Китоби Маргу зиндаги

Машъалдори ҳидоят

Мо ба мутахассисоне дар риштаҳои мухталифи улуми инсонк ва таҷрибк нижзи мубрам дорем, ононе, ки дафтарҳои кор ва озмоишгоҳҳояшонро савмаъа ва ибодатгоҳу меҳроби хеш, қарор медиҳанд ва зиндагиашонро дар роҳи кашфу густариши риштаи тахассусиашон бо руҳияи на танҳо саршор аз исору гузашт, балки моломол аз лаззату саъодат фидо мекунанд, бо ҳамон рӯҳия ва шуъӯри обиди парҳезгоре, ки лабханди шодмонк ва саъодату хушбахтк бар лабонаш нақш баста ба дидори маъшуқи воқеък ва танобдор меравад, то рӯҳашро ба Парвардигори якто ҳадя кунад…

Нишони марди мӯмин бо ту гӯям

Чу марг ояд, табассум бар лаби ӯст[8]

Бо вуҷуди ин мебоист даржбем, ки инҳо афроде нестанд, ки сарнавишти зиндагиро ба даст мегиранд ва башарро ба сӯйи дарвозаи саъодату некбахтк раҳнамойи мекунанд ва хатти машйи ояндаашонро барояшон муайян менамоянд.

Пирони тариқат ва роҳомӯзони ҳақиқат, ҳамвора касоне буданд ва хоҳанд буд, ки аз қудрати рӯҳии болое бархурдор буданд, ононе, ки ҳомили шӯълаи муқаддасе ҳастанд, ки ҳамаи зарраҳои маърифат дар ҳарорат ва гармии он завб (об) мешавад ва дар партави рӯшноияш корвонҳои башар ҳидоят межбанд, корвоне, ки тӯшаашон аз ҳамаи ин мавоҳиб ташкил жфта ва нерӯмандона бо қадамҳои устувор ва шитобон ба сӯйи ҳадафи воло ва бузӯрг ва дурдаст дар ҳаракатанд.

Роҳомӯзон ва раҳбарони воқеък касоне ҳастанд, ки бо басирати хеш ҳамоҳангк ва ягонагии фарогирро, ки дар зоҳир мутаъаддиду пароканда аст, мижни донишу ҳунар ва ақидаву амал дарк мекунанд, ба гунае, ки ҳеҷ як азин гузинаҳоро таҳқир намекунанд ва барои ҳеҷ кадом аз онҳо низ ҷойгоҳи беш аз андоза қоил намешаванд.

Танҳо ва танҳо кӯтоҳфикрону ва фурӯмоягонанд, ки гумон мебаранд дар байни ин қудратҳои ба зоҳир мутаъаддид ва пароканда, таъоруз ва ноҳамоҳангиҳое вуҷуд дорад. Аз ин рӯст, ки бо силоҳи дин ба ҷанги илм мешитобанд, ж ки бо силоҳи илм ба набард бо дин бармехезанд. Ҳунарро бо шиъори кору талош сар мебуранд ва ҷунбуҷӯш ва зиндагониро ба номи тасаввуф ва зуҳддорк дор мезананд, чаро ки онон ҳар қудрат ва нерӯе аз ин нерӯҳои муфидро ҷудо аз соири нерӯҳо мепиндоранд, ғофил аз ин, ки инҳо ҳама аз якҷо сарчашма мегиранд, аз он қудрати бениҳоят бузӯрги, ки ҳамаи ҳастк таҳти тасаллути ӯст.

Аммо раҳбарони бузӯргвор ва пешравони воқеък, ин ҳамоҳангиро дарк мекунанд, зеро онон бо он чашмаи асолат ва покк ва манбаъи аслк дар иртибот ҳастанд ва аз он ҷо фармон мегиранд.

Теъдоди онон кам аст. Дар таърих башар бисжр андаканд, оре бисжр нодир ва камжбанд. Аммо бо вуҷуди ин кифоят мекунанд. Бинобарин он қудрати пойдоре, ки ин ҷаҳонро офарида ва сарнавишти он дар дастони тавонои ӯст, ононро ба беҳтарин шакл меофаринад ва дар мавқеъияти муносиб ба ҷомеъаи башарк ҳадя мекунад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *