Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дӯст дорад?

(Ё панҷоҳу ду тариқае, ки муҳаббати шавҳарро ба ҳамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набавӣ зиёд менамояд)

Муаллиф:

Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам».

(Ин ҳадисро Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон ривоят кардаанд).

Номи китоб: Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дӯст дорад?

Муаллиф: Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешгуфтори мутарҷим

Худованди бузургро сипосгузорем, ки тарҷумаи ин китоб бо дасти ин ҷониб анҷом гирифт. Умедворем, ки Худованди мутаъол бо лутф ва раҳматаш ин китобро мақбули хонандагон созад ва онро василаи ба салоҳ омадани ҳар хонаводаи мусалмон гардонад.

Худованд (ҷ) тавассути паёмбари фиристодаи худ ҳазрати Муҳаммад (с) ҷузъитарин мушкили зиндагиро дар олами башарият боқӣ нагузоштааст. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) ба ин мазмун ривоят шудааст, ки:

«Ман баъд аз дунё реҳлат карданам барои шумо ду чизро сармашқи зиндагиатон гузоштам, то вақте ба ин ду чиз чанг мезанед, ҳеҷ гоҳ гумроҳ нахоҳед шуд: яке китоби Худованд, ҷалла ҷалолуҳу, ки Қуръони азимушшаън аст, дуввум суннати ман (яъне аҳодиси Набавӣ)».

Агар инсон ба атрофаш бингарад, мебинад, ки пойдевори аслии ҷамъиятро занон ташкил медиҳанд ва мақоми зан дар Ислом рафиъу баланд аст ва ҳатто Худованд сурае бо номи занон-«Нисо» нозил кардааст. Зан бунёд ва асоси хонавода аст. Зан агар дуруст шавад, ҷомеъа ислоҳ шуда, ба сӯйи наҷот пеш меравад ва мардони бузург дар домани ҳамин бонувони покдоман парвариш ёфтаанд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар яке шеърҳояш ба занони мусулмон хитоб карда мегӯяд:

Эй ридоят пардаи номуси мо,

Тоби ту сармояи фонуси мо.

Тинати поки ту моро раҳмат аст.

Қуввати дину асоси миллат аст.

Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,

«Ло илаҳ» омӯхтӣ ӯро нахуст…

Инсофу адолат чизи бисёр муҳимме дар зиндагии ҳамаи инсонҳо аст. Агар инсонҳо бо ҳамдигар адолатро риоят мекарданд, башарият аз фоҷиъаҳои ҷангҳои вайронгар дар амон мемонданд. Ва агар инсонҳо дар ҳаққи Худо адолатро риоят мекарданд, хешро ва хонаводву амволашонро аз балоҳову офатҳо маҳфуз медоштанд. Зеро агар банда адолати Худовандро эътироф намояд ва Худоро дар ҳамаи он чизҳое, ки амр фармуда аст, итоъат кунад, Худованд ҳам ҳамаи ниёзҳо ва хостаҳои ӯро бароварда мекунад.

Хонандаи азиз, он чӣ пеши рӯ доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷӯҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.

Дар поён аз Худованди мутаъол ихлоси дар амалу гуфторро илтимос менамоем. Моро низ бо дуъо ёд кунед.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешгуфтор

Ҳамду сано мар Офаридагори оламро ва дуруду саломи бепоён бар фиристодаи Ӯ ва беҳтарини оламиён Муҳаммад (с) ва бар олу асҳобу тобиъинаш.

Ҳамоно Худованд (ҷ) неъмати издивоҷ намуданро ба мо арзонӣ дошта онро нишонае (ояте) аз нишонаҳои бузургии худ барои касоне, ки дар офаридаҳои Ӯ (ҷ) тафаккур мекунанд, гардонид.

Каломи Худованд:

﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾

«Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд».[1]

Худованд (ҷ) Муҳаммадро (с) ҳамчун Паёмбар ва роҳнамо ва муждадиҳандаву бимдиҳанда ба мо фиристод ва Ӯ (с)-ро намунае дар чанг задан ба одобу ахлоқ ва побанд будан ба манҳаҷи Илоҳӣ барои мо гардонид. Пас Муҳаммад (с) беҳтарин Паёмбар барои умматаш, беҳтарин (роҳбар) сарлашкар барои асокираш (размандагонаш), беҳтарин шаҳвар барои ҳамсаронаш ва беҳтарин падар барои фарзандонаш буд.

Паёмбар (с) шавҳаронро таълим дод, ки чӣ гуна шарики хуб барои ҳамсаронашон бошанд. Ва фармуд:

«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам».[2] Паёмбар (с) худ намунаи шавҳари некӯ буд. Нисбат ба занонаш раҳмдил буд, табиъаташонро медонист ва эҳтиёҷоти онҳоро дар назар мегирифт. Дар рафтори худ хашмину сахтдил ва золиму мустабид набуд, балки раҳмате буд аз ҷониби Худованд (ҷ), соҳиби қалби лабрез аз шафқат. Ба таҳқиқ Паёмбар (с) барои душманонаш раҳмат буд, пас бо дӯстонаш чӣ гуна хоҳад буд?! Ҳаргиз барои задани барда (хидматгор, банда, ғулом) ё зане даст набардоштааст, аз даҳонаш ҳаргиз лафзе, ки зан ё марди мусалмонеро озор диҳад, набаромадааст. Ӯ (с) гуфтори зиштро чун куфр бад медид. Ҳамеша дар хизмати аҳлу оилаи худ буд ва ҳар вақте бонги азонро мешунид, ба сӯи намозгоҳ берун мешуд, гӯё ки онҳоро намешинохт ва онҳо ӯро намешинохтанд. Ҳаргиз дар ҳаққи касе ҷабру зулм накардааст. Ҳуқуқи ҳамсарони хешро ба пуррагӣ адо намуда, намунае аз адл байнашон буд.

Ва чаро байни ҳамсаронаш адолат накунад? Дар ҳоле ки Паёмбар (с) қоил ба ин аст, ки «Адлкунандагон рӯзи қиёмат дар минбарҳое аз нур дар тарафи рости (ҳар ду дастони Ӯ (ҷ) дасти рост ҳастанд), Раҳмон ҳастанд. Ононе ки дар ҳукм ба аҳлашон ва ба зердастонашон адл мекунанд».[3]

Ҳарчанд саҳифаҳоро дар бораи сифатҳои Муҳаммад (с), ахлоқи эшон ва муъомилааш бо занони покдоманаш пур намоем, ҳаққи ӯро (с) адо карда наметавонем, зеро маноқиби эшон ва сифатҳои некӯи эшон (с) бисёртар аз шумор ва бузургтар аз адад аст. Барои мо басандааст, ки яке аз азвоҷи мутаҳаррот, Расули акрам (с)-ро мадҳ карда мегӯяд: «Ахлоқи эшон қуръонӣ буд». Ин шаҳодати ҳамсарест, ки аз ҳама асрори шавҳари худ огоҳ аст ва аз умуре огоҳ аст, ки дигарон огоҳ нестанд. Аз ҳамин сифатҳои олӣ ва ахлоқи некӯи беҳтарин шавҳар барои ҳамсаронаш намунае чанд хоҳем овард, то шавҳарон чӣ гуна бо ҳамсаронашон муъомила карданро биомӯзанд. Сифатҳое ҳастанд, ки ҳар як шавҳари мусалмон бояд худро бо онҳо зинат диҳад, тавре ки Паёмбар (с) рафтор мекарданд ва роҳҳое ҳастанд, ки шавҳар метавонад бо пайгирӣ намудани он, қалби ҳамсарашро ба даст орад ва назди ӯ маҳбуб гардад. Дар бораи чунин сифатҳои олӣ дар сафҳаҳои оянда бо ёрии Қуръони карим ва ҳадиси Паёмбар (с) сухан хоҳем ронд. Инчунин дар сухани хеш аз фармудаҳои ҳукамо ва донишмандони соҳаи оилаву оиладорӣ ва баҳсҳову таҳқиқоти эшон мисолҳо хоҳем овард. Бисёртар мисолҳо зикр нахоҳем кард, лекин онро бо воқеъият дар муъомила муқоиса мекунем ва ҳар шавҳар бидуни таклиф ва машаққати нафсию баданӣ имкон дорад ба пайравии он пардозад. Аз Худованди қодиру тавоно масъалат менамоем, ки ин амали ночизи моро бипазирад ва дуъоҳои ғоибонаи хонандагонро насиби мо гардонад. Аз Худованд (ҷ) хоҳони онам, ки аз манфиъати ин амал ҳамаи шавҳарону ҳамсаронро бархурдор намояд. «Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин».

Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

1.

Барои ҳамсарат худро зинат бидеҳ!

Одатан шавҳар аз занаш талаб мекунад, ки худро барояш зинат диҳад ва ҳамеша дар беҳтарин сурат бошад. Боке надорад, лекин оё худи шавҳар худро барои ҳамсараш зинат медиҳад ва завҷааш ӯро ҳамеша дар беҳтарин сурат мебинад?

Оё шавҳар гумон мекунад, ки зинат додан махсуси занҳосту бас ва барои мард боке надорад, ки ғуборолуду жулидамӯй ва бадманзар бошад?

Ва оё зан аз шаклу шамоили шавҳараш мутаассир намешавад? Агар инчунин бошад, пас чаро шавҳар қабл аз шаби аввали арӯсӣ ва ҳангоми номзад будан худро зинат медиҳаду ва либоси зебо ба бар мекунад, баъд аз он вақте ақди никоҳ мебанданд ва тӯй мекунанд, муддате нагузашта нисбати афту андоми худ, сару либоси худ бепарво мегардад? Чӣ боис гардид, ки дигаргун шуд? Беҳтар он аст, ки ба ҳамон шакл боқӣ монад ва нисбати шаклу шамоили худ бепарво набошад.

Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Ҳамоно ман барои ҳамсарам худамро зинат медиҳам, тавре ки мехоҳам ӯ худашро бароям зинат диҳад».

Зане назди Умар (р) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки ӯро талоқ диҳад. Умар (р) мардеро назди шавҳари ӯ равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р) ӯро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва мӯйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба ӯ бигӯянд, то гармоба равад ва мӯйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (р) ӯро назди ҳамсараш даровард. Ҳине ки назди ҳамсараш ворид шуд, дар лаҳзаи аввал ҳамсараш ӯро нашинохт ва аз ӯ ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиносӣ?!

Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмӯъминин Умар (р) сабаби ислоҳи шаклу андоми шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи онҳо шудааст.

Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ), ҳамоно занҳо дӯст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳайати зебо амр мекунад.

Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:

«Шахсе, ки дорои мӯйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд».[4]

Яъне ба покию тозагии он аҳаммият диҳад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с) дар чашмаи об нигариста мӯяшро шона мезад, яъне чашмаи обро ҳамчун ойина истифода мебурданд.

Паёмбар (с) аз беҳтарин хушбӯиҳо истифода мебурд. Ӯ (с) ба ёрони худ мефармуд, ки ба касе аз онҳо хушбӯие пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд:

«Шахсе, ки ба ӯ райҳон пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд, зеро он бӯйи хуш дорад».[5]

2.

Лутфу меҳрубонӣ ва ҳазл намудан бо зан

Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки вазифаи эшон омода намудани хӯроку либос ва монанди инҳо ҳасту бас, яъне ҷониби моддиро дар назар мегиранду ҷониби отифиро дар ҳаёти заношавҳарӣ фаромӯш мекунанд. Ҳазлу шӯхӣ ва хуш намудани хотири завҷаро аз ёд мебароранд, дар ҳоле ки ин амри басо муҳим дар ҳаёти заношавҳарӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷумлаи умурест, ки аркони дӯстию муҳаббатро байни зану шавҳар мустаҳкам мегардонад. Бо вуҷуди ин ки Паёмбар (с) дорои вазифаи бисёр ҳам муҳим буда ва ҳамчун раиси давлати исломӣ дар Мадинаи мунаввара ва баъдан баъди фатҳ дар Макка масъулияти бениҳоят вазнин ба дӯши эшон (с) буд, лекин ӯ (с) ҳаргиз ҷониби отифиро дар зиндагии заношавҳарӣ фаромӯш намекард. Хусусан дар баробари ҳамсари душиза ва ҷавони худ Оиша (р). Бинобар ин бисёр бо ӯ ҳазлу шӯхӣ мекард. Гоҳо бо ҳам дар давидан мусобақа мекарданд. Як бор Оиша (р) Паёмбар (с)-ро мегузашт, боз баъдан пойга мекарданду Паёмбар (с) ҳамсари худ Оиша (р)-ро пеш мегузашт ва бо ширинзабонӣ мегуфташ, ки «Ин пешгузаштанам дар ивази он пешгузоштани ту».[6]

Гоҳо Паёмбар (с) Оишаро иҷоза медод, то бо найзаҳо бозӣ кардани ҳабашиҳоро дар масҷид тамошо карда ҳаловат барад. Уммулмуъминин Оиша (р) худаш ҳикоя карда, мегӯяд, ки «Қасам ба Худо (ҷ), Паёмбарро (с) назди дари ҳуҷраам дидам, ва ҳол он ки ҳабашиҳо дар масҷид найзабозӣ мекарданд. Расулуллоҳ (с) бо ридояш маро панаҳ кард, то ман аз байни гӯш ва китфаш бозии онҳоро тамошо кардам ва ба хотири ман шуда он ҷо истод, то ин ки ман худ тамошо карданро тарк карда баргаштам». Пас шумо ҳам қадри духтари навҷавонро бидонед, зеро ки ҳанӯз синнаш хурд аст ва шавқи бозӣ карданро дорад.[7]

Чӣ гуна Паёмбар (с) ҳаққи ҳамсарашро дар корҳои (бозии) мубоҳ қадр намекунад, дар ҳоле ки мегӯяд: «Ҳар чизе, ки бани Одам бо он бозӣ мекунад, ботил аст, магар се чиз: тир андохтан аз камонғулак ром кардани асп ва шӯхию бозӣ намудан бо ҳамсар, ҳамоно ин се чиз ҷоиз ҳастанд».[8]

Паёмбар (с) ба Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ҳине ки аз занаш мепурсид, гуфт: «Ӯ (бикр) душиза аст ё саиба?» Дар ҷавоб фармуд: «саиба». Паёмбар (с) бо никоҳи душиза ӯро тарғиб намуда, фармуданд: «Барои чӣ душизаро ба занӣ нагирифтӣ, то бо ҳамдигар шӯхию бозӣ кунед?»[9]

Паёмбар (с) духтаронро иҷоза медод то назди Оиша (р) дохил шуда, бо ӯ бозӣ кунанд. Оиша (р) аспе дошт соҳиби ду қанот, ки бо он бозӣ мекард.

3.

Бо занон раҳмдил бошед!

Бидуни шак, ҳамаи мову шумо аз табиъати зан, ки ҳассосияти шадиде бар калом дорад, огоҳ ҳастем. Бо вуҷуди ин, бисёр вақтҳо қалби нозуки ӯро бо суханони дурушт ва сифатҳои зишт маҷрӯҳ месозем. Бисёр мавридҳо шавҳарон занонашонро танқид мекунанд, ки шояд баъзе аз онҳо дуруст бошанд, лекин бешак, тариқае, ки эрод мегиранд, равиши нодуруст мебошад ва дар муъомала бо зан ғайри қобили қабул аст. Ҳамин гуна рафтори нодуруст барои аз байн бурдани саодати зану шавҳар басанда аст. Дурси Декс мегӯяд:

«Аввалин ҳуҷҷат дар бадбахтии зану шавҳар ин аст, ки бештар аз панҷоҳ дар сад аз занон дар маҳкамаҳои талоқ танҳо ба сабаби танқиди ноҷо талоқ мешаванд. Танқид инсонро дилшикаста ва хору залил месозад[10]

Гоҳо мешавад, ки ҳамсарат дар омода намудани таъоми нисфирӯзӣ дер мекунад ва мешавад, ки шумо аз кор баргаштаед ва хаста ҳам ҳастед, лекин намебинед, ки ӯ низ ба кори хона машғул аст ва хаста мешавад?!

Набояд корҳоро ба сахтию шиддат гирифт, балки бо он бо сабру таҳаммул ва ҳакимона бояд рӯ ба рӯ шуд ва ба зудӣ хоҳӣ дид, ки ҳаётат чӣ гуна зеботар мешавад, пас бояд нисбат ба занон раҳмдил бошед.

4.

Ба ҳамсарат фурсат бидеҳ, то бо ту сухан гӯяд

Зан табиъатан гап заданро аз мард бисёртар дӯст медорад ва мо шоҳиди онем, ки духтарчаи хурдсол пеш аз писарчаи ҳамсинни худаш ба гап задан шурӯъ мекунад ва нисбат ба ӯ хубтар гап мезанад. Дар таҳқиқоте, ки миёни донишомӯзони мактабҳо шуда гузашт ва дар натиҷаи он бартарии духтарҳо аз писарҳо дар омӯзиши забон маълум гашт. Забономӯзии духтарҳо аз писарҳои ҳамсинни худ чанд маротиба боло будааст.

Зимни таҳқиқоти дигаре маълум шуд, ки вақти гап задани занҳо дар телефонҳо чанд маротиба аз мудати гап задани мардҳо бисёртар будааст.

Ифот Кристон дар китоби «Чӣ гуна ҷинси дигарро бифаҳмем?» сухани Олими забоншинос Рубин Покуфро нақл карда мегӯяд: «Бисёр вақтҳо зан барои идомаи сӯҳбат савол мекунад, дар ҳоле ки мардҳо саволро ба хотири касби маълумот истифода мебаранд». Яъне зан мехоҳад гуфтугӯ идома ёбад, гарчанд аз тариқи савол кардан бошад. Ва гоҳо мард аз ин равиш эҳсоси нороҳатӣ мекунад, чун табиъати занро намефаҳмад. Шавҳаре, ки ба ҳамсари худ, дар ҳоле ки ӯ гап зада истодааст, изҳори заҷр мекунад, сабаби нороҳату хиҷил гаштани ӯ мешавад ва ӯ аз сухан гуфтан худдорӣ мекунад ва дар ин ҳолат яке аз рағбатҳои асосиаш мемирад. Пас бо кӣ бояд сухан бигӯяд?!

Бар шавҳар лозим аст, ки собир бошад ва сухани ҳамсарашро қабул карда (шунавида) бо ӯ муомилаи нарм кунад ва табиъати ӯ ва ҳоҷаташро ба сухан гуфтан бипазирад.

Ҳадиси Абизаръро, ки дар «Саҳеҳайн» омадааст, мо медонем. Дар он омадааст, ки уммулмӯъминин Оиша (р) назди Расулуллоҳ (с) нишаста, ҳикояти ёздаҳ занеро намудааст, ки ҷамъ шуда аҳд карданд, ки ҳар яке аз онҳо чизе аз сифатҳои шавҳаронашонро аз ҳамдигар пинҳон накунанд ва ҳар яке аз онҳо нишаста, сифатҳои ҳамсари худро ҳикоя кардааст. Паёмбар (с) нишаста ба Оиша (р) гӯш медод ва ӯ саргузашту суханони он занҳоро ҳикоя мекард. Баъди ба поён расидани суханонаш ҳазл намуда гуфт: «Ман барои ту мисли Абузаръ барои Уммизаръ ҳастам». Ин ҳадиси дароз аст, ки зикри он дар ин ҷо имкон надорад. Мақсад аз зикри ин ҳадис гӯш додани Паёмбар (с) ба гуфтори Оиша (р) аст, то ин ки аз суханаш фориғ шавад.

Бо вуҷуди ин ки мардон аз сухани тӯлонӣ зуд малол мешаванд ва агар зане назди шавҳараш нишаста, чунин ҳикояҳо кунад, шояд шавҳар аз ҷояш хеста, ӯро тарк кунад. Аммо Паёмбар (с) чунин накард, зеро ҳоҷати занро ба сухан гуфтан медонист.

Ба таҳқиқ ҳоҷати зан ба сухан гуфтан монанди ҳоҷати ӯ ба таъому нӯшокист. Зан сухан гуфтан дар бораи ашхосро дӯст медорад. Аммо суханро дар бораи сиёсат, иқтисод ва монанди ин мавзӯъҳои иҷтимоӣ намеписандад. Балки вай ҳикоят карданро аз ашхос ва чизҳое мисли фалон мард ва фалон зан ва куртаву либос ва ғайра дӯст медорад.

5.

Бо номҳои нек нидояш кун!

Бешубҳа, ҳар яки мо мехоҳад, ки бо беҳтарин ном нидояш кунанд. Барои шавҳар лоиқ аст, ки номи дӯстдоштае ба ҳамсараш ихтиёр карда, бо он садояш кунад, то қалби ӯро ба даст биёварад. Ҳамчуноне ки Паёмбар (с) ҳамроҳи Оиша (р) мекард. Ӯ (с) ба Оиша (р) меҳрубонона мегуфт: «Эй Оиша». Гоҳо мегуфт: «Эй Ҳумайро».

Оиша (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) маро назди худ хонд, дар ҳоле ки ҳабашиҳо дар саҳни масҷид дар рӯзи ид камонбозӣ мекарданд ва ба ман гуфт:

– Эй Ҳумайро, мехоҳӣ, ки ба сӯи онҳо назар кунӣ?

Пас гуфтам:

– Бале!

Бо вуҷуди ин, месазад исме, ки шавҳар бо он ҳамсари худро нидо мекунад аз исмҳое бошад, ки ғайр аз ҳардуи онҳо касе аз он хабар надошта бошад. Аммо сухани Паёмбар (с) ба уммулмӯъминин Оиша (р): «Эй Оиша ё эй Ҳумайро» ин аз боби таълими одоби муъоширати зану шавҳар барои мусалмонон аст. Хусусан занони он Ҳазрат (с) модарони мӯъминон ҳастанд ва барои касе издивоҷ намудан бо онҳо баъди Паёмбар (с) ҳалол нест.

6.

Аз ташвишҳои равонӣ ва нафсонӣ барҳазар бош!

Омилҳои нафсонӣ таъсири бузурге дар робитаи зану шавҳар доранд ва шавҳаре, ки барои хурдтарин сабаб ба ғазаб омада асабонӣ мешавад хушиҳои оиладорӣ ва саодати онро аз байн мебарад.

Дини мубини Ислом барои нигоҳдошти саломатии худ ва саломатии дигарон моро таълим додааст, ки чӣ гуна бояд асаби худро идора кунем ва ғазабамонро пушонем ва корҳоро бо ҳикмат анҷом диҳем.

Дар зиндагӣ ҳатман зану шавҳар бо коре ё мушкилие рӯ ба рӯ мешаванд, ки онҳоро асабонӣ мекунад, хусусан шавҳарро. Пас оё шавҳар аз нафси худ дар ҳолати ғазаб пайравӣ кунад ё ғазабашро фурӯ бурда, асаби худро идора кунад?!

Гоҳо шавҳар дар ҳолати ғазаб кореро анҷом медиҳад ва баъд аз он сахт пушаймон мешавад ва пушаймонӣ суде надорад. Шавҳар бояд фармудаи Худовандро, ки сифати парҳезгоронро зикр намуда, онҳоро мадҳ намудааст, ба ёд орад:

Сухани Худо:

وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ ﴿۱٣٤﴾

«Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад».[11]

Акнун мову шумо бояд фикр кунем, ки то кадом андоза ғазаби худро фурӯ бурда метавонем ва ҳангоми қудрат доштан дигаронро мебахшем. Шавҳар бояд донад, ки ин сифатҳо бо тадбиру тафаккур ба даст меояд. Ҳеҷ инсон бо чунин сифат аз модар ба дунё намеояд, лекин бо гузашти вақту замон мешавад, ки сифатеро ба даст оред, ки қаблан дар шумо вуҷуд надошт.

Тавре ки илм бо омӯзиш ба даст меояд, сабру ҳилм ва дигар сифатҳои некӯ низ бо омӯхтан ҳосил мешаванд. Таҳқиқот ва омӯзишҳое, ки мутахассисон дар маҷоли (атроф) издивоҷ ва оила анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки зуд асабонӣ шудан дар муҳити оила хатари калон дошта, сабаби вайрон шудани бисёре аз оилаҳо мегардад.

Омӯзиши Терман яке аз таҳқиқоте ба шумор меравад, ки бисёр фарох ва амиқ мебошад. Ӯ дар ин омӯзиш таъсири омилҳои нафсонӣ бар саодати оиладориро ҷуё шуда, ба ҷустуҷӯи ихтилофот байни 300 оилае, ки дараҷаи саодатмандии онҳо олӣ будааст, пардохта баъд аз он ба ҷустуҷӯи 150 ҳолате оғоз кард, ки нишондодҳои онҳо камтар ҳастанд. Ӯ чунин мулоҳизае намуд, ки зану шавҳар дар ҳолати нофаҳмиҳову норасоиҳо дорои чунин сифатҳову амалкардҳо буданд: монанди зуд асабонӣ шудан, танқиди ғайрисозанда, майл ба ҳукмронӣ намудан ва аз байн бурдани низому тартибот. Инчунин муҳаққиқ «Терман» ба чунин хулосае омадааст, ки саодати оиладорӣ ва истиқрору оромиши виҷдон байни ҳам ба дараҷаи хеле калон робита доранд.[12]

7.

Ҳамсарат ҳамроҳи ту эҳсоси амну оромӣ кунад.

Бузургтарин ҳоҷате, ки зан аз шавҳари худ дорад, ин эҳсоси амну оромиш дар ҳоли ҳамроҳ будан бо шавҳараш аст ва ин, ки шавҳараш ҳаргиз аз ӯ ҷудо нашавад. Ҳамоно эҳсоси амну амон ҳамроҳи шавҳараш дар дӯст доштан ва эҳтиром кардани зан шавҳарро муассир аст. Аммо агар зан дар ҳоли ҳамроҳ будан бо шавҳараш эҳсоси хавф ва нобоварӣ кунад, ӯ ба шавҳараш бо шакку шубҳа назар мекунад. Шавҳароне вуҷуд доранд, ки ҳангоми сар задани ҳар гуноҳи хурду бузург ҳамсаронашонро таҳдид мекунанд. Шахсоне ҳам ҳастанд, ки калимаи «талоқ»-ро бисёр зикр мекунанд.

Акнун худ биандеш! Чи гуна ҳамсари ту эҳсоси амну оромӣ мекунад, дар ҳоле ки ҳар субҳу шом ӯро ба талоқ додан таҳдид мекунӣ?! Оё гумон мекунӣ, ки бо ин амалат меҳри ӯро нисбат ба худат бедор месозӣ?!

Ҳамоно шумо (агар чунин рафтор кунед) неъмати бузурги робитаи заношавҳариро қадр намекунед. Робитаи заношавҳарӣ амри хурде нест, ки бо андак сабаби ночиз аз он халос шавӣ. Худованд онро аҳди маҳкам номидааст.

Каломи Худованд:

وَأَخَذْنَ مِنكُم مِّيثَاقًا غَلِيظًا ﴿۲۱﴾

«Ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд».[13]

Ва Худованд (ҷ) талоқро аз нафратовартарин ҳалолҳо шуморидааст. Паёмбар (с) мефармоянд: «Манфуртарин ҳалол назди Худованд талоқ мебошад».[14]

Шавҳароне, ки ин калимаро (талоқро) бисёр зикр мекунанд ва шитобкорона ҳукм мекунанд, сахт пушаймон мешаванд, хусусан ҳине ки талоқ воқеъ мешавад ва аз он роҳи берун омадан намеёбанд. Шахсе, ки калимаи талоқ ҳамеша дар забонаш ҳаст ва бо хурдтарин сабаб талоқ медиҳад, бисёр ба осонӣ ҳаёташро барбод медиҳад ва пушаймон мешавад, замоне ки пушаймонӣ суд надорад.

Инчунин шавҳароне ҳастанд, ки ҳамсаронашонро таҳдид мекунанд, ки бар болои ӯ издивоҷ мекунад ё ӯро тарк мекунад ё аз ӯ рӯй мегардонад. Ин суханоне ҳастанд, ки шавҳар набояд онро ба забон биёрад. Издивоҷ намудани шавҳар ин аз ҳаққи худи ӯст, аммо ин ки зани аввали худро вогузошта, ҳуқуқашро риъоя накунад, ин ҳаром аст, зеро ӯ аз раъияти шавҳар аст ва шавҳарро аз он зан пурсида мешавад.

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар яки шумо нигаҳбон ва масъули зердастони худ ҳастед. Мард нигоҳбони аҳли байти худ аст ва ӯ аз зердастонаш пурсида мешавад».[15]

Шарти издивоҷ адл аст, на ҷабр намудан бар зани аввал. Агар шавҳар адл накунад, издивоҷи ӯ тавре, ки уламо гуфтаанд, ҳаром аст. Чӣ гуна баъзе аз шавҳарҳо ба зулм намудани ҳамсаронашон ҷуръат мекунанд? Оё ба хотири он ки касе нест, ки аз онҳо дифоъ кунад? Ҳар шавҳаре, ки ба ҳамсари худ зулм мекунад, бояд аз Худованд (ҷ) битарсад ва огоҳ бошад, ки Худованди бузург зулмро бад мебинад ва золимонро дӯст намедорад.

8.

Аз ҳадяҳои хушҳолкунанда истифода бар!

Аз ҳама дӯстдоштатар барои инсон ин аст, ки чизи дӯстдоштаашро ба ӯ ҳадя кунед. Хусусан агар ин ҳадя ногаҳонӣ бошад, яъне бидуни огоҳии қаблии ӯ. Ҳангоме ки ҳамсарат мефаҳмад, ки чизи дӯстдоштаашро ё мехостагиашро ҳозир кардед, ӯ муҳаббати туро нисбат ба худаш дарк мекунад. Ӯ хоҳад донист, ки шумо ӯро фаромӯш накардаед, лекин шояд машғул будаед ва бо вуҷуди он донистед, ки чи ӯро хушҳол мекунад ва барояш ҳозир кардед.

Ин эҳсосе, ки завҷаатон ҳини ҳозир намудани ҳадяи дӯстоштааш дорад, танҳо ва танҳо ба бештар шудани муҳаббат боис мешавад. Ин маънои онро надорад, ки талабҳои ҳамсаратонро иҷро накунед, то ин ки ӯ пофишорӣ кунаду исрор варзад ва баъд аз он ногаҳонӣ онро шумо ҳозир кунед, зеро дар ин сурат ногаҳон мужда додан манфиъат надорад, чунки ӯ аз талаб намудани он чиз хаста шуда буд. Ногаҳон овардани тӯҳфа он вақт асар дорад, ки бе талаб кардани ӯ ҳозир кунед ва дар ҳоле ки шумо эҳсос мекунед, ки ӯ ба ин чиз ҳоҷат дорад ва ин аз шумо ҳаваси хосе талаб мекунад, ки он чизеро, ки ҳамсаратро хушҳол мекунад, дарк кунед. Бешак ин амалро шумо аз дигарон ҳам хубтар анҷом дода метавонед, агар дар ҳақиқат ҳамсаратонро дӯст доред.

9.

Бо табассум ва хушҳолӣ ба ҳавлӣ даромадан.

Тавре ки аз зан талаб мешавад, ки ҳини дохил шудани шавҳараш ба манзил ӯро бо хубӣ истиқбол гирад, ҳамон тавр аз мард низ талаб мешавад, ки аз дар даромада, ҳамсарашро бо табассум ва хушҳолӣ истиқбол кунад. Аввалин калимае ки бо он сухан оғоз мекунад, бояд салом бошад. Салом ин таҳияи Ислом аст. Бо ибораҳои монанди «субҳатон ба хайр», «шоматон ба хайр» набояд оғоз намуд. Худованд ба беҳтар аз он мову шуморо роҳнамоӣ кардааст ва он «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу», ки маънояш саломатӣ бод бар шумо ҳамроҳи раҳмат ва баракоти Худовандӣ, мебошад.

Баъзе аз мардум ин саломро тавҳину қадрношиносӣ мекунанд. Онҳо фазлу бартарӣ ва баракати бепоёни онро намедонанд. Ин таҳияи Ислом ва таҳияи аҳли ҷаннат аст:

Каломи Худованд:

تَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلاَمٌ

«Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гӯянд»[16]

Шахсе, ки ин таҳияро мегӯяд, барояш аҷри бузург ва савоби зиёд навишта хоҳад шуд. Пас чӣ гуна роҳеро, ки Худованд (ҷ) барои шумо осон намудааст, то аҷру подош гиред, ба рӯи худ мебандед ва ба аҳли оилаи худ, ғайр аз ин таҳияро салом мегӯед?!

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар вақте бар аҳли худ дохил мешавед, салом диҳед. Саломи шумо барои худатон ва барои аҳли байтатон баракат хоҳад буд».[17]

Баъд аз он аз хабарҳое оғоз кунед, ки хушҳолкунанда ҳастанд ва агар хабаре нохуш бошад аз он оғоз накунед.

10.

Бо лутфу меҳрубонӣ сухан гӯед.

Занҳо, чуноне мегӯянд, ҷинси латиф аз ҳама бештар ба лутфу меҳрубонӣ дар сухан ҳоҷат доранд.

Баъзан ба ҳамсарат сухане мегӯӣ, ки оддӣ аст, лекин ӯ дигар чиз мефаҳмад ва озурдахотир мегардад. Барои мо зарур аст, ки бо зан ба таври дигар муъомила кунем на бо тарзе ки байни ҳамдигар муъомила мекунем. Барои мисол аз ҳамсарат талаб мекунӣ, ки чизе бароят ҳозир кунад, аммо ӯ хато карда чизи дигареро ҳозир мекунад, пас чӣ кор мекунед?! Оё ӯро сарзаниш мекунед ва мегӯед: «оё нағз нашунидӣ ки чӣ гуфтам? Оё ба ту нагуфтам, ки чунин биёр? Аз шумо инро талаб накардам?». Метавонед, ки чунин гӯед, лекин бо ин гуфтор шумо дили ӯро меранҷонед ва муҳаббати ӯро аз даст медиҳед. Лутфу меҳрубонӣ куҷо шуд?

Чӣ мешуд агар мегуфтед:

– Бисёр хуб, хеле заҳмат кашидед, лекин ман инро талаб накардаам, ман фалон чизро талаб карда будам.

Равиши шумо дар сухан гуфтан бисёр муҳим аст ва ибораҳое бисёре ҳастанд, ки метавонед бо он дили ҳамсаратонро ба даст оред; монанди: «лутф карда, ин корро иҷро кунед», «агар ин корро мекардед, аз шумо миннатдор мешудам», имрӯз дар омода намудани таъом бисёр хаста шудед, Шумо саъю кӯшиши зиёде дар тарбияи фарзандон мекунед, «имрӯз шумо аз ҳарвақта бисёр зебо шудаед», «ин либос, ки шумо ба бар доред, бисёр зебо менамояд», «тозаву пок намудани хона ва тартиб додани он кори хеле хубе буд, ки имруз иҷро кардӣ ва дигар суханони хубе.

test

Добавить комментарий