Китоби Маргу зиндаги

Ақли ҳайрон дар офоқи бениҳоятҳо

Таслими маҳз дар баробари қудратҳои ғайбк ва нерӯҳои хажлк ва ношинохта, хатарест бисжр бузӯрг, зеро ба хурофот ва ваҳмҳо мунтаҳк мешавад ва зиндагиро ба тепаҳои бузӯрг аз хажлоту хурофот табдил мекунад, ба тавре, ки ҳақиқат дар кураи роҳҳои он гум мегардад.

Аммо пушти по задан ба имон ба ғайб ва дунжи пинҳон ҳам хатараш камтар аз он нест, чаро ки бар равзанаҳои маҷҳул ва ҷаҳони пинҳон қуфл мезанад ва ҳамаи қудратҳои пинҳони ва номаҳсусро, ки дар маҷоли идрок ва ҳиссамон намегунҷад ва ж дар марҳала ва замоне қудрати тасаввурашонро надорем, инкор мекунад! ва бадин сурат аз масоҳату қудрат ва арзиши дунж мекоҳад ва онро дар доираи бисжр танг ва маҳдуди “маълум” мегунҷонид ва дар чаҳорчуби “идрок ва эҳсос” зиндонк мекунад, дар ҳоле, ки агар ҳамаи маълумотро бо бузургии ин коинот ва ҷаҳон муқоиса кунем, кучакк ва ҳақорати бениҳояти он бармало мегардад.

Зиндагии инсон бар ин кураи хокк, силсилаи куҳҳоест аз аҷзу нотавонк дар муқобили эҳсос ба қудратҳо ва нерӯҳои пинҳони ҷаҳонк, ж силсилаи куҳҳоест аз қудрати дарки ин нерӯҳо, ки бо гузашти замон ва бо бозувони нерӯманди каланди маърифату дониш, ҳар рӯз, ки инсон дар ин роҳи тӯлонк қадам ба пеш мениҳад, аз зери овораҳои ҷаҳолат сар бурун меоваранд.

Бадеҳист қудрати ақлк ва бозувони тавонойи инсон, ки ҳар чанд гоҳ як бор пардаи ҷаҳолатро аз як нерӯҳои ҷаҳон, ки то лаҳзае пеш ношинохта ва фаротар аз дарку эҳсос буд, бармекашад ва онро ба воқеъияти инкорнопазир ва қобили фаҳму идрок табдил мекунад. Бедорк ва шукуфоии ақлу басират ва дониш ӯро дар робита бо ин, ки ҳанӯз қудратҳо ва нерӯҳои дигаре низ ҳаст, ки ҳамчунон ношинохта монда, тазмин мекунад ва ӯ чун ҳамеша дар ҳоли таҷзия ва кашф кардан аст. То кунун онҳоро кашф накардааст.

Бидуни тардид эҳтиром гузоштан ба ақлу дониши башарк худ ба худ металабад, ки мо дар зиндагиямон барои дунжи маҷҳул ва олами ғайб ҷойгоҳе қобил бошем, на ин ки ҳамчун хурофапарастон ва ваҳмгарожн, зимоми умури хешро ба дасти ғайб биспорем, балки ба ин манзур, ки бо ақле, ки ба ғайб имон дорад, азамату бузургии ин ҷаҳонро он чунон, ки ҳаст даржбем ва манзалату ҷойгоҳи хешро дар ин ҷаҳон густарда ва паҳновар дарк кунем. Дар воқеъ аз ин роҳ аст, ки дарҳои бисжре аз донишу маърифат ва дарки авотиф ва эҳсосоте, ки моро бо ҷаҳон пайванд медиҳад, фарорӯйи рӯҳи инсон гушуда мешавад.

Қатъан ин мавзӯъ аз ҳама он чк, ки то имрӯз бо ақлҳоямон даржфтаем, амиқтар ва васеътар аст, ба далели ин ки мо ҳар рӯз бо вуҷуди истимрори гардиши чархи зиндагиамон, чизи ҷадиде аз дунжи маҷҳул кашм мекунем.

Бодкунакони (пуфак) сармаст

Дар ин даврон аз ҳам гусехтагии ақлк ва равонк, иддае аз мардум гумон мебаранд, эътироф ва иқрор кардан ба бузургии мутлақ ва қудрати номаҳдӯди Худованди мутаъол, мутародиф бо таҳқири инсон ва тасвири пастии ӯ дар ҷаҳони паҳновар аст. Гӯж ки онон Худованд ва инсонро чун ду дӯшман мепиндоранд, ки бо ҳам дар рақобатанд ва ҳар як мехоҳад бо саъйю талоши бештар, қудрату нерӯйи ҷаҳониро аз чанги дигаре бирбояд.

Ман эҳсос мекунам, ки ҳар андоза мо ба бузургк ва азамати волои Парвардигори оламижн беш аз пеш пай бибарем, ба ҳамон андоза дар худамон эҳсоси бузургк ва иззат хоҳем кард, чаро ки мо парвардаи он Парвардигори бузургем.

Ононе, ки гумон мекунанд бо инкори Худованд ва кучак шумурдани ӯ, худашонро боло мекашанд, афроди ночизанд, ки ҷӯз нуки биниашон чизе ва ж ҷойи дигарро намебинанд.

Онон мепиндоранд, ки инсон он гоҳ, ки дар домҳои нотавонк ва сустк гирифтор шуда, даст ба сӯйи Худо дароз кардааст, аммо акнун қудрати башар ба ҳадде густариш жфта, ки нижзе ба Худованд надорад. Гӯж дар назари онон аҷзу нотавонк, дарвозаи ақлу донишро мегушояд ва қудрату нерӯ бар он муҳри ҳамоқат мезанад.

Шоиста аст, ки инсон ҳар чк бештар қудрату тавон межбад, беш аз пеш ба қудрату азамати Парвардигор пай бибарад, чун ҳар вақт, ки қудрати дарку фаҳми ӯ густариш жбад, ба сарчашмаи ин қудрату тавон пай хоҳад буд.

Мӯминони воқеък, ононе, ки ба қудрат ва азамати мутлақи Офаридгор имон доранд, ҳар гиз эҳсоси нотавонк ва кӯчакк намекунанд, балки ҳамвора эҳсоси иззату сарбаландк мекунанд, чун бар нерӯе, ки бар ин ҳастк мусаллат аст, такя доранд ва низ медонанд, ки майдони эътило ва азаматашон дар ҳамин кураи хокк ва дар мижни мардум аст ва бо бузургии мутлақи Парвардигор дар ин ҷаҳон ҳеҷ гуна таъоруз ва тазоде надорад ва онҳоро пуштибонест қавк ва нерӯманд, ки аз имони ростинашон сарчашма мегирад.

Аммо ононе, ки чун болун (пуфак) дар худ медамиданд ва чашмони пуфкарда ва варамзадаашон партави нури ҷаҳонро намебинад, аз ин нерӯ ва такягоҳ ва озодманишк маҳруманд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *