонад. Қурайшиён аз ин огоҳ набуданд, ки ин ҷамъи мусалмонон ба хотири динашон маъвои худро тарк гуфта ва равонаи диёри Ҳабаш шуда ва дар он ҷо дар сояи ҳимоят ва пуштибонии подшоҳи одил ва хайрҳоҳи он зиндагии ором ва пурсаодатро сипарӣ мекунанд.

Ҳамин ки аз ин қисса огоҳ шуданд, дар паи тарҳи дасиса гардиданд, то ба чӣ васила битавонанд ононро ба ватанашон баргардонанд ва ё ба қатл расонанд ва ба ҳеҷ сурат иҷоза надиҳанд, ки аз азият ва озори онон дар амон бошанд. Мо акнун риштаи суханро ба Умми Салама медиҳем, то худ дидаҳои худро дар ин хусус ба мо ҳикоят кунад.

Умми Салама гуфт: Вақте дохили сарзамини Ҳабаша гардидем, онро беҳтарин маъво ва маъман барои худ ёфтем, дар ин ҷодинамон дарамон буд, озодона Парвардигори худро ибодат мекардем ва аз ҳеҷ кас азияту ва озор намедидем ва аз ҳеҷ кас ҳарфе ки эҳсоси моро ҷароҳатдор созад, намешунидем. Вақте Қурайш аз ин вазъ иттилоъ ёфт, нороҳат гардид ва дар паи тарҳи дасиса шуд ва ду тан аз афроди қавӣ ва нерӯманди худ Амр ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Абирабеъаро бо ҳадяҳои зиёд назди Наҷҷошӣ ва битрикҳои вай фиристоданд ва ба ин ду кас тавзеҳ намуданд, қабл аз ин, ки ба Наҷошӣ дидор кунанд ва дар хусуси мо бо вай сӯҳбат намоянд, бояд бо битрикҳои вай вохӯранд ва ҳадяҳои мавриди писандяшонро танро бидиҳанд. Вақте ин ҳайат ба Ҳабаша расид, тибқи барномаи қаблӣ амал намуданд. Тавре ки бо битрикҳо дидан карданд ва ҳадяҳои ҳар кадомро ба ишон тақдим нашуданд ва ҳеҷ як аз онон намонд, магар он ки барои вай ҳадя тақдим карда гуфтанд: Ҳақиқат он аст, ки бархе аз ҷавонон бехиради мо аз дини бобо ва аҷдодашон баргашта ва дар миёни қавми худ ихтилоф афканда ва дар ин ҷо дар сарзамини ин подшоҳи шумо рахна кардаанд. Ҳар гоҳ агар мо дар ин хусус бо подшоҳ сӯҳбат намоем, бояд шумо ба вай машварат диҳед, бидуни онки онҳоро аз динашон савол кунад, онҳоро ба мо таҳвил диҳад, чун ашрофи қавмашон онҳоро хубтар мешиносанд ва ба муътақидоташон хубтар ошноанд. Битриқа гуфтанд: Дуруст аст. Умми Салама изофа намуд ҳеҷ амре барои Амр ва ҳамсафараш сахттар аз ин набуд, ки Наҷҷошӣ яке аз моро ба ҳузури худ бихоҳад ва ба суханаш гӯш диҳад.

Баъд ин ду нафар ба ҳузури Наҷҷошӣ омаданд ва ҳадяҳои худро ба ӯ тақдим намуданд. Наҷҷошӣ ҳадяҳояшонро писандид ва ба он дилфирефта шуд, баъд бо шоҳи Ҳабаша сухан оғоз намуда гуфтанд: Эй подшоҳи бузургвор, иддае аз писарбачаҳои ашрор ва бадхоҳи қавми мо дини худро тарк гуфта ва дини навфо даъво доранд, ки на мо онро мешиносем ва на шумо. Ишон на дар дини моанд ва на дар дини шумо сар ниҳодаанд ва ба ин тартиб, дар миёни мардум ихтилоф афкандаанд ва акнун дар ин ҷо омада, дар мамлакати шумо паноҳ ҷустаанд. Бузургон ва ашрофи қавмашон чи падарону чи амакон ва наздиконашон моро ба ҳузури муъаззами шумо фиристоданд ва аз шумо талаб кардаанд, ки ин дастаи ашрорро ба ватанашон баргардонед, чун онҳо ба фитнае, ки ишон эҷод намудаанд, донотар ва олимтаранд. Наҷҷошӣ ба сӯи битриқҳои худ нигарист. Ишон гуфтанд: Эй подшоҳи муъаззам, ишон дуруст гуфтанд. Қавмашон инҳоро хубтар медонанд, онҳоро ба диёрашон баргардон, то худамон дар мавридашон тасмим бигиранд.

Аз шунидани ин ҳарфи битриқ Наҷҷошӣ сахт хашмгин гардид ва гуфт: Не, қасам ба Худо чунин нахоҳам кард, ҳаргиз онҳоро таслим нахоҳам дод, то ки онҳоро ба ҳузур нахоҳам ва тӯҳмате, ки ба эшон нисбат додаанд, савол накунам. Агар онҳо чунин бошанд, ба гунае, ки ин ду шахс иддиъо доранд, барои ишон таслим секунам ва агар воқеият надошт ва барҳақ бошанд, аз ишон ҳимоят мекунам ва то вақте ки худро дар ҷивори ман қарор диҳанд, аз некии худ нисбат ба онон дареғ нахоҳам кард.

Умми Салама афзуд: Баъд Наҷҷошӣ касеро аз паи мо фиристод ва моро ба ҳузур хост ва қабл аз он ки ба ҳузури малик биравем, бо ҳам ҷамъ шудем ва машварат намудем ва гуфтем, ки подшоҳ шуморо аз динатон савол мекунад, бояд сароҳатан ба он чи, ки имон овардаед, сухан гӯед ва бояд сухангӯятон Ҷаъфар ибни Абутолиб бошад ва ҷуз вай набояд дигар ҳеҷ кас ҳарф бизанад.

Баъд ба ҳузури Наҷҷошӣ рафта дидем, ки вай битрикҳои худро ҷамъ карда ва дар перомуни вай дар тарафи росту чапи вай нишастаанд ва либосҳои махсуси худро ба тан намуда ва кӯлоҳҳои худ ба сар гузоштаи худро ва китобҳои худ дар пеши рӯ ниҳодаанд ва Амр ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Абирабеъа низ дар маҷлис ҳузур доранд. Вақте дар толор ҳар кадом ба ҷои худ нишастем, Наҷҷошӣ рӯ ба сӯи мо намуд ва гуфт: Ин дин, ки шумо муддаъии он ҳастед, чӣ гуна дин аст, ки тавассути он дар миёни қавматон ихтилоф андохтед ва на дар дини мо дохил шудед ва на дар дини ҳеҷ яказ адёини маъруфи миллатҳои дигар сар ниҳодед?

Ҷаъфар ибни Абутолиб пеш шуд ва гуфт: Эй подшоҳ, мо дар даврони ҷоҳилият мардуме будем, ки бутҳоро парастиш мекардем ва гӯшти худмурдаро мехӯрдем ва корҳои фоҳиша (зино)-ро муртакиб мешудем ва бо хешовандон қатъи силаи раҳм менамудем ва бо ҳамсоягон бадӣ раво медоштем ва қавии мо заъифамонро мехӯрд ва ба ин сурат, ҳолати мо давом дошт, то он ки Худованд аз миёни мо паёмбаре фиристод, ки насабашро мешиносем ва сидқу амонат ва иффати ӯро дидаем. Ҳамон буд, ки моро даъват кард, то Худованди воҳид ва ягонаро парастиш кунем ва аз мо хост ибодати бутҳо ва авсон ва сангҳо ва он чиро, ки бобо ва аҷдоди мо ривоҷ дода буданд, тарк кунем ва худро аз он бари созем. Вай ба мо амр намудааст, ки сухани рост гӯем, амонатро ба соҳибаш бипардозем силаи раҳм намоем, бо ҳамсоя некӯӣ кунем, аз ҳаромҳо чашм пӯшем, аз хунҳои ноҳақ худдорӣ кунем, аз фаҳшо ва зино ва сухани ботил ва хӯрдани моли ятим, бӯҳтони занони шавҳардор иҷтиноб намоем ва низ амр намудааст, ки Худовандро ба танҳоиаш ибодат кунем, ҳеҷ чизеро ба вай шарик наёварем, намоз барпо дорем, закот бидиҳем, рӯзаи моҳи Рамазонро бигирем.

Ҳамон буд, ки мо ӯро дар ин қавлаш тасдиқ намудем ва ба рисолаташ имон овардем ва он чиро, ки аз ҷониби Парвардигор оварда буд, пайравӣ намудем ва он чиро, ки барои мо ҳалол гуфт, онро ҳалол донистем ва он чиро, ки барои мо ҳаром гуфт, ҳаром шумурдем. Эй подшоҳи бузургвор, ҳамон буд, ки бархе аз мардуми мо бар зидди мо шӯриданд ва моро ба шадидтарин азоб мубтало сохтанд, то бад-ин васила моро аз ин оин баргардонанд ва ба ибодати бутҳо маҷбур созанд. Вақте онҳо дар ҳаққи мо ин зулмро раво доштанд ва моро бечора ва забун сохтанд, зиндагиро бар мо танг карданд, дар миёни мо ва оинамон ҳоил шуданд, ба кишвари ту рӯй овардем ва туро аз дигар он беҳтар донистем ва рағбати он намудем, ки дар канори ту ва дар паноҳи ту қарор гирем ва умеди он кардем, ки дар назди ту мавриди зулм ва таъдди қарор нагирем.

Умми Салама гуфт: Баъд Наҷҷошӣ рӯ ба сӯи Ҷаъфар ибни Абутолиб намуд ва гуфт: Оё чизе аз паёме, ки Худованд барои паёмбаратон нозил кардааст, ба ёд доред?

Гуфт: Бале.

Гуфт: Пас онро дар ҳузури ман қироат кун.

Ҷаъфар ибни Абутолиб ин оятро қироат кард: (Ин аст баёни бахшоиши Парвардигори ту бар бандаи худ Закариё чун нидо кард, Парвардигори худро (нидои) пинҳонӣ гуфт: Эй Парвардигори ман, ҳароина суст шудааст устухон аз бадани ман ва сарам аз сафедии мӯй шӯълавар гаштааст ва набудам дар дуои ту, эй Парвардигор, ман бебаҳрааш ба ин тартиб, қироати худ идома дод, то он ки бахше аз ин сураро тиловат намуд. Умми Салама гуфт: Аз шунидани ин оят Наҷҷошӣ ба гиря даромад ва чунон гирист, ки ҳатто ашк аз миёни ришҳояш қатра-қатра рехт ва усқуфҳояш низ сахт гиристанд, то он ки китобҳое, ки дар пеши рӯяшон кушода буд, тар шуд. Дар ин вақт Наҷҷошӣ гуфт: Ин паём, ки паёмбари шумо овардааст ва паёме, ки ҳазрати Исо (а) овардааст, ҳардуи он аз як нур ва аз як тобиш аст. Баъд рӯ ба сӯи Амр ва ҳамроҳи вай намуд ва гуфт: Биравед, қасам ба Худо, ҳаргиз инҳоро ба шумо таҳвил нахоҳам дод.

Умми Салама гуфт: Вақте аз назди Наҷҷошӣ берун шудем, Амр моро таҳдид намуда ва дар хитоб ва ҳамроҳонаш гуфт: Қасам ба Худо, фардо ба ҳузури Наҷҷошӣ меоям ва дили вайро чунон пур аз хашму ки на алайҳи инҳо месозам, то маҷбур шавад, ки реша ва бунёди ишонро бардорад. Абдуллоҳ ибни Абирабеъа ба вай гуфт: Эй Амр, чунин макун, инҳо ҳар чи ҳастанд, хешовандон ва аҳлу ва қабилаи моанд, ҳарчанд ки дар мухолифат аз дини мо баромадаанд.

Амр гуфт: Ин ҳарфҳоро бигзор, қасам ба Худо, ба Наҷҷошӣ чунон хабареро расонам, ки пояшон дар ин ҷо қарор нагирад. Қасам ба Худо, ба вай хоҳам гуфт, ки инҳо ба ин ақидаанд, ки Исо ибни Марям бандаи Худост. Вақте чун субҳ шуд, Амр боз ба маҳзари Наҷҷошӣ дохил шуд ва ба ӯ гуфт: Эй подшоҳи бузургвор, инҳое ки ба ишон паноҳ додаӣ ва аз ишон ҳимоят мекунӣ, касонеанд ки дар мавриди Исо ибни Марям сухани нодурусте мегӯянд. Касеро аз паи ишон бифирист ва онҳоро савол кун, ки дар мавриди вай чӣ ақида доранд.

Умми Салама гуфт: Вақте мо аз ин мавзӯъ иттилоъ ёфтем, чунон ғаму андӯҳ моро фаро гирифт, ки ҳаргиз ба чунин ғаму ва андӯҳ мубтало нашуда будем. Бархе аз мо ба якдигар гуфтанд: Вақте малик шуморо аз ин масъала савол кунад, чӣ ҷавобе барояш хоҳед дод?

Гуфтем: Қасам ба Худо, ҷуз он чиро, ки Худованд гуфтааст, дигар аз назди худ дар он каму ва кост нахоҳем кард ва дар амри ҳазрати Исо аз он чи ки Паёмбарамон овардааст, ба андозае мӯи ин хироф нахоҳем варзид ва паёмбари ин ҳақиқатгӯи ҳар чи, ки бошад, бошад, аз он бок надорем. Боз дар ин мартаба низ бо ҳам иттифоқ намудем, ки сухангӯи мо дар ин мартаба низ Ҷаъфар ибни Абутолиб бошад. Вақте Наҷҷошӣ моро ба наздаш даъват кард, ӯро ба сони рӯзи гузашта дар толораш дар ҳоле, ки усқифҳояш дар канори ӯ нишаста буданд ёфтем. Вақте ба вай наздик шудем, пешдастӣ намуда, аз мо пурсид: Дар бораи Исо ибни Марям чӣ мегӯед?..

Ҷаъфар ибни Абутолиб ба ӯ гуфт: Мо дар бораи ҳазрати Исо ҳамон қавлро мегӯем, ки Паёмбарамон фармудааст.

Наҷҷошӣ гуфт: Паёмбари шумо дар мавриди вай чӣ гуфтааст?

Ҷаъфар ҷавоб дод: Паёмбар фармудааст, ки Исо ибни Марям бандаи Аллоҳ ва Расули вай аст ва рӯҳ ва калимаи Худо аст, ки дар батни Марями азрои- батул (покдоман) онро алқо кардааст.

Ҳамин ки Наҷҷошӣ ин қавлро шунид, бо дасти хеш бар замин зад ва гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ки Исо ибни Марям аз он чи, ки Паёмбари шумо овардааст, ба андозаи як мӯй берун нест. Аз шунидани ин ҳарфи Наҷошӣ ҳама битрикҳое, ки дар атрофаш нишаста буданд, шӯру фарёд бароварданд ва ҳарфи ӯро нописандиданд доштанд.

Наҷҷошӣ гуфт: Ҳар қадар шӯру фарёд ҳам кунед, ин як ҳақиқат аст. Баъд Наҷошӣ рӯ ба ба мо намуд ва гуфт: Биравед ва шумо озод ҳастед ва дар амни ман хоҳед буд. Касе ки ба шумо дашном диҳад, Тавон бипардозам ва касе, ки ба шумо дастдарозӣ кунад, кайфараш диҳам. Қасам ба Худо, ман надорам, ки кӯҳе аз тилло дошта бошам ва яке аз шумо мавриди ҳадафи бад қарор гиред. Баъд ба сӯи Амр ва ҳамроҳаш нигарист ва гуфт: Ҳадяҳои инҳоро баргардонед, ман ба ҳадяҳояшон ҳеҷ ниёз надорам.

Умми Салама гуфт: Ҳамон буд, ки Амр ҳамроҳ бо дӯсти ҳамсафараш шармандаву расво шикастхӯрдаву сарафканда берун шуданд.

Аммо мо дар назди Наҷошӣ беҳтарин зиндагиро дар канори беҳтарин ҳамсоя сипарӣ намудем. Ҷаъфар ибни Абутолиб ҳамроҳ бо ҳамсараш даҳ соли тамомро ба камоли амният ва итминон дар сояи риоят ва дифоъи Наҷошӣ сипарӣ намуд. Дар соли 7-уми ҳиҷрӣ бо ҳамсараш ва ҷамъе аз муҳоҷирини дигар сарзамини Ҳабашаро ба қасди Мадина тарк гуфтанд. Вақте ишон ба Мадина расиданд, ҳазрати Расули Худо (с) низ зафарманд аз фатҳи Хайбар баргашта буд. Ҳазрати Расули Худо (с) аз дидани Ҷаъфар сахт хушҳол шуд ва гуфт: «Намедонам ба кадом як бисёр хушҳол шавам, ба фатҳи Хайбар ё ба расидани Ҷаъфар?» Фараҳ ва хушии мусалмонон, ба хусус фуқарои ишон камтар аз хушии Расули Худо (с) набуд, чун ишон хушии худро дар хушии вай медиданд.

Чун Ҷаъфар ба фуқаро ва заифон эҳтимом ва таваҷҷӯҳи хос дошт ва ба ишон некиҳои зиёде мекард, то ҷое, ки ба вай абулмасокин лақаб додаанд.

Ҳазрати Абуҳурайра дар бораи вай гуфтааст: Ҷаъфар ибни Абутолиб барои мо ҷамъи фуқаро марди дилсӯз буд. Вай моро ба хонаи худ мебурд ва он чи ки дошт, бароямон тақдим менамуд, ҳатто вақте нонаш танам мешуд, кӯзаеро, ки дар он рӯғанро нигоҳдорӣ менамуд ва холӣ аз рӯған буд, бардошта меовард ва онро кушода, ба ангуштони худ мелесидем.

Ҷаъфар ибни Абутолиб муддати зиёдеро дар Мадина сипарӣ накард, дар авоили соли 8-уми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо (с) лашкареро барои мубориза ва ҷанг бо Румиён дар Шом муҷаҳҳаз кард ва Зайд ибни Ҳорисаро ба сифати амири он муқаррар кард ва гуфт: Агар Зайд кушта ва ё захмӣ шуд, амир Ҷаъфар ибни Абутолиб аст ва агар Ҷаъфар ҳам кушта ва ё захмӣ шуд, амир Абдуллоҳ ибни Равоҳа аст ва агар Абдуллоҳ ибни Равоҳа ҳам кушта ва ё захмӣ шуд, он гоҳ мусулмонон аз миёни худ касеро ба сифати амири худ интихоб кунанд.

Вақте мусалмонон ба Муъта (номи қаря аст, мушарраф бар Шом аз тобеъи Урдун) расиданд, диданд ки Румиён бо як лак нафар худро ба муқобили мусалмонон омода сохтаанд ва як лак нафари дигар ҳам аз насори араб аз қабилаҳои Лахм ва Ҷазом ва Қузоъа ва ғайра низ ба кӯмаки онҳо омода шудааст.

Аммо шумори лашкари мусалмонон се ҳазор буд. Вақте ин ду лашкар бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд ва ҷанг даргирифт, Зайд ибни Ҳориса дар ҳамлаи рӯёрӯи бо душман ба шаҳодат расид, ҳамзамон бо кушта шудани Зайд ибни Ҳориса Ҷаъфар ибни Абутолиб аз аспи худ фуруд омад ва онро пай зад, то душман баъд аз он аз вай истифода карда натавонад ва ба суръат худро расонид ва парчам ба даст гирифт ва дар сафи Румиён дохил шуд ва ин таронаро замзама мекард. Баҳ-баҳ ҷаннат ва наздикии он, шароби он гуовро ва сард аст.

Румиён румианд азобашон наздик шудааст.

Кофиранд ва насаб надоранд.

Бар ман аст, саркӯб сохтани ишон чун ба ишон рӯ ба рӯ гардам.

Ва баъд ба шамшере, ки дар даст дошт, ба задан ва куштан дар сафи душман шурӯъ намуд, то он ки дасти росташ қатъ шуд, бо дасти чап байрақ бигирифт, дасти чапаш низ қатъ шуд. Баъд бо ёрии дастҳои қатъшудааш байрақро ба сина бардошт, дере нагузашта, ки шамшери душман ӯро ду нисф намуд. Баъд аз вай Абдуллоҳ ибни Равоҳа байрақро ба даст гирифт ва пайваста шамшер мезад, то он ки ӯ низ ба ҷивори ҳарду ёри худ пайваст. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) аз шаҳодати се тан аз қумандонҳояш иттилоъ ёфт, сахт андӯҳгин шуд ва ба хонаи амакзодааш ба хонаи Ҷаъфар ибни Абутолиб рафт, Ҳамсараш Асмоаро дид, ки барои истиқболи аз шавҳараш худро омода месозад. Вай хамир карда буд ва фарзандонашро ғусл дода ва тамиз намуда буд ва либосҳои тоза ба бадани онҳо намуда ва мӯйҳояшонро рӯған карда ва шона зада буд.

Асмоа гуфт: Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба мо рӯй овард, осоре аз ғаму ва андӯҳро дар чеҳраи муборакаш дидам, хавфи ҳарос саропои вуҷудамро фаро гирифт, магар он ки нахостам пешдастӣ кунам ва аҳволи Ҷаъфар аз вай бипурсам, то нашавад хабари нохушкунанда аз вай бишнавам. Вай салом дод ва гуфт: Фарзандони Ҷаъфарро наздам биёр, ман онҳоро даъват кардам, ишон шодикунон ба сӯи он ҳазрат давиданд ва ҳар кадоми мехост худро дар домани вай андозад. Расули Худо (с) ҳамаи ононро дар оғӯш гирифт ва ба бӯиданашон шурӯъ намуд ва ашк аз чашмони муборакаш фурӯ рехт. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), падару модарам фидоят, чаро гиря мекунӣ, омили гирят чист? Оё аз Ҷаъфар ва ҳамроҳонаш хабаре бароят расидааст?

Фармуд: Бале, бале имрӯз ишон ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Кӯдакон вақти гиря ва навҳаи модарро шунидананд дар ҳол сурур аз чеҳраи онҳо нопадид гашт ва ҳар кадом дар ҷои худ ҳайратзада ва мабҳут бимонд.

Аммо ҳазрати Расули Худо (с) пайваста ашкҳояш мерехт ва мегуфт: (Аллоҳумма ахлиф Ҷаъфаран фи валадиҳи. Аллоҳумма ахлиф Ҷаъфаран фи аҳлиҳи) Худо барои Ҷаъфар дар аҳл ва авлодаш иваз гузор.

Баъд гуфт: Ман Ҷаъфарро дар биҳишт дидам, ки ду бол оғушта ба хун дошт ва соқҳояш ба хун рангин буд.

Разияллоҳу ан Ҷаъфар ва асдақоиҳи содиқин.

test

Добавить комментарий