Натиҷаи намозхонӣ

Яке аз ҳикматҳои намоз ин аст, ки инсон бо сабаби намоз аз корҳои бад ва ахлоқи паст дур мешавад чуноне, Худованд дар Қуръони карим хабар медиҳад:

“Иннас салота танҳо анил фаҳшои вал мункар” сурат анкабут, ояти 45.

Яъне, (албатта намоз инсонро аз корҳои баду ҳаром ва фоҳишагию зинокорй нигоҳ медорад). Чуноне, ки дар фазилати намоз ва фоидаи он аз паёмбар ъалайҳиссалом ҳадисҳо ворид шудааст. Рӯзе паёмбар ъалайҳиссалом бо ҳамроҳии саҳобагонашон нишаста буданд ба онҳо савол карда гуфтанд:

“Араайтум лав анна наҳран бибоби аҳадикум яғтасилу фиҳи кулла явмин хамса маррот ҳал ябқо мин дараниҳи шайӯн?” қолу: “ло ябқо мин дараниҳи шайун”. Қола: “фазолика мислус салавотил хамси ямҳуллоҳу биҳиннал Хатоё” (ривояти Бухори ва Муслим).

Яъне, (“оё дидед аз пеши дари яке аз шумо ҷуйборе равона бошаду он кас дар ҷӯйбор ҳар рӯз панҷ маротиба шустушӯи кунзд, оё дар бадани ӯ чирке боқй мемонад?” Саҳобагон дар ҷавоб гуфтанд: “Ҳаргиз боқй нахоҳад монд. Паёмбар алайҳи салом гуфтанд: ” Панҷ вақт намоз мнслн ин ҷуйбор аст, ки Худованд бо сабаби он тамоми хатогиҳоро пок месозад”).

Бубинед бародар ва хоҳари азиз! Чи тавр фоидаи намоз бузург аст. Намоз тозагию саломатй ва ҳам ризогии Худованд мебошад, инсон аъзои зоҳириашро бо об тоза мекунад, локин аъзои ботиниашро (дилашро) пок карда наметавонад, магар бо намоз хондан, зеро ки намоз инсонро аз тамоми ифлосию бадахлоқй нигоҳ медорад, чунонеки аз Қуръону аҳодиси Паёмбар алайҳи салом баён намудем. Дар мобайн суоле ояд, ки чаро баъзе инсонҳо намоз мехонанду аз корҳои бад даст намекашанд? Бале, ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст, бародари азиз, агар намоз холис барои ризогии Худо набошад ва намозхон аркону шурути онро мувофиқи китобу суннат ва онро бо мудовамат ба ҷо наоварда бошад, ё нияти ӯ ин бошад, ки одамон гӯянд фалонй намозхон шудааст, ё аз тарси падару модар намоз гузорад, чунин намоз ӯро аз корҳои бад нигоҳ намедорад.

Бародари азиз, як мисоле меорем, ки намоз ба инсон роҳи аз корҳои бад нигоҳ дошганро баён мекунад:

Рӯзе саҳобагони гиром ба Паёмбар (с) гуфтанд, ки чаро ин марди ҷавонро намоз аз корҳои бад нигоҳ намедорад? Он ҷавон корҳои фоҳишагию дуздй мекунад, боз ҳамроҳи шумо намоз мехонад? Пайёмбар алайҳиссалом дар ҷавоб гуфтанд, зудаст, ки ӯро намоз аз корҳои бад нигоҳ медорад. Чанд рӯзе нагузашта буд, ки ин ҷавон аз корҳои бади кардааш тавба кард ва худро ислоҳ бинамуд. Паёмбар ъалайҳиссалом гуфганд,

оё ман нагуфта будам, кн намоз инсонро аз корҳои бад нигоҳ медорад. Бубинед, ки ин ҷавон дар кадом ҳолат буду намоз ӯро ба кадом ҳолат овард, чунин қиссаҳо бисёранд агар зикр кунем мавзӯи мо тӯлонй мегардад ба фикрам ин ояти Қуръонй ва ҳадиси Паёмбар алайҳиссалом барои мову шумо басанда мебошад.

Бародар ва хоҳари азиз, албатта инсон мехоҳад, ки саодатманду некбахт бошад. Барои ҳамин ӯ доимо мӯҳтоҷаст ба Худованде, ки ӯро ба некбахтии дунёву охират роҳ нишон медиҳад, барои сазовори некбахтй гаштан мо бояд дӯстдори Худову расулаш бошем, то Худованд дӯстдори мо бошад. Мо он вақт дӯстдори Худову расул мешавем, ки гуфтаҳояшонро бо ҷону дил қабул кунему дар амал татбиқ намоем. Инчунин мо бандагони Худованд бо ҳамдигар дӯстй ва рафоқат пайдо кунем, то ки Худои таъоло моро ба некбахътию саодатмандии дунёву охират муваффақ бигардонад. Барои ноил гаштан ба ҷаннату ризогии Худованд бояд имони худро мукаммал созем ва амалҳои нек бикунем, монанди намоз, рӯза, закоту ҳаҷ ва дигар амалҳои нек. Бо суханҳои хушку холй ба ин дараҷа расидан мумкин нест, монанди қавли баъзе шахсон, ки мегӯянд ба Худованд боварй дорам ё дилам рост аст. Мо бояд ростии диламонро дар зоҳир бо амалҳои нек мисли намозу рӯза ва дигар амалҳои нек ошкоро созем.

Рӯзе як саҳобае ба Паёмбар алаҳаиссалом гуфтанд, ки эй паёмбари Худо барои ман дуъо бикунед, ки дар ҷаннат ҳамроҳи шумо бошам. Паёмбар гуфтанд:

“Аъинни ъало нафсика бикасратис сучуд”

(ривояти Аҳмад, Табароии ва Байҳақи).

Яъне, ту бисёр намоз бигзор, ман дар ҳаққи ту дуо мекунам, бо хости Худованд дар ҷаннат ҳамроҳ мешавем.

Бародар ва ҳоҳари азиз, ин фоидаҳои намозро бубинед, ки инсонро ба кадом дараҷаҳо ва манзилҳои муқадцас насиб мегардонад, чй тавре ки Худованд мӯъминонро сифат карда мегӯяд:

“Қад афлаҳал мӯъминун. Аллазина ҳум фи салотиҳим хошиъун”сураи Мӯъминин, ояти 1-2.

Яъне, дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон: он мӯъминоне, ки намозашонро бо хушуъу тарс мегузоранд). Яъне мӯъминҳо бо сабаби намоз гузоштанашон аз азоби дӯзах наҷот меёбанд ва дар ҷаннати Худованд дохил мешаванд. Аз паёмбар алаҳиссалом ҳадисе ворид шудааст:

Вақте ки Худованд ҷаннатро халқ карду дарахтҳояшро бо дасти хеш бишнонд, ба ҷаннат амр кард, ки сухан бигӯяд ҷаннат гуфто, ки (дар ҳақиқат мӯъминон наҷот ёфтаанд).

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.