Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи
Сураи КОФИРУН
(Сураи №109 Қуръон) (Сура аз 6 оят иборат аст)
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Қул йа айюҳа-л-кафирун.
🇹🇯. Бигӯ: «Эй кофирон!

2. Ла аъбуду ма таъбудун.
🇹🇯. Ман чизеро, ки шумо мепарастед, намепарастам

3. Ва ла антум ъабидуна ма аъбуд.
🇹🇯. Ва шумо низ чизеро (зотеро), ки ман мепарастам, намепарастед

4. Ва ла ана ъабиду-м ма ъабаттум.
🇹🇯. Ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам

5. Ва ла антум ъабидуна ма аъбуд.
🇹🇯. Ва шумо парастандаи чизе (зоте), ки ман мепарастам , нестед.

6. Лакум динукум ва лия дин.
🇹🇯. Шуморо дини худ ва маро дини худам.