Зайд Ибни Собит

Дар соли дуввуми ҳиҷрӣ шаҳри Мадина худро барои ҷанги Бадр омода месохт ва ҳазрати Расули Худо (с) охирин бор бар нахустин лашкари худ, ки қиёдати онро худаш ба дӯш дошт, назар афканд. Дар миёни ин ҷамъ писарбачаи хурдсолеро, ки ҳанӯз ба синни ҷавонӣ қадам нагузошта ва сездаҳ соли умри худро пушти сар ниҳода буд, мултафит шуд, писарбаччае, ки зако ва ҳушёрӣ, фаросат ва одоб дар чеҳрааш намуддор буд. Дар дасти ин писарбача шамшер буд, ки бо қадаш баробарӣ мекард. Ба ҳазрати Расули Худо (с) худро наздик сохт ва гуфт: Ман фидоят шавам, эй Расули Худо (с), ба ман иҷоза деҳ, то дар зери парчами ту бар зидди душманони Худо биҷангам ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунам.

Ҳазрати Расули Худо (с) бо дидаи хушӣ ва ҳайрат ба вай нигарист ва бо дастҳои муборакаш бар шонаи вай зад ва хотираш хуш сохт ва ӯро ба хотири хурдсолиаш аз сафи муҷоҳиддин ҷудо кард. Ин писарбаччаи хурдсол дар ҳоле, ки шамшерро кашон-кашон ба замин меомад, ғаму андӯҳ дар симояш намоён буд, чун худро аз шарафи сӯҳбат ва ҳамроҳи он ҳазрат (с) ҷудо ёфт.

Ғаму андӯҳи модараш (Навор духтари Молик) низ камтар аз ғаму андӯҳи фарзанд набуд. Чун ӯ орзу дошт, ки рӯзе фаро расад, ки дар он фарзандашро дар қатори бузургмардони муҷоҳид ва дар таҳти парчами Расули Худо (с) бубинад ва ба хотири сурур ва хушӣ сурма дар чашм намояд ва орзуи он дошт, ки падараш агар зинда мемонд, дар назди ҳазрати Расули Худо (с) мақоми баландеро касб менамуд ва акнун ки вай вуҷуд надорад, фарзандаш он мақомро дар худ ҷамъ намояд.

Вақте ин писарбаччаи ансорӣ дарёфт, ки вай натавонист ба хотири хурдсолиаш дар ин соҳа ба ҳазрати Расули Худо (с) наздикӣ ҷӯяд, зако ва ҳушёриаш ӯро ба соҳаи дигар раҳнамоӣ кард, ки он соҳа ба синну сол иртибот надорад ва метавонад аз ин роҳ худро ба ҳазрати Расули Худо (с) наздик созад ва ин соҳа ҳамон соҳаи илм ва ҳифз аст. Ин писарбача назари худро дар ин бора ба модари худ тақдим дошт. Модараш аз шунидани ин пешниҳоди вай хушҳол шуд ва масрур гашт ва орзу намуд, ки ин нақша бояд таҳаққуқ пазирад.

 Навор модари ин писарбачча назари фарзандашро ба баъзе аз бузургони қавмаш арз намуд ва аз эшон дар ин хусус машварат хост. Ишон ин писарбаччаро бо худ гирифта, ба ҳузури Паёмбар (с) рафта гуфтанд: Эй Расули Худо (с), ин фарзанди мо Зайд ибни Собит аст, ҳафдаҳ оят аз Қуръонро ҳифз дорад ва ин миқдор аз сураҳоро дуруст ҳамон тавре, ки Худованд бар ту онро нозил намуда, қироат мекунад ва илова бар ин, вай баччаи ҳушёр ва боистеъдод аст, хонда ва навиштанро метавонад. Вай бо ин хусусият мехоҳад бо ту тақарруб ҷӯяд ва дар канори ту мулозамат ихтиёр намояд. Агар хоста бошӣ, қироаташро бишнав, ҳозир аст, ки дар ҳузури ҷанобатон қироат намояд.

Ҳазрати Расули Худо (с) баъзе аз оёти китобуллоҳро аз Зайд ибни Собит шунид, ки бо садои латиф ва дилнавоз онро қироат кард. Ҳазрати Расули Худо (с)-ро қироаташ хуш омад ва ӯро болотар аз он ёфт, ки барояш тавсия намуданд ва ба хусус ин ки вай навиштанро ёд дорад, барояш сурур афзуд. Ҳазрати Расулуллоҳ (с) рӯ ба сӯи вай намуд ва гуфт: Эй Зайд, тариқаи навиштани яҳудиёнро биёмӯз, чун ман ба он чи ки барояшон мегӯям, мутмаин нестам. Зайд гуфт: Ба сару чашм ҳозирам эй ҳазрати Расули Худо (с).

Ҳамон буд, ки Зайд ибни Собит фавран ба фаро гирифтани забони ибрӣ шурӯъ намуд ва дар муддати бисёр кӯтоҳ тавонист, ки хондан ва навиштани забони ибриро фаро гирад Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба хондан ва навиштани забони ибрӣ зарурат пайдо мекард, Зайд ибни Собитро барои ин матлаб ба назди хеш мехонд. Баъд забони сирёниро низ бинобар амри ҳазрати Расули Худо фаро гирифт ва ба ин тартиб ин ҷавон фазилати тарҷумони ҳазрати Расули Худо (с)-ро дар худ пайдо намуд.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) аз матонату амонати Зайд ва диққату фаҳми вай итминон ҳосил намуд, вайро бар паёми осмонӣ амини худ гирифт ва ӯро ба сифати котиби вайҳ муқаррар кард.

Ба ин тартиб, вақте оят аз каломуллоҳи маҷид дар қалби муборакаш нозил мешуд, касеро аз паи Зайд мефиристод ва ӯро ҳозир месохт ва барояш мегуфт: Эй Зайд, бинавис ва Зайд менавишт. Ва ба ин тартиб Зайд каломи Худоро аз ҳазрати Расули Карим (с) ҳар лаҳза дарёфт медошт ва ҳамроҳ бо оёти он рушд мекард ва калон мешуд ва онро тоза ва мубошаратан аз соҳиби вай мегирифт ва ба асбоби нузули он огоҳ мешуд ва қалбаш ба анвори ҳидояти Қуръон тобиш меёфт ва қалбаш бо асрори шариат мунаввар мегардид. Ба ин тартиб, ин ҷавони хушбахт ва некнасиб дар Қуръон ва улуми он тахассус ёфт ва ба асрораш огоҳ буд.

Баъд аз вафоти ҳазрати Расули акрам (с) Зайд нахустин марҷеъ буд, ки дар фаҳми Қуръон ба вай рӯй меоварданд. Дар аҳди ҳазрати Абубакри Сидиқ вақте тасмим ба он гирифта шуд, ки Қуръонро дар Мусҳаф ҷамъ кунанд, ҳайате аз қориёнро ба хотири ин ҳадаф ташкил доданд, Зайд дар раъси ин ҳайат қарор дошт ва дар замони ҳазрати Усмон низ дар раъси онҳо қарор дошт, ки бо мақсади яктосозии мусҳафҳо ҷамъ шуда буданд. Оё манзалат ва мақоме аз ин болотар хоҳад буд, то аҳли ҳиммат орзуи он намояд ва оё азамате болотар аз ин вуҷуд дорад, ки нафсҳо орзуи расидан ба он намояд?

Яке аз фазоиле, ки Қуръон дар нафси Зайд ба ҷо гузошт, ин буд, ки вай дар мавоқифи хеле душвор ва буҳронӣ тавонист роҳро ҳамвор созад ва мушкилотро ҳал кунад. Мушкилоте, ки ҳама соҳибони ақл дар ҳалли он дар ҳайрат афтода буданд, дар рӯзи Сақифаи Бани Соъида вақте мусалмонон дар интихоби халифа ва ҷонишини ҳазрати Расули Худо (с) ихтилоф карданд, муҳоҷирин гуфтанд: Мо мустаҳиққи хилофати ҳазрати Расули Худо (с) ҳастем ва мо нисбат ба ҳар каси дигар ба ин вазифа авалавият дорем ва баъзе аз Ансор гуфтанд: Балки мо мустаҳиққи хилофат аз ҳазрати Расули Худо (с) ҳастем. Ва иддае гуфтанд, ки як халифа аз муҳоҷирин ва як халифа ҳам аз Ансор бошад, ба хотири он ки вақте ҳазрати Расули Худо (с) касе аз шумо муҳоҷиринро ба ҷое мефиристод, як тан аз Ансорро низ бо вай ҳамроҳ месохт. Ва ин мушоҷара ва кашмакаш дар вақте сурат гирифт, ки ҷасади мутаҳҳари Расули акрам (с) ҳанӯз дар миёнашон вуҷуд дошт ва дафн нашудааст ва наздик буд, ки бар сари интихоби ҷонишини вай фитнаи бузурге барпо гардад. Дар чунин фурсат лозим дошт, то қавли файсалакун ва мустадил вуҷуд дошта бошад, ки дар рушноии Қуръон ва ҳидоёти зиндагисозаш қазияро ҳал созад ва фитнаро хомӯш кунад. Ин ҷост, ки Зайд аз миёни мардум сар мекашад ва бо як қавл қазияро ҳал мекунад. Вай ба мардум ва қавми худ мегӯяд: Эй ҷамъи Ансор, ҳазрати Расули Худо (с) аз ҷумлаи муҳоҷирин буд ва бояд халифаи вай аз ҷумлаи муҳоҷирин бошад ва мо дар он вақт аз ансори вай будем ва бояд акнун аз ансор халифаи вай ва ҳамкороне, ки вайро дар ҳақ ёрӣ диҳанд, низ бошем. Он гоҳ дасти худ ба сӯи ҳазрати Абубакри Сиддиқ дароз намуд ва гуфт: Ин халифаи шумост, ба вай байъат кунед.

Зайд ибни Собит ба фазли Қуръони карим ва фаҳми вай дар ин бора ва ба фазли мулозамати тӯлонӣ, ки бо ҳазрати Расули Худо (с) дошт, манорае буд, ки мусалмонон дар рӯшноии он гом бармедоштанд, хулафои мусалмонон дар ҳоли мушкилоташон ба вай рӯ меоварданд ва мардуми омма дар ҳалли масоилашон аз вай фатво мегирифтанд ва бахусус дар илми мерос ба вай руҷуъ мекарданд, чун дар он вақт ҳеҷ кас ба андозаи вай дар илми мерос ва тариқи тақсими он намерасид.

Ҳазрати Умар (р) рӯзе дар Ҷобия баёнияе эрод намуд ва гуфт: Эй мардум, агар кассе хоҳад, ки дар бораи Қуръон савол кунад, ба назди Зайд ибни Собит биравад ва агар касе бихоҳад, дар фиқҳ савол кунад, назди Муъоз ибни Ҷабал биравад ва агар касе бихоҳад, дар бораи пул ва матоъ савол кунад, назди ман биёяд, ба хотири он ки Худованд маро мутавалӣ ва тақсимкунандаи умури молӣ сохтааст.

Омӯзгорон ва толибони илм чи аз саҳоба ва чи тобеъин қадру манзалати Зайд ибни Собитро шинохта буданд ва мақоми илмии ӯро гиромӣ медонистанд.

Рӯзе Абдуллоҳ ибни Аббос Зайд ибни Собитро дид, ки дар баробари маркабаш истода ва қасди савор шудани он дорад, дар баробараш истод ва рикобаш баргирифт, то савор шавад ва лаҷоми маркабашро ба дасти дигари худ гирифт. Зайд ибни Собит ба вай гуфт: Эй амузодаи ҳазрати Расули Худо (с), ин корро макун.

Ҳазрати Ибни Аббос гуфт: Бар мо амр шудааст, ки бояд уламои худро чунин икром намоем.

Зайд ба вай гуфт: Дастатро ба ман нишон деҳ. Абдуллоҳ ибни Аббос дасти худро кашид ва ба вай дароз намуд. Зайд худро хам кард ва дасти вай бигрифт ва бибӯсид ва гуфт: Ба мо чунин амр шудааст, ки бо аҳли байти Паёмбари Худо бояд чунин кунем.

Вақте Зайд ибни Собит ба ҷивори раҳмати Парвардигораш пайваст, мусалмонон ба марги илм, ки ҳамроҳ бо вай дафн гардид, мотам гирифтанд ва ба фироқаш сахт гиристанд. Ҳазрати Абуҳурайра гуфт: Донишманди мутабаҳири ин уммат вафот ёфт, шояд Аллоҳ таъоло Ибни Аббосро ҷонишини вай созад. Ҳассон ибни Собит шоири забардасти ҳазрати Расули Худо (с) дар марсияи вай ва худаш шеъри ҳазин гуфт. Баъд аз Ҳассон ва фарзандаш чӣ касе истеъдоди шеър гуфтан дорад ва баъд аз Зайд ибни Собит чӣ касе метавонад, ки ба мафоҳим пай бибарад…

test

Добавить комментарий