Китоби Маргу зиндаги

Оре… Сайд Қутби инсон

Дар яке аз рӯзҳои соли 1906 гиряи навзоде хонаводаи Ҳоҷи Иброҳимро, ки дар қаряи “Мушо” аз қаряҳои фақир ва дурафтодаи ҷануби Миср зиндагк мекарданд, шодмон сохт:

Ҳоҷк… ҳоҷк… муборак… мужда… писар…!

Ҳоҷк Иброҳим аз шиддати шодк даст бар ҷайбаш бурд ва ҳар чк дошт ӯро ба ӯ дод ва давон давон ба сӯйи ҳуҷраи хиштк ва гилиаш ба роҳ афтод.

Ҳоҷк Иброҳим ду зан дошт, ки яке аз онҳо барояш писари бузӯргаш, Муҳаммад Қутбро ба дунж оварда буд ва дигаре духтари бузӯргаш ва ҳоло ҳам Сайд Қутб ва се сол баъд духтари дигареро…

Ҳоҷк марди саховатманд буд, ки хонааш ҳамеша маҳали таҷаммуъи аҳли қаряи хаста аз кору рӯзгор буд то чилим кашанд ва бо хондани танҳо рӯзномаи қаря, ки ба хонаи Ҳоҷк меомад, саргарм шаванд. Даме бо ҳам гап зананд ва хулоса гул бигӯянд ва гул бишнаванд.

Ҳамоно сафо ва самимияти қаря буд, ки фақрро аз ждашон бурда буд… ва ин саховату бахшиши Ҳоҷк низ ҳар рӯз доираи сарваташро тангтар ва бӯйи хуши ному нишонашро парокандатар мекард… Модари Сайд Қутб бо таваллуди писараш дигар ғами фақру нодорк намехурд, чаро ки Сайд фардо монанди тағояш ба Қоҳира (пойтахт) меравад ва дар донишгоҳи Азҳар дарс мехонад ва метавонад дар оянда хонавода ва фомилашро раҳбарк кунад.

Рӯзҳои кӯдакк ва навҷавонк чун барқ сипарк шуд. Сайд дар хонаи тағояш дар Қоҳира сукунат дошт ва дар донишгоҳи Дорулъулум дар риштаи нақд ва адабижт машғули ба таҳсил буд ва бо услуб ва нигориши шевояш дар маҷалаҳои сижск ва адабк аз қабили “Рисола” ва “Ал-ливо ал-иштирокия” қалам мезад.

Дар аввалҳои чиҳилсолагк Сайд буд, ки китобҳои “Тасаввури фаннк дар Қуръон[5] ва “Мушоҳадаҳои қижмат дар Қуръон[6]и ӯ, ки ҳар ду бо вуҷуди ин, ки дар мавзуъоти Қуръонк буданд, вале бо номи Худо оғоз намешуданд, мунташир шуданд, ки ин амр таъаҷҷуби хонандагонро барангехт.

Имрӯз шигифтагони Сайди хажлк ва ж дӯстони нодонаш ғофил аз ин, ки дар он замон ҳанӯз Сайд Қутб натавониста буд аз кӯрроҳҳои ҷаҳолат ба роҳи рашодат қадам ниҳад, барояш садҳо далелу узр метарошанд!

Сайд Қутб бо вуҷуди фаҳму дониш ва дарки фарогираш, сафо ва самимият кӯдакона дошт ва ҳар гиз зери зулму ситам намерафт. Аз макру дурӯягк безор буд ва агар касе оташи хашму ғазабашро бармеафрухт, Сайд ӯро аз ҳам медарид… лаҳзае ором чун насим…шод чун гул… ва хандон чун булбул… ва лаҳзаи хурӯшон чун мавҷҳои дарж, дорои сафое, ки устухонҳои меҳру утуфатро дар ҳам мешиканад… ва баҳраманд аз шуълаҳои нарму зебое, ки фулодҳои дуруйиро об мекунад…

Инаст табиати шоирон ва адибон ва чунин буд Сайд Қутби адибу шоир… нармтар аз насим… буррандатар аз шамшер…

Аз маҳзари “Тоҳо Ҳусайн” адиби машҳури мисрк баҳраҳо бурда ва дар сангари устодаш “Аққод” бар адиби номвару машҳӯри Исломгаро “Мусатафо Содиқ Рофиък” ҳуҷум бурд. Рофеък ҳамон касест, ки вақте Тоҳо Ҳусайн бар зидди Ислому таълимоти волои он китобҳое навишт, ӯро бо навиштаҳои доғаш дарҳам кӯбид ва китобаш “Зери парчами Ислом7, якатози майдон ба ҷанг бо Тоҳо Ҳусайн, ки ӯро дар зери парчами шайтон медид, шитофт.

Вақте “Алк Тантовк”, адиби Исломгарои Суриягк, дид Сайд Қутб чунин ваҳшижна ба Рофеък, аламдори майдони тавҳид метозад, қалам ба дифоъ аз ӯ бадошт ва ин ҷо буд, ки оташи хашми Сайд домангири ӯ низ шуд.

تحذ ساََخ الإعلاَ : 7

Дар соли 1949 милодк Сайд бо бурсияи ҳукумати Миср дар хижбонҳои Калифорнияи Амрико қадам мезад, он ҳама таърифҳое, ки аз Амрикои бузӯрг ва пешрафта шунида буд, имрӯз пеши чашмони Сайд сароби дуруғин беш набуд ва Амрикое, ки Сайд дид, коргоҳ ва озмоишгоҳи пурсару садои ҷаҳон буду бас! Ҷомеъаи дарҳам рехта… бо ҷаҳолатҳои пурзавқу барқи қарни бистум…

Субҳидами 13 феврали соли 1949 буд, ки Сайд пас аз шаби тӯлонк аз дарду беморк тоза пиликҳояшро барҳам ниҳода буд, ки ногаҳон бо садои рақсу пойкӯбк ва шодк ва хушҳолии ноқусҳо ва мардум, саросема аз хоб парид.

…оҳ! инҳо чк тавр инсонҳоянд. Имрӯз ку иди крисмас нест… ой хонуми парастор!… бубахшед, имрӯз чк идест?

Парастор лаҳзае ба гунаҳои кабуди ҷавони шарқк зал зад ва гуфт: имрӯз рӯзи шодист… имрӯз душмани сарсахти мо дар машриқзамин ба қатл расида… имрӯз Ҳасанул-баннои мисрк кушта шуда аст…

Ин хабар ноқуси интибоҳ ва “огоҳбош”ро дар замири Сайд ба садо даровард…, Ҳасанулбанно, раҳбари ҷамоъати Ихвонулмуслимин…! ҳамон касе, ки бо ҳамфикронаш дар кучаҳо ва бозорҳо мардумро ба масҷид даъват мекунад… ҳамон касе, ки ман аз баландой дунжи адаб ва адабижт бо чашми ҳақорат ба ӯ менигаристам… имрӯз дар Миср кушта мешавад ва дунжи Ғарб чунин ба ваҷд меояд… ин чк сиррест, ки дар ӯ нуҳуфта аст? Ҳақан, ки қимати шахсро аз душманонаш бояд пурсид…!

Ҳангоме, ки зиндонҳои Миср аз Ихвонул-муслимин пур шуда буд ва дар зери тозижнаҳои ҷаллодон парпар мешуданд, китоби “Адолати иҷтимоък“и Сайд Қутб ба бозор тақдим шуд. Сайд китобашро ба “ҷавононе, ки аз он сӯйи олами хажлам ба ин сӯ меоянд, ҳадя карда буд, то бо дастони пурмеҳрашон ин динро ба қуллаҳои баланди маҷду перӯзии рӯзҳои аввалаш бирасонанд. Ононе, ки камар дар роҳи Худо бастаанд ва парчами ҷиҳодро дар даст, аз ҳеҷ зулму ситаме ҳарос надоранд…”. Вақте ҷавонони ҷигархуншуда ва ситамдидаи “Ихвон” ин ҷумлаҳоро хонданд, гумон бурданд, ки Сайд китобашро бо онон ҳадя намуда ва аз дижри куфр бо онон ҳамсафар шудааст.

Ин буд, ки чун Сайд Қутб аз Амрико баргашт, ӯро ба оғӯш гирифтанд… албатта Сайд тасмимашро аз қабл гирифта буд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *