Сураи ҚОРИЪАҲ
(Сураи №101 Қуръон) (Сура аз 11 оят иборат аст)
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Ал-қориъаҳ.
🇹🇯. Қориъаҳ. (қиёмат)

2. Ма-л-қориъаҳ.
🇹🇯. Чист қориъаҳ (қиёмат)?

3. Ва ма адрока ма-л қориъаҳ.
🇹🇯. Ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ (қиёмат) чист?

4. Явма якуну-н-насу ка-л-фароши-л-мабсус.
🇹🇯. Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд

5. Ва такуну-л-ҷибалу ка-л-ъиҳни-л-манфуш.
🇹🇯. Ва кӯҳҳо чун пашми задашуда (ҳалоҷишуда).

6. Фа амма ман сақулат мавазинуҳ.
🇹🇯. Пас, ҳар киро гарон ояд (вазнин бошад) паллаҳои амалҳои некаш (дар тарозу)

7. Фа ҳува фи ъишати-р-розияҳ.
🇹🇯. Пас, он шахс дар ҳаёти хушу босаъодат аст.

8. Ва амма ман хаффат мавазинуҳ.
🇹🇯. Аммо ҳар киро паллаи тарозуяш (аъмоли некаш) сабук бошад,

9. Фа уммуҳу ҳавияҳ.
🇹🇯. Ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.

10. Ва ма адрока ма ҳияҳ.
🇹🇯. Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?

11. Нарун ҳамияҳ.
🇹🇯. Оташест дар ниҳояти гармӣ
Салом ъалейкум бехтарин хазоронбор шукр ки хаминхел сайта ташкил карден . Рахмати калон ба шумо бародароне,ки дар хаминчо сахми худашонро мондагиян минатдори бе поён худованд ба шумо ва ахли оилаатон умри дарози пурбаракат ъато фармояд!!!!!! Шури хамчунин бародару хохаройи бо илму маърифт.
Раҳмат саломат бошед