КИТОБИ ФИҚҲИ КАЙДОНӢ НАЗДИ ФУҚАҲО ЧӢ ЭЪТИБОРЕ ДОРАД ВА МУАЛЛИФИ ОН КИСТ?

Яке аз сарчашмаҳое, ки боиси ихтилофи толибилмони мо дар масъалаи ишораи саббоба гаштаааст, китоби Хулосаи Кайдонӣ аст. Китоби мазкур бо эътирофи уламо агарчи ҳаҷми кӯчак ва хӯрд дорад, вале хатову иштибоҳоти бузург дорад. Яке аз он хатоҳо зикри ишораи саббоба дар боби муҳаррамоти намоз аст. Муаллифи Кайдонӣ хатоан ишораи саббобаро аз ҷумлаи амалҳои ҳаромшуда бар намозгузор шумор кардааст.

Мутаассифона тибқи барномаҳои таълимии гузашта китоби мазкур аз ҷумлаи китобҳои дарсии ибтидоӣ дар диёри мо маҳсуб мешавад. Ҳар толибилми мубтадӣ ва навомӯз аз ин раҳгузар вориди олами фиқҳ мегардад. Пеш аз ҳама ба матолиб ва масоили ин китоб ошно гашта, онро ҳифз мекунад. Бинобар ин тақрибан кулли масоили ин китоб, минҷумла масъалаи ишораи саббоба бо он ҳукме, ки дорад, дар зеҳни ӯ чун нақши рӯи санг боқӣ мемонад. Сабаби инкор ва манъи ишораи саббоба дар диёри мо яке ҳамин аст. Пас вазифаи устодони киром ин аст, ки бояд шогирдонро аз хатову иштибоҳоте, ки дар Хулосаи Кайдонист, огоҳ созанд. Он чӣ саҳеҳ аст, бигиранд ва ҳар чӣ носаҳеҳ аст, гузоранд. Чунонки фуқаҳо роҷеъ ба ҳар китобе, ки номуътабар аст, чунин ҳукм кардаанд. Мо азм кардаем дар ин робита маълумоти муфассале аз муқаддимаи Умдат-ур-риъоя манзури шумо азизон кунем.

Мавлоно Абдулҳай (р) дар муқаддимаи навиштаи хеш роҷеъ ба китобҳои ғайри муътабари ҳанафӣ навиштааст:

ومِنها خُلاصَةُ الكَيداني المَنسُوبَةُ إلى لطفُ الله النسفي. فإنها وإن اشتَهَرَت في بلادِ مَاوَراءَ النَهرِ اشتِهاراً وَتَدَاوَلُوهَا فيما بينهم حِفظاً وَاستِذكَاراً إلاّ أنه لم يُعرَف إلى الآن حَالُ مُؤَلِفها أنه مَن هو؟ وكيف هو؟ هل هو ممن يُستَنَد بِتَصنيفه، أو هو ممن يُضرَب به المَثَلُ المشهور: إن مَن لم يَعرِف الفقه صَنف فيه كتابا.

«Хулосаи Кайдонӣ мансуб ба Лутфуллоҳи Насафӣ яке аз китобҳои ғайри муътабари фиқҳӣ дар мазҳаби ҳанафист. Китоби мазкур (шояд ба хотири муҷаз ва мухтасар буданаш) дар диёри Мовароуннаҳр он қадар машҳуру мақбул гаштааст, ки ғолибан мардум онро дар синаҳо ҳифз карда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрат ва қабулаш назди мардум (мутаассифона) то кунун маълум нагаштааст, ки муаллифаш аз назари зот чӣ шахсияте буда ва аз назари ҳол чӣ кайфияте дошта? Оё ӯ аз ҷумлаи фуқаҳоест, ки мешавад ба таснифоташ эътимод кард? Ё аз тоифаи касонест, ки таҳти зарбулмасали машҳури мардумии «Ҳар кӣ фиқҳ надонад, ғолибан дар мавзӯи фиқҳ китоб менависад», дохил мешавад.

Баъдан Мавлоно Абдулҳай ихтилофи уламоро дар таъйини муаллифи Хулосаи Кайдонӣ аз китоби Кашф-уз-зунун нақл мекунад:

وقد اُختُلِف فى تَعيِين مؤلفها عَلى أَقوالٍ ثَلاثةٍ … الى آخره  وقد أوردها صاحب كشف الظنون …

«Уламо бо назарҳои мухталиф китоби мазкурро ба яке аз се нафари зер нисбат медиҳанд: якум – Шамсуддин Муҳаммад ибни Ҳамзаи Фанорӣ (вафот 834 ҳиҷрӣ). Дуввум – ибни Камолпошоҳи Румӣ, муаллифи Ал-изоҳ ва-л-ислоҳ (вафот 1025 ҳиҷрӣ). Саввум – Лутфуллоҳи Насафӣ машҳур ба Фозили Кайдонӣ (соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Зеро касе намедонад, ки ӯ кист ва дар кадом асре зиндагӣ кардааст). Чунонки Шамсуддини Қуҳистонӣ, соҳиби Ҷомеъ-ур-румуз Хулосаи Кайдониро ба исми ин муаллиф шарҳ додааст».

Сипас Мавлонои Лакҳнавӣ нисбати ин се нафарро ба китоби мазкур як як баррасӣ карда, менависад:

«Нисбати Фиқҳи Кайдонӣ дар байни мардум ба Лутфуллоҳи Насафӣ шӯҳрати бештар аз дигарон дорад. Агар мо бинобар ин қавли машҳур Хулосаи Кайдониро ба Лутфуллоҳи Насафӣ нисбат бидиҳем, дар ин сурат лозим меояд, ки муаллифи он шахсе бошад маҷҳул-уш-шаън ва маҷҳул-ул-ҳол[1]. Зеро мо дар навиштаҳои ҳеҷ нафар аз уламои тарҷуманавис роҷеъ ба ин шахс зикр ва хабаре пайдо накардаем. Пас навиштаи чунин шахсе назди фуқаҳо ғайри қобили эътимод буда, муътабар нест.

Аммо нафари аввал ва сонӣ, яъне ибни Камолпошо ва ибни Ҳамза, ки ишон низ номзад ба таълифи Хулосаи Кайдонӣ ҳастанд, агарчи шахсиятҳои хеле муътабар дар байни фуқаҳои ҳанафимазҳаб ҳастанд, вале зикри масоили саҳеҳ ва носаҳеҳ дар ин китоб бар ин далолат мекунад, ки ё нисбати китоби мазкур ба ишон нодуруст аст ва ё ишон дар таснифи он саҳлангорӣ ва бепарвоӣ кардаанд, ки бидуни таҳқиқ ва тадқиқ мисли ҳезумкаши шабкор ҳарчи ёфтаанд аз тару хушк, навиштаанд».

Мавлоно Абдулҳай дар давоми баҳси худ илова мекунад:

«Мутолиаи рисолаи мазкур аз аввал то ба охир ва ошноӣ бо як силсила аз масоил, ки мухолифи зоҳири ривоят ва кутуби муътабари ҳанафист, худ бо садои баланд эълон мекунад, ки ин китоб ғайри муътабар буда, ҳоли муаллифи он аз яке ду амр хориҷ нест: Ё илму дониш ва истеъдоду малакаи дурусте ба масоили фиқҳ надоштааст ва ё доштаааст, вале дар таснифи рисолаи мазкура тақсир ва кутоҳӣ кардааст, ки ҳар гуна масоили саҳеҳ ва носаҳеҳро дар он ҷамъ кардааст».

Дар охир Мавлоно аз Хулосаи Кайдонӣ барои исботи таноқузгӯиҳои муаллифи он чанд мисол ба унвони намуна зикр мекунад[2]:

«Хонандаи гиромӣ! Оё намебинӣ муаллифи Кайдонӣ воҷиби шаръӣ ва истилоҳиро дар аввали рисолааш таъриф мекунад ба амале, ки бо далели гумонии шубҳанок собит гаштааст. Баъдан дар боби дуввум, ки махсуси воҷиботи намоз аст, меорад: яке аз воҷиботи намоз лафзи такбир барои таҳрима аст. Ин қавли соҳиби Кайдонӣ мухолифи аксари кутуби муътабари ҳанафист. Дар фатовои муътабари ҳанафӣ лафзи такбир барои таҳрима суннат хонда шудааст, на воҷиб ва шарти намоз. Ҳамчунин муаллиф дар оғози рисола ҳароми истилоҳиро таъриф мекунад[3]: «Ҳаром дар истилоҳ ва забони фиқҳ амали наҳйшудаеро гӯянд, ки дар муқобилаш далели зид (яъне далели ибоҳат) надорад». Сипас дар боби панҷум, ки махсуси муҳаррамоти намоз аст, меорад: яке аз ҳаромҳои намоз баланд гуфтани бисмиллоҳ аст. Дигар ҳароми намоз нигаристан ба ҷониби чап ва рост аст ба гардонидани баъзеи рӯй ва такя кардан аст бар сутун ва бар даст ва монанди он бе узр. Дигар бардоштани дастҳост дар ғайри такбири таҳрима ва дуои қунут, дигар амали ҳаром дар намоз нишастан бар ду пошна аз барои ташаҳҳуд аст, дигар ишорат кардан ба ангушти саббоба дар ташаҳҳуди намоз аст, дигар зиёда кардани чизе баъд аз қироати такбир ва саност. Ин ҳама мисолҳое, ки дар боби муҳаррамот овардааст, мухолиф ба аксари китобҳо, балки мухолиф ба кулли китобҳои муътабари ҳанафист.

Зеро фуқаҳо аксари мисолҳои мазкураро дар боби макрӯҳот зикр кардаанд, на дар боби муҳаррамот. Баъзе аз ин мисолҳо бинобар қавли саҳеҳе, ки ҷуз он ҳарчи гуфтаанд, ғалати фоҳиш аст, аслан макрӯҳ нест, чӣ расад ба он ки ҳаром гӯянд мисли ишораи саббоба? Оё муаллифи Кайдонӣ намедонад таърифе, ки дар шарҳу тафсири ҳароми шаръӣ гуфтааст, бар аксари мисолҳои дар боби ҳаром овардааш содиқ ва рост намеояд. Масалан дар масъалаи баланд гуфтани бисмиллоҳ ва бардоштани дастҳо дар ғайри такбири таҳрима ва ё дар масъалаи ишораи саббоба ва зиёда кардани азкор бар санои намоз, кадом наҳйи било муъориз (бе далели зид) аз забони соҳиби шариъат ривоят шудааст? На, ҳаргиз наҳйе аз Расули Акрам (с) роҷеъ ба ин масоил ривоят нашудааст. Бар хилофи гуфтаи Фиқҳи Кайдонӣ аъмоли мазкура дар намоз бо қавл ва феъли Расули Акрам (с) дар зимни ҳадисҳои саҳеҳ ба субут расидааст».

Саранҷом Мавлоно дар ин робита чунин хулосабандӣ мекунад:

«Назири мисолҳои фавқуззикр дар рисолаи Кайдонӣ хеле-хеле зиёд аст, ки онҳо бо забони безабон шаҳодат бар ин медиҳанд ки рисолаи мазкур ҷомеъи масоили саҳеҳ ва носаҳеҳ, қавӣ ва заъиф буда, фарқ байни дасти росту дасти чап накардааст. Пас ҳукми фуқаҳо дар шаъни чунин китобҳои ғайри муътабар ин аст, ки ҳар чӣ софу саҳеҳ аст, гирифта ва ҳар чӣ тира ва носаҳеҳ аст, гузошта шавад. Ва ба фатвои он амал карда намешавад, магар баъд аз тафаккур ва тааммули зиёд ва исботи онки ин масоил бо масоили китобҳои муътабараи ҳанафӣ мухолафат надорад»[4].

Алломаи Шомӣ – муаллифи китоби машҳури ҳанафӣ Радд-ул-муҳтор дар шарҳи уқуди Расм-ул-муфтӣ дар бораи китобҳое, ки муаллифи мушаххас ва муътабар надоранд, менависад: «Танҳо мутолиа кардани чунин китобе (мисли Хулосаи Кайдонӣ), ки муаллифаш мушаххас набошад, дуруст нест ва фатво додан аз он љоиз нест».


[1] Маҷҳул-уш-шаън ва маҷҳул-ул-ҳол, яъне кӣ будану чӣ гуна шахс буданаш маълум нест.

[2]  ألا ترى أنه عرف الواجب في مفتح رسالته: بما ثبت بدليل فيه شبهة وذكر عن حكمه حكم الفرض عملا لا اعتقادا ثم ذكر في الباب الثاني المنعقد لبيان واجبات الصلاة: من جملة الواجبات لفظ التكبير للتحرمة. وهذا مخالف لأكثر الكتب المتعبرة فإنهم صرحوا بأجمعهم أن لفظ التكبير للتحرمة سنة لا واجب ولا شرط. وعرّف الحرام في مفتح رسالته بما ثبت النهي فيه بلا معارض وذكر ان حكمه الثواب بالترك لله عزوجل …

ثم ذكر في الباب الخامس المنعقدِ لِتَعداد المحرمات: منها الجهر بالتسمية والإلتفات يمينا وشمالا بتحويل بعض  الوجه، والإتكاء على الأسطوانة أو اليد ونحوه بلا عذر، ورفع اليدين في غير ما شرع  ورفع الأصابع في الركوع والسجود، والجلوس على عقبيه للتشهد والإشارة بالسبابة في التشهد والزيادة بعد التكبير والثناء… وهذا كله مخالف لأكثر الكتب المعتبرة بل كلها فإنهم عَدُّوا أكثر هذه الأشياء في المكروهات وبعضها ليس بمكروه أيضا على القول الصحيح الذي ليس ما سواه إلا غلطا قبيحا كالإشارة بالسبابة. أَوَ لم يَعلم أن تعريف الحرام الذي ذكره ليس بصادق على أكثرها. فأي نهي ورد في الجهر بالتسمية وفي رفع اليدين في غير ما شرع وفي الإشارة بالسبابة وفي زيادة الأذكار على الثناء وغيره. ونظائر هذا في تلك الرسالة كثيرة شاهدة على أنها جامعة للغث والسمين من غير فرق بين الشمال واليمين. والحكم في هذه الكتب الغير المعتبرة وأمثالها أن يؤخذ ما صفا منها ويترك ما كَدَر منها وأن لا يؤخذ بما فيها إلا بعد التأمل والتفكر… إلخ.

[3] الحرام ما ثبت النهي فيه بلا معارض.

[4] Муқаддимаи Умдатурриъоя, саҳ 12-13.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.