Ҳабиб Ибни Зайди Ансорӣ

Дар хонае, ки нури имон дар ҳар гӯшаи он партав афканда буд ва осори фидокорӣ ва исор дар чеҳраи ҳар фарди он медурахшид ва дар чунин як хонавода Ҳабиб ибни Зайд ба дунё омад ва рушд кард ва ҷавон шуд.

Падараш Зайд ибни Осим яке аз пешгомони мусалмон дар Ясриб ва яке аз он ҳафтод тан буд, ки дар байъати Ақаба ба ҳузур ёфта ва дасти байъат ҳазрати Расули Худо (с) дода буданд. Ӯ низ ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар миёни ин ҷамъ ҳоҷир шуда буд. Модараш Умми Умора Насибаи Мо зани аввалин зане буд, ки ба хотири пуштибонӣ аз дини Худо ва дифоъ аз ҳазрати Муҳаммад (с) Расули Худо (с) силоҳ бардошт.

Бародараш Абдуллоҳ ибни Зайд касе буд, ки дар рӯзи Уҳуд худро барои Расули Худо сипар сохта буд ва ҳазрати Расули Худо (с) дар борааш фармуд: (Боракаллоҳу алайкум мин аҳлил байти раҳимакумуллоҳи мин аҳлил байти).

Ҳабиб ибни Зайд ҳоле, ки дар писарбаччаи наврас буд, нури имон дар қалбаш тобид ва дар он ҷой гирифт ва қазои илоҳӣ бад-он рафта буд, ки вай ҳамроҳи падар ва модар ва хола ва бародараш ба Макка раванд, то дар он ҷо ҳамроҳ бо ҳафтод тан аз накӯкорон дар сохтори таърихи Ислом саҳм гирад. Тавре, ки вай дар шаби торик дар байъатул Ақаба дасти худро ба ҳазрати Расули Худо (с) дароз карда ва байъат намуд ва аз он рӯз сар кардаҳазрати Расули Худо (с) назди вай маҳбубтар аз падар ва модараш буд ва Ислом дар назди вай маҳбубтар аз ҷони вай гардид. Ҳабиб ибни Зайд ба иллати хурдсолиаш натавонист, ки дар Бадр ҳузур ёбад, чун дар он вақт бисёр кӯчак буд ва дар Уҳуд низ ба ин иллат натавонист ширкат намояд. Аммо баъд аз он дар ҳама ғазавот ҳамроҳ бо Расули Худо (с) ҳузур ёфт, ки дар ҳар кадом аз он намунае аз исор, намунае аз шуҷоат ва рамзе аз сабру пойдорӣ буд. Аммо ин ҳама ғазавот бо вуҷуди азамат ва бузургиаш дар муқоиса бо мавқеи азим, ки достони онро дар пеши рӯятон хоҳем гузошт, аслан қобили муқоиса нест. Мавқеъе, ки замери ҳар инсонро ба шиддат такон медиҳад ва ангушти ҳайрат ба даҳон менамояд. Акнун ба ин достон аз оғози он гӯш фаро медиҳем.

Дар соли нуҳӯми ҳиҷрӣ, ки шавкати Ислом боло гирифт ва даъваташ дар ҳар чо пахш гардид ва мусалмонон як қудрати матраҳшуда буданд, ҳайатҳои қабоили Араб дастадаста меомаданд, то Исломи худро дар маҳзари Расули Худо (с) эълон намоянд ва ба итоат ва фармонбардорӣ аз дастуроти Расули Худо (с) байъат кунанд.

Дар ҷумлаи ин ҳайатҳо ҳайате ҳам аз бани Ҳанифа аз Наҷд омада буд. Ҳайат шутурони худро дар атрофи Мадина хобонда ва касеро аз ҳамроҳони худ ба номи Мусайлама ибни Ҳабиби Ҳанафӣ барои нигоҳдошти матоъ ва сомони худ гузоштанд ва бақия ба сӯи ҳазрати Расули Худо (с) ба роҳ афтоданд ва Исломи худро ва Исломи қавми хешро дар пешгоҳаш эълон намуданд ва ҳазрати Расули Худо (с) қудумашонро гиромӣ дошт ва иззат ва қадарашон ба ҷо овард ва барои ҳар як аз онон ҳадя дод ва саҳми ҳамсафарашонро, ки дар назди матоъашон ниҳода буданд, низ фиристод.

Ҳамин ки ин ҳайат ба ҷойҳои худ дар Наҷд баргашт, Мусайлама ибни Ҳабиб муртад шуд, дини Исломро тарк гуфт ва дар миёни мардум бархост ва эълон дошт, ки Худованд вайро аз ҷониби худ ба сӯи қавми бани Ҳанифа ба сифати паёмбар ирсол намудааст, ба гунае, ки Муҳаммадро ба қавми Қурайш ирсол намуд. Қавми вай ба гирди ин шахс ҷамъ шуданд ва аз ҳарфи вай итоат намуданд ва авомили зиёде дар гирдиҳамоии қавмаш ба гирди вай дида мешуд, ки омили аслӣ ҳамон асабияти қавмӣ буд, то он ҷо ки як тан аз риҷоли онон гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад содиқ ва Мусайлама каззоб аст, аммо каззоби Рабеъа беҳтар аз содиқи Музар аст.

Вақте Мусайлама қудрат ва тавоноии бештар ёфт, нома ба шарҳи зер унвони ҳазрати Расули Худо (с) фиристод. Аз тарафи Мусайлама Расули Худо ба Муҳаммад Расули Худо, саломун алайк. Аммо баъд, ман бо ту дар амри рисолат шарик сохта шудаам ва барои мо ними аз хок ва барои Қурайш ниме аз хок аст. Аммо Қурайш қавме аст, ки таҷовуз мекунанд.

Вай ин номаро ба дасти ду нафар аз риҷоли худ фиристод. Вақте ин номаро ба ҳузури Паёмбар (с) қироат карданд, ба ин ду мард гуфт: Шумо худ дар ин бора чӣ мегӯед? Ҳарду ҷавоб гуфтанд: Мо ҳамон ҳарфро мегӯем, ки паёмбарамон гуфтааст. Ба онҳо гуфт: Аммо қасам ба Худо, агар қонун ин намебуд, ки сафирон кушта намешаванд, шуморо гардан мезадам. Баъд нома ба ин шарҳ ба Мусайлама навишт. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Аз тарафи Муҳаммад (с) Паёмбари Худо (с) ба

Мусайламаи қаззоб. Салом бар касе бод, ки аз ҳидоят пайравӣ намояд, аммо баъд, ҳақиқат ин аст, ки замин аз они Худо аст, онро ба касе аз бандагони худ, ки хоста бошад, мерос мегузорад ва оқибат аз он парҳезгорон аст ва ин номаро ба дасти ду нафар аз ёрони худ фиристод. Мусайламаи Каззоб аз дастёфти ин нома сахт хашмгин шуд ва ба шарру фасоди худ беш аз пеш афзуд. Чун ин нома барои вай таҳдид маҳсуб мегардид ва ӯро ба оқибат ва саранҷом амалкарди шумаш мужда медод ва барои тақдими ин нома Ҳабибро интихоб намуд, ки қаҳрамони ин достон аст. Ҳабиб дар он даврон ҷавони навраста буд ва нури имон дар самими қалбаш ҷо гирифта ва худро дар роҳи ақида ва андешаи хештан вақф сохта буд. Ҳабиб ибни Зайд аз паи вазифае, ки ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба он мукаллаф сохта буд, бидуни даранг, шакқу тардид ба роҳ афтод. Фарозҳо ва пастиҳоро паймуд, то он ки ба диёри бани Ҳанифа расид ва номаро ба Мусайлама дод. Ҳамин ки вай аз муҳтавиёти он иттилоъ ёфт, дилаш аз шиддати хашму ғазаб метапид ва осори кина ва интиқом дар чеҳраи зарди касифаш намоён шуд ва дастур дод, ки Ҳабибро баста кунанд ва ӯро дар чошти рӯзи фардо ҳозир кунанд. Вақте фардо шуд, Мусайлама омад ва дар садри маҷлис нишаст ва тоғиёну ва аркони баланд пояаш дар росту чапи вай нишастанд ва барои мардум иҷоза дод, ки ба маҷлиси вай дохил шаванд. Баъд дастур дод, ки Ҳабиб ибни Зайдро ба маҳзараш ҳозир кунанд. Ҳамон буд, ки Ҳабиби Зайдро дар ҳоле, ки дасту пояш ба занҷир баста шуда буд, ҳозир сохтанд. Ҳабиб ибни Зайд дар миёни ин ҷамъи зиёд ва бад асл бо крфи афрошта сарбаланд ва мутмаин истод. Мусайлама рӯ ба сӯи вай намуд ва гуфт: Оё шаҳодат медиҳӣ, ки Муҳаммад (с) Расули Худо аст? Гуфт: Бале, шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) Расули Худост. Мусайлама аз шунидани ин ҳарф сахт барошуфт ва гуфт: Оё шаҳодат медиҳӣ, ки ман паёмбари Худоам ? Ҳабиб бо шеваи тамасхуромез ба ӯ гуфт: Гӯшҳоям аз шунидани ин ҳарф, ки ту мегӯӣ, оҷиз аст. Мусайлама барошуфт ва амр кард ва ба ҷаллоди худ дастур дод, узве аз ҷасади вайро қатъ кун.

Ҷаллод имтисоли амр намуд ва бо шамшере, ки ба даст дошт узве аз баданашро қатъ кард ва Ҳабиб ба замин афтод. Боз Мусайлама саволи худ дод, ба вай такрор кард ва гуфт: Оё шаҳодат медиҳӣ, ки Муҳаммад Расули Худост? Гуфт: Бале шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад Расули Худост: Гуфт: Оё шаҳодат медиҳӣ, ки ман расули Худо ҳастам? Гуфт: Ман қаблан низ ба ту гуфта будам, ки гӯшҳоям аз шунидани чунин ҳарф кар аст ва намешунавад. Боз ҷаллодро амр кард, ки узви дигаре аз баданашро қатъ кунад. Ҷаллод имтисоли амр намуд ва Ҳабиб дар замин афтод. Мардум дар ҳоле, ки аз тасмим ва муқовимати вай дар ҳайрат афтода буданд, ба вай чашм дӯхта ва ин саҳнаи аҷоибро тамошо мекарданд ва ба ин тартиб Мусайлама аз вай савол мекард ва ҷаллод узве аз бадани вайро қатъ мекард ва Ҳабиб мегуфт: Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулоллоҳ. Вақте хабари шаҳодати вайро ба модараш Насибаи Мозанӣ расониданд, аз ин беш нагуфт: Ман ӯро барои чунин рӯзе парварда будам. Ва подоши ӯро назди Худо мешуморам… Вай дар лайлатул Ақаба дар ҳоле, ки хурдсол буд бо Ҳазрати Расулуллоҳ (с) байъат кард ва имрӯз ба байъати худ вафо намуд.

Агар Худованд маро ба Муссайлама даст диҳад, духтаронашро дар азои падарашон хоҳам нишонд…

Рӯзеро ки Насиба орзу мекард дере напоид, ки фаро расид… Тавре ки муаззини Ҳазрати Абубакр дар Мадина мардумро ба қитоли Мусайламаи каззоб даъват медод… Мусалмонон ба ҷанги вай баромаданд ва дар ин лашкар Насибаи Мозани модари Ҳабиб ҳамроҳ бо фарзандаш Абдуллоҳ ибни Зайд ширкат ҷуст. Дар рӯзи Ямома Насиба дар ҳоле, ки сафи душманро мешикофт Мусайламаро меҷуст, ки ин душмани Худоро ба ман нишон диҳед… Вақте худро ба вай расонд, дид, ки аз по дароварда шуда ва ба замин афтодааст ва хунаш аз шамшерҳои мусалмонон мечакад. Ҳамон буд, ки дилаш ях шуд ва ба матлаби худ расид… Бале Худованд интиқоми фарзанди некниҳодашро аз ин марди боғи бадбахт гирифт ва ҳар як аз ин ду аз дунё рафтанд. Аммо ин яке дар биҳишт ва он дигаре дар ҷаҳаннам. Фариқун фил ҷаннати ва фариқун фис-саъир.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.