Фирӯзи Дайламӣ

Вақте Ҳазрати Расули Худо (с) аз ҳаҷҷатулвадоъ баргашт, ба беморие мубтало шуд ва хабари бемориаш дар гӯшаву канори ҷазираи Араб пахш гардид. Асади Анасӣ дар Яман, Мусайлимаи каззоб дар Ямома, Тулайҳаи Асадӣ дар сарзамини Бани Асад аз дини Ислом баргаштанд. Ва ин се тан аз мудаъиёни козиб иддио намуданд, ки гӯё ишон аз тарафи Худованд ба қавми хеш ба рисолат мабъус шудаанд, ба гуное, ки Муҳаммад (с) ба Қурайш мабъус гардидааст.

Асвади Анасӣ, ки марди коҳин ва дар сеҳру чашмбандӣ дасти дароз дошт, дорои чеҳраи сиёҳ ва ҳайкали қавӣ ва инсони бадкор буд.

Илова бар ин ӯ марди фасеҳ буд, ки бо баёни сеҳромезаш мардумро таҳти таъсири ҳарфҳои худ меовард. Ва бо ақлҳои мардум бозӣ мекард. Ва бо ботили худ хештанро барояшон ҳақ ҷилва медод. Ва мардумони соҳибнуфузро бо молу мансаб ва ҷоҳу мақом тамаъ меандохт. Ӯ дар пеши рӯи мардум, рӯи бараҳна берун намешуд, балки бар рӯи худ ниқоб меафканд ва он гоҳ дар маҳзари мардум зоҳир мешуд, то ба ин васила ҳайбат ва виқори худро бештар ба мардум нишон диҳаду ҳақиқат ва рози нухуфтаи худро аз мардум бипӯшонад.

Дар он рӯзгор қудрат ва сулутаи мусалмонон дар Яман ба дасти Абно ва дар раъки онҳо Фирӯзи Дайламӣ ёри ҳазрати Расули Худо (с) қарор дошт.

(Абно-номест, ки бар ҷамъе аз мардумоне итлоқ мешавад, ки падаронашон аз форсҳобошад, ки кишвари худро ба қасди Ямон тарк гуфта ва модаронашон арабанд).

Калон ва бузурги «Абно» Бозон буд, ки дар вақти зуҳури Ислом зимомиумури Яманро бо супориши Кисро императори Форс ба даст дошт. Ин шахс вақте сидқи даъвати ҳазрати Расули Худо (с) ва аҳдофи олии вайро бидид, аз итоати Кисро сар печид ва ҳамроҳ бо қавми хеш ба дини Ислом Мушарраф гардид. Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба ҳамон подшоҳие, ки дошт, нигаҳ дошт ва бар ин вазифаи хештан идома дод, то он ки андак қабл аз зуҳури Асвади Анасӣ вафот кард.

Аввалин мардуме, ки ба даъвати Асвади Анасӣ лаббайк гуфт, қавмаш Бани Мазҳиҷ буд. Вай ҳамроҳ бо қавми хештан бар Санъо ҳамла кард ва волии он «Шаҳр ибни Бозон»-ро ба қатл расонид ва ҳамсараш Озодаро ба никоҳ гирифт.

Ва баъд аз Санъо ба нуқоти дигар ҳамла намуд. Ва дар пайи ҳамлаҳои кӯбандаи вай, манотиқи зиёде ба даъваташ лаббайк гуфта ва бо суръати чашмгире даъваташ интишор ёфт. Ва аз ҳудуди Ҳазрамут то Тоиф ва аз Баҳрайн то Аҳсо ва Аданро дар таҳти тасарруфи худ даровард.

Яке аз авомили муассире, ки мардумро ба фирефтани ҳарфҳояш водошт, ҳамоно зиракӣ ва ҳушёрии камназири вай буд. Ӯ барои пайравони худ чунон талқин намуда буд, ки гӯё фариштае ба вай ваҳй нозил мекунад. Ва ӯро аз умури ғайб хабар медиҳад.

Вай ин гумони ғалати худро аз тариқи баъзе ҷосусҳои худ амалан ба мардум нишон медод. Ба тавре, ки онҳоро ба манотиқи дурдаст мефиристод, то ахбор ва гузоришоти нуҳуфта ва мпӯшидаи мардумро кашф ва ба мушкилоташон итилоъ ҳосил кунанд ва орзӯ ва омоле, ки мардум дар синаҳои худ нигоҳ доштаанд, худро воқиф созанд, ва он гоҳ пинҳонӣ ин иттилоъотро ба вай расонанд.

Ҳамон буд, ки вай ҳар соҳиби ҳоҷатро бо ҳар ҳоҷате, ки дошт, мулоқот мекард. Ва ҳар соҳиби мушкилро ба ҳалли мушкилаш дидор менамуд. Ва барои пайравони хеш чунон умури аҷибу ғариберо нишон медод, ки ақлҳо аз дидани он дар ҳайрат меафтод.

То он ки кораш боло гирифт ва даъваташ дар миёни мардум чунон гкстариш ёфт, ба гунае, ки оташ дар миёни коҳ афтад.

Вақте хабари муртад шудани Асвади Анасӣ ва ҳамлаи вай бар Яман ба ҳазрати Расули Худо (с) расид, даҳ тан аз ёронашро ҳамроҳ бо номаҳое унвонӣ асҳоби собиқинаш дар Яман, ки бар онҳо умеди хайр дошт, фиристод.

Ва дар он номаҳо аз ишон хоста буд, ки бо қотеъият ва имондорӣ ба поён додани ин фитна даст ба кор шаванд ва аз ҳар василаи мумкин дар наҷоти мардум аз фитнаи Асвади Анасӣ истифода намоянд.

Ҳамин, ки номаҳои ҳазрати Расули Худо (с) ба ёронаш расид, ишон бидуни чуну чаро ба он лаббайк гуфта ва ба амалӣ намудани он иқдом намуданд. Файрӯзи Дайламӣ дар қабули ин матолиб дар пешопеши ҳамаи онҳо қарор дошт ва акнун мо риштаи суханро ба худи вай медиҳем, то моро дар ҷараёни ин рӯйдод қарор диҳад.

Фирӯз гуфт: Ман ва касони дигаре, ки аз Абноъ бо ман буданд, лаҳзае дар ҳокимияти дини Аллоҳ тардид накардаем. Ва лаҳзае дар қалби мо тасдиқи ин душмани Худо-Асвади Ансӣ-хутур накардааст. Балки мо мунтазири лаҳзае будем, то дар он битавонем бар ин душмани Худо ҳамла барем ва ба ҳар василаи мумкин мардумро аз фитнаи вай наҷот диҳем.

Аммо вақте номаҳои ҳазрати Расули Худо (с) ба ман ва соири асҳоби собиқин ба Ислом расид, ин азми моро маҳкам сохт ва тасмими моро қувват бахшид. Ва ҳар кадом аз мо ба по хест ва дар ҷиҳати худ даст ба кор гардид.

Асвади Аисӣ дар натиҷаи футуҳот ва пешравиҳое, ки дошт, мағрур шуд. Бинобар ин, бар қумандони лашкари худ Қайс ибни Абди Яғус барошуфт ва бар вай такаббур варзид. Ва дар муомилааш бо вай тағийри равия дод. Аз ин такаббур ва ошуфтани вай Қайс эҳсоси хатар намуд ва аз интиқом ва ҷабарути вай бар нафси хештан мутмаъин нашуд. Лизо ман ва амузодаам Дозо назди вай рафтем ва паёми ҳазрати Паёмбар (с)-ро ба вай расонидем ва аз вай тақозо кардем, ки бояд ҳар чи зудтар ба кори вайпойиндиҳадва барояш фурсат нагузорад, ки субҳро шом созад. Ҳамон буд, ки Худованд синаи вайро ба қабули ин тақозои мо кушуд ва рози вай ба мо бигуфт. Ва моро чунон пиндошт, ки гӯё кӯмаке ҳастем, ки Худованд аз осмон бар вай фуруд оварда бошад.

Ва мо се тан бо ҳам аҳду паймон намудем, ки аз дохил бар зидди ин муртади қаззоб даст ба кор мешавем ва бародаронамон аз хориҷ алайҳи вай кор мекунанд.

Ва мо се тан лозим дидем, ки бояд духтари аМаккамон Дозо, ки Асвади Аисӣ баъд аз қатли ҳамсараш Шаҳр ибни Бозон ӯро ба никоҳи худ гирифтааст, моро дар ин кор ёрӣ кунад ва ӯ бо мо дар ин кор саҳм гирад.

Ман ба Қасри Асвади Анасӣ рафтам ва дар он ҷо бо духтари амакам Дозо дидор кардам ва ба ӯ гуфтам.

– Эй духтари амак! Худ дидӣ, ки ин шахс чӣ мусибатҳои ҷонкоҳ набуда, ки бар сари мову шумо наовард… Ва ту худат ҳам медонӣ, ки вай шавҳаратро ба қатл расонд ва занони қавматро расво ва бепарда сохт. Ва мардумонатро аз зери теғ гузаронд ва зимоми умур аз дасташон гирифт.

Ва ин пайёми ҳазрати Расули Худо (с) аст, ки барои мо хусусан ва барои аҳли Яман умуман фиристодааст. Ва дар он аз мо хостааст, ки ҳар чӣ зудтар ба ин фитна поён диҳем.

Оё омода ҳастӣ, ки дар ин замина бо мо кӯмак кунӣ ?!!

Гуфт: Ман ба шумо дар ин замина чӣ кӯмаке карда метавонам?!

Гуфтам: Ӯро аз ин ҷо берун созем.

Гуфт: Балки ба қатли вай ман шуморо кӯмак мекунам.

Гуфтам: Ҳадафам ҳамин матлаб буд. Ва ҷуз ин матлаби дигаре надоштам. Аммо аз он бим доштам, ки ҳадафамро бепарда бароят бозгӯ намоям.

Гуфт: Қасам ба зоте, ки Муҳаммад (с)-ро ба ҳақи башир ва назир фиристодааст, ман ба андозаи турфатулъайн дар дини худ шакку тардид накардаам. Ва Худованд ҳеҷ инсонро шариртар аз ин шайтон дар нафси ман наофаридааст.

Ва аз вақте, ки ман ин шахсро дидаам, фоҷиртар ва бадкортар аз вай каси дигареро надидаам, ки на ҳақро мешиносад на аз мункире худдорӣ мекунад.

Гуфтам: Мо чӣ гуна метавонем ӯро ба қатл расонем?

Гуфт: Вай сахт мутаваҷеҳи худ аст, ва эҳтиёти ҷони худ мекунад. Дар қаср ҷоеро наметавон ёфт, магар он ки посдорон аз он посбонӣ мекунанд. Ғайр аз ин як утоқи дурафтода ва бекорае, ки касеро ба он коре набошад ва ақиби ин утоқ ба фалон ҷой мунтаҳӣ мешавад. Ва чун шаб фаро расад дар торикии шаб онро сурох кунед ва дар дохили он чароғ ва силоҳ хоҳед ёфт. Ва ман дар он ҷо низ дар интизори шумо нишаста хоҳам буд ва баъд бар он дохил шавед ва ӯро ба қатл расонед..

Гуфтам: Аммо сурох кардани ин утоқ дар дохили чунин як қаср сода ва осон нест… Мешавад, ки касеро бар мо гузар афтад ва посдоронро фарёд занад ва коре сурат гирад, ки авоқибаш хатарнок бошад.

Гуфт: Дуруст гуфтӣ… Аммо ман ба шумо машварат медиҳам.

Гуфтам: Чӣ машварат?!

Гуфт: Машварат ин, ки фардо касеро, ки бар вай эътиқод дошта бошӣ ва марди амин бошад, ба сифати коргар наздам бифирист. Ман ӯро ба сурох кардани утоқ аз дохил муваззаф месозем. Ва бояд ба андозае нақб канад, ки фосилаи он ба хориҷ ҷуз андак чизе намонад. Ва бақияро шумо худ дар шаб бо андак талош ба сар мерасонед.

Гуфтам: Назари хубест.

Баъд аз қаср берун шудам ва дӯсти худро аз ин қарор огоҳ сохтам. Вай онро писандид ва некӯ хонд. Ва аз ҳамон соат ба иҷрои барнома шурӯъ намудем. Баъд назди бақияи дӯстон ва мӯъминони содиқ, ки аз мо итоат мекарданд, рафтем ва ба шакли бисёр рамзӣ онҳоро аз қазия огоҳ сохтем. Ва аз ишон хостем, ки худро барои ин амр омода кунанд. Ва фардои субҳи дигарро бо онҳо ваъда гузоштем.

Вақте шаб ҳама ҷоро фаро гирифт ва вақти муайян фаро расид, ман ва дӯстам ба ҷои нақб худро расонидем ва онро дарёфтем. Ва дохили утоқ гардидем ва силоҳ бардоштем ва чароғ равшан намудем ва ба сӯи хилватхонаи ин душмани Худо ҳаракат кардем. Дидем ки духтари амакамон дар дарвозаи он истодааст. Вай бар ман ишора намуд ва бар ин душмани Худо дохил шудем.

Дидам, ки ғарқи хоб аст ва хур-хур дорад. Дами шамшерро бар гулӯяш гузоштан ва фишурдам. Лаҳзае нагузашт, ки чун гов садои хуриши вай баланд шуд ва он гоҳ чун шутури гарданбурида дасту по зад.

Вақте посдорон садои ӯро бишниданд ба сӯи хилватхона рӯй оварданд ва гуфтанд: Ин садои чист?!!

Духтари амакам ба ишон гуфт:

Ором ба ҷойҳои худ баргардед, ки ба пайёмбари Худо ваҳй меояд…

Он гоҳ посдорон ба ҷойҳои худ баргаштанд.

То тулӯъи фаҷр дар қаср басар бурдем. Ва ман бар яке аз деворҳои он боло шуда ва фарёд задам: Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар. Ва ба ин тартиб ба азони худ идома додам, то он ки гуфтам: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ ва ашҳаду анна Асвада Анасӣ каззоб…

Ва ин азон калимаи сар буд, ки ман онро баланд намудам, то бақия ҳамкоронамон онро шунида, даст ба кор гарданд.

Мусалмонон бо шунидани ин калима аз ҳар сӯ бар қаср ҳамла бурданд. Вақте посдорон ин азон бишниданд, даҳшатзада аз ҷой париданд ва ҳарду гурӯҳ бо ҳам даргир шуданд. Дар чунин фурсате сари Асвади Анасиро аз фарози девори қаср бирун андохтем. Вақте пайравонаш онро диданд, заъиф шуданд ва тоби муқовамат аз даст доданд. Вақте мусалмонон сари вай бидиданд такбир гуфта бар душман юриш бурданд ва ба ин тартиб ин фитна қабл аз тулӯъи офтоб поён ёфт.

Вақте офтоб баланд шуд ва рӯз равшан гардид, номае ба ҳазрати Расули Худо (с) ирсол доштем ва дар он аз қатли душмани Худо Асади Анасӣ барояш мужда додем. Вақте навиддиҳандагонба Мадина расиданд, дарёфтанд, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар он шаб падруд ба ҳаёт гуфта ва ба ҷивори раҳмати ҳақ пайвастааст. Магар он ки ишон дарёфтанд, ки ваҳй қабл аз вафот, қатли Асвади Анасиро дар он шаб, ки вай кушта шуд, барояш мужда додааст. Ва ҳазрати Расули Худо (с) ба пайравонаш фармуд: Дишаб Асвади Анасӣ ба қатл расид. Ӯро марди мубораке аз хонаводаи муборак ба қатл расонид.

Ба он ҳазрат гуфтанд: Он марди муборак кист, эй Расули Худо (с)? Фармуд: Фирӯз. Ва ба ин тартиб Фирӯз фирӯз ва комёб шуд.

test

Добавить комментарий