Шинохтани Худованд

Дар ин боб хостем, ки шумоёнро аз баъзе маънои оятҳои Қуръонй бохабар созем, Шояд Худованд қалбҳои моро аз куфру нифоқ пок созад.

Бародар ва хоҳари азиз як фикру андешаи худро ба ин ояи карима равона созем, ки Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст:

“Ёаюҳан нас уъбуду раббакумул лази халақакум валлазнна мин қабликум лаъаллакум таттақун. Аллазӣ ҷаъала лакумул арза фирошав вассамоа биноав ва анзала минассамои моан

фаахраҷа биҳи миннассамароти ризқал лакум фало таҷъалу лиллоҳи андодав ва антум таъламун” СураиБақара, ояти 21-22.

Яъне, Худованд дар ин ояти карима мардумонро нидо мекунад, ки (Эй мардум ибодат кунед, Худоеро, ки халқ кардааст шуморо ва шахсони пешинаи шумо бударо, то ки ба сабаби раҳмати Худованд ва тоаъту ибодатҳои кардаи худ аз азоби Худованд наҷот ёбед. Он Худованде, кн барои зиндагонии шумо заминро қароргоҳ ва осмонро монанди бом дар болои шумо гардонидааст ва нозил кардааст аз осмон боронро ва баровардааст ба сабаби борон меваҳою набототро ҳамчун ризқ барои шумо. Пас муқаррар макунед барои Аллоҳ ҳамтоёнро ҳол он ки шумо медонед.

Ин ояи карима ба ҳастии офарандаи ин олам, ки Ӯ

Худованд аст далолат мекунад. Инсон агар фикру андеша кунад дар пайдо шудани ин осмони бузург ва замине, ки дар болои он бо оромй роҳ мегардаду истироҳат мекунад дарк мекунад, ки ҳамаи инҳо ба будани Худованди қодиру тавоно далолат мекунад, зеро одами оқил мефаҳмад, ки ҳар чизеро пайдокунандаест ва ин олам низ худ аз худ пайдо нашудааст.

Аз аъробие (саҳронишин) пурсиданд: Чй тавр мавҷуд будани Худовандро донистй? Дар ҷавоб гуфт: “Он саргини уштур, ки ба будани уштур далолат мекунад ва он изи қадам, ки далолат ба одами гузапгга мекунад, пас чй тавр ин осмони бесутун истода, ки бо офтобу моҳтоб ва ситораҳо зиннат дода шудааст ва ин замине, ки бо фироши сабз пӯшонида шудааст ва он баҳрҳои пурмавҷ оё ба будани Холиқи Ҳаким далолат намекунад?” Оре ҳамаи инҳо далолати қотеъона ба будани Худованди карим мекунад.

Рӯзе имом Абу Ҳанифаро якчамд даҳриҳо пурсиданд: Чй тавр будани Худоро исбсл мскунед?” АбуҲанифагуфтанд: “Баъдазду рӯз ҷавоб хоҳпм дод”.

Баъдиду рӯзҳозиршудандиӯдаҳриҳо с .июл кирданд,

ки чаро ду рӯз мӯҳлат пурсидед? Гуфтанд: “Ман дар фикри киштие будам, ки чӣ тавр худ аз худ бе ронанда аз соҳиле ба соҳили дигар ҳаракат мекард”, кофирон гуфтанд: Оё шумо ақл доред ё не? Кипггй бе ронанда ҳаракат нахоҳад кард ва эҳтиёҷ ба фикру тааммул ҳам надорад. Абу Ҳанифа гуфтанд: “Ба бе ронанда ба ҳаракат даромадани ин кинггй боварй надоред пас чй тавр ба худ аз худ пайдо шудан ва дар ҳаракат даромадани ин замину осмон бовар кардед , пас чаро инкори вуҷуди зотеро доред, ки ин замину осмонро офаридаасту, дар ҳаракат андохтааст”? Вақте ки ин . суханҳоро шуниданд боварй ҳосил карданд, ки ба ҳар як махлуқоти ин олам холиқу созандааест, ки ӯ Худои таъоло мебошад.

Барои ҳамин Худованди таъоло вақто ки далелу ҳуҷҷатҳои далолаткунанда ба ҳастии худро баён кард дар давоми оЯТ фармуд:

“Фало таҷъалу лиллоҳи андодав ва антум

т а ъ л а м у н ” с у р а и Бақара, ояти 22

Яъне, (дар ибодати Худованд касеро шарик наёред ва шумо медонед, ки Ӯ яккаву ягона ва ғайри Ӯ ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе сазовори ибодат нест).

Эй бародар ва хоҳари азиз вақто ки мо ин оятҳои қуръниро мехонему мефаҳмем, бояд ки аз ин оятҳо панд бигирем ва худро суол бикунем, ки чаро мо он зотеро, ки моро аз як қатраи об ба дунё овард ва дар пшками модарамон ризқ дод ва пеш аз ба дунё омаданамон пистони модарони моро бо шир пур кард, ибодат намекунем? Бале мо ибодати он Худоеро бикунем, ки моро бар тамоми махлуқот мӯътабар гардонидааст.

Боз ба дигар оятҳое, ки далолат ба ҳастии Худои таъоло мекунад назар бинамоем, дар онҳо омдааст:

“Ва фил арзи оётул лил муқинин”

сураи Зориёт, ояти20

яъне, (дар рӯи замин нишонаҳое ҳастанд, монанди кӯҳу ҳамвориҳо, дарёву баҳрҳо, инсону ҳайвонҳо ва меваю набототҳои гуногуншаклу рангоранг барои боваркунандагон. Ин ҳама аломатҳое мебошанд, ки далолат ба будани Худованди тавоно мекунанд.

“Ва фӣ анфусикум афало тубсирун”

сураи Зориёт, ояти 21

Яъне, инчунин дар худи инсон далелҳо ва ҳуҷҷатҳои бисёре ҳаст, вақто ки ба нафси хеш назар бикунад аҷоиботи бисёреро мебинад ва ба ҳастию тавоногии Худованд боварй ҳосил мекунад Масалан: агар инсон ба узвҳои худ нигоҳ бикунад мефаҳмад, ки ҳамаи ин узвҳо .дақиқона кор мекунанд ва ягон ҷиҳоз мисли узвҳои инсонй амал намекунад. Мисоле меорем, ки дили инсон то марги ӯ шабу рӯз дар амал аст ва он чашму гӯш, дасту пой ва узвҳои дигар, ки амалҳои аҷиберо ба ҷо меоваранд далолати қотиъона ба ҳастии Худованд мекунанд.

Барои ҳамин Худованд огоҳ карда мегӯяд:

“Афало тубсирун” сураиЗориёт, ояти21.

Яъне, (оё шумо назар намекунед ба нафси хеш ва ё ҳамаи инҳоро мушоҳида намекунед, ки ба ҳастии Худованд далолат мекунанд?.

Бародар ва хоҳари гиромӣ, худро як савол бикунем! Кист он зоте, ки мову шуморо бо шаклҳо ва рангу забонҳои гуногун ба вуҷуд оварда аст? Кист он зоте, ки моро форсзабон гардониду дигареро арабу турк? Кист он зоте, ки моро сафедпуст гардониду дигареро сиёҳу зарду сурхранг? Оё яке аз мо миллату, шакл ё ранги худро ихтиёр намудааст? Ба ҳамаи ин суолҳо Қуръони Карим ҷавоб медиҳад, ки он офаранда Худои таъоло аст, чуноне ки Ӯ таъоло мегуяд:

“Ва мин оётиҳи халқус самовоти вал арзи вахтилофу алсинатикум ва алвоникум инна фӣ золика лаоётин лил ъолимин”.

Сураи Рум, ояти 22.

Яъне, аз ҳуҷҷатҳое, ки ба будани Худованд далолат мекунад: офариниши осмону замин ва гуногунии забон ва рангҳои аҳпи башар аст, ки дар ҳамаионҳо нишонае мебошад барои донишмандон.

Ва инчунин Худованд қудрату тавоногии худро дар сураи ТОРИҚ баён карда мегуяд:

“Фал янзурил инсону миммо хулиқ”

сураи Ториқ, ояти 6.

Яъне, Худовандн қодиру тавоно инсонро амр мекунад, ки аз чй ва чй гуна халқ шудааст, як фикру андеша кунад. То ба сабаби дидану фикр кардан ба офаранда будани Худои таъоло ва ба қодиру тавоногии Ӯ барои бори дигар зинда гардонидани нсон дар рӯзи ҷазо боварй ҳосил кунад.

Худованд дар ҷавоб худаш хабар медиҳад:

“Хулиқа МИМ маин дафиқ” сураи ториқ ояти 6. яъне, (Халқ карда шудааст инсон аз оби дофиқ- нутфаи боқувва баромада).

“Яхруҷу мин байнис сулби ват тароиб”

Сураи Ториқ, яти 7.

Яъне, (он чунон обе, ки аз пушти мард ва устухони болои синаи зан мебарояд). Яъне чуноне, ки инро илми тиб исбот кардааст . Худованд инсонро аз ду об ба вуҷуд меоварад аз оби марду зан, ки дар бачадони зан ҷамъ мешавад.

Баъзе муфассирон дар тафсири ин оят гуфтаанд, ки оби мард дар тамоми аъзояш мебошад, барои ҳамин вақти баромадани он тамоми аъзои инсон инро ҳис мекунад бинобар ин фарзанд ба волидайни худ

монандиии зиёде дорад.

Бародар ва хоҳари азиз, биё ин мӯъҷизаи

Худовандро фикр кунем, ки мову шуморо аз он обе, ки инсон аз бӯи он дур мешаваду ҳақир мешуморад як инсони хушрӯю хушсифат ба дунё овард. Барои ин бояд шукр бикунем ва ибодату тоати ӯро ба ҷо орем. Вақто ки Худованд инсонро аз нестй пайдо кард, он Зот барои бори дигар зинда гардонидани ӯ баъд аз мурдан қодир аст. Ҳамчуноне, ки дар ояти баъдй фармудааст::

‘Иннаҳу ъало раҷъиҳи лақодирҒ’

сураи Ториқ, ояти 8.

Яъне (албатта Худованд барои зинда гардонидани инсон қодир мебошад). Дар ҳақиқат одами оқилу доно мефаҳмад он зоте, ки инсонро аз оби ҳақиру паст халқ кардааст, баъд аз мурдан инчунин Худованди тавоно бар зинда гардонидан қодир аст. Инсони оқил аз ин оятҳои карима ибрату панд мегираду дар ҷустуҷӯи ҳақиқати ислому имон мешавад ва гуфтаҳои ХудованДу паёмбар алайҳис саломро бо ҷону дил қабул мекунад. Аммо шахсе, ки ба шаҳвату ҳавои нафс дода шудааст ин мисолҳои Қуръонй ба ӯ таъсир нахоҳад кард, зеро ки ӯ оқибати худро фикру андеша намекунад.

Далелҳои ақлй

Бародар ва хоҳари азиз баъзе он далел ва ҳуҷҷатҳои далолат кунандаро ба ҳастии Худованд аз Қуръон шоҳид оварда будем, ки қатрае аз баҳр буданд, акнун ба баъзе далелҳои ақлй бо ҳам андеша намоем:

Вақто ки мо Сайёраеро (Мошинро) мебинем, ба зеҳну фикри мо созандаи ин сайёра меояд, ки чй тавр бо сурати зебову аҷоиб сохтааст ва аз ин дар ҳайрат мемонем ва ҳамаи мо тасдиқ мекунем, ки инро як одами доною бомаҳорат сохтааст, агар касе гуяд, ки ин мошин бе устою созанда сохта шудааст мо ӯро девона мегӯем. Ё ин ки мошинеро аз дур бубинем, ки омада истода бошад тасдиқ мекунем, ки ҳатман ин мошин ронанда дорад ва агар касе аз мо бигӯяд, ки мошин беронанда аст ӯро низ девона мегӯем. Акнун, ки ба бемуҳандису усто сохта шудани мошин ва бе ронанда дар ҳаракат даромадани он боварй намекунем ва шахсе, ки хилофи қавли мо бошад ӯро девона мегӯем, пас пайдо шудани осмону замин ва чизҳое, ки дар байни замину осмонҳо аст, мисли офтобу моҳ ва ситорагон, оё бе созандаи доною ҳаким ва банизом дароранда пайдо мешавад? Ҳаргиз! Албатта барои инҳо як созандаи ҳакимест, ки Ӯ Худои таъоло мебошад. Пас чи хел инсони оқил гуфта метавонад, ки ин мошинро созандаест ва ин осмону замини азимҷусса бе созандаанд?. Барои ҳамин мо як фикру андеша кунем ва аз гуфтаҳои Худованд ибрат гирем ва Худои худро бишносему тамоми корҳоямонро барои ризогии ӯ бикунем, иншоаллоҳ ба некбахтии дунёву охират хоҳем расид.

Бародар ва хоҳари азиз, барои холиқу Розиқамонро фаҳмидан баъзе оятҳои Қуръониро баён намудем. То

бошад, ки шукру ибодати ӯро ба ҷо биёрем ва амалҳои солеҳро мисли намозу рӯза, закоту ҳаҷҷи байтуллоҳро ба ҷо биёрем, шояд рӯзи қиёмат назди Худованди таъоло барои мо нуру ҳуҷҷат на наҷот бошанд.

Паёмбар (с) дар ҳадиси муборак гуфтаанд:

“Ас салоту нурун”ва қола: “Ман ҳофаза алайҳо конат лаҳу нуран ва бурҳонан ва наҷотан явмал қиёмати”

Яъне, (намоз нураст ва касе, ки муҳофизати он бикунад барои ӯ нуру ҳуҷҷат ва наҷот мешавад дар рӯзи қиёмат). Шарҳи ҳадис:

Намоз нурасг яъне, ҳар вақго ки инсонро дар қабри ториқу танг танҳо мегузоранд он қабр пурнуру равшан мешавад бо сабаби намозу рӯза ва бо дигар амалҳои хубу некии ӯ ва инчунин дар рӯзи қиёмат барои ӯ нур мегардад.

Саҳобагон аз пайғамбар алайҳиссалом пурсиданд:

Шумо чй тавр умматони худро дар рӯзи қиёмат аз байни дигар умматҳо мешиносед?” Дар ҷавоб гуфтад: “Аз осори таҳорат, ки аз он нур борида меистад, бо ҳамон нишона онҳоро хоҳам шинохт”.

Намоз наҶот аст яъне, наҷот аст аз азоби қабр ва аз оташи дӯзах, аз он азобе, ки шахси кофир дар он бо ҳамроҳи сангҳои тасфон месӯзад.

Намоз ҳуҷҷат аст яъне, ҳуҷҷат аст барои мусалмон будани инсон ва ба даромадани ӯ ба ҷаннат ва аз азоби дӯзах наҷот ёфтанаш.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.