Осим Ибни Собит

 Қурайш бо ҳама сару сози низомиаш ва бо ҳама сардорон ва ғуломонаш барои рӯёрӯии Муҳаммад ва пайравонаш ба қасди Уҳуд аз Макка берун шуд. Дилҳои ишон пур аз кина ва адоват шуда буд ва оташи интиқоми куштаҳояшон дар Бадр дар синаҳояшон забона мезад. Онҳо танҳо ба хуруҷи сарон ва гуломонашон иктифо накарда, балки ҳамроҳ бо худ занони мотамзадаро, ки наздикони худро дар Бадр аз даст дода буданд, гирифтанд, то мардонро бар қибатол ва ҷанг ташвиқ кунанд ва эҳсоси ҷангҷӯӣ ва қаҳрамониро дар онҳо биёфаранд ва азму тасмими онро дар ҳангоми заъф ва фурупошӣ қувват бахшанд ва аз фирор ва ақибнишинии онҳо ҷилавгирӣ намоянд.

Ва дар ҷумлаи ин занон, ки ба ин мақсад баромада будавнд, Ҳинд духтари Утба, ҳамсари Абусуфён ва Райта духтари Мунаббиҳ, ҳамсари Амр ибни Ос ва Сулофа духтари Саъд ҳамроҳ ба шавҳар ва се ферзандаш Мусофиъ ва Ҷуллос ва Килоб ва ғайра занон буд.

Вақте ин ду гурӯҳ дар Уҳуд бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд ва оташи ҷанг барафрӯхта гардид, Ҳинд духтари Утба ҳамроҳ бо соири занон дар ақиби сафи ҷангҷӯён қарор гирифта ва бо навохтани дафҳо ва хондани сурудҳо ҷангҷӯёни худро ташвиқ менамуданд, онҳо дафҳои худро мезаданд ва ин сурудҳоро замзама мекарданд:

Яъне: Агар ба ҷанг рӯй оваред, ҳамдигарро дар оғӯш гирем, ва бистарҳоро ороста созем.

Агар пушт гардонед аз ҳам ҷудо мешавем, чунон ҷудо шудан, ки ҳамдигарро дӯст нагирем.

Ин суруди онҳо дар ниҳоди ҷангҷӯёнашон асарибас бузург ниҳод ва онҳоро ба гирифтани интиқом ва дифоъ аз асабияташон ташвиқ менамуд ва дар нафсҳои шавҳаронаш чун сеҳр асар мегузошт…

Ҷанг поён ёфт ва Қурайш ба пирӯзии қобили мулоҳаза даст ёфт. Ҳамон буд, ки занонашон дар ҳоле, ки масти пирӯзӣ буданд дар майдони набард сайр мекарданд ва бо сурудани таронаҳо фасод барпо сохта буданд, куштагонро мусла мекарданд, шикамҳояшонро медариданд, гӯшҳояшонро мебуриданд ва чашмҳояшонро берун мекашиданд. Хашми онон ба ҳаде расид, ки яке аз онон аз биниҳо ва гӯшҳои куштагон ҳамоил сохта ва ба гардан овехт ва худро ба он орост, то ба ин тариқ интиқоми падару бародар ва амаки худро, ки дар Бадр кушта шуда буданд, бигирад.

Аммо Сулофа духтари Саъд бар хилофи соири ҳамқаторони худ ҳолати дигаре дошт… Вай музтариб ва парешон ба назар мерасид ва интизори он дошт, ки шавҳараш ё яке аз фарзандони сегонааш ба назди вай бирасанд ва мисли соири ҳамқаторони хеш дар ин хушӣ ва сурури пирӯзӣ бо ишон ширкат кунад. Аммо ин интизории вай ба дарозо кашид ва абас рафт, лизо худ дохили майдони ҷанг шуд ва дар паи ҷустуҷӯи шавҳар ва фарзандонаш баромад ва дар чеҳраи ҳар як аз куштагон менигарист то гумшудаи худро дарёбад. Дере нагузашт, ки шавҳарашро дарёфт, ки оғушта ба хун ҷон додааст. Вақте вайро ба ин ҳолат дид чун саги девона ба ҳар сӯ медавид, то фарзандонаш ҳар як Мусофеъ ва Килоб ва Ҷуллосро дарёбад. Дере нагузашта буд, ки онҳоро дар майдони Уҳуд нақши бар замин ёфт, Мусофеъ ва Килоб мурда буданд ва аммо Ҷуллос ҳанӯз нафасе дошт ва дар хун метапид. Сулофа худро бар рӯи фарзандаш, ки бо марг даст ба гиребон буд андохт ва сарашро бар зонуи худ ниҳод ва шурӯъ ба пок кардани хунҳои рӯу даҳони вай намуд ва аз шиддати ҳавлу даҳшат ашк дар чашмонаш хушкида буд.

Баъд рӯ ба вай намуд ва гуфтт. Фарзандам чи кас туро ба хоку хун афканд? Хост, ки ҷавоб диҳад, вале талхии ҷон кандан ӯро монеъ аз он шуд, ки битавонад ҷавоб диҳад. Боз бо исрор аз вай савол кард, ин бор бо сахтӣ ҷавоб дод ва гуфт: Осим ибни Собит маро ҳадафи шамшери худ қарор дод… Ва бародарам Мусофеъ ва … ро низ аз по дар овард, баъд дере нагузашт, ки руҳ аз баданаш ҷудо шуд.

Сулофа духтари Саъд девонавор фарёд мекашид ва бетобона навҳа мекард ва ба Лоту Уззо қасам мехӯрд, ки то он, ки Қурайш интиқоми ӯро нагирад ва дар косаи сари Осим шароб ба сар накашад, дилаш ором нахоҳад гирифт ва ашк аз чашмонаш боз нахоҳад истод…

Баъд ба худ назр кард, ки ҳар касе, ки Осимро асир гирад ва ё вайро ба қатл расонад ва сари ӯро гирифта назди вай орад, ҳар андоза пуле, ки бихоҳад ба ӯ хоҳад бахшид.

Хабари назр кардани вай дар миёни Қурайш интишор ёфт ва аз он ба баъд ҳар ҷавоне аз ҷавонони Қурайш орзу мекард, ки кош ба вай даст ёбад ва сари ӯро гирифта назди Сулофа оварад то ин ҷоизаи бузург насибаш гардад.

Мусалмонон баъд аз воқеъаи Уҳуд ба Мадина баргаштанд ва аз ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ин ҷанг дар миёни худ сари суҳбатҳо кушуданд ва ба касоне, ки дар ин ҷанг шаҳодат ёфтанд аз Худованд барояшон раҳмат мехостанд, ва ба онҳое, ки аз худ қаҳрамонӣ ва шуҷоъат нишон доданд таҳсину офарин мегуфтанд ва дар ин ҷумла аз размоварии Осим ибни Собит низ ёдоварӣ намуданд ва ӯро рамзи шуҷоъату диловарӣ хонданд ва дар шигифт аз ин буданд, ки вай чи гуна тавнист се тан аз бародаронро аз як хона аз пой дароварад. Касе аз ишон гуфт: Оё ин амалкард аз вай шигифте дорад?! Оё ба ёд надоред, ки Ҳазрати Расули Худо (с.б.) вақте моро андак қабл аз ҷанги Бадр савол намуд, ки чи гуна меразмед? Осим ибни Собит аз ҷой бархост ва гуфт: Агар душман ба фосилаи сад метр аз ман дур бошад, ӯро бо тир ҳадаф қарор медиҳам…

Ва агар вақте ба фосила наздик шавад, ки найза ба вай мерасида бошад, бо найза бо вай меразмам, магар он, ки найзаҳо бишкананд, ки дар он сурат найзаро гузошта ва бо шамшер ба задани вай оғоз кунам…

Ҳазрати Расулуллоҳ (с.) фармуд: Ҷанг ба ин шева аст. Касе агар бихоҳад биразмад бояд ба шеваи Осим ибни Собит биразмад.

Аз воқеъаи Уҳуд муддати зиёд сипарӣ нашуда буд, ки ҳазрати Расули Худо (с.) шаш тан аз асҳоби бузургворро ба хотири амре аз умури хештан фиристод ва дар раъси онҳо Осим ибни Собитро қарор дод.

Ин ҷамъ аз асҳоби баргузидаи Ҳазрати Расули Худо (с.) барои иҷрои коре, ки ишонро ба он ҷиҳат фиристода буд, ба роҳ афтоданд. Ва дар асное, ки ишон дар бахше аз роҳи қариб ба Макка расиданд, ҷамоъае аз қабилаи Ҳузайл аз аҳволи ишон иттилоъ ёфтанд ва ба сӯи онҳо давиданд ва ба суръат худро ба онҳо расонида ва онҳоро дар муҳосараи шадиди худ қарор доданд. Осим ибни Собит ва ҳамраҳонаш шамшерҳои худро кашиданд ва худро барои мубориза бо ин ҷамъ, ки ишонро дар муҳосара қарор дода буд, омода сохтанд.

Ҳузайлиҳо ба онҳо гуфтанд: Шумо аз дасти мо роҳи халос надоред ва чораатон дар муҳосаро қарор доштан аст, ва қасам ба Худо агар шумо ба мо таслим шавед, мо ба шумо нияти баде надорем ва бароятон аҳду паймон медиҳем, ки осебе ба шумо намерасонем…

Асҳоби Расули Худо (с.) аз шунидани ин ҳарфи онон ба якдигар нигаристанд, гӯё чунон менамуд, ки ишон дар ин бора бо ҳам машвара мекарданд, ки чи бояд бикунанд… Осим рӯ ба ёрони худ намуд ва гуфт: Аммо ман ба аҳди мушрик таслим нахоҳам шуд ва баъд назри Сулофаро ба ёд овард ва шамшери худ берун кашид ва гуфт: Эй Парвардигори ман, аз дини ту дифоъ мекунам… Пас гушту устухонамро аз дастраси инҳо нигаҳ дор ва ҳеҷ як аз ин душманони худро бар ман зафар мадеҳ. Баъд ба сӯи ҳузайлиҳо ҳамла намуд ва ду тан аз ҳамроҳонаш низ бо ӯ дар ин ҳамла низ ширкат карданд ва пайваста меҷангиданд то он, ки яке паи дигаре ба замин афтоданд. Аммо бақияи ҳамроҳонаш худро ба асорат доданд. Дере нагузашт, ки бо ишон бо бадтарин ҳолат рафтор намуданд ва ба аҳди хештан хиёнат варзиданд.

Ҳузайлиҳо дар ибтидои амр намедонистанд, ки яке аз ин куштагон Осим ибни Собит аст. Вақте ин амрро донистанд сахт хушҳолу масрур шуданд ва чунон эҳсос намуданд, ки гӯё ишон ба ҷоизаи бузург даст ёфтанд.

Баъид набуд… Чун Сулофа духтари Саъд назр намуда буд, ки бояд дар косаи сари Осим шароб нӯшад. Ва назр намуда буд, ки ҳар касе мурда ва ё зиндаи Осимро ба вай биёварад моли, зиёдеро насиб хоҳад шуд.

Аз шаҳодати Осим чанд соъат беш сипарӣ нашуда буд, ки Қурайш дарёфтанд, ки вайро куштаанд, чун Хузайл дар наздикии Макка сукунат дошт. Бинобарин, Қурайш касонеро назди қотилони Осим фиристоданд, то сари ӯро барояшон ҳозир кунанд, то ба ин тартиб оташи хашми худ хомӯш созанд ва дили худро бар вай сард кунанд ва Сулофа духтари Саъд ба қасами худ вафо намояд, то он ки андаке аз алам ва ғамҳои фарзондонаш, ки ба дасти Осим ибни Собит кушта шудаанд бикоҳад… Ишон ҳамроҳ бо намояндагони миқдори зиёд пул фиристоданд ва ба онҳо амр намуданд, ки ин маблағро дар миёни ҳузайлиҳо дар баробари қатли Осим саховатмандона тақсим кунанд.

Ҳузайлиҳо тасмим гирифтанд, ки сар аз тани Осим ибни Собит ҷудо кунанд. Вақте бар соли ҷасади вай омаданд, ногаҳон бо сели занбурҳои ба занбури асал монанд рӯ ба рӯ шуданд, ки онҳоро аз наздик шудан ба ҷасади вай монеъ мешуд.

Вар ҳар вақте тасмим мегирифтанд, ки худро ба вай наздик созанд ҳама якбора ба онҳо барояшон ҳамла менамуданд ва аз ҳар ҷои бадани онҳо неш мезаданд. Ва ба ин тартиб ишон ба ҷудо кардани сари Осим аз тани вай муваффақ нашуданд.

Вақте аз ин талоши пайиҳами худ ноумед шуданд, бо якдигар гуфтанд, чун шаб фаро рассад, ин кор мушкилие надорад, чун шаб занбурҳо ба ҷоҳои худ мераванд ва дар торикӣ намеистанд, ӯро бигузоред то он ки шаб фаро расад.

Баъд ба интизори фаро расидани шаб нишастанд. Аммо ҳамин, ки рӯз сипарӣ шуд ва шаб фаро расид, осмонро абри сиёҳе пӯшонид ва ғурриши раъду барқ оғоз ёфт ва чунон борон борад ва тӯфон бархест, ки пирмардони назири онро дар умри худ дар ин сарзамин надида буданд ва дере нагузашт, ки сел аз дарраҳо ва даштҳо сарозер гардид ва саросари минтақаро фаро гирифт.

Субҳ дамид ва Ҳузайл дар паи ҷустуҷӯи ҷасади Осим ибни Собит берун шуданд ва ба ҳар ҷо сар заданд, аммо ба асаре аз Осим пай набурданд, ба хотири он ки сел ҷасади вайро ба ҷое бурда буд, ки онҳоро ба он илм намуд.

Худованд дуъои Осимро иҷобат кард ва онҳоро аз дастёбӣ бар ҷасади вай боз дошт, ки ӯро мусла кунанд ва дар пеши рӯи душманон гузоранд. Ва сари мутаҳҳарашро нигаҳ дошт аз ин, ки дар косаи он шароб бинӯшад. Ва мушрикинро қудрат набахшид, ки бар масулмонон дастболо шаванд.

test

Добавить комментарий