ЗИКРИ ҲАДИСҲО АЗ ҒАЙРИМИШКОТ-УЛ-МАСОБИҲ

Пиромуни ин масъала аз Паёмбари Акрам (с) дар китобҳои ҳадис (аз ғайри Мишкот-ул-масобиҳ) аҳодиси зиёде бо тариқаҳои гуногун ривоят шудааст. Инак, зикри баъзе аз он аҳодис:

8- عن ابن عمرَ رضيَ اللهُ عنه قال: كان رسول الله (ص) إذا جَلَسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ كَفَّهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَقَبَضَ أَصَابِعَهُ كُلَّهَا وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ وَوَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخِذِهِ اليُسرى.

«Ибни Умар ривоят мекунад: Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳамаи ангуштони дасти ростро (ба ҷуз ангушти саббоба) қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба, ки дар ҷавори ангушти ибҳом аст, ишора мекарданд. Ва дасти чапро низ бар рони чап мегузоштанд»[1].

9- وَقال البَاجِي الفَقِيهُ: رَوى سُفيَانُ بنِ عُيَينَةَ هَذا الحَدِيثَ عَن مُسلِمِ بنِ أَبِي مَريَمَ رَحمةُ اللهِ عليهما وَزَادَ فِيهِ: قَال عليه السلام: هِيَ مِذَبَّةُ الشَيطَانِ. لا يَسهُو أَحَدُكُم مَادَامَ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ.

«Муҳаддис ва фақиҳи маъруф (аз уламои шофиъи мазҳаб) имом Боҷӣ (р) мегӯяд: Ҳадиси фавқуззикрро Суфён ибни Уяйна низ аз Муслим ибни Абимарям ривоят кардааст ва дар ривояти худ қавли зеринро низ изофа кардааст, ки Паёмбари Акрам (с) пас аз анҷоми намоз фармуданд: ишораи саббоба силоҳи дуркунандаи шайтон аст. Ҳеҷ яке аз шумо  модоме, ки ишораи саббоба мекунад дар намоз саҳв нахоҳад кард[2]».

Имом Боҷӣ бо истифода аз ҳадиси ривоятшуда дар баёни фоида ва ҳикмати ишораи саббоба мефармояд: пас ишораи саббоба дуркунандаи саҳв ва хато аз намоз буда, дафъкунандаи васвасаи шайтон аз қалби намозгузор аст. Аммо Ҷалолуддини Суютӣ дар баёни фалсафаи ишораи саббоба мефармояд: маънои он изҳори тавҳид ва ягонагии Парвардигор аст. Муаллифи рисолаи шумо (Муло Алиқорӣ) мегӯяд: Ман байни каломи ин ду бузургвор ҳеҷ навъ мунофот ва ихтилофе намебинам. Балки каломи эшонро дар ҳақиқат мешавад дар як ҷумла ба тариқи зайл ҷамъ намуд: изҳори тавҳид бо ишораи саббоба сабаби дафъ гаштани васвасаи шайтон буда, боиси дур шудани саҳву ғафлат аз намози намозгузор хоҳад шуд.

10- عَن ابن عُمرَ رَضي اللهُ عنه أَيضاً أَنَّ النَبِيَّ (ص) كان إذا جَلسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى رُكبَتِهِ وَرَفَعَ إِصبَعَهُ اليُمنى الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ فَدَعَا بِها – أَي أَشَارَ بِها – وَيَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ بَاسِطُهَا عَلَيهَا.

«Боз ривоят аз ибни Умар аст, ки Расули Акрам (с) ҳар замоне дар қаъдаи намоз менишастанд, дасти рост бар зонуи рост мегузоштанд ва ангушти шаҳодатро, ки дар паҳлуи ангушти бузург аст, баланд мекарданд. Пас ба он ангушт ишорат мекарданд ва дасти чапро бар зонуи чап паҳн ва густарда мекарданд[3]».

11- وَرَوى النَسَائِيُّ عنه (أي ابن عمر) أَيضاً: قال الراوي قُلتُ لابن عمر: كَيفَ رَأَيتَ رَسولَ اللهِ (ص) إذا جَلَسَ يَفعَلُ؟ قال: هَكَذا وَنَصَبَ اليُمنى وَأَضجَعَ اليُسرى وَجَعَلَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَيَدَهُ اليُسرى عُلى فَخِذِهِ اليُسرى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.

«Ривояти Насоӣ низ аз ибни Умар аст. Ровии ҳадис мегӯяд. Аз ибни Умар суол кардам: Паёмбари Худо замоне, ки дар қаъда менишастанд, чӣ кор мекарданд? Шумо эшонро он ҳангом дар чӣ ҳолат медидед? Ибни Умар дар ҷавоб гуфтанд: ман эшонро дар қаъдаи намоз бо чунин ҳайате дидаам: сипас барои таълими соил (суолкунанда) пои рости худро рост карданд ва пои чапро бар замин хобониданд. Дасти рост бар рони рост ва дасти чап бар рони чап гузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора карданд».

12- وَفِي رِوايةٍ أُخرى لَهُ نَحوُهُ. قال: وكَيفَ كانَ يَصنَعُ؟ قال: فَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ وَأَشَارَ بِالَّتِي تَلِي الإِبهَامَ إِلى القِبلَةِ وَرَمى بِبَصَرِهِ إِلَيهَا ثُمَ قال: هكذا رَأيتُ رسولَ اللهِ (ص) يَفعَل[4].

«Дар ривояти дигар аз ибни Умар назири ҳамин ҳадис омада, ки аз ишон ба ин ваҷҳ суол шуд: Расули Акрам (с) дастҳоро рӯи зону чӣ тавр мегузоштанд? Ибни Умар ба мақсади таълим дасти рост бар рони рост гузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора ба сӯи қибла карданд ва дар аснои ишорат нигоҳи худро ба ангушти саббоба андохтанд… Баъд аз он фармуданд: Паёмбари Акрамро (с) ба чунин кайфият дидаам, ки ишора мекарданд».

13- عن عبدُ اللهِ بنِ الزُبير رضي الله عنهما أَنَّهُ عَلَيهِ السَّلامُ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ[5].

«Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят шуда, ки Паёмбари Акрам (с) дар қаъдаи намоз дасти чап бар зонуи чап ва дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд».

14- وَرَوى النَسَائِيُّ عَنهُ أَيضاً كَانَ رَسولُ اللهِ (ص) إذا جَلَسَ فِي الثِّنَتَينِ أَو فِي الأَربَعِ يَضَعُ يَدَهُ عَلى رُكبَتِهِ ثم أَشَارَ بِإِصبَعِهِ.

«Насоӣ низ аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ривояти ҳадис мекунад, ки Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи аввал ва ё ахир менишастанд, даст бар рӯи зонӯ мегузоштанд. Баъд аз он ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд».

15- عن وائل بنِ حُجرٍ رَضيَ اللهُ عنه أَنه رَأَى النبيَّ عليه السلامُ جلسَ فِي الصلاةِ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَوَضَعَ ذِرَاعَيهِ عَلى فَخِذَيهِ وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ يَدعُو[6] (أَي يَتَشَهَّدُ).

«Ривоят аз Воил ибни Ҳуҷр аст, ки ишон Расули Акрамро (с) дидаанд, ки дар қаъдаи намоз нишастанд. Пас пои чапро ба хотири нишастан мисли фарш карданд ва ҳар ду бозуи худро бар болои ронҳои хеш гузоштанд ва дар аснои қироати ташаҳҳуд ба ангушти саббоба ишора карданд».

16- وفي روايةٍ لأَبِي دَاوُدَ وَالنَّسَائِيِّ: وَوضعَ ذِرَاعَيهِ عَلى فَخذَيهِ وَحَلَّقَ حَلقَةً. وفي رواية: وَحَلَّقَ الإِبهَامَ وَالوُسطى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.

«Дар ривояти дигар аз Абудовуд ва Насоӣ омада, ки Паёмбари Акрам (с) баъд аз гузоштани дастҳо бар болои рон ангушти ибҳомро бо ангушти миёна ҳалқа карданд ва ба ангушти саббоба ишора карданд».

17- وعنه (أي وائل بن حُجر) أيضا رحمة الله عليه: ثُمَّ وَضعَ (عليه السلام) يَدهُ اليُسرى على رُكبَتِهِ اليُسرى ووضعَ ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى ثُم أَشارَ بِسَّبَّابَتِهِ وَوَضعَ الإِبهامَ عَلى الوُسطى وَقَبَضَ سَائِرَ إِصبَعِهِ[7].

«Аз Воил ибни Ҳуҷр ҳадиси дигаре ривоят шудааст. Ва он ин аст, ки Паёмбари Худо (с) баъд аз нишастан дар қаъда дасти чап бар зонуи чап ва дасти рост бар рони рост мегузоштанд. Сипас бо ангушти саббоба ишора мекарданд ва сари ангушти бузургро бар бехи ангушти миёна мегузоштанд ва ангуштони боқимондаро қабз мекарданд».

18- وعَنهُ أَيضاً: وَضَعَ مِرفَقَهُ الأَيمَنَ عَلى فَخِذِهِ الأَيمَنِ وَعَقَدَ أَصَابِعَهُ وَجَعَلَ حَلقَةً باِلإِبهَامِ وَالوُسطى ثم جَعلَ يَدعُو بِالأُخرى. وفي رواية له: وَقَبَضَ ثِنتَينِ وَحَلَقَ حَلقَةً فِي الثَالِثِ[8].

«Боз аз Воил ибни Ҳуҷр ривоят шуда, ки Паёмбари Акрам (с) оринҷи ростро (яъне соъиди ростро) бар рони рост гузоштанд ва ангуштони он дастро ба ҳамдигар бастанд ва бо ангушти ибҳом ва миёна ҳалқа сохтанд. Баъд аз он ба ангушти дигаре, ки ангушти саббоба аст, ишора карданд. Дар ривояти дигар омада, ки ду ангушти кӯчакро қабз карданд ва ангушти ибҳомро бо ангушти саввум, ки ангушти миёна аст, ҳалқа сохтанд (ва ба ангушти саббоба ишора карданд) ».

19- وعن أَبي حُمَيدٍ السَاعِدِيّ رَضيَ اللهُ عنه قال أَناَ أَعلَمُكُم بِصلاةِ رسولِ اللهِ (ص) وَذَكَرَ حَدِيثاً طَوِيلاً وفيه: ووضعَ عليه السلام كَفَّهُ اليُمنى على رُكبَتِهِ اليُمنى وَكَفَّهُ اليُسرى عَلى رُكبتِهِ اليُسرى وأَشَارَ بِإِصبَعِهِ[9].

«Абуҳумайди Соъидӣ (разияллоҳу анҳу) хитоб ба ҷамъе аз асҳоб фармуданд: ман беҳтар аз ҳамаи шумо намози Паёмбари Худоро (с) медонам. Сипас ҳадиси тӯлониеро дар боби намози Расули Акрам (с) зикр намуданд ва дар идомаи он фармуданд: Паёмбари Худо (с) дар қаъдаи намоз кафи рост бар зонуи рост ва кафи чап бар зонуи чап мегузоштанд ва ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд.

20- وعنه أَيضاً كان رسولُ اللهِ (ص) إذا جلس في الصلاةِ فِي الرَّكعَتَينِ الأُولَيَينِ يَنصِبُ قَدَمَهُ اليُمنى وَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ. وَإذا جلسَ في الأُخرَيَينِ أَفضى بِمَقعَدِهِ الأَرضَ وَنَصَبَ اليُمنى[10].

«Дар ривояти дигар аз Абуҳумайди Соъидӣ омада, ки Расули Худо (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи аввал менишастанд, қадами рости худро рост ва истода мекарданд ва қадами чапро бар замин мисли фарш паҳн ва густурда мекарданд ва бо ангуште, ки дар паҳлӯи ангушти ибҳом аст (яъне бо ангушти саббоба) ишора мекарданд. Ва ҳар замоне дар қаъдаи ахир менишастанд, мақъади хешро бар замин мерасониданд ва пои росташонро рост мекарданд».

21- وعن عَاصِمِ بنِ كُلَيبٍ رضي الله عنه عن أبيه عن جَدِّهِ قال دَخلتُ عَلى رسولِ اللهِ (ص) وَهُوَ يُصَلِّي وَقَد وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخِذِهِ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنَى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى فَقَبَضَ أَصَابِعَهُ وَبَسَطَ السَّبَّابَةَ وَهُوَ يقول: يَا مُقَلِّبَ القُلُوبِ قَلِّب قَلبِي عَلى دِينِكَ[11]. وروى أبو يعلى نحوه وقال فيه بَدَلَ “بَسَطَ السَّبَّابَةَ” “يُشِيرُ بِالسَّبَّابَةِ”. روی الترمذی

«Осим ибни Кулайб аз падар ва падарбузургаш ривоят мекунад, ки падар бузурги Осим мегӯяд: Боре бар ҳузури Расули Акрам (с) дохил шудам, дар ҳоле ки он ҳазрат машғули адои намоз буданд. Дар ҳақиқат дидам, ки ишон дасти чап бар рони чап ва дасти рост бар рони рост гузошта буданд ва ангуштони дасти ростро ба ҷуз саббоба қабз ва ҷамъ карда ва ангушти саббобаро ба мақсади ишора кардан паҳну густурда карда буданд. Дар он асно чунин дуо мекарданд: Эй зерурӯкунандаи дилҳо, қалби маро бар дин ва ойини худ моил ва собит бигардон! Абуяъло ба мазмуни ривояти Тирмизӣ, вале бо каме ихтилофи лафзӣ ҳадисеро ривоят кардаанд, ки дар ривояти ишон ба ҷои лафзи «بسط السبابة» – (ангушти саббобаро паҳн кардаанд) «يشير بالسبابة» – (ба ангушти саббоба ишора мекарданд) омадааст».

22- وعن مالك بن نُمَيرٍ الخُزَاعِيِّ عن أبيه رضي الله عنه قال رَأيتُ رسولَ اللهِ (ص) وَاضَعًا ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فخذهِ اليُمنى في الصلاةِ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ. وفي رواية عنه أيضا قال: رأيتُ رسولَ الله (ص) واضِعاً ذِرَاعَهُ اليُمنى رَافِعا إِصبَعَهُ السَّبَّابَةَ قَد أَحنَاهَا شَيئاً (أَي أَمَالَهَا شَيئاً يَسِيراً)[12].

«Молик ибни Нумайри Хузоӣ аз падари худ ривоят мекунад, ки Паёмбари Худоро дидаам соид ва ё соқи дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва дар он ҳолат бо ангушти саббоба ишора мекарданд. Дар ривояти дигар аз падари Молик ибни Нумайр омада, ки Расули Худоро дидаам, ки дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва ангушти саббобаро дар ҳолате, ки андаке каҷ ва моил карда буданд, мебардоштанд ва ишора мекарданд».

23- عن خَبَّابٍ الغِفَارِيّ رضي الله عنه قال: كان رسولُ اللهِ (ص) إِذا جَلَسَ في آخِرِ صَلاةٍ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ[13].

«Хаббоби Ғифорӣ ривоят мекунад, ки Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар охири намоз барои адои ташаҳҳуд менишастанд, бо ангушти саббоба ишора мекарданд».

24- وعن أبي هريرة (رض) قال: قال رسولُ الله (ص) إِنَّ جُزءاً مِن سَبعِينَ جُزءاً مِنَ النُبُوَّةِ تَأخِيرُ السُحُورِ وَتَبكِيرُ الإِفطَارِ وَإِشَارَةُ الرَجُلِ بِإِصبَعِهِ في الصلاةِ[14].

«Дар ривояти Абуҳурайра Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Таъхири саҳархӯрӣ ва таъҷили рӯзакушоӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва ишораи саббоба дар намоз як ҷузъ аз ҳафтод ҷузъи нубувват аст (яъне як суннате аз суннатҳои хоси Паёмбар аст)».

25- وعن مُعَاذِ بنِ جَبَلٍ (رض) أنه كان إذا جلسَ في آخِرِ صلاتِهِ اِعتَمَدَ بِيَدِهِ اليُسرى عَلى فَخذهِ اليُسرى وبِيَدِهِ اليُمنى عَلى فَخذهِ اليُمنى ويُشيرُ بِإِصبَعِهِ إِذَا دَعَا[15].

«Муъоз ибни Ҷабал ҳар гоҳ дар охири намоз менишастанд, бо дасти чап бар рони чап ва бо дасти рост бар рони рост такя мекарданд (яъне мегузоштанд) ва ҳангоме, ки дуо (яъне ташаҳҳуд) мехонданд, бо ангушти саббоба ишора мекарданд».

26- عن بَشِيرٍ رضي الله عنه أَنَّهُ سَمِعَ ابنَ عُمَرَ يقول: إِنَّ رَفعَكُم أَيدِيَكُم فِي الصلاةِ لَبِدعَةٌ. وَاللهِ ما زَادَ رسولُ اللهِ (ص) على هذا يَعني بِإِصبَعِهِ[16].

«Башир (разияллоҳу анҳу), ки аз ҷумлаи тобеин аст, ибни Умарро шунидааанд, ки мегуфт: дастбардориҳои шумо дар намоз бидъат (яъне бар хилофи суннат) аст[17]. Ба Худо қасам, Расули Худо аз ин қадр зиёд накардаанд. Мақсади ишон аз ин ҳарф баланд кардани ангушти саббоба дар қироати ташаҳҳуд буд (яъне Паёмбари худо дар ташаҳҳуди намоз беш аз ишораи саббоба накардаанд)».

27- عن وَائِلِ بنِ أَبِي شَيبَةَ عَن ابنِ التَّيمِيِّ رضي الله عنه قَالَ: سُئِلَ ابنُ عَبَّاسٍ رضي الله عنه عَن تَحرِيكِ الرَّجُلِ إِصبَعَهُ فِي الصلاةِ فَقَالَ: ذلِكَ الإِخلاَصُ[18].

«Ибни Таймӣ ривоят мекунад, ки аз ибни Аббос суол шуд, ҳикмат ва фалсафаи ишораи саббоба дар намоз чист? Ишон дар ҷавоб фармуданд: Он аз нишонаҳои ихлоси дар тавҳид ва ё баёнгари ихлоси дар тавҳид аст».

28- عن ابنِ عُمرَ رضي الله عنهما مَرفُوعاً: تَحرِيكُ الإِصبَعِ في الصلاةِ مِذَبَّةُ الشيطان – أي آلة التخويف للشيطان[19].

«Ибни Умар исноди ҳадисро ба Расули Акрам (с) мерасонад, ки он ҳазрат фармуданд: ҷунбонидани ангушт дар намоз (яъне ишораи саббоба кардан) тозиёна ва силоҳи тарсонидани шайтон аст».

29- وَفِي الجَامِعِ الصَغِيرِ: كانَ رسولُ اللهِ (ص) يُشِيرُ في الصلاةِ[20].

«Дар китоби Алҷомеъ-ус-сағир (ки аз таълифоти Ҷалолуддини Суютист, бо ривояти Анас ибни Молик (р) омада), ки Паёмбари Худо (с) дар ташаҳҳуди намоз ба ангушти саббоба ишора мекарданд».

30- وفي الجَامِعِ الكَبِيرِ عَن عُقبَةَ بنِ عَامِرٍ رضي الله عنهما تَكُونُ بِكُلِّ إِشَارَةٍ يُشِيرُ الرَّجُلُ في صلاتِهِ عَشرُ حَسَنَاتٍ. بِكُلِّ إِصبَعٍ حَسَنَةٌ[21].

«Дар китоби Алҷомеъ-ул-кабир (ки ин ҳам аз таълифоти имом Суютист) бо ривояти Уқба ибни Омир омада, ки дар муқобили ҳар ишораи саббоба, ки намозгузор дар ташаҳҳуди намоз мекунад, даҳ ҳасана бар ишон навишта мешавад[22]. Ба ин тавр, ки дар баробари ҳар ангушт ҳасанае ҳосил мешавад».

31- وعن عبدِ الرحمنِ بنِ أَبزِي رحمةُ اللهِ عليه: كان النبي (ص) يقولُ في صلاتِهِ هَكَذَا وأَشَارَ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ[23].

«Абдурраҳмон ибни Абзӣ аз намози Расули Акрам (с) сифат мекунад, ки Паёмбари Худо дар ташаҳҳуди намоз чунин ишорат мекарданд: сипас ровӣ (барои таълими ҳозирин) ба ангушти саббобаи худ ишора карданд».

32- وعن وَائِلِ بنِ حُجرٍ رضي الله عنه رَأَيتُ رسولَ اللهِ (ص) رَفَعَ يَدَيهِ في الصَّلاةِ حِينَ كَبَّرَ… إِلى أَن قَال: ثُمَّ جَلسَ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى ثُمَّ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ اليُسرى وَوَضَعَ ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فَخذِهِ اليُمنى ثم أَشَارَ بَسبَّابَتِهِ ووَضعَ الإِبهَامَ عَلى الوُسطى وَحَلَّقَ بِهَا وَقَبَضَ سَائِرَ أَصَابِعِهِ[24].

«Воил ибни Ҳуҷр ривоят мекунад, ки Паёмбари Худоро дар намоз дидаам, ки ҳангоме такбир мегуфтанд, дастҳоро баланд мекарданд. То он ки Воил ибни Ҳуҷр (дар идомаи сухани хеш расиданд ба васфи қаъдаи Расули Акрам (с)) гуфтанд: Баъд аз он Расули Акрам (с) дар қаъдаи намоз нишастанд. Пас пои чапро барои нишастан мисли фарш бар замин паҳн карданд. Баъд аз он дасти чапро бар зонуи чап ва дасти ростро бар рони рост гузоштанд. Сипас ба ангушти саббоба ишора карданд ва сари ангушти ибҳомро бар сари ангушти миёна гузошта ҳалқа карданд ва бақияи ангуштҳоро қабз карданд».

33- وعنه أيضاً: فَلَمَّا قَعَدَ لِيَتَشَهَّدَ فَرَشَ قَدَمَهُ اليُسرى على الأَرضِ وَجَلَسَ عَلَيهَا وَوَضَعَ كَفَّهُ اليُسرى عَلى فخذِهِ اليُسرى ووَضعَ مِرفَقَهُ اليُمنى على فَخذِهِ اليُمنى وَعَقَدَ أَصابِعَهُ وَحَلَقَ حَلقَةً بِالإِبهَامِ وَالوُسطى ثُم جَعَلَ يَدعُو بِالأُخرى[25].

«Боз ривоят аз Воил ибни Ҳуҷр аст, ки мегӯяд: ҳар гоҳ Расули Акрам (с) барои қироати ташаҳҳуд дар қаъдаи намоз менишастанд, пои чапро бар замин фарш мекарданд ва бар болои он менишастанд. Кафи чапро бар рони чап ва оринҷи рост (яъне соиди рост)-ро бар рони рост мегузоштанд. Ангушти кӯчакро мебастанд ва ангушти бузургро бо ангушти миёна ҳалқа мекарданд. Баъд аз он бо ангушти саббоба дуо (яъне ишора) мекарданд.

34- ورَوَى البَيهَقِيُّ وابنِ مَاجَةَ رَحِمَهُما اللهُ بِإِسنَادٍ صَحِيحٍ أَنَّ النًَبِيَّ (ص) عَقَدَ الخِنصَرَ وَالبِنصَرَ ثم حَلَقَ الوُسطى وَالإِبهاَمَ.

«Байҳақӣ ва ибни Моҷа ба исноди саҳеҳ ривоят кардаанд, ки Расули Акрам (с) ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш мебастанд. Сипас ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом ҳалқа (ва ба он ишора) мекарданд».

МУНОҚАША

Ин маҷмӯае аз ҳадисҳои сершумор ва машҳуре буд, ки ба риштаи таҳрир дароварда шуд. Пас дигар ҷои шакку шубҳа дар сиҳати асли ишораи саббоба боқӣ намондааст. Зеро баъзе аз ин ҳадисҳои мазкура дар Саҳеҳи Муслим мавҷуд аст.

Хулосаи калом: Ҳадисҳои ривоятшуда дар сиҳоҳи шашгона (ба ҷуз Саҳеҳи Бухорӣ) ва дар ғайри сиҳоҳи шашгона низ мазкур аст. Онҳо қариб аст, ки ба ҳадди тавотури ҳақиқӣ бирасанд. Балки дуруст аст, ки бигӯям: ба ҳадди тавотури маънавӣ расидаанд. Пас барои шахсе, ки имон ба Худо ва Расул дорад, чӣ гуна ҷоиз аст, ки аз амал кардан ба муқтазои аҳодиси мазкура эътироз намояд ва дар муқобили чунин далели сариҳ ва бурҳони азими шаръӣ далел ва ҳуҷҷаттарошӣ бикунад. Бо вуҷуде, ки он далелтарошиҳо аслан аз маъхазҳои заъиф ва алил (иллатӣ, иллатдор) сарчашма гирифтааст.

Яке аз он далелҳои сохта ин аст, ки мухолифини ишораи саббоба мегӯянд: Ишора кардан ба ангушти саббоба як амал ва ҳаракати зиёдатӣ дар намоз аст, ки ҳеҷ эҳтиёҷу ниёзе ба он нест. Зеро асос ва бинои намоз бар вақор ва оромиш аст (на бар ҳаракат ва ҷунбиш). Пас тарки он беҳтар аз адои он аст.

Аммо ин далели ишон як қавли мардуд ва ғайри қобили қабул аст. Зеро агар тарки ишораи саббоба авло мебуд, ҳаргиз Паёмбари Акрам (с) ба он амал намекарданд. Дар ҳоле, ки ишон ба сифати вақор ва тамкин дар баландтарин мақомаш муттасиф буданд.

Дигар ин ки ба воситаи ангушти саббоба ишора кардан ба ваҳдонияти Худои раҳмон якҷоя бо талаффузи калимаи тавҳид бар забон, нур болои нур ва сурур болои сурур аст. Пас ишораи саббоба (ки дар ҳақиқат ба маънои ишора ба тавҳиди Худост) амалест, ки намозгузор ниёзи мубрам ва мӯҳкам ба он дорад[26]. Зеро тавҳид ва яктопарастӣ марҷаъ ва меҳвари тамоми ибодат ва тоати бандаи муъмин аст.

Дигар далели тарошидаи мухолифини ишораи саббоба ин аст, ки мегӯянд: Дар амали ишораи саббоба мувофиқат ва мушобаҳат бо фирқаи «Рофиза» аст. Ба хотири таҳқиқи мухолафат ба эшон, накардани он беҳтар аз кардани он аст.

Ин ҳуҷҷати ишон низ аз чанд ваҷҳ зоҳир-ул-бутлон аст. Аввал ин ки рофизиҳо бо мушоҳидае, ки мо дар ин замон аз намози онҳо дорем, мебинем, ки ишон дар намоз аслан ишорае ба ангушт надоранд. Танҳо ишорае, ки дар намоз доранд, ин аст, ки дар вақти салом ба афсус ва ҳасрат ба хотири аз даст додани ислом, дастҳоро баланд карда, рӯи зону мезананд.

Пас ин далели мухолифин ҳуҷҷате гашт ба нафъи мо, вале бар зарари эшон. Дуввум, бар тақдире, ки нисбати ишораи саббоба ба рофизиҳо саҳеҳ бошад ҳам, наметавонад он монеъи мо аз ин суннати саҳеҳа гардад. Зеро мо – аҳли суннат – маъмур нестем ба ин ки ҳар коре, ки ишон мекунанд, бояд мухолафат кунем, то ин ки шомили тамоми афъол ва аъмоли ишон бошад. Мисли таом хӯрдан ба дасти рост (ва бисмиллоҳ гуфтан дар вақти тановули таом) ва монанди он. Балки тибқи муқаррароти усули мазҳаб бар мо зарур аст фақат дар бидъатҳое, ки пайдо кардаанд ва шиори мазҳаби худ қарор додаанд, ба ишон мухолафат дошта бошем. Мисли санг гузоштан рӯи саҷҷода (ки шиори хоси мазҳаби ишон аст).

Агарчи назди аҳли суннат – ба иттифоқи аимма – саҷда бар ҷинси замин афзал ва беҳтар аст, вале бо вуҷуди ин, бар рӯи гилем ва пӯстин ва монанди он низ саҷда кардан ҷоиз аст. Аммо сангу гил рӯи саҷҷода гузоштан ва онро яке аз шурути намоз донистан бидъатест, ки онро рофизиҳо пайдо карда ва шиори вижаи ҷамоати худ қарор додаанд[27].

Пас, мо аҳлии суннатро ба ду иллат лозим ва зарур аст аз мушобаҳат ба ишон парҳез намоем.

Яке ба хотири шикастани мувофиқати ишон дар он бидъат (яъне барои изҳори мухолафат ба эшон). Чунонки Паёмбари Акрам (с) (дар боби мухолафат ба аҳли куфр ва бидъат) фармудаанд:

خالفوا اليهود والنصارى

Бо яҳуд ва насоро дар амал мухолафат намоед!

Дуввум ба хотири дафъи тӯҳмат ва гумони бад (яъне гумони тақлид ба рофизиҳо) аз нафси худ. Зеро дар ривоят омадааст:

اِتَّقُوا مَواضِعَ التُهَمِ

Аз мавзеъҳои тӯҳмат парҳез намоед!

Аз ҷумлаи бидъатҳои махсуси ишон дар мавсими ҳаҷ, барои дуо дар Мустаҷор[28] вуқуф кардан ва ба хотири эҳроми ҳаҷ аз Макка ба Яламлам, ки дар хориҷи ҳарам аст, берун омадан ва даҳ рӯзи аввали моҳи муҳаррамро пай дар пай рӯза доштан аст. Бо вуҷуде, ки арбоби илм аз мазоҳиби арбаъа бо иттифоқи оро бар ҷавози аъмоли мазкур рафтаанд, вале боз ҳам мувофақат ва мушоракат кардан ба ишон дар чунин аъмол бар аҳли суннат ҷоиз нест (балки мухолафат кардан мустаҳаб аст).

Ба хилофи суннате, ки бо ривояти саҳеҳ аз Расули Акрам (с) собит гаштааст, ки ин ҷо мушоракат ба ишон ҷоиз аст, на мамнӯъ. Мисли хориҷ шудан аз Макка ба Танъим ва ё Ҷиърона барои эҳроми умра.

Ҳосили калом, мухолафат кардан бо аҳли бидъат дар амри мубоҳ ба мақсади боз доштани ишон аз он бидъат ва баргардонидани онҳо ба салоҳ ва шоистакорӣ амри мустаҳсан ва писандида аст.

Аммо масъалаи ишораи саббоба, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит гаштааст, аслан аз боби бидъат намебошад (то ин ки ба хотири мухолифати рофизиҳо онро тарк намоем ва низ рофизиҳо аслан ишораи саббоба намекунанд, то мухолифати онҳо бар мо лозим бошад).


[1] Муслим, Абудовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд. Имом Молик низ дар китоби Муваттаъ овардааст.

[2] Албонӣ дар китоби Сифат-ус-салот-ин-набӣ ҳадиси мазкурро бо ривояти Абуяъло ва Ҳумайдӣ аз ибни Умар (р) нақл кардааст. Дар ривояти ишон ҳадис мавқуф ба ибни Умар аст, ки ишон перомуни ишораи саббоба гуфтаанд: وهي نُدبَة الشيطان لا يسهو أحدكم وهو يقول هكذا! ونصب الحميدي إصبعه Яъне ишораи саббоба мусибат ва азое барои шайтон аст. Ҳар кӣ аз шумо модоме, ки ишораи саббоба мекунад дар намозаш саҳв нахоҳад кард. Сипас ровӣ барои таълими дигарон ангушти саббобаро баланд карданд. Албонӣ дар ҳошияи китоби фавқуззикр қиссае аз Муслим ибни Абимарям бо ривояти Ҳумайдӣ овардааст. Муслим ибни Абимарям дар ривояти ҳадис яке аз ровиёни сиқа ва муътамади имом Муслим аст. Муслим ибни Абимарям мегӯяд: Марди солеҳе дар олами рӯъё (хоб) анбиёи Худоро муҷассам дар яке аз ибодатхонаҳои Шом диданд, дар ҳоле ки машғули намоз буданд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд. Баъдан Албонӣ изофа мекунад:

 “وهذه فائدة نادرة غريبة وسندها الى الرجل الصالح الصحيح” – Ва ин фоидаи нодири аҷибест, ки санади он ба марди солеҳ саҳеҳ аст.

[3] Муслим ва Тирмизӣ ривоят кардаанд.

[4] Ин ду ҳадис ривояти Насоӣ аст.

[5] Абудовуд ривоят кардааст.

[6] Насоӣ ривоят кардааст.

[7] Абдурразоқ (р) ривоят кардааст.

[8] Абуяъло (р) ривоят кардааст.

[9] Абудовуд (р) ривоят кардааст.

[10] Ривояти Абдурраззоқ аст.

[11] Ривояти Тирмизӣ аст.

[12] Абудовуд ва Насоӣ ривоят мекунанд.

[13] Табаронӣ дар китоби Алкабир бо нақл аз ровиёни мӯътамад ривоят кардааст.

[14] Абдураззоқ ривоят кардааст.

[15] Табаронӣ дар китоби «Ал-кабир» ривоят кардааст, ин ҳадис мавқуф бар Муъоз ибни Ҷабал аст.

[16] Ибни Абишайба ривоят кардааст.

[17] Мурод аз ин бидъат дастбардории баъд аз саломи намоз аст. Ончунон ки рофизиён мекунанд, ки баъд аз салом ва ё дар аснои салом дастҳоро баланд карда, рӯи зону мезананд. Чунонки баъдан зикр шавад. На он дастбардорие, ки дар такбири рукӯъ ва ё такбири қавмаи рукӯъ мекунанд. Зеро он рафъи ядайн (ду даст) дар саҳеҳайн бо ривояти Абдуллоҳ ибни Умар аз Расули Акрам (с) собит гаштааст.

[18] Абдурразоқ (р) ривоят кардааст.

[19] Ривояти Байҳақист.

[20] Аҳмад ва Абудовуд аз Анас (р) ривоят кардаанд.

[21] Ҳоким дар таърихашон ривоят кардаанд.

[22] Яъне аҷру савоби даҳ амали солеҳ ва нек барояш ҳосил мешавад.

[23] Ривояти Абдурраззоқ аст.

[24] Ривояти Абдурраззоқ аст.

[25] Саъид ибни Мансур дар сунани худ ривоят кардааст.

[26] На амали зиёдатӣ ва кори нодаркор, чунонки мухолифини ишораи саббоба мегӯянд.

[27] Дар масъалаи мазкура ва чанд масоили минбаъда бидъати рофизиҳо марбут ба ҳукми ин масоил аст. Масалан онҳо ҳукми санг гузоштан дар рӯи саҷҷодаро яке аз фарзҳо ва шурути қабули намоз медонанд. Дар ҳоле, ки ҳукми он назди аҳли суннат фарз набуда, балки мубоҳ ва ҷоиз аст. Пас дар чунин аъмоли мубоҳа мухолафат бар ишон як амри мустаҳаб ва мустаҳсан аст. Вале агар амале бошад, ки назди аҳли суннат аслан ҷоиз набуда ва аз назари Қуръону суннат низ асл ва далеле надорад, пас дар чунин сурат мухолафати ишон бар мо воҷиб ва зарур аст. Мисли занҷирзанӣ дар рӯзҳои Ошуро ва монанди он (маъхази ин гуфтаҳо рисолаи мазкура аст).

[28] Шояд исми мавзеъе бошад дар Арафот ва ё дар ғайри Арафот.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.