Салама Ибни Қайси Ашҷаъӣ

Ҳазрати Умари Форуқ дар шабе аз шабҳо дар миёни русто ва деҳистонҳои Мадина ба сони одати деринаи худ мегашт, то амнияти мардумро таъмин кунад ва ҳама ором ва бароҳат ба хоб раванд.

Дар ҷараёни сайругашт дар миёни хонаҳо ва бозорҳо абармардони асҳобро аз сафҳаи зеҳни худ убур медод, то якеро мутобиқи завқи худ дарёфта ва парчами лашкареро, ки қарор буд ба сӯи  Аҳвоз бифиристад ба вай таслим намояд.

Дере нагузашта, ки гумшудаи худро дарёфт ва ба матлаби худ расид ва бо худ гуфт: Нафари мавриди назари худро ёфтам. Иншоаллоҳ  дар интихобам ғалат накардаам.

Вақте шабро рӯз намуд Салама ибни Қайси Ашҷаъиро ба ҳузур хост ва ба ӯ гуфт: Ман туро  ба  сифати фармондеҳи лашкари  Аҳвоз интихоб намудаам. Бинобар ин, ба номи Худо бо ин лашкар ҳаракат кун ва дар роҳи Худо алайҳи куффор биҷанг. Ва ҳар гоҳ чун бо мушрикон рӯ ба рӯ шудед, онҳоро ба дини Ислом даъват кунед. Агар Ислом оварданд ё инаст ки дар диёри худ бимонанд ва ҳамроҳ бо шумо дар ҷанги дигарон ширкат наварзанд. Дар ин сурат ҷуз додани закот, масъулияте надоранд. Ва ишонро дар ғанимат ҳеҷ саҳме набошад. Ва ё инаст, ки ишон дар канори шумо биҷанганд. Ва дар он сурат барои онҳо ҳамон ҳаққе аст, ки барои шумост. Ва барояшон ҳамон масъулият аст, ки бар шумост.

Ва агар аз қабули Ислом худдорӣ варзиданд, дар он сурат барояшон додани ҷузя лозим меояд. Ва он гоҳ ишонро ба ҳоли худашон бигузоред. Ва онҳоро аз ҳамлаи душманонашон маҳфуз доред. Ва ишонро ба бештар аз тоқаташон мукаллаф насозед.

Ва агар аз додани ҷузя ҳам худдорӣ варзиданд, дар он сурат Худованд шуморо бар ишон нусрат хоҳад дод. Ва агар дар қалъа сангар гирифтанд ва баъдан аз шумо талаб намуданд, ки бар ҳукми Худо ва Расулаш сар мегузоранд. Дар ин сурат талаби онҳоро қабул накунед.

Ва чун аз шумо талаб кунанд, ки бар зиммаи Аллоҳ ва Расулаш танозул намоянд, набояд шумо ба ишон зиммаи Аллоҳ ва Расулашро бидиҳед, балки шумо  аҳди худро ба ишон бидиҳед…

Ва чун дар ҷанг бар ишон зафар ёбед, набояд аз ҳад гузаред ва набояд дар ҳаққашон ғадр намоед. Ва набояд куштагонашонро мусла кунед ва набояд навзодонро бикушед…

Салама гуфт: Ба сару чашм аз амирулмуъминин итоат мешаванд…

Ҳамон буд, ки ҳазрати Умар (р) бо гармӣ ӯро видоъ намуд ва дасташро ба шиддат фишор дод, ва бо хушӯъ ва ниёиш дар ҳақаш дуо намуд.

Салама масъулияти азимеро, ки ба ӯҳдаи вай ва лашкараш гузошта шуда буд, хуб медонист. Ба хотири он, ки Аҳвоз минтақаи кӯҳистонӣ буда ва роҳҳои пурхаму печ ва душворе дошт ва қалъаҳои мустаҳкам ва сангарҳои матини он роҳи вурудро бар онон душвор месозад. Ба хусус он ки ин минтақа дар миёни Басра ва Толобҳои Форс мавқеъият дорад, ки мардумони ҷангҷӯ аз курдҳо дар он зиндагӣ мекунанд.

Мусалмонон чорае ҷуз он надоштанд, ки ин шаҳрро фатҳ намоянд ва бар он тасаллул ҳосил кунанд, то аз ақиб худро аз ҳамлаҳои ногаҳонии форсҳо бар Басра нигаҳ доранд. Ва истифодаи лашкари форсҳоро аз ин шаҳр ки онро майдони размозмоӣ худ қарор дода буданд, қатъ намоянд. Ва ба ин васила амнияти Ироқро аз хатари ҳуҷуми онон таъмин намоянд.

Салама ибни Қайс ба сифати қумандони ин лашкар ба роҳи худ идома дод. Ишон андаке ба ин минтақа пешравӣ накарда буданд, ки бо монеъаҳои тибиии он бархурданд. Ба тавре, ки ин лашкар бо роҳҳои мушкилгузари кӯҳистониаш рӯ ба рӯ гардид. Ва чун ба биёбонаш фуруд меомаданд, хорпуштакҳояш анвоъ аз бемориҳоро ҳамроҳ дошт. Морҳо ва каждумҳояш низ хатари дигар буд, ки ҳар лаҳза бо онҳо таҳдид менамуд.

Аммо рӯҳи Салама ибни Қайс бо вуҷуди ин ҳама мушкилот ва душвориҳо тару тоза буд. Ва азобу ранҷҳоро бо синаи фарох ва пешонии кушода истиқбол мекард. Ӯ бисёр вақтҳо лашкари худро бо мавъизаҳои рӯҳбахши худ, ки равонашонро тоза месохт, қувват мебахшид. Ва ишонро барои дарёфти аҷри бузург ва подоши азими Илоҳӣ ба ваҷд меовард. Ва шабҳояшонро бо замзамаи Қуръон сипарӣ менамуд. Онҳо дар рӯшноии таълимоти Қуръон худро саодатманд ёфта буданд. Ва дар баҳри шавқи он худро фаромӯш намуда буданд.

Салама ибни Қайс фармони халифаро ба ҷо овард. Ҳамин ки бо аҳли Аҳвоз рӯ ба рӯ шуд, аз онҳо талаб намуд, ки дини Исломро бипазиранд. Аммо ишон эъроз карданд ва аз қабули он худдорӣ варзиданд. Баъд аз ишон хост, ки ҷузя бипардозанд, онҳо аз қабули ҷузя низ ибо намуда ва такаббур нишон доданд. … Аз ин рӯ барои онҳо ҷуз ҷанг роҳи дигаре боқӣ намонд. Ҳамон буд, ки худро барои ҷанг омода сохтанд ва ба ҷиҳод дар роҳи Худо камар бастанд.

Оташи ҷанг дар миёни ду тараф шӯълавар гардид ва ҳар ду тараф муқовимат ва пойдории аҷибе аз худ нишон доданд, ки таърихи ҷангҳо назири онро камтар ба ёд дорад.

Дере нагузашт, ки  мусалмонон дар ин ҷанг дастболо шуданд ва пирӯзӣ ва зафар насиби онон гардид. Ва мушрикин бо шикасти сохте рӯ ба рӯ шуданд.

Вақте ҷанг поён ёфт, Салама ибни Қайс ба тақсими ғаниматҳо дар миёни муҷоҳиддин пардохт ва ба ҳар кадом саҳме бахшид. Дар миёни ғаниматҳо зевари гаронбаҳое ёфт ва хост, онро барои Амирул мӯъминин ба сифати ҳадя ва тӯҳфа бифиристад. Лизо рӯ ба сӯи лашкари худ намуд ва гуфт: Агар ин зеваррро дар миёни шумо тақсим кунам, дардеро даво нахоҳад кард. Ва ҷуз андак аз он насиби шумо нахоҳад шуд.

Чӣ мешавад, ки ин зеварро ба унвони тӯҳфа ба

Амирулмӯъминин бифиристем? Ҳама гуфтанд: Кори хубе аст.

 Ҳамон буд, ки зеварро дар сандуқчаи кӯчаке гузошт ва касеро аз миёни қабилаи худ хост. Ва вайро ба ирсоли ин тӯҳфа вазифадор кард ва ба ӯ гуфт: Ту ҳамроҳ бо ғуломат равонаи Мадина шав ва халифаро ба фатҳи Аҳвоз мужда деҳ ва ин ҳадяро ба унвони тӯҳфа ба вай тақдим намо.

 Акнун ин марди Ашҷаъиро бо Умар ибни Хаттоб ҳикоят аст, ки дар он панд ва ибрат аст. Ва ҳоло зимоми сухан ба дасти худи ӯ медиҳем, то вай саргузашти худро дар иртибот ба анҷоми ин масъулият ба мо ҳикоят кунад.

 Ин марди Ашҷаъӣ гуфт: Ман ва ғуломам ба Басра расидем ва дар он ҷо ду шутур харидем ва тӯшаи роҳ гирифтем ва баъд рӯ ба сӯи Мадина ниҳодем. Вақте ба он ҷо расидем, дар пайи ҷустуҷӯ аз халифа шудем. Шудем. Ӯро дар ҳоле ёфтем, ки  чун чупон бар асояш такя зада ва мусалмононро нони чошт медод. Вай бар суфраҳо мегашт ва барои ғуломаш Ярфаъ мегуфт: Эй Ярфаъ барои инҳо гӯшти зиёдтар бидеҳ… Ва барои онҳо нонро зиёда кун… Ва барои ин даста оби шурбо биовар…

 Вақте худро ба вай расонидем, гуфт: Биншин. Дар поёни маҷлис нишастам ва бароям нон оварданд. Вақте онро хӯрдем ва мардум аз нон фориғ шуданд, гуфт: Эй Ярфаъ, дастархонатро ҷамъ кун. Ва баъд ба роҳи худ рафт ва ман низ аз пайи ӯ рафтам. Вақте дохили хонааш шудам, дидам, ки бар фарши пашмине нишаста ва бар ду болишти пӯстин, ки бо лифи хурмо пур шуда буд, такя задааст. Яке аз он ду болиштро бар ман андохт ва ман бар он такя задам. Ва дар пушти вай пардае буд, рӯ ба сӯи парда намуд ва гуфт: Умми Кулсум, нони чоштамро биёр.

 Бо худ гуфтам, таоме, ки Амирулмӯъминин барои худ хос кардааст, чӣ бошад?

 Ҳамсараш порчаи нонро, ки бо равған омехта шуда буд ҳамроҳ бо порчаи намаки носоида бар болояш гузошта бар вай тақдим дошт.. Амирулмӯъмининрӯба сӯям намудва гуфт: Бихур. Амри ӯро ба ҷо овардам ва андак аз он хӯрдам.

 Ва ӯ худ низ аз он хӯрд. Ман ҳеҷ касро ба мисли вай надида будам, ки  бо чунин адаб  таъом хӯрад. Баъд гуфт: Нӯшоба бароямон биоваред. Дар зарфе нӯшоба аз орди ҷав барояш тақдим намуданд. Ва гуфт: Аввал ба ин меҳмон онро бидеҳ. Ҳамон буд, ки аввал барои ман он нӯшобаро тақдим доштанд. Ман қадаҳ бигирифтам ва надак аз он нӯшидам. Ва баъд худ гирифт ва аз он нӯшид, то он ки ташнагии худро рафъ кард ва баъд гуфт: Алҳамдулиллоҳиллазӣ атъамано фаашбаъано ва сақоно фаарвоно. Дар чунин фурсате рӯ ба сӯи вай намуда гуфтам: Эй амирул мӯъминин, ба ту нома овардаам.

 Гуфт: Аз куҷо нома овардаӣ?

 Гуфтам: Аз назди Салама ибни Қайс

 Гуфт: Хуш бод Салама ибни Қайс ва хуш бод фиристодаи вай. Аз аҳволи пашкари мусалмонон бароям ҳикоят кун…

 Гуфтам: Эй амирул мӯъминин, ҳолати онҳо табъи ҷаноби олиро хуш месозад… Онҳо ба ҳамди аллоҳ таъоло солиму ороманд ва бар душман зафар ёфтаанд. Ва ба ин тартиб паёми пирӯзӣ ва фатҳи ононро ба амирал мӯъминин ба тифсил баён доштам.

 Гуфт: Алҳамдулиллоҳ… кӣ бахшид ва меҳрубонӣ намуд…

Ва неъмат арзонӣ дошт ва дар он афзуд…  Баъд гуфт: Оё ба Басра ҳам гузаре намудӣ?

 Гуфтам: Бале, ай амирул мӯъминин  Гуфт: Мусалмонон дар он ҷо чи ҳол доштанд?

 Гуфтам: Алҳамдулиллоҳ, ба хайр буданд.

    Гуфт: Нарху наво чӣ  гуна буд?

 Гуфтам: Хеле арзон.

 Гуфт: Гӯшт чӣ қимате дошт. Чун гӯшт дарахти Араб аст. Ва ҳолати арабҳо ҷуз бо солеҳ шудани ин дарахт беҳтар намешавад.

 Гуфтам: Гӯшт хеле зиёд ва фаровон буд.

 Баъд мутаваҷеҳи ин сандуқча шуд, ки бо худ оварда будам ва гуфт: Ин сандуқча, ки ба даст дорӣ, чист?

 Гуфтам: Эй Амирул мӯъминин, вақте мо ба душман зафар ёфтем ва ғаниматҳоро ҷамъ кардем, Салама дар миёни он зеваротро ёфт ва ба лашкари худ гуфт: Агар ин зеваротро дар миёни шумо тақсим кунам, чизи қобили аҳамият аз он бароятон нахоҳад расид… Ва оё нафсҳоятон инро хоҳад писандид, ки ин зеваротро ба Амирул мӯъминин бифиристем ? Ҳама гуфтанд: Бале. Вале баъд ин сандуқчаро ба вай тақдим доштам…

Вақте онро кушуд ва ба донаҳои қимати он, ки бо рангҳои мухталиф сурх ва сабз ва зарди хеш чашми бинандаро ба худ ҷалб менамуд, назар афканд, аз ҷой парид ва ин сандуқчаро андохт ва донаҳояш ба замин рехт ва ба ҳар сӯ пароканда шуд. Ва бо ҳар ду дасти худ ба сирин мезад. Занон фикр карданд, ки ман қасди террори вай намудаам. Ҳамон буд, ки ишон дар ақиби парда худро расониданд. Баъд рӯ ба ман намуд ва гуфт: Инҳоро ҷамъ кун… Ва барои ғуломаш Ярфаъ гуфт: Вайро хуб лату куб кун. Ман машғули ҷамъ кардани ин донаҳо, будам ва ғуломаш машғули задан ва лату кӯб кардани ман. Баъд гуфт: Аз ҷой бархез. На ту одами хубе будаӣ ва на он касе, ки ин донаҳоро ба дасти ту фиристодааст.

 Гуфтам: Барои ман иҷозаи маркаберо бидеҳ, то ман ва ғуломамро ба Аҳвоз бирасонад. Чун ғуломи ту маркаби манро гирифтааст.

 Гуфт: Эй Ярфаъ, ба вай аз шутурони садақа ду маркаб бидеҳ.

Ва баъд ба ман гуфт: Вақте зарурати худро аз ин ду маркаб бароварда сохтӣ, он дуро ба касе бидеҳ, ки ба вай эҳтиёҷ дошта бошад.

Гуфтам: Ба сару чашм итоат мешавад, эй Амирулмӯъминин… Иншоаллоҳ тибқи дастур амал хоҳам намуд…

Баъд рӯ ба сӯи ман намуд ва гуфт:

Қасам ба Аллоҳ, ки агар онро пеш аз пароканда шудани лашкар дар миёни онҳо тақсим накунӣ, ту ва ин ҳамтоёнатро чунон саркӯб созам, ки барои дигарон ибрат гардад.

Ман дарҳол баргаштам, то он кибаназди Саламаомадам ва гуфтам: Худованд дар коре, ки маро ба он баргузидӣ, баракат наниҳод…

Қабл аз он, ки мусибате домангири ману ту шавад, ин зевараҳоро дар миёни лашкар тақсим намо… Ва он гоҳ ҷараёнро ба ӯ ҳикоят намудам…

Ҳамон буд, ки аз ҷои худ нахеста онро дар миёни лашкар тақсим намуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.