Принсипҳои қонунгузории мурофиаи  ҷиноятӣ

БОБИ 2.

Принсипҳои қонунгузории мурофиаи  ҷиноятӣ
Моддаи 7. Татбиқи адолати судӣ 

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.

2. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Моддаи 8. Ҳифзи судӣ

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Моддаи 9. Қонуният ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вазифадоранд, ки муқаррароти  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳоро ба таври дақиқ, якхела риоя намоянд.

2. Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд. 

3. Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ѓайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 10. Эҳтироми шаъну шарафи шахс

1. Эҳтироми шаъну шарафи шахс вазифаи шахсони мансабдор ва мақомотест, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд. 

2. Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад. 
Моддаи 11. Дахлнопазирии шахсият

1. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.

2. Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад.

3. Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад. 

4. Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад. 

5. Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабс озод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд, ҳимоя намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо андешанд.

2. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ў расонида шудааст, бояд тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида шавад.

3. Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятй, инчунин аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо бо куштор, зўроварӣ, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ўҳдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

4. Тартиби муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки иштирокчиёни мурофиаро қонун муайян менамояд.

5. Ҳеҷ кас ўҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод диҳад.
Моддаи 13. Дахлнопазирии манзил

1. Манзили шахс дахлнопазир аст. 

2. Ворид шудан ба манзил бе ризои шахсони маскуни он манъ аст. 

3. Азназаргузаронӣ ва кофтукови манзил бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсӣ ва оилавӣ

Сирри шахсӣ ва оилавиро қонун ҳифз мекунад. Ҳар шахс ба сирри амонат ва пасандоз, мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот ва дигар ахборот ҳуқуқ дорад. Маҳдуд кардани ин ҳуқуқҳо дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ бевосита муқаррар кардааст, мумкин мебошад.
Моддаи 15. Эҳтимолияти бегуноҳӣ

1. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

2. Ӯҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта мешавад. 

3. Айбдоршаванда ўҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд.

4. Ҳама гуна шубҳаҳои гунаҳгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешавад.

5. Ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест.
Моддаи 16. Баробарӣ дар назди қонун ва суд

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк‚ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Моддаи 17. Мустақилияти судяҳо

1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.

2. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст. 
Моддаи 18. Забони мурофиаи судии ҷиноятӣ 

1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.

2. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, нишондод додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад ё мурофиаи судии ҷиноятӣ бо забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ин ҳуҷҷатҳоро таҳиянамуда дода мешаванд, бояд ба забони давлатӣ ё забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд.
Моддаи 19. Ошкоро  будани муҳокимаи судӣ

1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро муҳокима карда мешавад. 

2. Муҳокимаи пўшидаи судӣ танҳо дар ҳолатҳои дар моддаи 273 Кодекси мазкур зикргардида мумкин аст.
Моддаи 20. Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо 

1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

2. Суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест ва тарафи айбдоркунанда ё ҳимояро ҷонибдорӣ намекунад. Суд барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии тарафҳо шароит муҳайё мекунад.

3. Тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.
Моддаи 21. Тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор

1. Прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда вазифадоранд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд, ҳолатҳои ошкоркунанда, сафедкунанда, вазнинкунанда, сабуккунанда ва ҷавобгарии айбдоршавандаро муайян намоянд.

2. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ надоранд, ки вазифаи исбот кардани бегуноҳиро ба зиммаи айбдоршаванда гузоранд. 

3. Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шаванд.

4. Ҳангоми ҳалли ҳама гуна масъалаҳое, ки аз парванда бармеоянд, бояд ҳам ҳолатҳои айбдоркунанда ва ҳам сафедкунандаи айбдоршаванда, инчунин ҳолатҳои ҷавобгарии ўро сабук ё вазнинкунанда муайян карда, ба инобат гирифта шаванд.

5. Суд, судя холисӣ ва беѓаразиро риоя намуда, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалӣ намудани ҳуқуқи тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад. 
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда

1. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад. 

2. Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқ доранд барои ҳимояи худ аз айбдоркунӣ ҳуқуқҳояшонро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шахсан, инчунин тавассути ҳимоятгар ё намояндаи қонуниашон истифода баранд.

3. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фаҳмонанд, ба онҳо имконият фароҳам оваранд, ки бо усул ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонун худро ҳимоя кунанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва молумулкии онҳоро таъмин намоянд.

4. Ҳуқуқи ҳимоя инчунин ба шахсе таъмин карда мешавад, ки нисбат ба ў пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҷой дорад.

5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахсоне, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба зиммаашон гузошта шудааст, вазифадоранд иштироки ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо таъмин намоянд.
Моддаи 23. Ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа

1. Иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдоранд, ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амал ё қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд.

2. Шахси маҳкумшуда ё сафедкардашуда ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз нав дида баромадани ҳукмро аз тарафи суди болоӣ талаб кунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.