Китоби Маргу зиндаги

Ман дар соли 1951 ба дунж омадам

Сайд бар дафтари зиндагияш то ин сол муҳри “ботил” зад ва худро зоидаи соли 1951 номид, соле ки бо корвони “Ихвонулмуслимин” ҳамсафар шуд, то ҷомиъаи гумроҳоро ба сӯйи саъодат ва хушбахтк раҳнамойи кунад.

Дар соли 1951 Абдулносир, сардамдори Миср, саҳнаи терори дурӯғине ба намоиш гузошт, то ба ин баҳона “Ихвонулмусилим”ро равонаи зиндонҳо кунад. Сайд бо вуҷуди садоқату дӯстии рӯзҳои донишгоҳ бо Абдулоносир ба сижҳчолҳои носирк, ки ждовари рӯзҳои зиндонҳои тафтиши ақоиди даврони сижҳи калисоҳо буд, равона шуд.

Ҳукми эъдоми Сайд ва шаш нафар аз ҳамфикронаш: донишаманди “Абдулқодир Авда, Муҳаммад Фарғалк, Юсуф Талъат, Иброҳим Тайб, Ҳандовк Дувайр, Маҳмуд Абдуллатиф” содир шуд, ки ҳамагк ба чуби дор буса заданд, ҷуз Сайд, ки аз дарди бемории шадид ва хунрезии ҷигараш барои орзӯйи шаҳодат рӯйи тахти бемористон ба худ мепечид.

Ин хости Худо буд, ки чанд сабоҳе бештар бимонад, то тафсири пурарзиши “Фи зилолил-Қуръон“ро комил ва китобҳое чун, “Хасоиси андешаи Исломк“ро раҳнамойи миллати Ислом кунад.

Сайд дар зери тозижнаҳои куршапаракони шабпараст ба ҳамфикронаш дарси тавҳид ва шаҳодат медод ва аз зиндон, донишгоҳе сохт, ки мардони вороста ба ҷомеъа тақдим кард.

Дар соли 1964 бо васотати Абуссалом Ориф, раиси ҷумҳури Ироқ, Сайд аз зиндон озод шуд. Абуссалом ба ӯ пешниҳод кард, ки ба Ироқ биравад ва ба унвони мушовири ӯ дарояд, аммо Сайд зери бор нарафт, чаро ки ӯ медонист суханоне, ки рӯҳи амалу ҷиҳод дар онҳо дамида нашуд, ҷавҳаре бар коғаз беш нахоҳанд монд ва мебоист бо туғжни ҷоҳилияти ҷомеъа то охирин қатраи хун набард кард.

Куршапаракони шабпараст, ки гумон мебурданд, Сайд бо ин ҳама заҷру шиканҷаи зиндон ва он ҳама бемориҳои кушанда, чанд сабоҳе бештар нахоҳад зист, натавонистанд рушноии зиндагиро дар чашмони ӯ таҳаммул кунанд, ин буд, ки бори дигар ӯро ба сижҳчолҳои намнок ва ваҳшатнок андохтанд ва дар 29 увти соли 1966 Сайд Қутб бар таноби дор бӯса ва бар баландии пирӯзк лабханд зад, пирӯзии руҳу равон ба модижн… пирӯзии ақида бар дарду ранҷ… пирӯзии имон бар фитна ва имтиҳон…

Ҳамаи инсонҳо хоҳанд мурд, аммо ҳамаи маргҳо дар худ рангу бӯйи пирӯзк надоранд!

Ва ҳамаи маргҳо таваллуди зиндагии абадк нест…!

Сайд Қутб бо хуни рангини худ бар сафҳаҳои равшани таърих, таваллудашро барои ҳамеша навишт, таваллуде, ки маргро роҳе ба сӯйи он нест!

Кобуси марг[7]

Ҳанӯз ҳам марг лавҳаи хажли туст ва эҳсос мекунк, ки дар ҳар ҷо пушти ҳамаи чиз дар камини туст. Гумон мебарк, ки ҳаюло ва абарқудратест, ки бар ҳамаи зиндагк ва зиндагон сайтара ва нуфуз дорад, ҳамчунин зиндагиро дар муқобилаш бисжр суст ва бефоида ва нотавон межбк.

Ман дар ин лаҳза, назари гузоро ба ӯ меафканам ва ӯро ҷуз қудрати сусту нотавон дар муқобили азамату тавони зиндагии зебо ва пурқудрат чизи дигар нажфтам, ки коре аз дасташ сохта нест, магар ин ки дар гӯшае такя кунад, то аз пасмондаи суфраи рангини зиндагк чизе дӯр андозанд ва ӯ аз он лошаҳои беҳуда тағзия кунад!

Ба зиндагк бингар, ки чк бисжр дарозу пурмаъност ва дар гирду атрофи мо шодмона навои умед месарояд!… Ҳамаи чиз ба сӯйи шукуфтан ва рӯйдан ва бузургк ба пеш меравад… Модарон аъам аз инсон ва ҳайвон, борвар мешаванд ва мезоянд… Парандагону чарандагон ва хазандагону моҳижн бар тухми шикастаи хеш суруди зиндагк ва зиндагонк месароянд… Замин бо гулҳои зебо ва меваҳову ниҳолҳои умед бар торҳои зиндагк таронаи саъодат месароянд… Осмон бо қатраҳои борон борвар мегардад ва даржҳо майдони рақсу пойкӯбии мавҷҳо мешавад… Ҳамаи чиз бар рӯйи

кураи хокк, бузӯргу бузӯргтар мешавад ва густариш межбад!

Ҳар чанд бор лошахури маргро мебинк, ки ҳуҷум меоварад ва чизе ба дандон мегирад ва фирор мекунад, ж дар гӯшае ором менишинад, то луқмае аз даҳони зиндагк ба замин афтад ва ӯ аз он тағзия кунад!

Ва зиндагк бо шуҷоаът ва диловариаш шодону хандон бидуни ин, ки ба марг кучактарин таваҷҷӯҳ ва эътиное дошта бошад, роҳашро идома медиҳад!

Он гоҳ, ки марг ғофилгирона нешаш мезанад, нолае сар медиҳад ва захми сатҳк ва маъмулк бармедорад, ки зуд шифо ва дармон жфта ва нолаи дарди ҷонашро бо хандаи шодк иваз мекунад ва бори дигар инсонҳову ҳайвонот, парандагону моҳижн, чарандагону хазандагон ва дарахтону гижҳон бар рӯйи замин суруду таронаи ҳажт ва зиндагонк месароянд.

Ва марг дар гӯшае нишаста ва камин гирифта, то фурсате ба даст оварад ва неше занад ва фирор кунад… ж, ки луқмаи ночиз аз даруни дандонҳои тези зиндагк берун парад ва аз он тағзия кунад.

Офтоб тулӯъ мекунад, хуршед пушти куҳҳо ба хоб меравад. Замин ба давраш мечархад ва зиндагк дар ин ҷо ва он ҷо зуҳур мекунад. Ҳамаи чиз густариш межбад. Густариш дар миқдору моҳият, дар камияту кайфият, ки агар аз дасти марг коре бармеояд, то кунун густариши зиндагк мутаваққиф мешуд, аммо чк суд, ки дар муқобили бозувони нерӯманди зиндагк ва қудрату тавони фавқулодааш, бисжр нотавон ва сусту ларзон менамояд.

Чаро, ки партави қудрати зиндагк бозтобест аз қудрат ва нерӯи волои Парвардигори тавоно.

21

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *