Рабеъа Ибни Каъб

Рабеъа ибни Каъб гуфт: Вақте нури имон дар қалбам тобид ва вақте дилам ба мафоҳими Ислом ошно шуд, ман ҷавони навраста будам. Вақте аввалин бор чашмонам ба дидори ҳазрати Расули Худо (с) мунаввар гардид, ӯро чунон дӯст доштам, ки дар узве аз аъзои баданам ҷо дошт. Чунон шефтаи ӯ шудам, ки маро аз ёди ҳама чиз бурд.

Рӯзе бо худ гуфтам: Эй Рабеъа, чаро ба худ тараҳҳум намекунӣ? Чаро худро ба хидмати ҳазрати Расули Худо (с) фориғ намесозӣ? Ту ҳатман худро ба вай тақдим намо. Агар туро пазируфт, ин чи беҳтар, ки бо қурби вай саодат ёбӣ ва бо муҳаббаташ сарафроз гардӣ ва хайри дунё ва охиратро касб кунӣ. Баъд дере нагузашта, ки худро бар он ҳазрат (с) тақдим намудам ва аз вай тақозо кардам, ки маро ба хидмати худ бипазирад.

Вай орзуямро ба яъс ҷавоб надод ва маро ба сифати хидматгори худ пазируфт ва аз он рӯз сар карда худро дар хидмати вай чунон доштам, ки наздиктар аз сояаш бо вай мулозамат доштам. Ҳар ҷое, ки мерафт ва ҳар ҷое, ки сайр мекард, аз паи вай равон будам. Агар ба гӯшаи чашм ба ман менигарист, фавран дар пеши рӯяш меистодам ва агар ҳоҷатеро мехост, фавран барои рафъи он мешитофтам. Ман рӯзро комилан дар хидмати вай сипарӣ мекардам. Вақте рӯз ба поён мерасид ва намози хуфтанро мехонд ва ба хобгоҳи худ бармегашт, ман низ аз ҳузури вай мураххас мешудам.

Аммо бо худ мегуфтам: Эй Рабеъа, ту ба куҷо меравӣ? Мешавад, ки дар шаб барои ҳазрати Расули Худо (с) зарурате пайдо шавад. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки бар остонаи дараш биншинам ва лаҳзае худро аз даргаҳаш дур надорам.

Ҳазрати Расули Худо (с) одат дошт, ки шаби худро ба ибодат ба сар мерасонд. Чӣ бисёр вайро шунидаам, ки сураи Фотеҳаро мехонд ва онро то бахше аз шаб такрор мекард, то он ки хаста мешуд, ӯро мегузошт ва ё хоб бар чашмонам муставлӣ мешуд, ба хоб мерафтам ва чӣ басо ӯро шунидаам, ки самиъаллоҳи лиман ҳамида мегуфт ва онро чунон такрор мекард, ки аз такрори сураи Фотеҳа бештар мешуд.

Ҳазрати Расули Худо (с) одат дошт, ки ҳеҷ як барои вай эҳсон намекард, магар он ки вайро подоши беҳтар аз эҳсонаш медод. Бинобар ин, вай тасмим гирифт, ки дар бадали хидмате, ки ба вай кардам, ба ман подош бидиҳад. Лизо рӯ ба ман намуд ва гуфт: Эй Рабеъа ибни Каъб. Гуфтам: Бале, эй Расули Худо (с), ба хидматат истодаам ва Худованд саодати бештар насибат фармояд. Гуфт: Аз ман чизе савол кун, то бароят бидиҳам. Андаке фикр кардам ва баъд гуфтам: Эй Расули Худо (с), ба ман фурсат деҳ, то перомуни талаби хеш хуб фикр кунам ва баъд бароят хоҳам гуфт. Фармуд: Бар ту боке нест. Ман дар он рӯз ҷавони фақир ва бебизоате будам. На аҳл доштам ва на хона ва на мол ва на зиндагӣ ва маскане. Балки дар суффае, ки ғарибону ва фуқаро дар он ҷамъ мешуданд, мерафтам ва дар он дароз мекашидам ва мардуми мо ҷамъе фақиронро меҳмони Ислом мехонданд. Агар кадом мусалмон хайрот ва садақа ба ҳазрати Расули Худо (с) меовард, вай ҳамаи онро барои мо мефиристод ва агар ҳадя ба вай тақдим медошт, андаки онро мегирифт ва боқиро ба мо равон мекард. Дилам гуфт, ки бояд аз ҳазрати Расули Худо (с) молу матоъ ва зиндагии дунёро талаб кунам, чун ранҷи фақр ва нодорӣ кашида будам, то аз он худро халос карда, мисли дигарон соҳиби зану фарзанд ва хонаву зиндагӣ бошам. Аммо дере нагузашта бо худ гуфтам: Эй Рабеъа, ҳалок шавӣ, дунё зоил шуданӣ аст ва дар ин дунё Худованд кафили ризқу рӯзии туст ва ҳатман он чи, ки муқаддар аст, бароят омаданӣ аст. Ҳазрати Расули Худо (с) назди Парвардигораш чунон мақом ва манзалат дорад, ки дуояш рад намешавад ва Худованд ҳатман дуояшро иҷобат мекунад. Пас биё аз вайчизеро талаб кун, ки ба хайри охирати ту тамом шавад ва ҳамин матлаб ба дилам писанд омад ва ба он дилам ором гирифт.

Баъд ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) омадам. Ба ман гуфт: Эй Рабеъа, чӣ гуфтанӣ дорӣ?

Гуфтам: Эй Расули Худо (с), аз Аллоҳ таъоло бихоҳ, ки маро дар охират дар биҳишт бо ту ҳамроҳ созад.

Фармуд: Чӣ кас ин таълимро ба ту ёд дод ?

Гуфтам: Қасам ба Аллоҳ, ки ҳеҷ кас маро ин ҳарф таълим надодааст. Аммо вақте ҷаноби шумо бар ман гуфтед, ки бихоҳ, то бароят бидиҳам, нафсам бар ман гуфт, ки бояд аз молу зиндагии дунё аз ту чизе бихоҳам. Аммо дере нагузашт, ки роҳи савобро ёфтам ва чизи боқиро бар фонӣ тарҷеҳ додам. Ҳамон буд, ки аз ҷаноби шумо хостам, ки аз Худованд бихоҳед, ки маро бо худ дар биҳишт ҳамроҳ созад. Ҳазрати Расули Худо (с) бисёр сукути тӯлонӣ намуд ва гуфт: Эй Рабеъа, оё ғайр аз ин дигар ҳоҷате ҳам надорӣ?

Гуфтам: На, ҳаргиз, ҳеҷ чизеро ба он чи, ки аз шумо хостам, баробар намекунам.

Фармуд: Вақте мавзӯъ аз ин қарор бошад, пас нафси худро ба касрати суҷуд одат бидеҳ.

Ҳамон буд, ки дар ибодат сахт мекӯшидам, то шарафи ҳамроҳи ҳазрати Расули Худо (с)-ро дар биҳишт касб кунам, ҳамон тавре, ки дар дунё шарафи сӯҳбат ва хидмати вайро касб намудам. Баъд аз ин кор дере нагузашт, ки Расули Худо (с) маро фарёд кард ва гуфт: Эй Рабеъа, зан намегирӣ?

Гуфтам: Эй Расули Худо (с), намехоҳам, ки чизе маро аз хидмати ту ба худ машғул созад. Дигар ин ки ман чизе надорам, ки маҳр бидиҳам ва на чизе дорам, ки аз ӯҳдаи нафақааш бароям. Аз шунидани ин ҳарфҳоям сукут кард. Боз бори дуввум маро дид ва гуфт: Эй Рабиъа, зан намегирӣ? Боз ҳамон ҷавоби қаблии худро додам, аммо ҳамин ки бо худ танҳо мондам, аз гуфтаи худ пушаймон гардидам ва бо худ гуфтам: Эй Рабеъа, туро чӣ шудааст ? Қасам ба Худо, Паёмбар ба ҳоли ту ва маслиҳати ту хубтар медонад, ки чӣ чиз ба хайри дину дунёи туст ва ба зарурате, ки ту дар нафси худ дорӣ, беҳтар аз худат медонад. Қасам ба Худо, агар Паёмбар ин бор аз ман бихоҳад, ки издивоҷ мекунам, ҳатман фармудаашро мепазирам. Аз ин тасмим вақти зиёде сипарӣ нашуда буд, ки ҳазрати Паёмбар (с) ба ман фармуд: Эй Рабеъа, оё намехоҳӣ издивоҷ кунӣ?

Гуфтам: Бале, эй Расули Худо (с), мехоҳам, аммо чӣ касе ба ман зан медиҳад ва ту худ медонӣ, ки ман дар чӣ ҳолате ба сар мебарам.

Фармуд: Назди оли фалон бирав ва барояш бигӯ, ки Расули Худо (с) ба шумо амр намудааст, ки дӯшизаатон фалонаро ба ҳамсарии ман диҳед. Бо шарму ҳаё наздашон рафтам ва барояшон гуфтам, ки ҳазрати Расули Худо (с) маро назди шумо фиристод, то дӯшизаатон фалонаро ба ҳамсарии ман диҳед.

Гуфтанд: Фалонаро?

Гуфтам: Бале.

Гуфтанд: Хуш омад Расули Худо (с) ва хуш омад фиристодаи Расули Худо (с).

Қасам ба Худо, фиристодаи Расули Худо (с) дасти холӣ барнахоҳад гашт, магар он ки зарурати вай бароварда созам. Ҳамон буд, ки ақди никоҳи дӯшизаашонро бо ман бастанд. Баъд назди ҳазрати Расули Худо (с) баргаштам ва ба ӯ гуфтам: Эй Расули Худо (с), ман аз назди беҳтарин хонавода омадам. Ҳарфамро тасдиқ карданд ва маро хушомадед гуфтанд ва духтарашонро дар ақдам дароварданд. Аммо акнун аз куҷо ба ишон маҳр бипардозам ?

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) Бурайда ибни Ҳусайбро, ки сардоре аз сардорони қавми бани Аслам буд, ба ҳузур хост ва барояш гуфт: Эй Бурайда, барои Рабеъа ба андозаи як дона тилло ҷамъ кун. Ҳамон буд, ки тиллоро ҷамъ карданд. Ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Ин миқдор тиллоро бигир ва ба ишон бибар ва ба онҳо бигӯ, ки ин маҳри духтари шумост. Ман чунин кардам ва назди ишон рафтам ва онро ба онҳо додам. Ишон пазируфтанд ва ба он розӣ шуданд ва гуфтанд: Ин чизи бисёр аст ва хуб аст.

Баъд ба ҳузури ҳазрати расулуллоҳ рафтам ва гуфтам: Ман ҳаргиз мардумеро каримтар ва шарифтар аз инҳо надидаам, ба он чи, ки ба онҳо додам, ба вуҷуди кам будани он розӣ шуданд ва гуфтанд: Бисёр ва хуб аст. Аммо тӯи вайро аз куҷо кунам эй Расули Худо (с)? Ҳазрати расулуллоҳ ба Бурайда гуфт: Барои Рабеъа қимати як гӯсфандро ҷамъ кунед. Ҳамон буд, ки як гӯсфанди хуби чоқ ва фарбеҳро бароям харидорӣ карданд.

Ҳазрати расулуллоҳ ба ман гуфт: Назди Оиша бирав ва ба ӯ бигӯ, он чи ҷаве, ки назди худ дорад, онро бароят бидиҳад. Назди вай омадам ва гуфт: Каҷоваро бигир ва дар ин ҳафт соъ ҷав аст. Қасам ба Худо, ғайр аз ин дигар чизе надорем.

Ҳамон буд, ки гӯсфанд ва ҷавро гирифта, ба аҳли ҳамсарам бурдам, ишонро гуфтанд: Ҷавро мо худ омода месозем. Аммо гӯсфандро ба ёрони худ бидеҳ, ки онҳо онро бароят омода созанд. Баъд ман ва касоне аз қабилаи бани Аслам гӯсфандро гирифта, забҳ кардем ва онро пӯст намуда, пухта кардем ва ба ин тартиб, гӯшт ва нон омода шуд ва валимаро тартиб додем ва ҳазрати расулуллоҳро даъват намудем ва вай иҷобат фармуд ва ба он ҳузур ёфт.

Рӯзҳое чанде бигзашт ва ҳазрати Расули Худо (с) заминеро дар ҷивори замини ҳазрати Абубакр бароям бахшид ва дунё бароям рӯй овард, то он ҷо, ки рӯзе ман ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ бар сари дарахти хурмо бо вай ихтилоф намудем. Ман гуфтам, ки ин дарахт дар замини ман қарор дорад ва вай гуфт: На, ин дарахт дар замини ман қарор дорад ва ба ин тартиб, бо ҳам мунозаъа кардем ва вай бо ман ҳарфе гуфт, ки маро хуш наёмад ва бар ман сахт тамом шуд. Вақте ин ҳарфи нописанд аз даҳонаш берун шуд, дере нагузашт, ки пушаймон гардид ва гуфт: Эй Рабеъа, ин калимаи нописанде, ки бароят гуфтам, назири онро бароям бигӯ, то қасоси каломи ман шуда бошад. Гуфтам: Қасам ба Худо, ки чунин намекунам.

Гуфт: Агар чунин накунӣ, ба ҳузури Расули акрам (с) меравам ва аз ту дар ин хусус шикоят мекунам, ки аз гирифтани қасоси худ аз ман худдорӣ мекунад.

Вай аз паи ҳазрати Расули Худо (с) ба роҳ афтод ва ман низ аз қафояш ба роҳ афтодам. Қавми ман низ маро дида, аз ақиб равон шуданд ва гуфтанд: Ин худ ибтидоан ба ту носазо гуфт ва ҳоло пеш аз ту худро ба ҳузури ҳазрати расулуллоҳ мерасонад ва аз ту шикоят мебарад. Ба онҳо рӯй гардонидам ва гуфтам: Медонед, ки ин чӣ касе аст? Ин шахс Абубакри Сиддиқ аст. Соҳиби шахсияти бузургвор дар миёни мусалмонон. Пеш аз он ки шуморо бубинад, ба ҷои худ баргардед ва гумон хоҳад кард, ки шумо ба хотири пуштибонӣ аз ман омадаед ва хашмгин хоҳад шуд ва он гоҳ ба ҳузури Расули Худо (с) меравад ва ҳазрати Расули Худо (с) низ ба хотири вай ғазаб хоҳад кард ва он вақт аст, ки Рабеъа ҳалок хоҳад шуд.

Ҳамон буд, ки ишон баргаштанд. Баъд ҳазрати Абубакри Сиддиқ ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) омад ва ӯро аз ҷараён огоҳ сохт. Ҳазрати Расули акрам (с) сарашро ба сӯям баланд кард ва гуфт: Эй Рабеъа, туро ба Абубакри Сиддиқ чӣ ғараз аст?

Гуфтам: Эй Расули Худо (с), вай аз ман чунон тақозо намуд, ки ҳаферо, ки худ гуфтааст, барояш бигӯям ва ман чунин накардам.

Фармуд: Бале, он чи ки бароят гуфтааст, барояш магӯ, валекин барояш бигӯ, ки эй Абубакр, Худованд туро бибахшад.

Баъд барояш гуфтам: Худованд туро бибахшояд.

Ҳазрати Абубакр дар ҳоле, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ буд ва ба роҳи худ равон шуд ва ба ман гуфт: Эй Рабеъа, Худованд аз тарафи ман барои ту подоши нек ато фармояд. Эй Рабеъа, Худованд аз тарафи ман барои ту подоши нек ато фармояд…

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.