Ҳаким Ибни Ҳазом

Оё аз саргузашти ин саҳобӣ иттилоъ доред? Дар таърих омадааст, ки вай ягона касе аст, ки дар батни хонаи Каъба ба дунё омадааст. Хулоса, қиссаи вилодати вай аз ин қарор аст, ки модараш ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ бо мақсади тамошо ва шодмонӣ ба хонаи Каъба дохил шуданд ва дар он вақт хонаи Каъба ба сабаби баъзе муносибатҳо кушода мешуд. Модараш дар он вақт ҳомила буд. Ногаҳон ӯро дарди фарзанд гирифт ва чора ҷуз он наёфт, ки дар он ҷо бимонад ва таваллуд кунад. Пустакеро ба вай дар онҷо оварданд ва вай таваллуд кард. Ин мавлуд ҳамоно Ҳаким ибни Ҳазом ибни Хувайлид буд, вай бародарзодаи Уммулмӯъминин Хадиза (р) аст.

Ҳаким ибни Ҳазом дар хонаводаи ашроф ва бузургони Қурайш ба дунё омад, соҳиби ҷоҳу мақом ва соҳиби сарвату сармоя буд. Илова бар ин, вай шахси фозил ва шарифи қавми худ буд, ки дар мушкилот ба вай рӯ меоварданд ва вазифа расидагӣ ба умури ҳоҷиҳо дар даврони ҷоҳилиятро ба ӯ супурда буданд. Ӯ аз моли хусусии худ ба ҳоҷиҳои фақир ва бенаво кӯмак менамуд ва ба мушкилоташон расидагӣ мекард. Ҳаким ибни Ҳазом қабл аз беъсати ҳазрати Расули Худо (с) дӯст ва рафиқи деринааш буд. Вай ҳарчанд дар умр нисбат ба ҳазрати Расули Худо (с) панҷ сол бузургтар буд, вале бо вуҷуди он дар назди вай менишаст ва ба сӯҳбаташ дил баста буд ва аз ҳарфҳояш лаззат мебурд. Ва ҳазрати Расули Худо (с) низ мутақобилан ба вай муҳаббат нишон медод ва бо вай рафоқат мекард. Баъд аз паи ин ҳама дӯстиҳо ва рафоқатҳо робитаи хешовандӣ дар миён омад, тавре ки ҳазрати Расули Худо (с) Хадича бинти Хувайлид, аммаи вайро ба ақди худ даровард.

Баъд аз арзи ин ҳама матолиб хонанда тааҷҷиб хоҳад намуд, ки Ҳаким чаро дар имон овардани худ ба ҳазрати Расули Худо (с) таъхир намуд ва беш аз бист сол умри худро дар ҷанг ва душманӣ алайҳи ҳазрати Расули Худо (с) сипарӣ намуд ва дар рӯзи фатҳ имон овард.

Гумони ғолиб он буд, ки шахсиятечун Ҳаким ибни Ҳазом, ки аз ақл саршор ва фаҳми дақиқ ва ҳушёрии камназир баҳраманд буд ва нисбат ба ҳазрати Расули Худо (с) равобити наздикӣ низ дошт, бояд қабл аз ҳар каси дигар имон меовард ва ба ҳидояташ роҳ меёфт. Аммо ин иродаи Аллоҳ аст, тақдири азалро чӣ касе донад.

Ҳамон тавре, ки мо аз таърихи Ислом овардани Ҳаким Ибни Ҳазом тааҷҷуб мекунем, худи ӯ низ ба ин қусури худ тааҷҷуб менамояд. Ӯ вақте ба дини Ислом мушарраф шуд ва ширинӣ ва ҳаловати имонро дарк кард, бар ҳар лаҳзае, ки вай ба ширк ва бутпарастӣ сипарӣ намуда, ангушти пушаймонӣ ва надомат ба даҳон менамуд ва таассуф мехӯрд, ки чаро аз ин ҳама хайр ва фазилат маҳрум мондааст. Вай баъд аз он ки Ислом овард, боре фарзандаш ӯро дид, ки мегиряд, гуфт: Эй падар, чаро гиря мекунӣ?

 Гуфт: Эй фарзанд, авомили зиёде аст, ки маро ба гиря овардааст. Аввали он ин, ки дар қабули Ислом таъхир ва даранг кардам. Агар ман аз аввал ба ин дин сар мениҳодам, ба мақомҳои зиёде, ки акнун аз дастам рафтааст, ноил мешудам ва ҳоло агар тамоми тиллоҳои рӯи заминро нафақа кунам, ба он намерасам.

Матлаби дигар ин, ки вақте Худованд маро дар рӯзи Бадр ва Уҳуд аз марг наҷот дод, бо худ гуфтам, ки баъд аз ин ҳеҷ гоҳ дар паҳлӯи Қурайш бар зидди Расули Худо (с) қарор нахоҳам гирифт ва аз Макка берун нахоҳам шуд. Аммо дере нагузашта, ки боз маро маҷбур ба таъйиди Қурайш кашониданд.

Дигар ин ки ҳар вақте ман тасмими сар ниҳодан ба Исломро гирифтам, ба мардони дигари Қурайш нигаристам, ки аз ман дар синну ва сол бузург ва соҳиби қадру манзалат буданд ва ҳанӯз бар амри ҷоҳилияти худ побанд буданд ва аз дин ва андешаи худ дифоъ мекарданд. Бинобар ин ба пайравӣ ва пуштибонии онҳо боқӣ мондам.

Кош ман ин корро намекардам. Моро пайравӣ ба бобо ва аҷдод ҳалок сохт.

Фарзандам, аз ин рӯ чаро бояд гиря накунам?

Ҳамон тавре, ки мо аз таърихи Исломи Ҳаким ибни Ҳазом дар шигифтем, худи вай низ аз ин кори худ дар ҳайрат аст. Ҳазрати Расули Худо (с) низ тааҷҷуб мекунад, ки шахсияте чун Ҳаким, ки дорои ақли саршор ва фаҳми комил аст, чӣ гуна бар вай Ислом пӯшида мемонад. Он ҳазрат (с) орзу мекунад, ки вай ва касоне, ки дар пояи вай қарор доранд, бояд ба дини Ислом сар ниҳанд.

Як шаб қабл аз фатҳи Макка ҳазрати Расули акрам (с) ба ёронаш гуфт: Дар Макка чаҳор кас аст, ки ман будани онҳоро ба шир намеписандам ва на онҳоро ба идомаи ширкашон сазовор медонам ва умедам аз онҳо ин аст, ки ба Ислом рӯй оваранд. Гуфтанд: Ин чаҳор тан чӣ касонеанд, эй Расули Худо (с)? Фармуд: Аттоб ибни Усайд ва Ҷубайр ибни Мутъим ва Ҳаким Ибни Ҳазом ва Суҳайл ибни Амр ва аз фазл ва эҳсони Худо, ки ҳама онҳо имон оварданд.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) фотеҳона дохили Макка шуд, лозим дид, ки Ҳаким ибни Ҳазомро такрим намояд, лизо ба мунодии худ дастур дод, ки фарёд занад: Касе ки шаҳодат диҳад, ки ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва русулуҳу ӯ дар амн аст.

Касе, ки дар назди Каъба нишинад ва силоҳи худ ба замин гузорад, ӯ дар амн аст.

Касе, ки дар хонаи худ дарояд ва дарвозаашро ба рӯи худ бибандад, ӯ дар амн аст.

Касе ки дохили хонаи Абусуфён шавад, ӯ дар амн аст. Касе ки дохили хонаи Ҳаким ибни Ҳазом шавад, ӯ дар амн аст.

Хонаи Ҳаким ибни Ҳазом дар поини Макка ва хонаи Абусуфён дар болои Макка воқеъ буд.

Вақте Ҳаким ибни Ҳазом мусалмон шуд ва ба Ислом сар ниҳод, имон дар хуну раги вай ҷо гирифт ва бо қалбаш омехт ва бо худ аҳд намуд, ки ҳар он тақсире, ки аз вай дар ҷоҳилият сар задааст ва ё дар ҷиҳати кӯбидан ва душмании ҳазрати Расули Худо (с) нафақа кардааст, бояд онро ҷуброн намояд.

Вай ба аҳди худ вафо намуд. Аз он ҷумла дорунад ва толори бузурги сарони ҷоҳилият дар Макка, ки аз нуқтаи назари таърихӣ аҳамияти босазое дошт ва конфронсҳои сарони ҷоҳилият дар он баргузор мешуд ва руасои машҳури Қурайш ҷиҳати саркӯб сохтани ҳазрати Расули Худо (с) ва алайҳи вай дар он сурат мегирифт, дар моликияти вай даромад…

Ҳаким ибни Ҳазом хост худро аз ин дорунад ва халос кунад. Гӯё мехост баргаштаҳои сиёҳ ва бадноми хеш пардаи фаромӯшӣ ниҳад. Лизо ин толорро ба маблағи сад ҳазор дирҳам фурӯхт. Ҷавонӣ аз ҷавонони Қурайш ба ӯ гуфт: Эй амак, ту рамзи иззат ва шарафи Қурайшро фурӯхтӣ.

Ҳаким дар ҷавоб ба вай гуфт: Ҳайҳот эй фарзанд, ман аз роҳи рост мунҳариф зистам, ҳама корамро аз даст додам ва акнун ҷуз тақво ва парҳезгорӣ чизе намондааст. Ман онро ба хотири он фурӯхтам, ки ба пули он дар биҳишт хона барои худ харидорӣ кунам ва ман шуморо гувоҳ мегирам ба ин ки ҳама пули онро дар роҳи Худо сарф мекунам. Ҳаким ибни Ҳазом баъд аз мусалмон шудани хеш ҳаҷ намуд ва сад шутурро ороста, бо либосҳои муайян дар пеш пеши худ ронд ва онро ба қасди нақиқӣ ба Аллоҳ қурбонӣ кард ва дар ҳаҷҷи дигаре дар арафот ба по истод ва дар ҳоле, ки сад ғулом дар моликият дошт, дар пеши рӯяш ҳозир буданд ва дар гардани ҳар кадоми онҳо тавқе аз нуқра андохта буд ва бар он ин иборат навишта буд: Озодагон барои Аллоҳ азза ва ҷалла аз тарафи Ҳаким ибни Ҳазом ва баъд ҳамаи онҳоро озод намуд. Дар ҳаҷҷи саввумин як ҳазор гӯсфандро бо худ бурд ва ҳамаи онро дар Мино қурбонӣ кард ва гӯшти онро ба фуқаро ва бенавоён тақсим намуд, то Худованд аз вай розӣ гардад. Баъд аз ҷанги Ҳунайн Ҳаким ибни Ҳазом аз ҳазрати Расули Худо (с) аз ғаниматҳо талаб намуд. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай дод, боз талаб кард, боз ба вай дод, то он ки сад шутурро аз ғаниматҳо ба даст овард ва дар он рӯз вай тоза мусалмон шуда буд. Баъд ҳазрати расулуллоҳ (с) барояш фармуд: Эй Ҳаким, ин мол ширин ва дӯстдоштанӣ аст. Агар касе онро ба саховати нафс (яъне қаноат) гирад, дар он баракат гузошта мешавад ва агар касе онро аз рӯи тамаъ гирад, дар он баракат гузошта намешавад ва мисли касе бошад, ки бихурад ва серӣ надошта бошад ва даст боло беҳтар аз дасти поин аст. (Киноя аст аз қаноат ва наталабидан). Вақте Ҳаким ин сухан аз ҳазрати Расули Худо (с) бишнид, гуфт: Эй Расули Худо (с), қасам ба Зоте, ки туро ба ҳақ фиристодааст, баъд аз ин рӯз аз ҳеҷ кас чизеро савол нахоҳам кард ва аз касе чизе нахоҳам гирифт, то он ки аз ин дунё биравам. Ҳаким ба қасами худ хуб вафо намуд. Дар аҳди хилофати халифаи аввал Ҳазрати Абубакри Сиддиқ вайро чанд бор ба ҳузур хост, то саҳми худ аз байтулмолро бигирад, аз гирифтани он ибо варзид.

Вақте хилофат ба ҳазрати Умари Форуқ тааллуқ гирифт, ӯ низ вайро ба ҳузур хост, то саҳми худро бигирад, вале аз гирифтани он худдорӣ намуд ва ҳазрати Умар аз ҷой бархост ва гуфт: Эй ҷамъи мусалмонон, ман шуморо шоҳид меорам, ки ман Ҳакимро ба гирифтани саҳмаш даъват мекунам, вай аз гирифтани он ибо меварзад ва ба ин тартиб, Ҳаким то вақте, ки ҳаёт дошт, аз ҳеҷ кас чизе нагирифт. Разияллоҳу ва арзоҳ.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.