Сураи ФАҶР
СУРАТУ-Л-ФАҶР бо хати кирили
(30 ояҳ) (Сураи 89)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Ва-л-фаҷр. 1. Ва лайалин ъашр.2. Ва-ш-шафъи ва-л ватр. 3. Ва-л-лайли иза яср. 4. Ҳал фи залика қасаму-л лизи ҳиҷр.5. Алам тара кайфа фаъала Раббука би Ъад. 6. Ирамазати-л-ъимад. 7. Ал-лати лам юхлақ мислуҳа фи-л-билад. 8. Ва вамуда-л-лазина ҷабуссахра би-л вад. 9. Ва Фиръавна зи-л-автад. 10. Ал-лазина тағав фи-л-билад. 11. Фа аксару фиҳа-л-фасад. 12. Фа сабба ъалайҳим Раббука савта ъазаб. 13. Инна Раббака ла би-л-мирсод. 14. Фа амма-л-инсану иза мабталаҳу Раббуҳу фа акрамаҳу ва наъъамаҳу фа яқулу Рабби акраман. 15. Ва амма иза мабталаҳу фа қадара ъалайҳи ризқаҳу фа яқулу Рабби аҳанан. 16. Калла. Бал-л ла тукримуна-л-ятим. 17. Ва ла таҳаззуна ъала таъами-л-мискин. 18. Ва таъкулуна-т-туроса акла-л ламма. 19. Ва туҳиббуна-л-мала ҳуббан ҷамма. 20. Калла. Иза дуккати-л-арзу даккан дакка. 21. Ва ҷаа Раббука ва-л-малаку саффан саффа. 22.
Ва ҷиа явмаизим би Ҷаҳаннам. Явмаизи-и ятазаккару-л-инсану ва анна лаҳу-з-зикро. 23. Яқулу йа лайтани қаддамту ли ҳайати. 24. Фа явмаизи-л ла юъаззибу ъазабаҳу аҳад. 25. Ва ла йусиқу васақаҳу аҳад. 26. Йа айятуҳа-н-нафсу-л мутмаиннаҳ. 27. Ирҷиъи ила Раббики рбзията-м марзийяҳ 28. Фадхули Фи ъибади. 29. Вадхули Ҷаннати. 30.
Сураи ФАҶР бо хати арабӣ
89|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالفَجرِ
89|2|وَلَيالٍ عَشرٍ
89|3|وَالشَّفعِ وَالوَترِ
89|4|وَالَّيلِ إِذا يَسرِ
89|5|هَل فى ذٰلِكَ قَسَمٌ لِذى حِجرٍ
89|6|أَلَم تَرَ كَيفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعادٍ
89|7|إِرَمَ ذاتِ العِمادِ
89|8|الَّتى لَم يُخلَق مِثلُها فِى البِلٰدِ
89|9|وَثَمودَ الَّذينَ جابُوا الصَّخرَ بِالوادِ
89|10|وَفِرعَونَ ذِى الأَوتادِ
89|11|الَّذينَ طَغَوا فِى البِلٰدِ
89|12|فَأَكثَروا فيهَا الفَسادَ
89|13|فَصَبَّ عَلَيهِم رَبُّكَ سَوطَ عَذابٍ
89|14|إِنَّ رَبَّكَ لَبِالمِرصادِ
89|15|فَأَمَّا الإِنسٰنُ إِذا مَا ابتَلىٰهُ رَبُّهُ فَأَكرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقولُ رَبّى أَكرَمَنِ
89|16|وَأَمّا إِذا مَا ابتَلىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيهِ رِزقَهُ فَيَقولُ رَبّى أَهٰنَنِ
89|17|كَلّا بَل لا تُكرِمونَ اليَتيمَ
89|18|وَلا تَحٰضّونَ عَلىٰ طَعامِ المِسكينِ
89|19|وَتَأكُلونَ التُّراثَ أَكلًا لَمًّا
89|20|وَتُحِبّونَ المالَ حُبًّا جَمًّا
89|21|كَلّا إِذا دُكَّتِ الأَرضُ دَكًّا دَكًّا
89|22|وَجاءَ رَبُّكَ وَالمَلَكُ صَفًّا صَفًّا
89|23|وَجِا۟يءَ يَومَئِذٍ بِجَهَنَّمَ يَومَئِذٍ يَتَذَكَّرُ الإِنسٰنُ وَأَنّىٰ لَهُ الذِّكرىٰ
89|24|يَقولُ يٰلَيتَنى قَدَّمتُ لِحَياتى
89|25|فَيَومَئِذٍ لا يُعَذِّبُ عَذابَهُ أَحَدٌ
89|26|وَلا يوثِقُ وَثاقَهُ أَحَدٌ
89|27|يٰأَيَّتُهَا النَّفسُ المُطمَئِنَّةُ
89|28|ارجِعى إِلىٰ رَبِّكِ راضِيَةً مَرضِيَّةً
89|29|فَادخُلى فى عِبٰدى
89|30|وَادخُلى جَنَّتى
Тарчумаи Сураи ФАҶР(сапедаи субҳ)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Савганд ба сапедаи субҳ
2.ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне, ашараи зулҳиҷҷа ё даҳҳаи охири моҳи Рамазон)
3.ва савганд ба ҷуфту тоқ
4.ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.
5.Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?
6.Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?
7.Бо Ирам2, ки сутунҳо дошт?
8.Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.
9.Ва қавми самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.
10.Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, (мурод, аҳромҳову қасрҳо ё чаҳормех кардани мӯъминони мазлум аст)
11.онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
12.ва дар онҳо фасод афзуданд.
13.Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.
14.ҳаройна, Парвардигорат ба камингоҳ аст.
15.Аммо одамӣ, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
16.Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».
17.На чунин аст (ки мепиндоред). Шумо ятимро гиромӣ намедоред
18.ва якдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед
19.ва меросро ҳарисона мехӯред
20.ва молро фаровон дӯст доред.
21. На чунин аст (ки мепиндоред), чун замин шикофта шавад шикофташудане
22.ва Парвардигори ту биёяд ва фариштагон саф дар саф ҳозир оянд
23.ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чи ҷои панд гирифтан бошад?
24.(Дар ҳолати ҳасрат ва пушаймонӣ) Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи хеш пешопеш чизе мефиристодам».
25.Дар он рӯз (ки чунин аҳвол ва авзоъ рух медиҳад) касе чун азоби Худо азоб накунад
26.ва монанди занҷири Худованд ба занҷир накашад (ва ҷазои халоиқи муҷрим (гунаҳкор) чунин аст ва аммо нафси пок мавриди истиқбол қарор гирифта ва ба он гуфта мешавад).
27.Эй рӯҳи оромишёфта (имрӯз ҳеҷ гуна ҳаросе надорӣ),
28.хушнуду писандида ба сӯи (ризо ва биҳишти) Парвардигорат бозгард (ва аз он чӣ ба ту ато кардааст хушнӯд ва розӣ бош)
29.ва дар зумраи бандагони (солеҳи) Ман дохил шав
30.ва ба биҳишти Ман (яъне, қароргоҳи родмардони солеҳ) дарой.