Муъоз Ибни Ҷабал

 Вақте нури ҳидоят дар ҷазираи Араб тулӯъ намуд, ин писарбаччаи ясрибӣ – Муъоз ибни Ҷабал –ҷавони наврастае буд. Ӯ аз ҳамсолон ва ҳамқаторонаш ба қуввати зако, ҳозирҷавобӣ, фасоҳати калом ва ҳимматбаландӣ имтиёз ва бартарӣ дошт.

 Ва дар паҳлӯи ин сифоти ҳамида ҷавоне буд  зебо ва тобанда, чашмони сиёҳ ва мӯйҳои жулида ва дандоҳои сафед дошт, ки таваҷӯҳи бинандаро ба худ ҷалб мекард ва дилашро мебурд.

 Ин ҷавон (Муъоз ибни Ҷабал) ба дасти доъии Маккӣ Мусъаб ибни Умайр Ислом овард. Ва дар шаби байъатул ъақаба дасташро дароз намуд. Ва бо дасти мубораки ҳазрати Паёмбар (с) мусофаҳа намуд ва баъйат кард…

 Ҳазрати Муъоз ибни Ҷабал бо ҷамъияти ҳафтоду ду нафар, ки ба қасди Макка  ҳаракат намуда буданд, ба роҳ афтод, то ба мулоқоти ҳазрати Расули Худо (с) шарафёб гарданд ва бо байъати вай саъодат ёбанд, ва аввалин бор сафҳаи дурахшонро дар таърихи Ислом сабт кунанд…

Ҳамин ки ин  ҷавон аз Макка ба Мадина баргашт, бо ҷамъе аз ҳамсолони хурдсолаш ҷамъияти кӯчакеро ташкил дод, то барои шикастани бутҳое, ки дар хонаҳои мушрикин дар Ясриб вуҷуд дошт иқдом кунанд ва даст ба кор шаванд. Дар асари фаъолияти ин ҷавони навраста буд, ки маред аз мардони номии Ясриб – Амр ибни Ҷамӯҳ ба Ислом сар ниҳод ва аз ақидаи ширкии хеш даст кашид.

Амр ибни Ҷамӯҳ яке аз сардорони номӣ ва яке аз бузургони саршиноси бани Салама буд. Вай ба сони ҳамтоёни худ бутеро дар хонаи хештан нигаҳ дошта буд. Вай ҳар замон ба он рӯ меовард ва онро ибодат мекард ва бо либосҳои зебои абрешимин онро мепушонид ва атру хушбӯӣ бар тани он мемолид. Ва аз таваҷӯҳ ва инояташ нисбат ба он лаҳзае фурӯ гузор намекард.

Ин писарбаччаҳои навраста бо истифода аз ториқии шаб худро ба он бут расонида ва онро гирифта ба пушти хонаҳои бани Салама бурда ва дар чуқурие дар миёни ифлосиҳо онро андохтанд… Вақте шаб рӯз шуд, пирамарди бани Салама – Амр ибниҶамӯҳ – ӯ ба сӯи бути худ кард, онро наёфт. Дар пайи ҷустуҷӯи он баромад ва ба ҳар ҷо сар зад, то он ки онро дар миёни палидиҳо афканда ёфт. Онро бигирифт ва бо худ гуфт, чӣ касе имшаб ин беҳурматӣ дар ҳаққи олиҳаи мо раво дошта ва онро дар миёни палидиҳо афкандааст?

 Баъд онро шуст ва пок кард ва атру хӯшбӯӣ бар баданаш молид ва дубора онро ба ҷояш ниҳод, ва ба ӯ гуфт: Эй Манот, қасам ба Худо, агар бидонам, ки чӣ касе ин беҳурматӣ дар ҳаққи ту намудааст, вайро сахт ҷазо хоҳам дод ва расво хоҳам сохт..

 Боз вақте шаб фаро расид ва пирамард ба бистари худ рафт, ин даста аз ҷавонон омаданд ва ин бутро гирифтанд ва чунон карданд, ки шаби пеш намуда буданд… Ин пирамард боз аз пайи дарёфти бути худ баромад ва онро боз дар чуқурӣ дар миёни палидиҳо ёфт. Онро берун кашид ва шусту пок кард ва атр молид ва боз ваъид ва таҳдиди худро мутаваҷеҳи бадхоҳони бути хеш намуд… Ин амр чандин бор такрор шуд.. Охируламр онро аз миёни палидиҳо кашид ва шуст ва дар ҷояш гузошт ва шамшерро оварда ва ба гарданаш овехт ва ба ӯ хитоб карда гуфт: Ман намедонам, ки чӣ касе ин беҳурматӣ дар ҳаққи ту раво медорад.. Эй Манот, агар дар ту хайре бошад, ту аз худ дифоъ кун ва ин шамшер бо туст…

Вақте шайх ба хоб рафт, боз ин ҷавонон омаданд ва бар бут ҳамла бурданд, шамшерашро аз гарданаш бигирифтанд… Ва онро дар гардани саги мурдае бастанд ва ҳар дуро дар чуқурии палидиҳо афганданд. Вақте пирамард аз хоб бархост, бути худро дар ҷояш наёфт ва бо бисёр машаққат онро ҷустуҷӯ намуд, то он, ки саранҷом онро дар миёни палидиҳо ҳамроҳ бо мурдасаге сарнагун ёфт. Дар чунин фурсат рӯ ба сӯи вай намуда гуфт:

Қасам ба Худо, агар ту ҳақиқатан Худо мебудӣ, ту ҳамроҳ бо ин мурдасаг баста дар миёни ин чоҳ намебудӣ.

Баъд мусалмон шуд.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина ҳиҷрат намуд, ки ҷавон (Муъоз ибни Ҷабал) бо ӯ мулозимат ихтиёр намуд ва лаҳзае худро аз назди он ҳазрат дур намедошт. Ҳамон буд, ки аз вай Қуръонро омӯхт ва шароъи Исломро ёд гирифт, то он ки вай аз ҷумлаи қоритарин асҳоб ва олимтарини онҳо дар умури шаръ гардид…

Язид ибни Қутайб ҳикоят намуда гуфтааст: Дохили масҷиди Ҳумс шудам, дидам, ки мардум пиромуни ҷавони жӯлидамӯе нишастаанд. Вақте вай сухан мегуфт, фикр менамудӣ, ки аз даҳанаш нур ва луълӯ берун мешавад.

Пурсидам, ки ин ҷавон кист.

Гуфтанд: Муъоз ибни Ҷабал.

 Абумуслими Хулонӣ ривоят намуда гуфтааст: Ман ба масчиди Димишқ омадам, дидам, ки пирамардон аз асҳоби ҳазрати Расули Худо (с) дар он ҳалқаеро ташкил додаанд. Ва ҷавонеро дидам, ки чашмони сиёҳ ва дандонҳои сафед ва чеҳраи тобоне дошт, дар миёни онҳо нишастааст. Ҳар вақте, ки ишон дар масъала ихтироф мекарданд, ҳалли онро аз он ҷавон мехостанд. Ба ҳамнишини худ гуфтам: Ин ҷавон кист?

Гуфт: Ин ҷавон Муъоз ибни Ҷабал аст. Шигифте надорад чун Муъоз ибни Ҷабал касе аст, ки аз овони кӯдакӣ дар Мадина дар мадрасаи нубувват хонда ва ба дасти вай тарбия ёфта ва илмро аз манбаъ ва сарчашмаи асили он фаро гирифтааст. Аз ин рӯ вай беҳтарин шогирд барои беҳтарин муъаллим аст.

Барои Муъоз ҳамин ифтихор кофист, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар борааш фармудааст: Донотарини уммати ман дар амри ҳалолу ҳаром, Муъоз ибни Ҷабал аст.

Ва ин фазилат ӯро дар миёни уммати муҳаммадӣ кифоят мекунад, ки вай яке аз он шаш нафаре буд, ки Қуръонро дар аҳди ҳазрати Расули Худо (с) ҷамъ намуданд.

Ва аз ин лиҳоз вақте асҳоб дар миёни худ сӯҳбат менамуданд ва ҳазрати Муъоз дар миёнашон ҳузур медошт, ба дидаи ҳайбат ба вай менигаристанд ва ба илму дониши вай таъзим менамуданд.

Ҳазрати Расули Худо (с) ва ду ёри гиромиаш баъд аз вай ин нерӯи илмии ноёбро дар хидмати Ислом ва мусалмонон қарор доданд.

Ҳазрати Расули карим (с) баъд аз фатҳи Макка мушоҳида намуд, ки ҷамъиятҳои анбӯҳе аз Қурайш даста-даста дар дини Ислом дохил мешаванд. Ва мулоҳиза намуд, ки ин теъдод, бешумор зарурат ба он доранд, ки муаллим дошта бошанд, ки Исломро ба ишон биомӯзонанд, ва онҳоро ба умури дин ошно созанд. Ҳамон аст, ки Итоб ибни Усайдро ба ивази худ дар Макка интихоб мекунад, то Муъоз ибни Ҷабалро ҳамроҳи худ гирифта ва барои мардум Қуръон биомӯзад ва ишонро ба дини Худо ошно созад.

Вақте фиристодаҳои шоҳони Яман назди ҳазрати Расули Худо (с) омаданд, то Исломи худ ва мардуми хештанро дар маҳзари ҳазрати Расули Худо (с) эълон доранд, аз вай талаб мекунанд, то касеро ҳамроҳ бо ишон бифиристад, ки ба ишон умури динашонро таълим диҳад. Ҳамон аст, ки барои анҷоми ин масъулият дастае аз доъиёни номвари саҳобаро бармегузинад. Ва ҳазрати Муъозро ба сифати амири ин даста интихоб менамояд.

Ҳазрати Расули Карим (с.с.) берун шуд то ин ҷамъи доъиёни пур ва ҳидоятро видоъ кунад…

Ҳазрати Расули Худо (с) дар рикоби Муъоз дар ҳоле, ки вай бар маркаб савор аст, роҳ меравад… Ва то фосилаи зиёде ӯро гусел мекунад… Ва баъд ба вай васият намуда гуфт: Эй

Муъоз, шояд ту баъд аз ин сол маро дида натавонӣ…

Ва шояд туро ба масчид ва қабрам гузар афтад…

Аз шунидани ин ҳарф Муъозсахтбетоб шуд ва ба фироқи Пайёмбар ва ҳабибаш Муҳаммад (с) сахт гирист. Ва мусалмонон низ ҳамроҳ бо вай гиристанд.

Ин пешбинии ҳазрати Расули карим (с) амалӣ шуд ва баъд аз ин рӯз чашмони ҳазрати Муъоз аз дидори ҳазрати Расули Худо (с) маҳрум шуд…

Чун ҳазрати Расули гиромӣ (с) қабл аз бозгашти Муъоз аз Яман, падруди ҳаёт гуфта буд.

Бидуни шак, вақте Муъоз ба Мадина баргашт, дид, ки ҳабибаш вуҷуд надорад ва   мунисаш  аз ин дунё реҳлат намудааст.

Вақте ҳазрати Умари Форуқ зимоми хилофатро ба даст гирифт, ҳазрати  Муъозро ба қабилаи бани Килоб фиристод, то ҳуқуқи ишонро ба онҳо тақсим кунад ва ба фуқаро ва масокинашон аз мадраки закот ва табаруоти ағниёашон кӯмак намояд. Вай масъулиятеро, ки ба дӯшаш ниҳода шуда буд, бо камоли амонатдорӣ анҷом дод. Ва худ бо ҳамон чодире, ки бар гардан дошт, дубора назди ҳамсари худ баргашт. Ҳамсараш ба ӯ гуфт: Он ҳадяе, ки зимомдорон ба аҳли худ тақдим медоранд куҷост?

Вай дар ҷавоб гуфт: Ҳамроҳи ман аз тарафи халифа назоратчие буд, ки ҳама тассаруфотамро зери назар дошт ва ман наметавонистам, ки коре анҷом диҳам. Ҳамсараш гуфт:

Ту дар назди ҳазрати Расули Худо (с) ва ёраш ҳазрати Абубакр шахси амонатдор будӣ ва касе бар ту назоратчӣ набуд. Акнун, ки даври хилофати ҳазрати Умар фаро расидааст, бар ту назоратчӣ муқаррар медорад ва амалкарди туро бар мешуморад ?!

Ин суханро ҳамсари Муъоз дар миёни занони ҳазрати Умар пахш намуд ва аз халифа дар назди онон шикоят бурд. Ин хабар ба ҳазрати Умар расид. Халифа ҳазрати Муъозро ба ҳузур хост ва гуфт: Оё ман ҳамроҳи ту касеро фиристодам, ки амал кардаҳоятро дар иртибот ба ин вазифае, ки ба ту супурдам, зери назар дошта бошад?!

Ҳазрати Муъоз ҷавоб дод: На, чунин аст эй

Амирулмӯъминин. Вале ҳақиқат ин аст, ки ҷуз ин ҳарф ман баҳонаи дигаре наёфтам, ки худро назди ҳамсарам маъзур қаламдод кунам…

Ҳазрати Умар аз шунидани ин ҷавоби ҳазрати Муъоз хандид ва ба ӯ чизе бахшид, ки хотири ҳамсарашро ба он хуш созад.

Дар айёми хилофати Форуқ  волии Шом, Язид ибни Абусуфён нома ба халифа фиристод ва дар он гуфта буд: Эй амирулмӯъминин, аҳли Шом ба қасрат ба дини Ислом пайвастанд ва шаҳрҳо аз вуҷуди мусалмонон пур шудааст. Ва ба кассе зарурат доранд, ки ба ишон Қуръон биомӯзонад ва дар умури дин ишонро таълим диҳад. Биноаш эй Амирул мӯъминин, ба ман кӯмак намо ва касонеро назди ман бифрист, ки ба ишон Қуръонро таълим диҳанд ва умури динро ба ишон бифаҳмонанд. Ҳамон буд, ки ҳазрати Умар панҷ тан аз ононро, ки дар аҳди набӣ Қуръонро ҷамъ намуда буданд, ба ҳузур хост. Ва ишон иборат буданд аз Муъоз ибни Ҷабал, Убода ибни Сомит, Абуаюби Ансорӣ, Убай ибни КАъба ва Абудардо ва ба ишон гуфт: Бародарони шомиатон аз ман тақозо намуданд, касонеро ба он ҷо бифиристам, ки барояшон Қуръон таълим диҳад ва умури дин биомӯзанд. Бинобар ин, бояд се тан аз шумо маро дар анҷоми ин масъулият ҳамкорӣ кунад. Агар хоста бошед дар миёни худ қуръаандозӣ кунед. Ва агар чунин накунед, ман худ аз миёни шумо се танро интихоб хоҳам намуд. Гуфтанд: Чаро қуръакашӣ кунем?

  Абуаюб марди солхӯрда ва кӯҳансоле аст. Ва Убай марде аст бемор ва боқӣ мондем мо се нафар.  Ҳазрати Умар гуфт: Аз Ҳумс оғоз кунед, вақте ҳолати мардуми он бароятон ризоятбахш маълум шуд, якеатонро дар он ҷо бигзоред ва баъд якеатон ба Димишқ ва дигаратон ба сӯи Фаластин биравед.

Ин се тан аз ёрони ҳазрати Расули Худо (с) вазифаеро, ки ҳазрати Форуқ барояшон дар Ҳмс дода буд анҷом доданд… Ва баъд ҳазрати Убода ибниСомитро дар Ҳумс гузоштанд ва Абудардо ба Димишқ рафт ва Муъоз ибни Ҷабал раҳсипори Фаластин гардид. Ва дар он ҷо ҳазрати Муъоз ба бемории вабо дучор шуд. Вақте марг ба суроғӯш расид, рӯ ба сӯи қибла намуд ва ин таронаро замзама намуд:

Хушомад аҷал… Хуш омад аҷал.

Меҳмонаст, ки баъд аз ғиёби тӯлонӣ расид.

Ва дӯстест, ки бо шавқ сӯи мо омад…

Ва баъд рӯ ба сӯи осмон намуд ва гуфт: Эй Правардигор, ту худ медонӣ, ки ман дунёро ба хотири мондан ва обод сохтан ва дарахтҳо ва бӯстонҳо ва ҷӯйҳои он дӯст намедоштам…Аммо ман зинда буданро ба хотири шавқу муҳаббати рӯзадорӣ ва ибодат ва ранҷу машаққат дар роҳи ризои ту ва нишастан дар  ҳалқаҳои уламо ва ҳалқоти зикри ту дӯст медоштам.

Худоё, ту ҷонамро ба сифати ҷони як фарди мӯъмин, ки аз вай розӣ бошӣ, назди худ бипазир. Баъд рӯҳи худро дар ҳоле, ки аз ватан ва зану фарзандаш дур буд ва дар диёри ҳиҷрат ва даъват дар роҳи Худо ба сар мебурд, ба рӯҳофарини худ супурд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.