​Асосҳои рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи  ҷиноятӣ

БОБИ 3

Асосҳои рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи  ҷиноятӣ
Моддаи 24. Парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ

1. Вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда айбдоркунӣ дар суд бо тартиби хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ анҷом дода мешавад.

2. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 112, 116, моддаи 156 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оѓоз карда мешавад ва пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ў бо айбдоршаванда қатъ карда мешавад.

3. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 113 – 115, 118 қисми 1, 119, 120, 123 қисмҳои 1 ва 2, 124, 125 қисми 1, 126 қисми 1, 127 қисми 1, 128 қисми 1, 129 қисми 1, 138 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ-умумӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оѓоз карда шуда, дар ҳолати оштӣ шудани ў бо айбдоршаванда қатъ карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 30 Кодекси мазкур.

4. Прокурор дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мавқеи ҷабрдида, таъқиби ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ анҷом диҳад.

5. Даст кашидани прокурор аз айбдоркунӣ шахси аз ҷиноят ҷабрдидаро аз ҳуқуқи дастгирӣ кардани айбдоркунӣ маҳрум намекунад.

6. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, парвандаҳои дорои хусусияти умумӣ дониста мешаванд.
Моддаи 25. Ҳуқуқи ҷабрдида ба иштирок дар таъқиби ҷиноятӣ

1. Ҷабрдида, дар сурати фавтидани ў ё аз рўи синну сол ё вазъи саломатӣ қобилияти изҳори иродаи худро надошта бошад, дар мурофиаи судии ҷиноятӣ намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў ҳуқуқ доранд бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дар айбдоркунии айбдоршаванда иштирок кунанд, оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бошад, дорои ҳуқуқи пешниҳод ва дастгирӣ кардани айбдоркунӣ ба муқобили шахси дахлдор мебошанд.

2. Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў дар ҳар лаҳзаи мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд аз дастгирӣ кардани айбдоркунӣ даст кашанд.
Моддаи 26. Ӯҳдадории ба амал баровардани таъқиби ҷиноятӣ

1. Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳодисаи ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда, барои муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят шахси онро содиркарда бояд чораҳои пешбининамудаи қонунро андешида, дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ маводи парвандаи ҷиноятиро ба баррасии суд пешниҳод намоянд.

2. Дар мурофиаи судии ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда салоҳияти худро тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қатъи назар аз ҳар гуна мақомот ва шахси мансабдор анҷом медиҳанд.

3. Ҳар гуна фишороварӣ ба прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади халал расонидан ба тафтиши холисонаи парвандаи ҷиноятӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.

4. Иҷрои талаби прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, ки мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, барои ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 27. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро  истисно мекунанд

1. Дар мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда намешавад ва парвандаи оѓозшуда қатъ карда мешавад:

– ҳангоми мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят;

– ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд  набудани аломатҳои таркиби ҷиноят;

– ҳангоми гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;

– ҳангоми қабули санади авф;

– ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ;

– ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ў оѓоз гардад, ѓайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 147 Кодекси мазкур, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оѓоз намояд;

– нисбат ба шахси фавтида, ѓайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ў ё аз нав оѓоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон;

– нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ў аз рўи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рўи  ҳамон асос мавҷуд аст;

– нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оѓози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад.

2. Агар ҳолатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида ҳангоми муҳокимаи судӣ ошкор гарданд, суд муҳокимаи судиро ба охир расонда, ҳукми сафедкунанда мебарорад.

3. Ба қатъ намудани парванда бо асосҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда иҷозат дода намешавад, ба шарте ки айбдоршаванда дар ин бора норозигӣ баён кунад. Дар ин ҳолат пешбурди парванда мувофиқи талаботи Кодекси мазкур идома ёфта, ҳукми айбдоркунанда ё ҳукми сафедкунанда бароварда, шахс аз ҷазо озод карда мешавад.

4. Агар то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҷиноят ва сазовори ҷазо будани ин кирдор бо қонуни нави ҷиноятӣ бартараф карда шуда бошад, мутобиқи сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд қатъ карда шавад.
Моддаи 28. Рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаҳои 72, 73, 74 ва 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаҳои зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зерин оѓози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд ё пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд:

– пушаймонӣ аз кирдор;

– оштӣ шудан бо ҷабрдида ва барқарор кардани товони зарари расонидашуда;

– таѓйир ёфтани вазъият;

– гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан.

2. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мумкин нест, ба шарте  ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ба он розӣ набошанд. Дар чунин ҳолат пешбурди парвандаи ҷиноятӣ идома меёбад.

3. Дар бораи рад кардани оѓози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он ба ҷабрдида хабар дода, фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад дар давоми панҷ шабонарўз аз таъиноти суд ё қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда нисбат ба масъалаи зикршуда мувофиқан ба суди болоӣ ё прокурори болоӣ арз намояд.
Моддаи 29. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ

1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 72 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ дар ҳаққи шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин содир кардааст, оѓози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.

2. Рад кардани оѓози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба дигар ҷиноятҳо дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ба шарте ки он дар моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

3. Пеш аз рад кардани оѓози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда бояд ба шахс асосҳои қарори қабулгардида ва ба ин қарор ҳуқуқи норозигӣ баён кардани ў фаҳмонида шавад.
Моддаи 30. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 73 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў нисбат ба шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда, ба шарте ки бо ҷабрдида оштӣ шуда, товони зарари ба ў расонидаашро барқарор карда бошад, оѓози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.
Моддаи 31. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби таѓйир ёфтани вазъият

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 74 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– дар асоси аризаи шахси бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда оѓози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд, ба шарте муқаррар гардад, ки бо сабаби таѓйир ёфтани вазъият ин шахс ва кирдори содирнамудаи ў дигар ба ҷамъият хавфнок нест;

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.
Моддаи 32. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби  гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи мазкур ва бо ризои прокурор бинобар гузаштани мўҳлати ба чавобгарии ҷиноятӣ кашидан вазифадоранд:

– оѓози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;

– пешбурди парвандаи ҷиноятии оѓозшударо қатъ намоянд.

test

Добавить комментарий