Уқба Ибни Омири Ҷуҳанӣ

Вақте ҳазрати Расулуллоҳ (с) баъд аз тӯли интизорӣ ва чашм ба роҳе ба атрофи Ясриб расид, аҳли Мадинаи тайиба бар ҷодаҳо ва рӯи бомҳо такбиргӯён ҷамъ шуда буданд, то кудуми ҳазрати Расули Худо (с) ва ёри гиромиаш ҳазрати Абубакрро гиромӣ доранд ва аз вай истиқбол намоянд. Духтарони хурдсоли Мадина дафҳо ба даст гирифта ва осори хушӣ ва сурур дар чашмҳояшон медурахшид ва бо сурудани ин таронаҳо замзама мекарданд: Моҳ аз санаи видоъ бар мо тобид.

Вақте доҳӣ барои Аллоҳ моро даъват кард, ба ҷоварии шукр бар мо лозим шуд.

Қофилаи Расули Худо (с) дар миёни суфуфи истиқболкунандагон оҳиста, оҳиста ба роҳи худ идома дод, дилҳои оғушта аз муҳаббати вай ӯро дар иҳотаи худ гирифта буданд ва ашкҳои хушӣ ва сурур аз дидагонашон мерехт ва табассумҳои шодмонӣ ӯро гусел мекард.

Аммо Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ дар ин ҷашн ва шодмонӣ ҳузур надошт ва қофила ӯро надид, ки чӣ гуна бо шӯру ва ҳаяҷони аҳли Ясриб истиқбол ва аз саодате, ки пешвозгирандагон ба он комгор гардиданд, бенасиб монд. Иллати ин ғасб он буд, ки вай бо чанд гӯсфанде, ки дошт, ба берун аз Мадина рафта буд, то гӯсфандони худро аз марги гуруснагӣ наҷот диҳад ва дар камтарин муддат ин хушӣ ва сурур ба рустоҳо ва деҳоти ҳамсояи Мадина асар намуд ва аз файзи вуруди вай саодат ёфтанд ва ахбори вуруди он ҳазрат ва даъвати вай ба гӯши Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ, ки машғули чаронидани раммаи худ буд расид. Ҳол риштаи сухан ба худи вай медиҳем, то аз дидор ва мулоқоти хеш бо ҳазрати Расули Худо (с) ба мо ҳикоят кунад.

Уқба гуфт: Дар ҳоле, ки ман машғули чаронидани гӯсфандони худ будам, ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина омад ва ҳамин ки аз қудуми вай ба Мадина иттилоъ ёфтам, бе даранг гӯсфандони худро раҳо карда, ба сӯи вай равона шудам. Вақте бо вай рӯ ба рӯ шудам, гуфтам: Эй Расули Худо (с), бо ман байъат мекунӣ? Гуфт: Ту кистӣ? Гуфтам: Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ. Гуфт: Кадом як барои ту беҳтар аст? Бо ман байъати аъробиён мекунӣ, ё байъати ҳиҷрат? Гуфтам: Балки байъати ҳиҷрат мекунам, бинобар ин ҳазрати Расули Худо (с) бо ман чунон байъат намуд, ки бо соири муҳоҷирин намуда буд ва шаберо бо вай ба сар бурдам, баъд ба сӯи гӯсфандони худ омадам.

Мо аз ҷумлаи касоне, ки имон оварда буданд, дувоздаҳ нафар будем, ки дар хориҷ аз Мадина машғули чаронидани гӯсфандони худ будем. Бо ҳам гуфтем: Агар мо ҳар рӯз ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) наравем ва аҳкоми дини худ наёмӯзем ва аз Қуръон чизе нашунавем, дар мо хайре нахоҳад буд. Лизо қафоф додем, ки ҳар рӯз бояд яке аз мо ба навбат вориди Мадина шавед ва мо чаронидани гӯсфандони вайро ба ӯҳда мегирем. Бинобар ин, ман ба ишон гуфтам: Бояд ҳар яке аз шумо ба навбат вориди Мадина шавад ва ман донаму, чаронидани гӯсфандони вай, чун ман ба гӯсфандҳоям сахт дилсӯз будам, аз он ки онро ба каси дигаре вогузорам. Баъд рафиқонам яке паи дигаре ин корро чанд рӯзе анҷом доданд ва ман гӯсфандонашонро ба чаро мебурдам ва илму донише, ки онҳо аз ҳазрати Расули Худо (с) меомӯхтанд, аз ишон фаро мегирифтам, то он ки бо худ гуфтам: Туро чӣ шудааст, ки ба хотири чанд гӯсфанде, ки дардеро даво накунад, худро аз сӯҳбати Расули Худо (с) маҳрум медорӣ ва аз вай мустақиман илмро намеомӯзӣ? Баъд гӯсфандони худро гузошта, ба Мадина омадам, то дар он ҷо дар ҷивори ҳазрати Расули Худо (с) иқомат гузинам. Вақте Уқба ин тасмими қотеъро, гирифт, дар фикру ва хаёлаш намегузашт, ки рӯзе яке аз уламои бузурги саҳоба ва яке аз қозиёни бузурги илми қироат ва яке аз қумандонони номии футуҳоти бузург ва яке аз волиёни номвари кишвари Исломӣ хоҳад шуд. Ӯ вақте, ки гӯсфандонашро тарк гуфт ва ҷивори Худованд ва Расулашро баргузид, ба ёди ин набуд, ки пешоҳанги лашкаре хоҳад шуд, ки Димишқро фатҳ кунад ва дар он ҷо барои худ хона дар бӯстонҳои дилрабои он дар наздикии Боби Тумо мегирад.

Ӯ ҳаргиз ба ин андеша набуд, ки рӯзе сарварии лашкареро ӯҳдадор хоҳад шуд, ки Мисрро фатҳ мекунад ва зимоми умури онро ба даст мегирад ва қаср дар он барои худ месозад. Инҳо ҳама корҳое буданд, ки дар дили ғайб пинҳон буд.

Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ бо ҳазрати Расули акрам (с) мулозамат ихтиёр намуд ва дар ҳама ҳолатҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ лиҷоми хачири ҳазрати Расули Худо (с)-ро ба ҳар сӯ, ки сафар мекард, ба даст мегирифт ва дар пешопеши вай ҳар ҷо, ки сафар мекард роҳ мерафт. Ва чӣ басо, ки ҳазрати Расули Худо (с) ӯро дар оқиби худ бар маркаби хеш савор мекард, то он ҷо, ки мардум ӯро қанзихасавори ҳазрати Расули Худо хитоб мекарданд. Ва чи басо, ки ҳазрати Расули Худо (с) аз маркаби хеш поин мешуд, то ӯ бар он савор шавад ва ҳазрати Расули Худо (с) худ пиёда роҳ мерафт.

Уқба мегӯяд: Ман зимони хачири ҳазрати Расули Худо (с)-ро дар бархе аз ҷангалҳои Мадина ба даст мегирифтам. Рӯзе ба ман гуфт: Эй Уқба, савор намешавӣ? Қасд кардам, ки бигӯям, на. Аммо аз он тарсидам, ки дар ин ҳарф маъсият аз амри ҳазрати Расули Худо (с) набошад. Лизо гуфтам: Бале, эй Расули Худо (с). Баъд ҳазрати Расули Худо (с) аз маркабаш фуруд омад ва ман онро савор шудам, то амри ӯро баҷо орам ва ӯ худ дар пешопеши ман пиёда роҳ мерафт. Аммо чандон роҳ нарафтам, ки аз маркаб фуруд омадам ва ҳазрати Расули Худо (с) бар он савор шуд ва баъд ба ман гуфт: Эй Уқба, оё туро ду сура таълим надиҳам, ки мисли он ҳаргиз дида нашудааст? Гуфтам: Бале, эй Расули Худо (с). Ҳамон буд, ки Қул аузу бираббил фалақ ва Қул аузу бираббин носро бароям қироат намуд. Баъд намоз иқомат гуфта шуд ва дар намоз пеш гузашт ва ин ду сураро хонд ва гуфт: Ҳар вақте ба хоб равӣ ва ё аз хоб бедор шавӣ, ин сура бихон. Уқба гуфт: Баъд ин ду сураро дар тӯли зиндагии худ тарк накардам.

Уқба ҳама таваҷҷӯҳи худро ба ду амр равона карда буд, яке илм ва дигаре ҷиҳод ва бо рӯҳу ҷисми хеш ба ин ду амр эҳтимом ба таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Аммо дар соҳаи илм аз сарчашмаи нубувват ҷуръа кашид, то он, ки муҳаддиси бузург фақеҳ ва олими фароиз адиб ва шоири баландпоя гардид ва аз ҳама бештар қироати дилангез ва савти ширин дошт. Вақте пардаи сиёҳи шаб густурда мешуд ва сукун ва оромиш барқарор мегардид, ба Қуръон рӯй меовард ва бо садои шево ва дилнишини худ онро қироат мекард ва асҳоби киром ба вай гӯш медоданд ва дилҳояшон аз шунидани оёти байн нарм мешуд ва ашк аз чашмонашон фурӯ мерехт.

Рӯзе ҳазрати Умар ӯро ба ҳузур хост ва ба вай гуфт: Эй Уқба, чизе аз китоби Аллоҳро бар ман қироат кун. Уқба гуфт: Ба сару чашм ва баъд ояте чанд аз каломуллоҳро тиловат кард ва Умар он қадар гирист, ки ришҳояш тар шуд.

Уқба Мусҳафро ба хатти худаш ба ёдгор гузошта буд ва ин Мусҳаф то давронҳои хеле наздик дар масҷиди маъруф ба номи Уқба ибни Омир дар Миср мавҷуд буд ва дар охири он навишта буд, ки ин Мусҳафро Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ навиштааст. Аммо дар ҷараёни ҳаводис ин мусҳаф басони соир осорҳои гаронбаҳо аз байн рафт. Аммо дар соҳаи ҷиҳод Уқба ибни Омир ҳамроҳ бо ҳазрати Расули Худо (с) дар Уҳуд ва ғазавоти баъд аз он ширкат намуда ва яке аз он бузургмардон буд, ки дар қалби душман метохт ва дар фатҳи Димишқ субат ва пойдории аҷибе аз худ нишон дод. Ҳамон буд, ки Абӯубайда ибни Ҷарроҳ ба поси шуҷоат ва мардонагиаш ӯро ба ҳайси навиддиҳанда назди ҳазрати Умар (р) ба Мадина фиристод, то фатҳи Димишқро ба вай мужда диҳад. Ҳамон буд, ки дар зарфи ҳашт рӯз тамом пайвастаи роҳ паймуд, то ба Мадина расид ва ҳазрати Умари Форуқро муждаи фатҳи Димишқ дод.

Баъд вай яке аз он қумандонҳои лашкар буд, ки Мисрро фатҳ кард ва амирулмӯъминин ҳазрати Муовия ибни Абусуфён ӯро то муддати се сол ба сифати волии Миср муқаррар намуд ва баъд ба вай дастур дод, ки ба фатҳи ҷазираи Рудус биравад. Вай он қадар шавқи ҷиҳод дошт, ки аҳодиси марбута ба ҷиҳодро дар сина дошт ва ривояти онро барои худ хос кард ва дар нишонзанӣ сахт маҳорат дошт ва вақтҳои фориғи худро ба нишонзанӣ сипарӣ мекард. Вақте ки вай дар Миср буд ва ба бемории марг гирифтор шуд, фарзандони худро ҷамъ намуд ва онҳоро насиҳат карда гуфт: Эй фарзандон, шуморо аз се чиз наҳй мекунам. Ин се чизро ба ёд дошта бошед. Набояд ҳеҷ ҳадис аз ҳазрати Расулуллоҳро бипазиред, магар он ки аз шахси сиқа онро ривоят мекарда бошад. Ҳар қадар мӯҳтоҷ ҳам шавед, аз касе қарз нагиред. Худро ба шеър машғул насозед, ки дилҳоятонро аз Қуръон машғул медорад.

Вақте вафот ёфт, ӯро дар қуллаи ба номи Миқтам дафн карданд. Вақте ба таракаи вай рӯй оварданд, дарёфтанд, ки вай ҳафтоду чанд камон ба ҷо гузошта буд, ки ҳамроҳи ҳар камон таҷҳизоти он мавҷуд буд ва васият намуда буд, ки ин камонҳояшро дар роҳи Худо ба кор баранд.

Худованд чеҳраи ин қорӣ, олим ва ғозии муҷоҳид Уқба ибни Омири Ҷуҳаниро рӯшан ва тобон дорад ва Худованд ба вай подоши бузург ва аҷри ҷазил насиб фармояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.