ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ

ФАСЛИ I.

МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

БОБИ 1.

ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 1. Қонунгузорие, ки тартиби пешбурди парвандаи  ҷиноятиро муайян мекунад

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад.

2. Тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.

3. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқие мебошанд, ки пешбурди мурофиаи ҷиноятиро танзим менамоянд. Агар тибқи ин санадҳо нисбат ба муқаррароти Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, он гоҳ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 2
. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ

1. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд: 

– муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ; 

– ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ҳимояи манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд;

– сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят;

– ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда;

– ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд; 

– риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ;

– кафолати ҳимояи манфиати қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.

2. Мурофиаи судии ҷиноятӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ равона шудааст.

3. Тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз беасос айбдор ва маҳкум кардан, ѓайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳкум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд.

Моддаи 3.
Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар макон

1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад.

2. Қоидаҳои Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парванда оид ба ҷиноятҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ ва таҳти    парчам ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.

3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани қонуни мурофиавии ҷиноятии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, ки ин ҳолат дар санади ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад.

Моддаи 4.
Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар замон

Ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятие татбиқ карда мешавад, ки дар вақти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё баррасии парванда дар суд  амал мекунад.

Моддаи 5.
Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд

1. Пешбурди парванда оид ба ҷинояте, ки аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шудааст, мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

2. Нисбат ба шахси дорои ҳуқуқи дахлнопазирии дипломатӣ танҳо бо хоҳиш ё ризои ў, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, амалиёти мурофиавии бо Кодекси мазкур пешбинишуда гузаронида мешавад.

Моддаи 6
. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайланд:

– айбдоркунандаи давлатӣ – шахси мансабдори мақомоти прокуратура, ки аз номи давлат дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ айбдоркуниро дастгирӣ менамояд;

– айбдоркунандаи хусусӣ – шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидае, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад;

– вақти шабона – фосилаи вақтест, ки аз соати 22.00 то 6.00 рўзи дигарро дар бар мегирад;

– иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ – мақомот ва шахсоне, ки таъқиби ҷиноятӣ ва тақвияти айбдоркуниро дар суд анҷом медиҳанд, инчунин шахсоне, ки худро аз айбдоркунӣ ҳимоя намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро муҳофизат менамоянд (прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида-айбдоркунандаи хусусӣ, даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони онҳо, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндагони қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў); (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

 – иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ – коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;

– қарор – санаде, ки аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар рафти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қабул карда шудааст, инчунин санаде, ки судяи суди марҳилаи якум танҳо қабул кардааст ё санаде, ки судяи суди марҳилаи назоратӣ оид ба ҳалли шикоят ё эътирози назоратӣ қабул кардааст ё санаде, ки раёсати суд дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои поёнӣ қабул кардааст; 

– қонуни ҷиноятӣ – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мурофиаи судии ҷиноятӣ – пешбурди тосудӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ;

– муфаттиш – шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ваколатдор аст тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро анҷом диҳад;

– намояндагони қонунӣ – падару модар, фарзандон, васиён, парасторони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё ҷабрдида, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад;

– прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри  Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шўъбаҳо) ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шўъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шўъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ҳарбии гарнизонҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор-криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;

– раисикунанда – судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ раисӣ мекунад;

– сардори воҳиди тафтишот – шахси мансабдоре, ки ба раёсат, шўъба ва дигар воҳидҳои тафтишот дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ сарварӣ менамояд;

– суд – мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҷиноятиро ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия);

– суди марҳилаи кассатсионӣ – суде, ки парвандаро аз рўи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;

– суди марҳилаи назоратӣ – суде, ки парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд; 

– суди марҳилаи якум – суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани  қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад;

– судя –шахси мансабдоре, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;

– тарафи айбдоркунанда – прокурор (айбдоркунандаи давлатӣ), ҷабрдида (айбдоркунандаи хусусӣ), даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида ва даъвогари гражданӣ;

– тарафи ҳимоя – гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи қонунии ў;

– тарафҳо – иштирокчиёни мурофиа, ки дар муҳокимаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқӣ айбдоркуниро дастгирӣ мекунанд ва ё ҳимояро аз айбдоркунӣ анҷом медиҳанд;

– таҳқиқ – шакли тафтиши тосудӣ буда, таҳқиқбаранда парвандаи ҷиноятиеро, ки тафтиши пешакии он шарт нест, анҷом медиҳад;

– таъинот –қарори судие, ки (ѓайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ѓайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст;

– таъқиби ҷиноятӣ – фаъолияти мурофиавиест, ки прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо мақсади муайян кардани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардани ў, ҳамчунин барои таъмин намудани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳад; 

– хешовандони наздик -– падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;

– ҳабс – чораи пешгириест, ки бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ карда мешавад;

– ҳимоятгар – шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;

– ҳукм – қароре, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардаас

test

Добавить комментарий