Китоби Маргу зиндаги

Саъодати ростин

Бо таҷрибаи хеш даржфтам, ҳеҷ чизе дар ин дунж бо он шодии дурахшони рӯҳ дар ҳангоме, ки битавонем ҳамнавок ва ҳамдардк, ж саъодату хушҳолк, эътимод ва итминон, ж умеду орзӯ ва ж шодкомиро ба дигарон ҳадя кунем, баробарк намекунад.

Ин шодк дар воқеъ лаззати осмонии аҷибест, ки онро дар ҳеҷ чизе аз ин дунж нахоҳк жфт. Партавест аз нури холиси осмон, ки дар сиришти мо метобад ва ҳеҷ подоше аз дунжи хориҷ намехоҳад, чаро ки подошро дар худ дорад.

Масъалаи дигаре дар ин ҷо вуҷуд дорад, ки бисжре аз мардум онро ба зӯр дар зери чатри ин мавзӯъ мегунҷонанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ рабте бо он надорад… ва он иборат аст аз сипосгузории дигарон ва эътирофашон ба некиҳоямон аст.

Намехоҳам аз осори зебои эътироф ба фазли дигарон ва ташаккур аз хубиҳояшон ва аз шодие, ки дар қалби исоргарон мегузорад, чашм бипушем, аммо инҳо ҳама чизҳоест дигар ва хориҷ аз доираи шодкомии воқеък.

Масъала дар инҷо хушҳолиест, ки зоидаи бозтоби қавк ва пурсарусадои хайр ва некист дар қалбҳои дигарон ва ин хуширо баҳоест аз он яке, зеро ин хушк аз ҷинси он хушии дигаре нест, ки дар лаҳзае, ки тавонем ҳамдардк ж ризоят, эътимод ж умед ва ж шодиеро ба дигарон ҳадя кунем ба мо даст медиҳад, балки ҳамон шодк ва хушҳолии холис ва покест, ки аз қалбҳоямон бармехезад ва бидуни эътимод ва нижз ба ҳеҷ гуна унсури хориҷие дубора ба сӯйи он боз мегардад ва подоши комили хешро низ дар даст дорад, чун аҷру подош дар хуни онҳо нуҳуфта аст.

Вафоти кобӯси марг

Дигар аз марг ҳеҷ ҳаросе надорам, ҳатто агар ҳамин лаҳза бижяд.

Аз ин зиндагк баҳраи бисжр бурдаам, манзӯрам инаст, ки бадон бисжр бахшидаам.

Басо, ки фарқ ниҳодан байни гирифтан ва бахшидан бисжр мушкил аст. Охир дар дунжи рӯҳ, он дуро маъно ва мафҳуми ягонаест. Ҳар гоҳ чизе бахшидаам, дар ҳақиқат онро гирифтаам, на ин ки касе ба ман чизе дода бошад. Манзурам ин аст, ки ман ҳамон чизеро, ки бахшидам, дубора пас гирифтаам, зеро хушҳолиям нисбат ба он чк, ки бахшидам, камтар аз шодии ононе, ки ононро гирифтанд, набудааст.

Аз марг ҳеҷ тарсу ваҳшате надорам, ҳатто агар ҳамин лаҳза фаро расад.

Дар ҳадди тавони хеш он чк тавонистаам, анҷом додаам. Корҳои бисжр зижд аст, ки агар умр ба ман иҷоза диҳад, мехоҳам онро анҷом диҳам, аммо агар натавонам, ҳасрату пушаймонии қалбамро фурӯ намебарам, чаро ки дигарон анҷомаш хоҳанд дод. Ман итминони комил дорам, он кас, ки бар ин дунж назорат дорад, ҳар гиз андеша ва фикреро, ки шоистагии мондан дорад, зоеъ намекунад. Он чк ки ман дар назар дорам, агар шоистаи зистан аст, ҳар гиз нахоҳад мурд.

Аз марг ҳеҷ воҳима ва ҳарос надорам, ҳатто агар ҳамин холо фаро расад.

Дар ҳадди тавони хеш саъй кардам, ки неккирдор бошам. Аз иштибоҳоту хатоҳоям бисжр пушаймон ҳастам ва ҳисоби онро ба Худои бузург месупорам ва хоҳони раҳмату мағфирати бедареғаш ҳастам ва аз азобу иқобаш ҳар гиз парешон нестам, зеро ман имон дорам, ки он ҳисобест дурӯст ва подошест одилона. Ман одат кардам масъулияти он чиро, ки аз ман сар мезанад, аъам аз хайру некк ж гуноҳу зиштк, таҳаммул кунам ва аз ин, ки ҷазову подоши иштибоҳотамро дар рӯзи ҳисоб кафи дастам ниҳанд, парешон нестам.

Сайд Қутб

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *