Китоби Маргу зиндаги

Шукуфаҳои муҳаббат

Он гоҳ, ки донаҳои муҳаббату самимият ва хайру некк дар қалбҳои мо мерӯянд, бисжре аз мушкилот ва сахтиҳо аз қалбамон рахт мебанданд.

Ва чун бихоҳем аз касе таъриф кунем ва мадҳу ситоиш нисораш кунем, дигар ба чоплуск ва тамаллуқ барнамеоем, чаро ки бо дӯстк ва садоқати хеш нисбат ба қалбҳояшон аз ганҷинаҳои хайру некии бисжр парда бармедорем, ки метавонем содиқона аз онҳо таърифу тамҷид кунем, зеро ҳеҷ инсоне жфт намешавад, ки дар ӯ асаре аз хубк ва меҳр набошад, то бо он таҳсини дигаронро барангезад, вале мо нахоҳем тавонист ин розро кашф кунем магар замоне, ки донаҳои муҳаббат дар қалбҳоямон реша зананд.

Ва ҳар гоҳ бизри самимият ва меҳрубонк дар руҳу равонамон ҷилва занад, дигар лозим нест, ки бори сангини бадиҳои дигаронро бар дӯш кашем ва ж бо сабру иштибоҳот ва ҳамоқатҳояшон худро биранҷонем, чаро ки бар нотавонию сустк ва нақси онҳо эҳсоси тараҳҳум хоҳем кард ва диламон ба холашон хоҳад сухт ва ҳар гиз пай иштибоҳоташонро нахоҳем гирифт.

Ва қоидатан аз сангинии бори ҳақорат ва хасорати онҳо роҳат мешавем ва аз касе ҳаросе ба дил роҳ намедиҳем.

Ҳар гоҳ гулҳои некк дар қалбҳоямон пажмурда шаванд, бори сангин ва камаршикани ҳиқду ҳасодат бар дилҳоямон такя медиҳад ва он гоҳ, ки аз унсури итминон ва эътимод ба дигарон маҳрум бошем, тарсу ҳарос балои ҷонамон хоҳад шуд. Пас он рӯзе, ки донаҳои муҳаббату самимият ва эътимоду дӯстии хешро ба дигарон ҳадя мекунем, дар межбем, ки чк неъмати бузӯрге аз итминону эътимод ва роҳатию саъодат ва хушбахтиро ба армуғон овардаем.

Аз мо беҳтарон!

Замоне, ки эҳсос кунем руҳамон аз дигарон поктар, қалбамон софтар, нафсамон волотар ва бартар, ақламон фаҳмидатар ва ҳушжртар аст ва чун “аз мо беҳтаронем!”, аз дунжи мардум канорагирк мекунем, то фазои бартарии хешро бо пастии дигарон олӯда накунем, қатъан кори бузӯрге накардаем, балки содатарину асонтарин ва камхарҷтарин роҳро баргузидаем.

Бидуни тардид шоҳкори воқеък онаст, ки бо рӯҳи бахшоянда ва самимк дар муқобили иштибоҳоту гуноҳон ва нотавониҳои мардум сабр пеша кунем ва бо онҳо даромезем, дар ҳадди тавони худ барои наҷоташон аз ботлоқи гумроҳк ва боло бурдани сатҳи фарҳанг ва дониши онҳо камари ҳиммат бибандем, то бо мо дар як сатҳ қарор гиранд.

Ин бадон маъно нест, ки мо аз уфуқҳои баланд даст кашем ва аз намунаҳову мафоҳим ва эътиқодоти волои саъодат ва имон ба пожн лағжем ва ба чоплӯск ва тамаллуқу мадҳ ва ситоиши зиштҳо ва палидиҳои онон бипардозем ва ж ба онҳо бифаҳмонем, ки мо аз онҳо волотару бартарем.

Балки бузӯргк ва азамати ҳақиқк онаст, ки бо қалби боз ва синаи кушода битавонем ин ҳама таноқузот ва дигаргуниҳоро дар худ ҷой диҳем ва аз уҳдаи он бароем.

Ҳама бо ҳам ва яксадо!

Ҳар гоҳ ба дараҷаи муъайяне аз қудрат боло равем, эҳсоси айбу зиштк аз ин, ки аз дигарон дархости кумак ва жрк мекунем, дар қалбамон хафа мешавад ва аз ин, ки кумаку жрии дигарон ҳар чанд, ки аз мо нотавонтар бошанд, сабаби расидани мо ба ин макони бартар ва мақоми воло мешавад, чизе аз мо намекоҳад ва муҷиби ҳақорат ва кучакии мо намешавад.

Он гоҳ, ки дар ҷонибе аз ҷавониби рӯҳамон сусту нотавон мешавем ва эътимод ба хешро аз даст медиҳем, мекӯшем, ки ҳар чиз ва ҳар кореро бо дастони нотавони хеш тартиб ва анҷом диҳем ва аз ин, ки аз касе жрк ҷӯем ва ж касеро дар ин кор бо худ шарик ва ҳамжр созем, ибо меварзем… ж аз ин, ки мардум даржбанд, ки мо бо ҳамкории касе бадин маротиби воло даст жфтаем, бисжр эҳсоси ҳақорат ва пастк мекунем… аммо агар воқеъан мо қавк ва нерӯманд бошем, дигар аз ҳамаи инҳо парво надошта, дар баробарашон эҳсоси пӯчк ва беҳудагк намекунем, зеро танҳо кудаконанд, ки бо вуҷуди нотавонк бар роҳ рафтан, дасти жриатро канор мезананд, то мабодо бар он такя кунанд.

Ва замоне, ки бамизони болое аз қудрату тавони руҳк даст межбем, бо қалби боз ва бо руҳи саршор аз сипосу шодк ва хушҳолк ба истиқболии кумаку жрии дигарон мешитобем.

Шукру сипос аз кумаке, ки ба мо тақдим медоранд ва шодк ва хушҳолк аз ин, ки дар ин роҳ касони дигар низ ҳастанд, ки бо мо ҳамормону ҳамақидаанд ва метавонанд дар масъулиятҳо ва сахтии роҳ моро жрк диҳанд… хушҳолк ва шодкомии муқаддас ва воло онаст, ки ҳангоми имтизоҷи авотифу эҳсосот ва шуъӯр ба ягонагк дар қалбамон тулӯъ мекунад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *