Сураи ШАМС
СУРАТУ-Ш-ШАМС бо хати кирили
(15 ояҳ) (Сураи 91)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Ва-ш-шамси ва зуҳаҳа. 1. Ва-л-қамари иза талаҳа. 2. Ва-н-наҳари иза ҷаллаҳа. 3. Ва-л-лайли иза яғшаҳа. 4. Ва-с-самаи ва ма банаҳа. 5. Ва-л-арзи ва ма таҳаҳа. 6. Ва нафси-в ва ма савваҳа. 7. Фа алҳамаҳа фуҷураҳа ва тақваҳа. 8. Қад афлаҳа ман заккаҳр.9. Ва қад ҳаба ман дассаҳа. 10. Каззабат Самуду би тағваҳа. 11. Изим баъаса ашқоҳа. 12. Фа қола лаҳум расулуллоҳи нақаталлоҳи ва суқйаҳа. 13. Фа каззабуҳу фа ъақаруҳа фа дамдама ъалайҳим Раббуҳум би замбиҳим фа савваҳа. 14. Ва ла яҳафу уқбаҳа. 15.
Сураи ШАМС(офтоб) бо хати арабӣ
91|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالشَّمسِ وَضُحىٰها
91|2|وَالقَمَرِ إِذا تَلىٰها
91|3|وَالنَّهارِ إِذا جَلّىٰها
91|4|وَالَّيلِ إِذا يَغشىٰها
91|5|وَالسَّماءِ وَما بَنىٰها
91|6|وَالأَرضِ وَما طَحىٰها
91|7|وَنَفسٍ وَما سَوّىٰها
91|8|فَأَلهَمَها فُجورَها وَتَقوىٰها
91|9|قَد أَفلَحَ مَن زَكّىٰها
91|10|وَقَد خابَ مَن دَسّىٰها
91|11|كَذَّبَت ثَمودُ بِطَغوىٰها
91|12|إِذِ انبَعَثَ أَشقىٰها
91|13|فَقالَ لَهُم رَسولُ اللَّهِ ناقَةَ اللَّهِ وَسُقيٰها
91|14|فَكَذَّبوهُ فَعَقَروها فَدَمدَمَ عَلَيهِم رَبُّهُم بِذَنبِهِم فَسَوّىٰها
91|15|وَلا يَخافُ عُقبٰها
Тарчумаи Сураи ШАМС(офтоб)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Савганд ба офтоб (ки манбаи нур аст) ва савганд ба партави он (ки сарчашмаи ҳаёт аст) ба ҳангоми чошт
2.ва савганд ба моҳ, чун аз паи он барояд
3.ва савганд ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
4.ва савганд ба шаб, чун фурӯ пӯшадаш
5.ва савганд ба осмону он ки онро бино карда
6.ва савганд ба замину он ки онро бигустурда
7.ва савганд ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,
8.сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,
9.ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт
10.ва ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар палидиаш фурӯ пӯшид, зиён кард.
11.Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ шумориданд.
12.Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.
13.Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худоро ва навбати оби ӯро бигузоред!
14.дурӯғгӯяш шумориданд ва шутурро куштанд. Пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок яксонашон сохт.
15. Ва Худо аз саранҷоми он бимнок нест.