Рамла Духтари Абусуфён

Ҳаргиз дар фикру хаёли Абусуфён ибни Ҳарб ин кор хутур намекард, ки яке аз қурайшиён битавонад аз қудрат ва султаи вай сарпечӣ кунад ва бар алайҳи вай дар амре аз умури қобили аҳамияте мухолафат кунад, чун вай худро чунон оқо ва заъим медонист, ки амраш ба ҷо шуда ва ҳарфаш бидуни чуну чаро пазируфта мешуд ва қавмаш аз вай итоат ва пайравӣ менамуданд. Аммо духтараш Рамла, ки ба кунияти Умми Ҳабиба машҳур аст, ин гумонро аз вай зудуд ва ботил дошт. Вақте вай ба худоҳои падараш кофир шуд ва худу ҳамсараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш ба Худованди лошарин имон овард ва рисолати Паёмбараш Муҳаммад ибни Абдуллоҳро тасдиқ намуд, Абусуфён ба ҳама зӯру тавоне, ки дошт, кӯшид, то духтар ва домодашро ба дини бобоии худ гардонад, аммо ба ин амр тавфиқ наёфт ва ба матлаб нарасид, чун имон дар дили Рамла ҷо гирифта буд, имкон надошт, ки тундбоди хашму ғазаби Абусуфён битавонад ӯро мутазалзил созад. Абусуфён ба сабаби мусалмон шудани духтараш сахт эҳсоси ғаму андӯҳ менамуд ва баъд аз он, ки дар саъйи худ ба бозгардондан духтараш ба дини бобо ва аҷдодаш ноумед шуд ва натавонист, ки дар миёни вай ва дини духтараш монеъ гардад, намедонист бо кадом рӯӣ бо Қурайш рӯ ба рӯ гардад.

Вақте қурайшиён донистанд, ки Абусуфён бар Рамла ва ҳамсараш хашмгин аст, шурӯъ ба он намуданд, ки вайро азият диҳанд ва озор расонанд ва заминаи зиндагиро барояшон танг созанд ва аз ин рӯ, онҳо наметавонистанд, ки ба зиндагии хештан дар Макка идома диҳанд. Бинобар ин, вақте ҳазрати Паёмбари Худо (с) ба мусалмонон иҷозати ҳазратба Ҳабашаро дод, Рамла духтари Абусуфён ҳамроҳ бо тифли хурдсолаш Ҳабиба ва ҳамсараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш дар пешопеши ин муҳоҷирини роҳи Худо қарор доштанд, то дар он ҷо дар ҷивори Наҷҷошӣ бо имон ва ақидаи хеш орому ва осуда зиндагӣ кунанд.

Аммо Абусуфён ва дигар сарони қабилаҳои Қурайшро душворӣ омад, ки ин дастаи Худопарастон дар он ҷо аз неъмати оромиш бархӯрдор гарданд. Аз ин рӯ, намояндагони худро ба ҳузури Наҷҷошӣ фиристоданд ва аз вай талаб намуданд, ки ин дастаи фирориёнро, ки аз дини худ баргашта ва мудаъии дини тозаанд ва дар бораи ҳазрати Исо ва модараш ақидаи нодуруст доранд, ба кишварашон бозгарданд. Ҳамон буд, ки Наҷошӣ ба сарварони муҳоҷирин одамони худро фиристод ва аз ишон хост, то дар мавриди дини ҷадиди хеш ва ақоиде, ки дар бораи ҳазрати Исо (ъ) ва модараш доранд, маълумот бидиҳанд ва аз ишон талаб намуд, то чизе аз ваҳии нозилшуда бар Муҳаммад баён доранд дар наздаш қироат кунанд.

Вақте ишон вайро ба ҳақиқати Ислом огоҳ сохтанд ва оёте чанд аз Қуръони каримро қироат карданд, Наҷҷошӣ таҳти таъсири он қарор гирифт ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд, то он ки ришҳояшро тар сохт ва ба онҳо гуфт: Ин паём, ки Паёмбари шумо Муҳаммад ва ҳазрати Исо овардааст, ҳарду аз масдари як нур тобидааст ва баъд имони худ ба Худо ва Паёмбарашро эълон кард ва нубуввати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро тасдиқ намуд ва дифоъи хештанро аз мусалмононе, ки ба сарзамини вай муҳоҷир шуда буданд, эълон дошт. Бо вуҷуди он ки кушишҳо ва роҳибҳояш аз ин иқдоми вай нохуш буданд ва ба дини Ислом сар нагузоштанд ва ба дини насронияти худ идома доданд.

Умми Ҳабиба баъд аз як сафари тӯлонӣ ва пурмашаққат ба ин диёр расид ва дар он оромиш ва роҳати худро дарёфт ва ба маъвои амн ва мутмаин ба зиндагонии худ оғоз намуд. Ҳарчанд намедонист, ки тақдир барои вай чӣ чизро муқаддар сохтааст. Ҳикмати Худованд бар он рафта буд, ки Умми Ҳабибаро дар як имтиҳон ва ибтилое бузург гирифтор созад, чунон ибтило, ки ақли одамӣ дар ҳайрат меафтад ва ҳар инсон наметавонад аз чунин ибтило пирӯз ва зафарманд берун шавад. Чунон пирӯзие, ки вайро бар азамат расонд ва тоҷи саъодат ва некбахтӣ бар фарози сараш ниҳод.

Дар яке аз шабҳо Умми Ҳабиба дар бистари худ ба хоб рафт, дар хоб дид, ки ҳамсараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш дар баҳри хурӯшон ва пурмавҷ дасту по мезанад ва торикиҳои баҳам анбошта ва зулмат ва сиёҳӣ аз ҳар сӯ вайро дар иҳотаи худ гирифтааст ва дар бадтарин ҳолат ба сар мебарад. Парешон ва музтариб аз хоб бедор шуд ва ларза бар андомаш афтод ва нахост, ки хоби худро ба касе ҳикоят кунад ва онро чун рози нуҳуфта дар назди худ пинҳон дошт. Аммо дере нагузашт, ки ин рӯъёи вай ҷомаи амал пӯшид. Тавре ки рӯзи ин шаби мудҳиш ҳанӯз ба сар нарасида буд, ки шавҳараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш аз дини худ баргашта ва ба дини насроният дохил шуд ва ба дӯконҳои майфурӯшӣ ва шароб рӯй овард ва чунон бода ба сар мекашид, ки инсонияти худро фаромӯш мекард. Лизо ба ҳамсараш Умми Ҳабиба ду роҳро гузошт, ки ҳатман бояд яке аз ин ду роҳро бояд интихоб кунад, ё ин ки чун шавҳараш аз дини худ баргардад ва насронӣ шавад ва ё ин ки талоқи худ ба даст орад ва сарнавишти худро таъйин намояд.

Умми Ҳабиба ногаҳон худро дар миёни се амри нописанд ёфт. Яке он ки бояд дини худро тарк гӯяд ва ба дини шавҳараш, ки тоза ба дини насроният гардидааст, сар ниҳад ва расвоии дунёву охиратро касб кунад ва табъан ин корест номумкин, ки агар вайро пора-пора ҳам созанд, қабули чунин амре барояш душвор аст. Дуввум он ки бояд ба сарзамини аслиаш ба Макка баргардад ва дар он ҷо зери сар парастии падараш Абусуфён ба зиндагии худ идома диҳад, ки ин амр низ дар навбати худ азобҳои дарднокро ба думбол дорад, чун ҳанӯз Макка аз як ҷиҳат қалъаи ширк ва куфр ва маркази фаъолияти душманони Ислом ба шумор меравад ва дур нест, ки дар он ҷо дар динаш мавриди азият ва озор қарор нагирад. Саввум он, ки бояд дар гӯшаи ҳиҷрат бидуни доштани сарпараст, овораву танҳо ба зиндагии худ идома диҳад ва талхии танҳоиро бичашад ва ранҷи оворагӣ ва дурӣ аз хешу ватанро таҳаммул намояд.

Ҳамон буд, ки дар миёни ин ҳама мушкилот ризои худро дар амре, ки барояш муяссар буд, пазируфт ва тасмим гирифт, ки дар Ҳабаша боқӣ монад, то он ки Худованд роҳеро барояш бозгардонад ва кушоиш барои мушкилаш эҷод кунад. Интизории Умми Ҳабиба чандон тӯл накашид. Вақте иддаи вай аз шавҳари аввалаш, ки баъд аз насронӣ шуданаш чандон бо вай зиндагӣ накард, поён ёфт. Худованд мушкили вайро ҳал сохт. Тавре ки насими саодат ва некбахти бар фазои хонааш вазидан гирифт ва ситораи бахти вай дар гӯшаи зулмати ҳаёташ тулӯъ кард. Дар яке аз чоштҳои рӯз дарвозааш так-так шуд, берун баромад, дид, ки Абраҳа ходими Наҷҷошӣ подшоҳи Ҳабаша дар пушти дарвозааш истодааст. Бо камоли одоб салом дод ва аҳволпурсӣ намуд ва аз вай иҷозаи духул ба хона хост. Чун ба дохили хона рафт, ба вай гуфт: Подшоҳ ба ту салом тақдим намуд ва бароят паём фиристод, ки Муҳаммад Расули Худо (с) туро ба ҳамсарии худ хостгорӣ намудааст ва нома ба малик фиристода ва вайро вакил сохтааст, ки ақди туро бо вай анҷом диҳад. Бинобар ин ту касеро, ки мехоҳӣ вакили нафси худ гир. Аз шунидани ин ҳабар Умми Ҳабиба аз шиддати сурур ва хуши сар аз по намешинохт ва фарёд зад, Худованд ба ту муждаи хайр диҳад. Худованд ба ту муждаи хайр диҳад. Ва он гоҳ чизе аз зеварҳо, ки ба даст дошт, кашида ва барои вай ҳадя дод ва баъд бақияи зеварҳоро, ки дар хона дошт, кашида ба вай тақдим намуд. Агар дар он вақт тамоми ганҷинаҳои дунёро ба даст медошт, дар бахшиши он дар бадали ин мужда даранг намекард. Баъд ба ин ходима гуфт: Холид ибни Саъид ибни Ос, ки аз наздикони ман аст, вакили нафси ман бод.

Маросими ақди никоҳ дохили қасри Наҷҷошӣ, ки бо анвоъи дарахтон ва гулҳои рангоранг, чароғҳои рӯшан ва фаршҳои қимат ороста шуда буд, баргузор гардид ва бузургони саҳобаи муқим дар Ҳабаша, ки дар раъси онҳо Чаъфар ибни Абутолиб ва Холид ибни Саъид ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳми ва ғайра буд, дар ин маҷлис ҳузур ёфтанд, то маросими ақди Умми Ҳабиба бо ҳазрати Расули Худо (с)-ро тамошо кунанд.

Ҷамъшавии асҳоб поён ёфт ва Наҷошӣ дар садри маҷлис нишаст ва хутбае ба ин шарҳ эрод намуд ва гуфт: Худовандро ҳамду ситоиш мегӯям ва шаҳодат диҳам, ба ин ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ӯ ҳамон паёмбаре аст, ки Исо ибни Марям қудуми вайро мужда додааст. Аммо баъд: Ҳазрати Расули Худо (с) аз ман хостааст, ки Умми Ҳабиба духтари Абусуфёнро ба вай ба никоҳ диҳам ва ман хостам ӯро иҷобат намудам ва ба намояндагӣ аз вай тибқи суннати Худо ва Расулаш чаҳорсад динори тилло ба вай маҳр додам.

Баъд динорҳоро дар назди Холид ибни Саъид ибни Ос рехт. Дар ин вақт Холид аз ҷой бархост ва гуфт: Алҳамдулиллоҳи Аҳмадуҳу ва астаъинуҳу ва астағфируҳу ва атубу илайҳи ва ашҳаду анна Маҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ ва арсалаҳу бидинил ҳудо вал ҳаққи лиюзҳираҳу ъалад дини куллиҳи ва лав кариҳал кофирун. Аммо баъд: Ман дар навбати худ ба хостгории ҳазрати Расули Худо (с) лаббайк гуфта ва муаккилаи худ Умми Ҳабиба духтари Абусуфёнро ба ҳамсарии вай додам. Худованд дар ҳамсари Паёмбараш баракот ниҳад ва хушо ба ҳоли Умми Ҳабиба, ки Худованд ин эҳсонро ба вай арзонӣ дошт. Ва баъд маҳрияро, ки Наҷошӣ ба ӯ дода буд, бигрифт ва аз ҷой бархост. Ҳамаи асҳоб низ аз вай пайравӣ намуда, аз ҷой бархостанд, то маҷлисро поён дода, ба хонаҳои худ баргарданд. Магар он ки Наҷошӣ ба онҳо гуфт: Дар ҷойҳои худ биншинед ва суннати Паёмбарон ва анбиё (с) ин аст, ки вақте издивоҷ кунанд, тӯй медиҳанд.

Баъд барои онҳо анваъи хӯрданиҳоро оварданд ва баъд аз истеъмоли таъом маҷлисро тарк гуфтанд.

Умми Ҳабиба гуфт: Вақте ин маҳрияро ба ман фиристонданд, панҷоҳ мисқол тиллоро ба Абраҳа, ки маро мужда дода буд, фиристодам ва гуфтам: Он чиро, ки дар он рӯз бароят додам, чизе набуд ва акнун ин миқдорро аз ман бипазир, то муждаи туро подоши дуруст шавад. Дере нагузашта Абраҳа ин миқдор тиллоро гирифта, ҳамроҳ ба зарфи атр ва зеварҳое, ки ба вай дода будам, баргашт ва гуфт: Подшоҳ аз ман аҳд гирифтааст, ки ҳеҷ чизе аз ин ҳадяро напазирам ва ба ҳамсаронаш дастур додааст, то он чи атре, ки бо худ доранд, ба ту бифиристанд. Чун субҳ шуд, ин ходима атр аз заъфарон ва уд ба анбар гирифта, наздам омад ва гуфт: Ман аз ту фақат як чиз мехоҳам.

Гуфтам: Чӣ чиз? Гуфт: Ман мусалмон шудам ва аз дини Муҳаммад пайравӣ намудам, саломи маро ба ҳазрати Паёмбари Худо (с) бирасон ва ба ӯ бигӯ, ки ман ба Худо ва Расулаш имон овардам ва ин ҳарфро фаромӯш макун.

Баъд вай асбоби сафарам биёрост ва маро ба назди ҳазрати Расули Худо (с) фиристоданд. Вақте бо вай рӯ ба рӯ шудам, ҷараёни ақди издивоҷ ва коре, ки бо ин ходима Абраҳа намудам, барояш гуфтам ва саломи ӯро барояш расондам. Вай аз ин хабар сахт хушҳол шуд ва гуфт: Ва алайҳас салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

test

Добавить комментарий