КИТОБИ ЗАКОТ

Фарзияти закот

Баровардани закоти мол фарз мебошад, бар шахсоне, ки молашон ба нисобу ҳавл расида бошад.Ҳавл – як сол шуда бошад ба нисоби мол.

Закот яке аз арконҳои ислом шуморида шуда, манзилиати бузург дорад. Тамоми мусалмонон ба фарз будани он иттифоқ шудаанд. Шахсоне, ки фарз будани закотро медонанду инкор мекунанд аз ҷумлаи кофиронанд, аммо ба шахсоне, ки ба додани закот бахилй бикунанд аз гурӯҳи золимон ва чашандагони азобу уқубат шуморида мешаванд.

Далелҳое, ки ба фарз будани закот дар Қуръони карим омадааст бисёранд, яке аз далелҳо ин аст, ки Худованд (Ьаг>мудааст:

“Ва ақимус салота ва отуззакота”

сураи Музаммил, ояти 20.

Худованд амр мекунад инсонҳоро, ки (Барпо доред намозро ва бидиҳед закотро). Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят шудааст, ки Паёмбар гуфтаанд: Ислом бо панҷ чиз бино карда шудааст ва яке аз ин панҷ чиз додани закот мебошад.

Фазилати Закот

Дар баровардани закоти мол бисёр фоидаву фазилат ва ҳикматҳо аст, аз инҳо:

1. Пок шудани мусалмон аз гуноҳу хатогиҳо.

2.Нигоҳ доштани нафси худ, рӯҳан аз бахиливу хасисие, ки ин бисёр бадбахтиҳоро ба банда дучор мекунад ва шармандаву рӯҳсиёҳ мегардонад.

3.Ҳоҷати мусалмони фақирро баровардан, ӯро аз гадоиву хорй нигоҳ доштан.

4. Ба сабаби закот мардумонро ба имону ислом тарғиб намудан.

5.Ҳоҷати шахси мусофирро баровардан то ин ки ба аҳлаш солим баргардад.

6.Пок ва бобаракат шудани мол ба сабаби закот.

7.Нигоҳ доштани мол аз офатҳо ба сабаби тоъати Худованд. Ин аз баъзе ҳикматҳои закот буд.

ФАСЛИ СЕВУМ

Молҳое, ки дар он закот фарз мегардад

Чаҳор чизест, ки дар он закот фарз мебошад:

1.3ироату меваҳое, ки аз киштзори худ ба даст меорад. Мувофиқи қавли Худованд, ки фармудааст:

“Ва оту ҳаққаҳу явма ҳасодиҳи“сураи Анъом, ОЯТИ 141.

Яъне, (бидиҳед ҳаққашро (Закоти зироату меваро) рӯзи ҳосилғундориаш).

  1. Тилло, нуқра ва пул. Мувофиқи қавли Худованд, ки фармудааст:

“Валлазина якнизуназ заҳаба вал физзата ва ло юнфиқунаҳо фи сабилиллоҳи фабашширҳум биъазобин алим” сураи Тавба, ояти 134.

Яъне, шахсоне, ки тиллою нуқраро ҷамъ мекунанду (аз ҳоҷатҳояшон зиёда) дар роҳи Худованд нафақа намекунанд башорат бидеҳ онҳоро эй Муҳаммад (с) ба азоби пуралам.

  1. Молҳои тиҷорй: Молҳое, ки барои тиҷорат ё касб гирифтааст аз кадом моле, ки набошад ва соҳиби мол қиммати молро ҳисоб карда, аз 100% 2,5% ҳиссаашро мебарорад.

Аз ҳайвонот Шутур, гов гӯсфанд ва буз.

МИҚдОРИ ЗАКОТИ хайвонот

 

гов

Миқдор

Закоташ

1

Аз

То

30

39

Як гӯсолаи як сола

40

59

Гӯсолаи ду сола

60

 

2-Гӯсола

 

Ш утур

М иқдор

Закоташ

Аз

то

5

9

Як гӯсфанд

10

14

Ду гӯсфанд

15

19

Се гӯсфанд

20

24

Чор гӯсфанд

25

35

1 шутури як сола

36

45

1 шутури ду сола

46

60

1 шутури се сола

Г Ӯ С Ф А Н Д

М и қ д о р

3 а к о т а ш

А з

Т о

40

1 2 0

Я к г ӯ с ф а н д

1 2 1

200

Д у г ӯ с ф ан д

20 1

 

С е г ӯ с ф а н д

Миқдори нисоб

1.3ироатҳои заминй ё дарахтони мевадор ҳангоми ҷамъоварй ба 612 кл. расад баровардани закот бар соҳибаш фарз мешавад, аз ин ушрашро мебарорад, ба шарте, ки обашро аз борон ё чашмаҳо хӯрда бошад. Яъне аз 612кл. 61,2кл закот медиҳад, агар обашро худи соҳибаш дода бошад нисфи ушрашро мебарорад, яъне 612кл 30,6 кл. закот медиҳад.

2.Тилло: аз 85 гр. Тилло рубъи ушр (яъне аз 100 гр. 2,5гр) бароварда мешавад.

3.Пул: агар ба нисоб расад бо тилло ҳисоб карда мешавад.

4. А) Шутур: агар адади шутур ба 5-то расад як гӯсфанд бароварда мешавад.

Б) Гов: агар адади гов ба 30-то расад як гови яксоларо бароварда мешавад.

В) Гӯсфанду буз: агар адади инҳо ба 40-то расад як гӯсфанд ё буз бароварда мешавад.

Масорифи закот

Ҳашт касест, ки ба онҳо закотро сарф карда мешавад, ҳамчуноне, ки Худованд дар ояи карима зикр кардааст:

“Иннамас садақоту лил фуқарои вал масокин вал ъомилина алайҳо вал муаплафати қулубуҳум ва фир риқоби вал ғоримина ва фи сабилиллоҳи вабнас сабили фаризатан минналлоҳ валлоҳу ъалимун ҳаким”сураи Тавба, ояти 60.

Яъне, Албатта дода мешавад закотро барои:

1. Фақир: Ӯ шахсе, ки хоҷаташро бароварда наметавонад ва аз касе талаб намекунад.

2.Мискин: Ӯ шахсест, ки ҳоҷаташро бароварда наметавонад ва аз дигарон талаб мекунад.

3. Омили закот: Ӯ шахсест, ки ба ҷамъ кардани закот

ё ба ҳифз кардан ё ба тақсим кардани закот аз тарафи подшоҳ сардор таъин карда шудааст. Яъне он вақт мустаҳиққи закот мешавад, ки аз оли паёмбар набошад, мисли эшону тураҳо, ки онҳоро ба авлодони паёмбар нисбат дода мешаванд. Ба авлодони паёмбар закоту садақа ҷоиз намебошад, ба қавли Паёмбар алайҳиссалом, ки гуфтаанд:

“Иннас садақата ло танбағили олимуҳаммад”

равоҳу Муслим.

яъне, албатта закоту садақа ба оли Муҳаммад ҷоиз намебошад.

4.Муаллифатил қулуб: Онҳо соҳиби мансабоне, ки умед карда мешавад ислом овардани онҳоро ё боқй мондаашонро дар ислом агар мусалмон шуда бошад, Худованд бо сабаби онҳо дини исломро пурқувват мегардонад.

  1. Фир риқоб: Озод кардани ғуломон ё асирон аз дасти душманон.
  2. Алғоримин: Онҳо шахсоне, ки қарз гирифтаанд ва дар роҳи ҳалол истифода бурданд ба шарте, ки мусалмон бошад.
  3. Фи сабилиллоҳ: Дар роҳи Аллоҳ таъоло. Барои омода кардани ғозиён.
  4. Ибни сабил: Мусофире, ки молаш тамом шудааст. Бар ин ҳангг гурӯҳ инсонҳо сарф кардани закотро Худованд фарз гардонидааст.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.