Китоби Маргу зиндаги

Зиндагии ҷовидон

Он гоҳ, ки дар чаҳорчуби хеш ва барои худ зиндагк мекунем, зиндагк бароямон бисжр кутоҳ ва суст ҷилва мекунад. Аз рӯзе, ки ждамон меояд шурӯъ шуда ва бо пожн жфтани давраи умр ба пожн мерасад.

Аммо ҳангоме, ки барои дигарон, барои ҳадафу ормон зиндагк мекунем, онро бисжр тӯлонк ва пурмаънову мафҳум межбем, ки аз рӯзи милод колбади инсон шурӯъ шуда ва ба сӯйи бениҳоятҳо пар мекашад ва баъд аз он, ки мо аз ин замини хокк рахт бармебандем, идома межбад.

Ин чунин аст, ки мо чандин баробар беш аз зиндагонии шахсиамон баҳра ва сӯд мебарем, он ҳам сӯди воқеък на хажлк. Бо нигориш ба зиндагк аз ин зовия, эҳсосамон ба рӯзҳо ва соатҳову лаҳзаҳои умрамон чандин баробар мешавад ва дигар зиндагк ба таъдоди солҳо нест, балки ба мизони авотиф ва эҳсосот бастагк дорад.

Он чиро, ки воқеъгарожн ваҳму хажл мешуморанд, дар воқеъ ҳақиқатест болотар ва бо арҷтар аз ҳамаи ҳақиқатҳои онон, зеро зиндагк ғайр аз эҳсоси инсон нисбат ба зиндагк, чизи дигар нест. Агар либоси эҳсос ба зиндагониро аз тани шахсе берун кашк, ӯро дар ҳақиқат аз маънои воқеък зиндагонк лучу лухт сохтайи ва ҳар гоҳ инсон бо авотифи дучандон ва шуъӯри дучанд ба истиқболи зиндагонк равад, дар ҳақиқат чанд баробар зиндагк дар колбадаш ҷой додааст.

Ин масъала аз рӯзи равшан бароям возеҳтару равшантар аст ба тавре, ки нижзе ба муноқаша надорад.

Ҳар гоҳ барои дигарон зиндагк кунем, эҳсосамон ба зиндагк, қудрату тавони бештаре межбад ва ҳар андоза, ки бар ин шуъӯру эҳсос бияфзоем, дар воқеъ ба ҳамон таносуб, эҳсосамонро ба ҳажт ва зиндагонк афзоиш медиҳад. Ба ин сурат аст, ки ҳақиқати зиндагонк беш аз беш густариш мешавад ва ҳамчун воқеъияти инкорнопазир таҷаллк межбад.

Бӯтаи саъодат ва дарахти шарорат

Тухми шарорату зишти бо суръатуи ҳаяҷонангезе мерӯяд, дар ҳоле, ки донаи хубк ва некк ором ором борвар мешавад. Аввал бо решаҳои сусту нотавон ва сатҳиаш саросема ба сӯйи осмон шоху барг мезанад, то нуру ҳаворо аз дарахти хайр бирабояд, аммо дарахти некуйи бо сабру субот, ором ором пеш меравад ва решаҳояшро мустаҳкам дар дили замин фурӯ мебарад, то камбуди ҳаво ва нурро ҷуброн кунад.

Агар мо бо диққат дар зоҳири барроқи дарахти сарбафалак кашидаи шарорат ва зиштк нигоҳ кунем ва ҷӯжи салобат (мустаҳкамк) ва бурдборк ва қудраташ шавем дар межбем, ки чк қадар сусту нопойдор ва нотавон аст, дар ҳоле, ки дарахти некӯйи бо синаи бузӯргу оҳанин дар муқобили балоҳои рӯзгор қад баланд мекунад ва бо суботи хирагараш камари туфонро дарҳам мешиканад.

Ва бо беэътинойи аз канори хасу хорҳое, ки дарахти шарорат ба сӯяш партоб мекунад, мегузарад ва ором ором ба пеш метозад.

Сайру сафар дар фаросӯйи дунжи қалб

Он гоҳ, ки хайру хубиро дар рӯҳу равон ва сиришти мардумон ҷустуҷӯ мекунем, ба хубиҳои бисжре бармехурем, ки чашм дар лаҳзаҳои аввал аз онҳо ғофил мондааст.

Дар воқеъ ин масъаларо ман таҷзия кардаам ва онро бар бисжре татбиқ додаам… ҳатто бар ононе, ки гумон меравад шароратпеша ва ситамгар ба дунж омадаанд ва беэҳсосу шуъур ҳастанд.

Ҳар гоҳ қатрае аз тасомуҳ ва бахшиш бар иштибоҳот ва ҳамоқатҳои онон ва миқдори муҳаббати ростин ва анадаке эҳтимому инояти содиқона ба мушкилот ва андешаҳояшонро бо сидқу ихлос ба онҳо ҳадя кунк, дар муқобил хоҳк дид, ки чк гуна муҳаббату дӯстк ва эътимодашон пеши поятон мерезанд ва бо чашмони худ ҳам ҷушиши сарчашмаи хайру некиро дар онҳо назорагар хоҳк буд.

Зиштк ва шарорат -он чуноне, ки гоҳе тасаввур мекунем ва гумон мебарем- дар даруни инсон, асолату умқ надорад, балки дар ҷилди сахтк, ки ба василаи он бо мушкилоти зиндагк барои зинда мондан бо чангу дандон ба ситез бармехезанд, лона карда, ки чун ба Худо имон оваранд ва дар амният ба сар баранд, он ҷилду пусти сахт канор мераванд, то меваи ширину хушмаза наможн гардад. Он ҳам танҳо барои касе, ки битавонад бо ҷалби эътимоду муҳаббати содиқона ва бо меҳрубонии бериж дар муқобили мушкилоту сахтиҳо ва дардҳову иштибоҳот ва ҳатто ҳамоқатҳои мардум, дили ононро ба даст овард, ба гунае, ки дар канораш эҳсоси оромиш кунанд. Каме синаи боз доштан дар ибтидои кор, зомини таҳқиқи ҳамаи ин маворид хоҳад буд, беш аз он чк аксари мардум интизор доранд.

Инҳо калимаҳои бепоя ва асос нест, ки дар сароби хобу хажл бирӯянд, балки таҷрибаи шахсии худам аст. Таҷриба кардам, ки бо қалби кушод ва синаи боз метавон ба ҳамаи он чк зикр шуд, даст жфт.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *