Хаббоб Ибни Арат

Умму Анмори Ҳуазоъӣ ба бозори бардафурӯшон дар Макка рӯй овард. Ӯ мехост барои худ ғуломе харидорӣ кунад, ки аз кораш истифода кунад ва аз дастовардаш баҳра гирад. Аз ин рӯ вай дар чеҳраи ғуломоне, ки дар бозор ба хотири фурӯхтан оварда шуда буданд менигарист ва ба диққат ба он мутаваҷҷеҳ мешуд, дар ниҳоят нигоҳаш ба писарбаччяаи афтод, ки ҳанӯз дар синни ҷавонӣ қадам нагузошта буд. Вай ӯро сиҳатманд ва тандуруст ёфт ва осори наҷобат ва асолати саҳроиро дар чеҳрааш дид, ки ин амр бештари рағбати вайро ба харидан ташвиқ менамуд. Ҳамон буд, ки қиматашро пардохт ва ӯро гирифта бо худ бурд.

Ва дар асное, ки ҳар ду дар миёни роҳ равон буданд Умми Анмор ба ин писарбачча рӯй гардонд ва гуфт:

Чи ном дорӣ?

Гуфт: Хаббоб.

Гуфт: Падарат чӣ ном дорад?

Гуфт: Арат Гуфт: Аз куҷо ҳастӣ?

Гуфт: Аз Наҷд

Гуфт: Пас ту араб ҳастӣ?!

Гуфт: Бале, ман аз қавми бани Тамим ҳастам.Гуфт: Чи гуна дасти бардафурӯшон ба ту расид, то туро ба Макка оранд!!?

Гуфт: Қабилае аз қабилаҳои Араб ба рустои мо шабехун заданд, ҳайвонотро ба ғанимат бурданд, занон ва атфолро ба асорат гирифтанд ва ман дар ҷумлаи ин ҷамъи писарбаччагон будам, ки ба дасташон афтодам. Ҳамон буд, ки даст ба даст гаштам тоон ки сарнавишт маро баМаккаовард вадар дасти ту афганд.

Умми Анмор ғуломи худро назди оҳангаре аз оҳангарони Макка гузошт то санъати шамшерсозӣ аз вай биомӯзад. Мудати замоне нагузашта, ки вай дар ин фан маҳорати том пайдо намуд ва онро хуб омӯхт.

Вақте Хаббоб бузург шуд ва қувват ёфт, Умми Анмор барои вай дӯконеро ба иҷора гирифт ва сомону олоти оҳангариро барояш харидорӣ намуд ва аз маҳорат ва кордонии вай дар сохтани шамшерҳо истифода намуд ва ба баҳрагирӣ аз вай оғоз кард.

Муддати замоне аз ин амр сипарӣ нашуда буд, ки вай дар Макка шӯҳрати зиёде касб намуд ва ба хотири амонатдорӣ, сидқ ва итқоне, ки дошт, мардум ба харидории шамшерҳои вай рӯй оварданд.

Хаббоб бо вуҷуди навҷавонӣ бо ақли бузургон ва ҳикмати пирамардон ороста буд. Вақие аз кори худ фориғ мешуд ва бо худ танҳо мемонд, дар бораи ин ҷомеъаи ҷоҳиле, ки саропо дар фасод ғарқ шуда буд, меандешид ин ҳолати бад ва аз ҷаҳолату гумроҳӣ нобасомон, ки бар зиндагӣ арабҳо соя афканда буд ва худ яке аз қурбониёни он ба ҳисоб мерафт, сахт меандешид ва эҳсоси нороҳатӣ мекард.

Ба худ мегуфт: Ин шаби сиёҳ ҳатман поён хоҳад ёфт. Ва орзуи он менамуд, ки кош умраш дароз бошад, то поёни ин сиёҳиро бо тобиши нури ҳидоят назорат кунад.

Интизории Хаббоб чандон тӯл накашид, чун иттилоъ ёфт, ки тобиш аз ин нуре, ки вай интизории онро дошт, аз даҳани ҷавоне аз ҷавонони бани Ҳошим, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳҳ ном дорад, сар задааст.

Ҳамон буд, ки худро назди вай расонид. Вақте ҳарфҳояш шунид, дар гӯши дили вай асар афканд ва гумшудаи худро ёфт.

Дасти худро ба вай дароз намуда гуфт: Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва Расулуҳ.

Ва ба ин тартиб ӯ шашумин нафар буд, ки дар рӯи замин ба вай имон овард. Ҳаббоб Исломи худро аз ҳеҷ кас пӯшида надошт. Дере нагузашта, ки хабари имон овардани вай ба Умми Анмор расид ва оташи хашм дар дилаш афтод ва ғазабу кин дар ниҳодаш фаввора зад. Лизо бародараш Сибоъ ибни Абдулъуззоро бо худ гирифт ва ҷамъи дигаре аз ҷавонони Хузоъа низ ба ин ду пайвастанд ва ҳама якҷо шуда назди Хаббоб рафтанд, диданд, ки вай машғули кору бори худ аст… Сибоъ ба вай рӯй оварда гуфт: Дар бораи ту хабаре шунидем, ки боварамон намеояд.

 Хаббоб гуфт: Чӣ хабаре?

Сибоъ гуфт: Овоза аст, ки ту аз дини худ баргаштаӣ ва аз ин марди ҳошими табор пайравӣ намудаӣ.

Хаббоб бо бисёр оромӣ изҳор дошт. Ман аз дини худ барнагаштаам, балки ман ба Худованди Воҳид ва Лошарик имон овардаам. Ва аз ин бутҳое, ки шумо ба парастиши он пардохтаед, даст кашидаам ва ба рисолати Муҳаммад ибни Абдуллоҳҳ имон овардаам.

Ҳамин ки ҳарфҳои Хаббоб дар гӯши Сибоъ ва ҳамроҳонаш расид, ҳама якдам бар вай ҳамла бурданд ва ба лату кӯби вай шурӯъ карданд ва бо лағат ӯро заданд ва бо ҳар чизе, ки ба дасташон афтод ӯро ҳадаф қарор доданд. То он, ки аз шиддати зарб беҳуш бар замин афтод ва хун аз баданаш ҷори

шуд…

Хабари Хаббоб ва мавло хонумаш дар миёни мардуми Макка чун оташ дар миёни ҳезум афтод !!! Ва мардум аз ин ҷуръати вай дар ҳайрат афтоданд, чун қабл бар ин нашнида буданд, ки ҳеҷ як аз пайравони Муҳаммад дар миёни мардум истода ва мусалмонии худро ошкоро ва беҳарос ошкор намояд. Ин мавқеъи шуҷоъонаи Хаббоб бузургони Қурайшро такон дод, чун дар хаёлашон намегузашт, ки оҳангаре чун оҳангари Умми Анмор, ки на қавме дораду на қабилае, ки аз вай дифоъ кунад, то ин ҳад ҷуръат ёбад, ки дар миёни онҳо истода дини Муҳаммадро эълон кунад ва худоёнашонро ботил ва дини обоӣ ва аҷдодиашонро ба боди масхара гирад ва ба ин тартиб султа ва ҳайбати Қурайшро тавҳин намояд ва онро беаҳмият талқин кунад. Хаббоб донист, ки ин мавқифи вай чи паёмадҳое хоҳад дошт ва чӣ азобҳои дардноке дар интизори ӯст… Қурайш дар ин пешбинии худ хато накарда буд, чун ҷуръати Хаббоб бисёр аз ёрони ҳазрати Расули Худо (с)-ро ба он дошт, то дини худро эълон намоянд. Ҳамон буд, ки ба по хостанд ва калимаи ҳақро яке паи дигаре эълон намуданд.

Бузургони Қурайш, ки дар раъси онҳо Абусуфён ибни Ҳарб, Валид ибни Муғира ва Абуҷаҳл ибни Ҳишом қарор дошт дар назди Каъба ҷамъ шуданд ва дар бораи Муҳаммад ва даъваташ ба баҳс нишастанд ва перомуни амри вай бо ҳам музокара намуданд. Ишон дарёфтанд, ки кори Муҳаммад боло гирифта ва бо гузашти ҳар рӯз пайравони тоза барои худ меёбад. Бинобар ин, тасмим баон гирифтанд, ки пеш аз он, ки ин амр ба марҳилаи хатарнок бирасад чораи он кунанд ва ба ин манзур ба қароре омаданд, ки ҳар қабила бояд ба касони хештан, ки дини Муҳаммадро пазируфтаанд фишор оварад ва ӯро чунон саркӯб созад, ки ибрат барои дигарон гардад ва то он ҳад бояд вайро азоб диҳад, ки ё аз дини ҷадидаш баргардад, ё он, ки дар зери азобу шиканҷа ҷон диҳад.

Дар асоси ин қарор бар Сибоъ ибни Абдулъуззо ва қавми вай лозим омад, ки ишон бояд дар таъзиби Хаббоб кӯтаҳӣ накунанд ва ба ҳар андозае, ки аз дасташон ояд ӯро шиканҷа диҳанд…

Аз ин рӯ вақте чошти рӯз мешуд ва шуоъҳои сӯзони офтоб заминро ба оташпора мубаддал месохт, Хаббобро ба батҳои Макка берун мекарданд ва либосҳояшро аз тан мекашиданд ва зиреҳҳои оҳанин ба танаш менамуданд ва аз ӯ обро манъ мекарданд ва ӯро дар зери офтоб мегузоштанд, то аз шиддати гармӣ худ ба ҷон ояд ва онгоҳ рӯ ба вай намуда мегуфтанд: Дар бораи Муҳаммад чӣ мегӯӣ?

Вай дар ҷавоб мегуфт: Муҳаммад бандаи Худо ва Паёмбари ӯст. Барои мо дини ҳидоят ва ҳақро ба армуғон овардааст, то моро аз торикиҳои куфр ва ширк берун намуда ва ба сӯи нури тавҳид ва имон даъват кунад…

Вақте ин ҳарфи вай мешуниданд ва сахтӣ ва муқовамати ӯро медиданд, боз ба лату кӯбаш мепардохтанд ва бо лағат бар сару рӯяш мезаданд ва ба ӯ мегуфтанд: Дар бораи Лоту Узро чӣ назар дорӣ?

Дар ҷавоб мегуфт: Лоту Узро бути гунгу каранд, ки на зарар расонда метавонанд ва нафъеро ба касе ба бор меоранд. Боз сангҳои доғро оварда ва бар пушти вай мениҳоданд, то он ки равған аз миёни шонаҳояш ҷорӣ мешуд.

Умми Анмордар сангдилӣ бар Хаббоб, камтар аз бародараш Сибоъ набуд. Вай рӯзе Ҳазрати Расули Худо (с)ро дид, ки аз пеши дӯкони Хаббоб гузар намуд ва ҳарфе бо вай гуфт. Аз дидани вай оташи хашм дар дилаш афрӯхта шуд. Ҳамон буд, ки ҳар рӯз ба дӯкони Хаббоб меомад ва оҳани доғшударо аз кӯраи оташ мегирифт ва онро дар фарқи сараш мениҳод ва аз шиддати дарди он беҳуш меафтод ва Хаббоб бар алайҳи Умми Анмор ва бародараш Сибоъ дуъои бад мекард.

Вақте Ҳазрати Расули Худо барои ёрони худ иҷозаи ҳиҷрат ба Мадинаро дод Хаббоб худро барои сафар омода сохт, магар хуруҷи вай аз Макка сурат вақте гирифт, ки Худованд дуъои вайро, ки дар ҳаққи Умми Анмор намуда буд, иҷобат кард.

Умми Анмор ба чунон сардарди шадиде мубтало шуд, ки назири онро касе надида буд. Вай аз шиддати дард чунон фарёд мекашид, ба гунае, ки сагон фарёд зананд. Фарзандонаш дар ҳар ҷо дар паи табибон шуданд, то модарашонро аз ин дард наҷот диҳанд. Ба онҳо гуфта шуд, ки вай беҳбуд нахоҳад ёфт, магар он, ки сарашро ба оташ доғ кунанд…

Ҳамон буд, ки сари вайро бо оҳан доғ мекарданд, ки дар асари дарди он сардардиашро фаромӯш мекард.

Хаббоб баъд аз муддати бисёр тӯлоние аз азобуа шиканҷа дар сояи риъоят ва меҳмондории Ансор дар Мадина андаке роҳати ёфт ва дар ҷивори Ҳазрати Расули Карим (с) дилаш ором гирифт ва чашмаш рӯшанӣ ёфт ва дар ин ҷо дигар ҳеҷ амале набуд, ки зиндагии софи вайро тира созад.

Вай бо Ҳазрати Расули Худо дар Бадр ҳузур ёфт ва дар таҳти парчами вай ҷангид… Ва низ ҳамроҳ бо он ҳазрат (с) дар ҷанги Уҳуд ширкат кард. Худованд чашми вайро ба дидани Сибоъ ибни Абдулъуззо бародари Умми Анмор, ки ба дасти Ҳамза ибни Абдулмуталлиб зада шуда ва дар хоку хун дасту по мезад, рӯшан сохт…

Вай умри дарозеро пушти сар ниҳод ва то поёни хилофати хулафои рошидин дар қайди ҳаёт буд ва дар сояи риъоят ва сарпарастии онон аз қадру манзалати хос бархӯрдор буд.

Рӯзе Хаббоб ба ҳузури Умар ибни Хаттоб дар аҳди хилофаташ дохил шуд. Ҳазрати Умар ӯро боло нишонд ва сахт аз вай қадрдонӣ намуд ва гуфт: Ҳеҷ кас ҷуз ту – (ғайр аз Билол) сазовори ин андоза қадрдонӣ нест. Баъдан аз сахттарин ҳолоти азобу шиканҷаи мушрикин пурсид. Вай аз ҷавоб додан ҳаё намуд, вақте ба илтиҷо аз вай пурсид, чодари худро аз пушт дур кард ва Умар чунон осори захмеро дар пушти вай дид, ки сабаби нафраташ гардид ва гуфт: Ин азобро ба ту чӣ гуна расонда шуд?

Хаббоб гуфт: Мушрикон барои ман ҳезумро барафрӯхтанд то он ки ба оташпора мубаддал гардад. Баъд либосҳояшро аз тан берун сохтанд ва маро ба рӯи он оташ кашиданд то он, ки гӯштҳоям аз устухон ҷудо шуда бар замин афтод ва оташ хомӯш нагардид то он даме, ки оби баданам таровид ва бар сари он рехт…

Хаббоб дар бахши охири умраш баъд аз фақру нодории тӯлонӣ чунон марди ғанӣ ва сарватманд шуд ва тилло ва нуқра ба даст овард, ки дар хаёлаш намегузашт… Магар вай дар ин мол ва сарват ба гунае тасарруф намуд, ки дар хаёли касе намегунҷид… Вай дирҳам ва динори худро дар як гӯшаи хонааш бидуни қулфу калид, бидуни бастан ва маҳқам кардан мениҳод ва мардумони ниёзманд аз фуқаро ва масокин он мавзеъи хонаашро медонистанд ва меомаданд ва бидуни иҷоза ва суол ҳар андоза, ки мехостанд бо худ мегирифтанд ва мерафтанд. Ва бо вуҷуди ин гуна ҷавонмардиву саховат аз он бим дошт, ки Худованд ӯро ба ин мол муҳосаба кунад ва ба сабаби он азобаш диҳад.

Ёронаш аз вай ҳикояте намуда ва гуфтаанд: Мо аз Хаббоб дар беморие, ки баон аз дунё рафт аёдат намудем, гуфт: Дар ин гӯшаи хона ҳаштод ҳазор дирҳам аст, қасам ба Худо, ҳаргиз сари он баста накардам ва соилеро аз он манъ нанамудам ва баъд гирист…

Ба ӯ гуфтанд, омили гирят чист?

Гуфт: Ба хотири он мегирям, ки ёронам аз ин дунё рафтанд ва чизе аз подоши худро дар ин дунё дарнаёфтанд ва ман зинда мондам ва ин андоза мол дар ихтиёр дорам, аз он тарсам, ки ин мол подоши ин аъмолам қарор нагирад.

Вақте Хаббоб ба ҷивори раҳмати Парвардигораш пайваст, ҳазрати амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб бар сари қабраш истод ва гуфт: Худованд Хаббобро раҳмат кунад, вай борағбат Исломро пазируфт ва бо рағбат роҳи ҳиҷрат дар пеш гирифт ва муҷоҳид зист… Ва Худованд ҳаргиз зоеъ насозад аҷри касеро, ки амали неку кард.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.