Насихати Пайгамбар оиди Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон

Расули Худо (с.а.с.) мефармоянд:

Қуръонро тиловат кунед, зеро Қуръон дар рӯзи киёмат қорй (хонандааш)- ро шафоат мекунад. Ин хадисро Имом Муслим ривоят намудааст. Ва низ Расули Худо (с.а.с.) мефармоянд:

Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд бигирад ва ба дигарон ёд бидиҳад. Ин ҳадисро Имом Бухорӣ риюят намудааст.

Қуръони карим каломи Худо аст, ки онро бар

Пайғамбараш нозил намудааст. Мусулмонон онро дар намоз мехонанд. Дар саҳифаҳо[1] навишта шудааст: Қуръон китобе асг рост ва дуруст, ки ҳама матолибаш бар ҳақ ва саҳеҳ асг. Ҳофизон ва қориёни Қуръон дӯстони Худоянд. Худо онҳоро вориди биҳишт мекунад ва ҷузъи муқаррабонаш мегардонад ва эшон аз растагоронанд.

Худованди мутаол мефармояд:

«Лгар ин Қуръоиро бар кӯҳ позил мекардем, опро аз тарса Худо пшка-тика ва ларзоп медидӣ». (Ҳашр 21). Агар Қуръон бар кӯҳ, ки ҷуссааш аз санг аст нозил мегашт аз азамат ва ҷалоли каломи Худо ларзон ва тикатика мешуд.

Пас бар мусулмон лозим аст, ки Қуръонро бо фурӯтанӣ ва хушӯъ тиловат намояд ва аз тареи Худо гиря кунад, зеро ҳаргиз кӯҳ аз қалби инсон нармтар нест.

Таъсири Қуръои бар дилҳои кофирон

Қуръон дар дилҳои кофирон асар мегузорад.

Утба писари Рабиа, ки яке аз мушрикин буд, назди

Расули Худо (с.а.с.) рафт ва гуфг: Эй Муҳаммад, барои ман

Қуръон бихон! Расули Худо (с.а.с.) аз ибтидои сураи

Фуссилат шурӯъ ба тиловат намуданд. Утба аз

Пайғамбар (с.а.с.) хост, ки ду мартаба оети хондашударо бар ӯ бихонад. Оёти Қуръон вайро ншгифтзада намуд ва аз зебой ва шигифтии он дар ҳайрат фурӯ рафт. Чунон таъсире дар ӯ гузошт, ки натавонист дар муқобили он муқовамат намояд. Сипас назарашро ин гуна дар мавриди Қуръон баён кард:

Ба Худо савганд, чй ширин ва дилрабо аст, зебо ва ҷаззоб аст. Поинаш баргдор ва болоаш мевадор аст. Саромади ҳама китобҳо асг ва бар ҳама бартарй дорад ва ҳеҷ китоб ва навиштае наметавонад бо ӯ баробарй кунад. Мусалламан ин сухан ва гуфтаи башар нест. Кофирон

Қуръонро мешуниданд ва ба хотири тарс аз таъсири Қурьон гӯшҳояшонро пунба мегузоштанд.

Аммо шабҳо идцае махфиёна барои гӯш додан ба оюи далангези Қуръон, ки аз забони мубораки Пайғамбар (с.а.с.) шунида мешуд, ба атрофи манзили муборак мерафтанд. Вақге бо якдигар рӯ ба рӯ мешуданд, мегуфганд: ду мартаба (бори дигар) барои шунидани Қуръон бознамегардем. Аммо боз шаби баъд махфиёна барои гӯш фаро додан ба оюи дилнаюзи Қуръон роҳи манзили Пайғамбар-ро (с.а.с.) дар пеш мегирифтанд.

5

Чӣ бисере аз мардум бо шуиидани оёти Қуръон имон оварданд. Гарчи маънояшро намефаҳмиданд.

Зеро Қуръон каломи Худо аст ва оё ширинтар аз каломи Худои азза ва ҷалла вуҷуд дорад?

Чаро бояд ҳангоми тиловати Қуръон фурӯтан ва хошеъ бошем?

Хушӯь ва тадаббур дар тиловати Қуръон коре бас муҳим аст. Агар фарз кунем, ки дӯсте ба шумо нома навиштаасг ва шумо ӯро дӯст доред, номаашро чандин мартаба бо ишқ ва алокаи фаровон мехонед. Пас номае, ки Худованд барои шумо фиристодааст, чӣ гуна бояд

бихонед?

Лозим аст ҳангоми тиловати Қуръон бо хушӯъ, фурӯганй ва тадаббур дар маонии оёт ва хузури калб Қуръонро тиловат намоем ва Қуръонро чун рӯзнома ва маҷалла нахонем.

Шахсе аз некон мегуфт: Касе, ки мехохдд бо Худо сухан бигӯяд, намоз бихонад .ва касе, ки мехоҳад сухани Худоро бишнавад, Қуръон бихонад.

Марде дигар аз некон вақге Қуръон мехонд, рангаш зард мешуд ва метарсид, ба ӯ гуфта шуд: Чаро ин ҳолат бароят пеш меояд? Дар ҷавоб гуфг: Каломи Худоро мехонам чй гуна аз вай натарсам ва хошеъ набошам, дар ҳоле ки кӯҳҳое, ки калбе ва диле ҳамчун ман надоранд, дар муқобили Худованд хошеъ ва фурӯтананд.

Суфориши Расули акрам (с.а.с.) ба муъмиион дар хусуси Қуръон

Расули Худо (с.а.с.) моро ба хондани Қуръон суфориш мекунанд ва подошҳоеро, ки барои қории Қуръон дар назар гирифга шудааст, ба мо муаррифӣ менамоянд, ки иборатандаз:

  1. Пайгамбари акрам (с.а.с.) мефармоянд: «Ҳар кас як ҳарф аз Қуръонро бихонад, як некӣ ба ӯ дода мешавад».

Ва ҳар некӣ 10 баробар мегардад. Намегуям «Алиф. лом. мим» як ҳарф аст, балки «алиф» як ҳарф, «лом» як ҳарф ва «мим» якҳарф.

Расули акрам (с.а.с.) ба мо меомӯзанд, ки дар муқобили ҳар ҳарфе аз Қуръон як ҳасана некй дар назар гирифта шудааст ва ҳар некй дар назди Худованд 10 баробар подош дорад. Пас вақге калимаи «Алиф. лом. мим»- ро бихонем сӣ (3×10=30) ҳасана ба мо дода мешавад ва вақге як калимаи 3 – ҳарфӣ 30 ҳасана дорад, агар ҳамаи оети Қуръон ё микдори зиёде аз оёташро тиловат кунем, подошҳои фаровонеро, иншоаллоҳ, ба даст хоҳем овард.

  1. Расули акрам (с.а.с.) мефармоянд: «Қуръон бихонед, зеро Қуръон дар рӯзи қиёмат хонандаашро шафоат мекунад.

Қуръон дар рӯзи қиёмат ба сурати мавҷуде зебо ва хушчеҳра ҳозир мешавад ва ҳофизону қориёни Қуръон ӯро мешиносанд. Дар пешгоҳи Худованд барои ҳофизон ва қориён шафоат мекунад, Худованд ононро мебахшад ва вориди ҷаҳачнам намешаванд.

  1. Дар ҳадисе дигар Расули Худо (с.а.с.) мефармоянд: Ҳар кас Қуръонро бихонад ва ба он тасаллут дошта бошад, дар биҳишт ҳамнишини фариштагон хоҳад буд ва касе, ки Қуръонро бо душворӣ бихонад, ду музд дорад.

Дар ин ҳадис Пайғамбар (с.а.с.) подоши қории Қуръонро барои мо баён мекунад.

Агар хонандаи Қуръон маҳорат дошта бошад, яъне: ба истилоҳи мо қорй ва ҳофизи Қуръон бошад, ки аҳкоми таҷвидиро риоят кунад, дар рӯзи қиёмат ҳамнишини фариштагон хоҳад буд, аммо агар хонданро хуб балад набошад ва хондани Қуръон барояш душвор бошад, Худованд ба ӯ ду подош иноят мекунад. Пас дар ин муомила бо Худо ҳар ду даста фоида мекунанд ва аз инояту раҳмати бепоёни Илоҳӣ баҳраманд мегарданд.

test

Добавить комментарий