Китоби Маргу зиндаги

Муаллиф Сайд Қутб

Тарҷума ва нигориш

Нурмуҳаммад Умаро

Идаяҳо ва андешаҳоямон ҷусаҳои сарду хамуше беш нестанд…

Лаҳзае, ки дар роҳашон ҷон диҳем ва ж бо хунамон серобашон кунем, ҷон мегиранд ва дар канори зиндагонк то абад мезиянд

Ислом муъомалаест байни ду шахс… Парвардигори якто муштариаст ва мӯмин фурушанда… байъатест бо Худо, ки пас аз он мӯминро ҳеҷ ҳаққе дар ҷону молаш нест… то номи Худо бар ҳама номҳо ғолиб гардад ва дини Худо бар саросари гетк“.

Ангӯште, ки рӯзона борҳо ва борҳо дар намоз ба ягонагии парвардигори якто шаҳодат ва гувоҳк медиҳад, қабул надорад, калимае дар роҳи гардан ниҳодан бар ҳукми ситамгаре бинависад…!”.

Сайд Қутб…

Дарича…

Шаб, пардаи сижҳ ва торикашро бар ҷаҳон густаронида буд. Бӯйи талхи марг дар ҳама ҷо ба машоми мерасид. Ситораҳои дурахшони осмон, сокиту хомӯш ба дунж чашм духта буданд, Қиссаи куштор ва маргу мир барои мо такрорк ва бемаъно шуда буд, ту гӯйи, ки мо чупононе будем, ки ҳар рӯз галаеро ба кушторгоҳ мебурдем то қассобҳо бо кордҳои тезу бурро сарҳояшонро аз тан ҷудо кунанд… ва мо бо дидани фаввораҳои хун ва рақси лошаҳои берӯҳ, девонавор механдидем.

Аммо ин бор парешонии шадиде бар рӯҳу равон ғолиб шуда буд, чаро ки бо бедор шудани хуршед мебоист он марде, ки дилҳоямонро шикофта ва дар дохили қалбҳоямон пояи муҳаббату ишқашро бо ихлоси худ муҳкам кубида буд, ба кушторгоҳ бибарем. Табиши қалбҳоямон, дуо ва орзӯе буд: эй кош хуршед барои ҳамеша бихобад, эй кош шаб барои ҳамеша бар дунж лангар андозад.

Аммо билохира субҳидам тулуъ кард ва хуршед бо нури заъиф ва беморгунааш шаби кутоҳро аз саҳнаи вуҷуд ронд ва саргуруҳбон (раиси зиндон) ба ману ҳамкорам дастӯр дод, ки зиндониро аз сулулаш берун кашам ва ба сӯйи чуби дор бибарам.

Агар ӯро медидк гумон мекардк, ки пирамардест шикаста ва нотавон, ки қарнҳои зиндагк шаллоқҳои зулмро бар пайкараш навохта аст ва ҳар гиз ба зеҳнат ва ба зеҳни ҳеҷ одамк хутур намекард, ки марди шаштсолае бошад. Ду нафарк ӯро аз ҷояш баланд кардем, чашмонашро бастем ва дохили мошини сарбастае ба сӯйи чуби эъдом ба роҳ афтодем.

Вақте банди дор бар гарданаш ниҳода шуд, садои дилхароши тормузи мошине, ки ба суръати ҳайратангез сар расид, ҳамаро дар ҷо мехкуб сохт. Афсари олирутбае аз мошин пожн шуд ва рост ба сӯйи мо омада дастӯр дод, ки фавран чашмҳои “Сайд”ро боз кунанд ва бандро аз гарданаш дур созанд. Он гоҳ бо чашмони ашколӯд ва садои ларзон гуфт: “Бародар Сайд! Ман ҳадяи гаронбаҳо аз тарафи раиси ҷумҳури меҳрубон ва азизамон бароят овардаам, фақат як калима ин ҷо бинавис ва ҷони худ ва дӯстонатро наҷот деҳ! Фақат бенавис: “Иштибоҳ кардам…маъзарат мехоҳам”, фақат ҳамин”.

Сайд чашмони соф ва нуронияшро ба сурати ӯ дӯхт ва бо лабханди зебо ва ором, монанди лабханди фариштаҳо ба ӯ гуфт: “Ҳаргиз! Дунжи фониро бо дуруғи абадк нахоҳам харид!” Афсар бо лаҳҷаи оғӯшта ба ҳузну андӯҳ ба таноби дор ишора кард ва гуфт: “Аммо Сайд…. ин марг аст!”. Сайд бо оромиш ва хунсардии комил ҷавоб дод: “Сад марҳабо ба шаҳодат дар роҳи Худо!”.

Ишораи ҷаллод пардаи суханҳоро дарид ва ҷасади Сайд ва жронаш дар ҳоле, ки забонҳояшон оҳанги зебо ва пуртанини шаҳодат ва ваҳдонияти Худованд ва

рисолати Пажбари Ҳақ ” أشهذ أْ لا إٌإٌٗ إلا الله وأشهذ أْ لزّّذا سعوىي الله”ро замзама мекарданд, дар ҳаво овезон шуд. Ин оҳанги зебо пардаи зулмат ва торикиро аз дилҳои мо канор зад ва ману дӯстам аз он рӯз бо хуни Сайд аҳду паймон бастем, ки роҳашро идома диҳем[1].

Марде, ки забону қалбаш ва ҳатто хунаш инсонҳоро ба сӯйи Худо даъват мекунад, дар охирин дидоре, ки аз пушти милаҳои зиндон бо хоҳараш дошт, дид ки меҳру утуфати хоҳарк, ашкҳои мисли марворидро бар рухсорааш ғалтонда ва донист, ки онҳо ӯро аз марги бародар тарсондаанд ва ҳоҳараш, ки рамзи суботу сабри солҳои зиндон ва шиканҷа буд, имрӯз аз тарс ба доғи бародар нишастан чунин парешон аст.

Хоҳараш аз ӯ мехост, ки бо як калима худашро аз марг бираҳонад, ҳоло он ки як ҳарф дар қомуси Сайд маънои эътироф ба тоғут ва тоғутижни замон ва имзо намудани қавонини куфри башарк ва зери суол бурдани хуни шаҳидоне, ки зери тозижнаҳои ваҳшижни рӯзгор, ҷон доданд ва низ маънои муҳри ботил задан бар ҷиҳоду талоши даъватгарони роҳи тавҳид дошт ва Сайд қабул надошт, ки пас аз солҳои зиндагии босаъодат дар сояи Қуръон, якбора ба зери парчами туғжну ситам бихазад. Аз ин рӯ буд, ки бар синаи фиръавнижн мушти “ҳаргиз” кубид.

Сайд барои ором кардани хоҳараш ин номаро, ки акнун дар дастони шумост, навишт.

Номае, ки аз дил бармехезад то бар дил нишинад

Номае, ки дарси шаҳомату шуҷоъат ба инсонҳо медиҳад…

Номае, ки зиндагию марг ва набарди нобаробаронаи он ду душмани ташна ба хуни якдигарро ба тасвир мекашад.

Номае, ки дар воқеъ тасвирест аз ҳақиқати зиндагк ва марг, ки чашмон аз дидани он оҷиз мондаанд…

ҳақиқати инкорнопазир… воқеъияти зинда ва фурузон..

Ин тапиши зиндаи қалбро ба ҳамаи қалбҳои зинда ва чашмони ҷустуҷӯгари ҳидоят тақдим мекунем, то тору пуди нафсҳояшонро бо нафасҳои охири Сайд ба ҳам бидӯзанд ва зиндагиро аз он ҷое шурӯъ кунанд, ки Сайд ба пожн расонид, то чархи зиндагк ба сӯйи абадият пеш равад.

Шояд ишора ба ин нуқта лозим бошад, ки унвонҳои кӯтоҳе, ки бар ҳар тасвир мушоҳида мешавад, сохта ва пардохтаи мутарҷим аст ва агар чунон чк бо тасвир ва ж фаҳму салиқаи хонанда мутобиқат надошт, гуноҳашро бар мо бибахшояд ва худ ба ҷойи он, он чиро шоистатар медонад, бигзорад.

Дигар ин, ки гумони роҷеҳ бар ин аст, ки “Сайд” унвони хосе барои ин навишатааш интихоб накарда буд, аз ин рӯ бархе онро таҳти унвони “Азвоун мин баъид[2] –Партавҳое аз дур- ва бархи дигар бо унвони “Афроҳур-руҳ[3] –Хушиҳои рӯҳ-, чоп ва мунташир кардаанд. Аммо мутарҷим бо таваҷҷуҳ ба мавзуъоти нома унвони “маргу зиндагк“ро барои он шоистатар дид.

Ва ҳамчунин пешванди суханро[4] бо тасвире аз зиндагии Сайд ва пасванди онро бо баҳсе дар фалсафаи “маргу зиндагк” аз дидгоҳи Сайд, зинат бахшидем ва бар ин асос рӯйи муқоба унвони “таҷума ва нигориш” барои худ интихоб кардем, то мабодо гуфтаҳои гуҳарбори Сайд бо ҷумлаҳои норасои мо, зебоияшро аз даст диҳанд.

Фурсатро ғанимат шумурда дастони холк “илтимоси дуо”ро пеши шумо хонандагони муҳтарам дароз мекунем, то бо лутфи хеш мутарҷим ва муаллифро дар дуоҳоятон жд кунед.

Нурмуҳаммад Умаро

Исломобод – Покистон

10 муҳаррами (ошӯро) соли 1424 ҳ

Инсоне аз раҳми Ҳаво

Онон, ки бо ӯ дар канораш зистанд, ӯро насими бо сафо ва сокиту ором ва сабуру бурдбор васф мекунанд.

Ва ононе, ки ӯро хондаанд, оташи сӯзон, шамшери буррон, тири дар камон ва бомби дар ҳолати инфиҷор меномандаш.

Гуруҳе ӯро пажмоваре медонанд, ки дар торикк ва ҷаҳолати рӯзгор аз он сӯйи олам ҳайрону саргардони зиндагк ва пушти ҳамаи ҷаҳолатҳову гумроҳиҳо басон хуршеде тулӯъ кард, то бори дигар дар колбади хаста ва куфтаи миллати Исломк, рӯҳи умед ва зиндагк бидамад.

Бархе ӯро адиби тундзабон медонанд, ки сижҳчолҳои сарду хомӯши зиндонҳои зулму ситам, ӯро ба инқилоби беравнақ ва беморгуна водошт.

Бархи дигар навиштаҳояшро тутижи (сурма) чашмонашон мекунанд ва баландии тоқи хонаҳояшонро ба он зиннат мебахшанд ва чун дар муҷодала бо хасме ба бунбаст мерасанд, танҳо фариштаи наҷот ва калиди дарҳои бастаро дар мижни варақҳои баррони ин навиштаҳои хуфта межбанд.

Ва бархи дигар ӯро адибе медонанд, ки зоидаи рӯзгор ва фарзанди рӯзҳои хос буд, ки вақташон сипарк шуда ва мебоист китобҳо ва фикрашро дар канори ҷасадаш ба хок супурд.

Ин ҳамон касест, ки дар торикиҳои рӯзҳои навҷавонк монанди куршапараки саросема ба ин сӯ ва он сӯ мепаридам ва дар пайи наҷот бар ҳар даре лаҳзае меистодам. Руҳаш, ки ҳаргиз зиндони танги ҷасадашро

таҳаммул накарда буд ва ҳамроҳ бо навиштаҳояш ба ҳар ҷо ба сайру сажҳат мепардохт, дасти навозиш бар сари саргардонам ниҳод, маро ба сӯйи машъали фурузони роҳи ҳидоят тела дод ва барои ҳамеша маро, мадюни бузӯргит хеш намуд.

Қазои Илоҳиро ҳол бар ин буд, ки хурҷини холии хеш баргирифта дар пайи маърифат, лангар бар соҳиле фуруд орам, ки беш аз 65 миллияти мусалмони дунж дар он ҷо гирди ҳам омаданд, то аз чашмаҳои пурбори Рисолат, тавҳид баргирифта ва шамъҳои ҳидояте шаванд барои ин миллатҳои чашмдаринтизор!

Муддати замонеро, ки бо ин гуруҳи шефтаи илму дониш сипарк намудам, саъй доштам, ки бо раванди вилодат ва пешрафти ҳаракати Исломк дар байни ин афрод ва кишварҳояшон аз наздик ошно шавам, дидам, ки ҳеҷ қавму миллате нест, ки аз партави нури ҳаракати навини Исломк ва агар чк ба миқдори андаке маҳрум гардида бошад ва ба андозаи густариши гароиши Исломк дар байни ин миллатҳо, номи “Сайд Қутб” дар сардафтари номҳои муслиҳини иҷтимоък ва фикрии ин умматҳо дар ҳоли зинда шудан, медурахшид.

Навиштаҳои Сайд Қутб, он ҷавони фирефтаи шаҳодат ва родмарди саъодат, дарҳои бастаи умедро барои ҳамаи ин мардуми дарбанд ва асорат гушуда буд, то ҷое ки гуруҳҳои бисжр ифротк дар бархе аз кишварҳои Африқои ва Арабию ва Туркк бо камоли ифтихор бар хеш лақаби “Сайд” мениҳанд.

Бароям бисжр таъаҷҷубовар буд, ки бинем китоби тафсири “Фи зилолил-Қуръон“и Сайд Қутб борҳо ва борҳо ба василаи ҷамоъатҳо ва гурӯҳҳои мухталифе, ки дар кишвари Туркия бурӯз карданд, тарҷума ва чоп

11

шудааст то ҷое, ки ба содагк метавонк ду гурӯҳи мутазод дар афкору андешаро, ки ба ҷони ҳам мезананд ва ҳар кадом “Фи зилолил-Қуръон”и Сайд Қутбро манбаъ ва истидлоли худ медонанд!

Баъдҳо даржфтам, ки ҳар касе Сайд Қутбро бино ба зоиқа ва мизоҷи худаш мехонад ва ҳама санги ӯро ба сина мезананд, дар ҳоле ки ӯ аз ҳама бехабар ва шояд ҳам безор аст!

Дар даврони таҳсилам дар риштаи адабижти Араб бо Сайд Қутби адиб ва Сайд Қутби инсон ошно шудам, Сайд Қутбе, ки дар чаҳорчуби башарият аз модар зода шуда ва дар ҳамин чаҳордевори дунж пас аз кашмакашҳои бисжре ҷоми ширини шаҳодатро нушид… дар жфтам, ки Сайд Қутби хажлк он устураи наҷот ва фариштаи растагорк, партавест сохта ва пардохтаи дӯстони нодон ва эҳсосоти ҷӯшони ҷавонон.

Ва низ даржфтам, ки ҳеҷ як аз инҳо Сайд Қутбро чунон, ки ҳаст дарк накарданд, на онон ки худро шогирди Сайд меноманд ва китобҳояшро бо тарҷимаҳои шикаста мебалъидам ва на ононе, ки бо лаъну нафрини ӯ, бар палаҳои қудрату сарват ва мавқеъият қадам мениҳанд.

Боре бо ҷавоне, ки ихлос ва ҷаҳолат дар ӯ омехта шуда буд бархурдам, ки мегуфт: китобҳои Сайдро беш аз шаш бор мутолиъа кардааст, ҷумлае аз Сайд зинатбахши ҳар ду ҷумла аз суханонаш аст! Ман ҳамеша ӯро бузӯрг мешумурдам, то ин ки аз бахти саъодат, калиди забонаш рӯзе дар маҷлисе, ки шарафи ҳузӯр дар он доштам, гушуда шуд ва дар дил мегуфтам, ки “забон бикшой то бигӯям ту кистк!”, дидам ки ҷуз номи Сайд баҳрае аз Сайд набурда! Ва чун бо ҳам рӯзҳое сипарк кардем, даржфтам, ки камбизоъатияш дар Арабк ӯро ба сӯйи Сайд Қутби Туркк кашондааст ва ҳамеша тарҷума ғайр аз китоби муаллиф мебошад, то ҷое ки гуфтаанд: “мутарҷим, яъне бузӯргтарин хоин” ва ба хусус тарҷумаи мунтаҳо пурравнақ ва ҷилобахши адабк ва он ҳам аз адиби варзида чун Сайд Қутб!

Ин ҷо буд, ки даржфтам мо форсизабонон аз ин, ки дар тарҷумаи навиштаҳои Сайд Қутб чун миллатҳои дигар шитоб накарда будем, то Худованд касонеро, ки ин шоистагиро доранд, бижфарад, бисжр иштиобоҳ накарадем.

Ба ҳар ҳол, бояд дид ки Сайд Қутб кист, Сайд Қутбе, ки на бар бурҷҳои ларзони ифрот савораст ва на бо толоқҳои ҷангалҳои торики тафрит, ғарқ шуда аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.