Абуталҳаи Ансорӣ (Зайд Ибни Саҳл)

Зайд ибни Саҳли Наҷҷорӣ, ки ба кунияи Абуталҳа маъруф аст, хабар ёфт, ки Румайсоъ духтари Милҳони Наҷҷорӣ, ки ба кунияи Умми Сулайм машҳур аст, ба сабаби вафоти шавҳараш бева гардидааст. Аз шунидани ин хабар сахт шодмон шуд. Ҷои тааҷҷуб нест, чун Умми Сулайм хонуми озода ва соҳиби ахлоқи неку ва ақли саршор ва сифоти барҷаста буд. Лизо тасмим гирифт, ки пеш аз ҳар каси дигар ба хостгории вай бишитобад.

Абуталҳа аз ин мутмаин буд, ки Умми Сулайм ҷуз вай хостгории дигаронро нахоҳад пазируфт, чун дар вай наҷобат ва мардонагӣ ва манзалат ва ғиноро медид ва илова бар ин вай аз қаҳрамонон ва ҷавонмардони бани Наҷҷор ба шумор мерафт ва дар нишонзанӣ ҳунарманд буд. Ба ин тартиб, Абуталҳа ба хонаи Умми Сулайм рафт, то ӯро барои худ хостгорӣ намояд. Дар асное, ки вай дар миёни роҳ равон буд, ба ёд овард, ки Умми Сулайм таҳти таъсири ин доъии навҷавон Мусъаб ибни Умайр қарор гирифта ва ба Муҳаммад (с) эмон оварда ва пайравии дини вай намудааст.

Аммо дере нагузашта, ки бо худ гуфт, чӣ нуқсе дорад? Оё шавҳараш, ки қаблан вафот ёфтааст, ба дини бобо ва аҷдоди худ тамассук надошт ва ё оё вай худро аз Муҳаммад (с) ва даъваташ канор нагирифт?

Вақте Абуталҳа ба хонаи Умми Сулайм расид ва аз вай иҷозаи духул хост, барояш иҷоза дод, ки дохили хонааш шавад ва фарзандаш Анас ҳозир буд. Ҳамон буд, ки худро ба хостгориаш тақдим намуд. Умми Сулайм гуфт: Эй Абуталҳа, хостгоре чун туро наметавон ҷавоби рад дод, вале ман бо марди кофир издивоҷ намекунам.

Абуталҳа фикр кард, ки Умми Сулайм бо ин ҳарф барои худ баҳонатарошӣ мекунад ва шояд вай каси дигареро, ки нисбат ба вай молу матоъи бештар дошта бошад, зери назар гирифтааст. Ба ин лиҳоз, ба вай гуфт: Эй Умми Сулайм, ҳамин матлаб аст, ки туро аз издивоҷ бо ман бозмедорад?

Умми Сулайм гуфт: Пас бидуни ин калом дигар чӣ монеъ вуҷуд дорад?

Абуталҳа гуфт: Зард ва сафед.. яъне тилло ва нуқра…  Умми Сулайм гуфт: Тилло ва нуқра ?

Абуталҳа гуфт: Бале, тилло ва нуқра…

Умми Сулайм гуфт: Эй Абуталҳа, туро ва Худо ва Расулашро шоҳид меорам, ки агар мусалмон шавӣ, бидуни тилло ва нуқра бо ту издивоҷ мекунам ва Исломи туро барои худ маҳр мегардонам.

Ҳамин ки Абуталҳа ин сухани Умми Сулаймро бишнид, фавран зеҳнаш мутаваҷҷеҳи буте шуд, ки дар хонааш дошт ва аз чӯб онро тарошида буд ва аз онро ба сони соири ашрофи қабоил махсуси худ сохта буд.

Умми Сулайм хост бо истифода аз ин фурсат ақида хурофии ӯро дар иртибот ба ӯ шаҳру эзоҳ диҳад. Аз ин рӯ ба вай гуфт: Эй Абуталҳа, оё намедонӣ ин бут, ки ту онро парастиш мекунӣ, аз замин рӯидааст?

Гуфт: Бале, чунин аст.

Гуфт: Оё эҳсоси хиҷолат намекунӣ, ки ту кундаи дарахтеро парастиш мекунӣ, ки баъзеи он дарахтро барои худ маъбуд сохтаӣ ва баъзеи дигари онро барои пухтупаз ба кор мебарӣ. Эй Абуталҳа, агар ту имон биёварӣ, бидуни мутолабаи маҳр бо ту издивоҷ мекунам ва аз ту ҷуз Ислом ҳеҷ чизе намехоҳам.

Гуфт: Чӣ касе ба ман Исломро таълим медиҳад?

Гуфт: Ман худам.

Гуфт: Чӣ гуна?

Гуфт: Тариқааш ин аст, ки калимаи ҳақ бар забон меорӣ ва шаҳодат медиҳӣ, бар ин ки нест ҳеҷ илоҳе бар ҳақ, магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва баъд ба хонаи худ равӣ ва бутро, ки дар он ҷо дорӣ, бишканӣ ва дур меандозӣ. Аз шунидани ин ҳарф чеҳраи Абуталҳа дурахшид ва гуфт: Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ.

Баъд Умми Сулайм бо вай издивоҷ намуд.

Мусалмонон мегуфтанд: Ҳеҷ маҳре беҳтар аз маҳри Умми Сулаймро нашнида будем, тавре ки вай Исломро маҳри худ қарор дод.

Аз он рӯз ба баъд Абуталҳа ҳама тавоноии худро дар ҷиҳати хидмат ба Ислом ба кор бурд, вай яке аз он ҳафтод нафаре буд, ки ҳамроҳ бо ҳамсари хеш Умми Сулайм дар байъати Ақаба бо ҳазрати Расули Худо (с) байъат кард ва ӯ яке аз дувоздаҳ нафар саргурӯҳе буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) онҳоро дар ин шаб ба мусалмонони Ясриб фиристод. Вай дар ҳама ғазавот бо ҳазрати Расули Худо (с) ҳузур ёфт ва қаҳрамонӣ ва шаҳоматҳои беназире аз худ нишон дод. Аммо бузургтарин шаҳомат ва диловарии вай дар рӯйдоди ҷанги Уҳуд аст, ки мо ҳикояти онро дар ихтиёри шумо мегузорем.

Абуталҳа ҳазрати Расули Худо (с)-ро сахт дӯст медошт ва сахт шифтаи вай буд. Муҳаббати он ҳазрат чунон дар дили вай ҷо гирифта буд, ки лаҳзае наметавонист аз ҳузури ӯ дур шавад ва аз нигаристан ба чеҳраи муборакаш сер шудан надошт ва аз шунидани ҳарфҳояш лаззат мебурд ва дар ширинии каломаш худро гумшуда меёфт. Вақте агар бо вай мебуд, дар ҳузураш меистод ва мегуфт: Ҷонам фидои ҷонат ва рӯям сипари рӯят.

Вақте корзор дар рӯзи Уҳуд шиддат гирифт, мусалмонон маҷбуран аз назди ҳазрати Расули Худо (с) андаке дур монданд ва Расули Худо (с) ҳамроҳ бо чанд тани маҳдуд дар майдони ҷанг бимонд ва мушрикин аз ҳар сӯ ба вай ҳамла бурданд. Дандони муборакашро шикастанд ва ҷабини зебояшро хадшадор сохтанд ва лабҳои нозанинашро захмӣ намуданд, то он ҷо, ки хун аз рӯи тобонаш ҷорӣ шуд. То он ҷо, ки дастае аз ҳангомаҷӯён овоза андохтанд, ки Муҳаммад кушта шуд. Бо шунидани ин таблиғот заъфи бештар бар мусалмонон муставлӣ шуд ва бештар аз душман роҳи гурез дар пеш гирифтанд. Дар чунин фурсат ба ҷуз иддаи андаке, ки дар пешопеши онон Абуталҳа буд, каси дигаре дар атрофи ҳазрати Расулуллоҳ боқӣ намонда буд, ки аз вай дифоъ кунад. Абуталҳа дар пеши рӯи ҳазрати Расули Худо (с) чун кӯҳ устувор монда буд ва ҳазрати Паёмбар (с) вайро сипари худ сохта буд.

Баъд Абуталҳа камони худро орост ва тирҳои худро бар он гузошт ва мушрикинро яке баъди дигар ҳадаф қарор дод, ки ҳеҷ як тири вай хато намерафт, магар он ки мушрикеро нақши бар замин месохт. Ба ин тартиб, вай аз ҳазрати Расули Худо (с) дифоъ кард. Ҳазрати Расули Худо аз пушти Абуталҳа сар мекашид, то бубинад, ки тираш ба ҳадаф расидааст ё не ва Абуталҳа ҳазрати Расули Худо (с)-ро ба пушти сари худ пас мезад ва ба ӯ мегуфт: Падару модарам фидоят, ба ишон сар берун накун, ки ҳадафат қарор медиҳанд, гулӯям дар дифоъ аз гулӯят қарор дорад ва синаам дар дифоъ аз синаат қарор дорад ва ман худро фидои ту сохтаам.

Дар ин асно, марде аз мусалмонон ҳамроҳ бо тирдоне, ки бо худ дошт, рӯ ба фирор ниҳода, аз пеши рӯи Абуталҳа мегузашт. Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро дид ва ба вай гуфт: Тирҳои худро дар пеши Абуталҳа бигзор ва онро гирифта фирор макун. Абуталҳа пайваста аз ҳазрати Расули Худо (с) дифоъ мекард, то он ки се камонро шикаст ва теъдоди зиёде аз мушрикинро ба қатл расонид. Баъд ҷанг поён ёфт ва Худованд ҳазрати Расули Худо (с)-ро аз шарри мушрикин наҷот дод ва нигаҳ дошт.

Абуталҳа ҳамон тавре, ки дар лаҳзаҳои шадид дар роҳи Худо худро қурбон сохта буд, дар ҷои саховату ва карам, базлу исори аҷибе дошт ва молу дороияшро дар роҳи Худо мебахшид ва ато мекард.

Масалан, ӯ боғе дошт аз хурмо ва ангур, ки дар Мадина боғ ба ин бузургӣ вуҷуд надошт ва ба меваҳои ширин ва оби гуворои он намерасид. Дар яке аз рӯзҳо Абуталҳа дар зери сояи дарахте намоз мехонд дар ин фурсат паррандаи зебо ва хушнамо сабзранге бо минқори сурх ва поҳои рангинаш, ки бо садои дилнишин замзама мекард ва аз шохе ба шохе парвоз мекард, таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб намуд. Зебоӣ ва хондани ин парранда фикрашро ба худ машғул сохт. Даранг накард, ки Абуталҳа мутаваҷҷеҳи худ шуд, дид ки фаромӯш намудааст, ки чанд ракаъат намоз хондааст. Ҳамин ки аз намоз фориғ шуд, худро ба ҳузури Паёмбари Худо (с) расонид ва аз машғул шудани худ ба боғ дар аснои намоз ба ҳазрати Расули Худо (с) шикоят намуд ва аз дарахтҳои зебо ва булбул замзамагари он ҳикоят ба миён овард. Баъд гуфт: Эй Расули Худо (с), шоҳид бош, ки ман ин боғро ба ҳама мутааллиқоти он дар роҳи Худо садақа додам ва онро дар ҳар ҷое, ки Худо ва Расулаш дӯст доранд, ба кор бар ва дар он тасарруф намо. Абуталҳа зиндагии худро рӯзадор ва муҷоҳид ба сар бурд ва рӯзадор ва муҷоҳид аз дунё рафт. Дар ривояте омадааст, ки вай баъд аз вафоти ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи васаллам 30 соли тамом зиндагӣ намуд ва ин сӣ сол пайваста рӯзадор буд. Ба ҷуз рӯзҳои ид, ки рӯза гирифтан дар он дуруст нест, дигар ҳама айёми сол рӯзадор буд ва бо вуҷуди кӯҳансолӣ аз идомаи ҷиҳод боз нанишаст ва дар гӯшаву канори замин ба хотири эълои калимаи Аллоҳ ҷиҳод намуд. Аз он ҷумла, вақте мусалмонон хостанд, дар замони хилофати ҳазрати Усмон аз тариқи баҳр ҷиҳод кунанд, Абуталҳа худро барои ин сафар ҳамроҳи лашкари мусалмонон омода сохт. Фарзандонаш ба вай гуфтанд: Эй падар, Худованд туро раҳм кунад, ту акнун шайхи фонӣ шудаӣ ва ҳамроҳ бо ҳазрати Расули Худо (с) ва Абубакр ва Умар ҷиҳод кардӣ, акнун вақти он расидааст, ки роҳат ёбӣ ва мо ба ҷои ту ҷиҳод кунем. Дар ҷавоб ба онҳо фармуд: Аллоҳ таъоло фармудааст: Худованд бидуни зикри синну соли мо ҳамаро ба ҷиҳод амр ба омодагии низомӣ додааст. Баъд ҷуз берун шудан барои ҷиҳод дигар ба ҳеҷ ҳарфе гӯш надод. Баъд дар асное, ки Абуталҳа, ин пирмарди солхӯрда ҳамроҳ бо муҷоҳиддин дар миёни баҳр савор бар киштӣ буд, чунон бемор шуд, ки зиндагиаш поён ёфт. Дар ин вақт мусалмонон дар фикри ин шуданд, ки ба ҷазираи наздиктаре худро расонанд, то вайро дар он дафн кунанд. Вале талошашон ба ҷое нарасид ва ба матлаби худ ноил нагардиданд, то он ки ҳафт рӯзи комил аз вафоти вай гузашт ва саранҷом ба ҷое расиданд, ӯро аз киштӣ поин намуданд, диданд ки Абуталҳа чунон аст, ки гӯё хобида бошад ва ҷасади вай ҳеҷ тағйире наёфта буд. Ба ин тартиб, Абуталҳа дар миёни баҳр дур аз аҳлу ва аз ватан ва дур аз хешу қавм падруди ҳаёт гуфт. Вале ин дури аз қавм ва хешу табор чӣ нуқс дорад, вақте вай ба Худованд наздик бошад ва ӯро ғарқи раҳмати худ созад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.