Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятие, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ё намояндагиАШОНро ҳимоя менамоянд

БОБИ 6.

Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятие, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ё намояндагиАШОНро ҳимоя менамоянд

Моддаи 46. Гумонбаршуда

1. Гумонбаршуда шахсест, ки нисбат ба ў бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оѓоз гардида, дар ин бора ба ў муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар медиҳад ё ў дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ў то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст.

2. Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шавад.

3. Гумонбаршуда аз лаҳзаи дастгир шудан мутобиқи моддаи 49 Кодекси мазкур ҳуқуқи ҳимоя дорад.

4. Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад:

– нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад;

– донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст;

– нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост изҳор кунад;

– бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ў гузаронида шудаанд, ҳамчунин бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ў чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад;

– раддия изҳор намояд;

– аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намояд.
Моддаи 47. Айбдоршаванда

1. Айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ў қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бароварда шудааст.

2. Айбдоршаванда пас аз таъин кардани парванда ба маҷлиси суд судшаванда номида мешавад; судшавандае, ки нисбат ба ў ҳукми суд эътибори қонунӣ  пайдо кардааст, маҳкумшуда номида мешавад,  агар  ҳукм пурра сафедкунанда бошад, сафедшуда номида мешавад.

3. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун ва Кодекси мазкур нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.

4. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад:

– нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш огоҳ карда шавад;

– донад, ки барои чӣ айбдор карда шудааст ва нусхаи қарорҳоро дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, оид ба татбиқ намудани чораи пешгирӣ, инчунин нусхаи фикри айбдоркуниро гирад;

– оид ба айби нисбат ба ў эълоншуда нишондод диҳад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост ва раддия изҳор кунад;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– аз лаҳзаи дастгир шудан ҳимоятгар дошта бошад, аз ҷумла тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз кўмаки ҳимоятгар ройгон истифода барад;

– аз лаҳзаи дастгир шудан бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунад;

– дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости ҳимоятгар гузаронида мешавад, иштирок намояд;

– бо протоколи амалҳои тафтишӣ шинос шавад ва нисбат ба он эроди худро изҳор кунад;

– бо қарори таъин кардани экспертиза ва хулосаи коршинос шинос шавад;

– пас аз ба охир расонидани тафтиш бо маводи парванда шинос шавад ва аз он ҳама гуна маълумоти заруриро рўйнавис кунад;

– аз амал ва қарорҳои шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунад;

– оид ба қатъи пешбурди парванда норозигӣ изҳор намояд;

– дар муҳокимаи судӣ оид ба баррасии интихоби чораи пешгирӣ иштирок кунад.

5. Айбдоршаванда ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбурди тафтишот ҳозир шавад;

– ба амрҳои қонунии мақомоти пешбурди тафтишот итоат намояд;

– дар амали тафтишӣ ва дигари мурофиавӣ иштирок намояд, ба шарте ки мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ лозим донад. 

6. Судшаванда ҳуқуқ дорад:

-дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум ва кассатсионӣ иштирок намояд;

– сухани охирин гўяд;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба он эрод пешниҳод намояд;

– аз ҳукм, таъинот ва қарори суд, судя шикоят намояд;

– нусхаҳои қарорҳои шикоятшударо гирад;

– нусхаҳои шикоят ва пешниҳодҳои ба парвандаи ҷиноятӣ овардашударо гирад ва ба онҳо норозигӣ изҳор намояд;

– дар баррасии масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳукм вобастаанд, иштирок намояд;

– аз дигар ҳуқуқҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, истифода кунад.

7. Маҳкумшуда аз ҳуқуқҳои дар моддаҳои 403 ва 410 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонад истифода намояд. 
Моддаи 48.  Намояндаи қонунии ноболиѓ

Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиѓон  содир шудаанд, ҷиҳати иштирок дар парванда ҳатман намояндагони қонунии онҳо бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 49. Ҳимоятгар

1. Ба сифати ҳимоятгар адвокатҳо ё шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад, роҳ дода мешаванд. Бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда хешовандони наздик ва намояндагони қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба сифати ҳимоятгар ба пешбурди парванда роҳ дода мешаванд.

2. Ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оѓози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.

3. Як шахс наметавонад ҳимоятгари ду дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бошад, ба шарте ки манфиати яке аз онҳо хилофи манфиати дигаре бошад.
Моддаи 50. Даъват, таъин ва иваз кардани ҳимоятгар

1. Ҳимоятгар аз ҳисоби шахсоне, ки дар моддаи 49 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз ҷониби дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо супориш ё ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват карда мешавад.

2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ягон кас даъвати ҳимоятгари муайянро тавсия намояд.

3. Иштироки ҳимоятгар бо дархости дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва намояндаи онҳо аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя таъмин карда мешавад.

4. Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар давоми на камтар аз панҷ шабонарўз имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш‚  прокурор ва суд ҳуқуқ доранд ба дастгиршуда, гумонбаршуда ё айбдоршаванда даъват кардани ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ва дар сурати даст кашидани ў аз таъин намудани ҳимоятгар чораҳо андешанд. 

5. Агар ҳимоятгари дар парвандаи ҷиноятӣ иштироккунанда дар давоми панҷ шабонарўз дар амалиёти мурофиавӣ иштирок карда натавонад, гумонбаршуда, айбдоршаванда ҳимоятгари дигарро даъват накунад ва барои таъин намудани ҳимоятгар дархост пешниҳод накунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ҳуқуқ доранд ҳамин амалиёти мурофиавиро бе иштироки ҳимоятгар гузаронанд, ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд.

6. Агар дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунии гумонбаршуда ё ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда таъин намудани ҳимоятгари интихобнамудаи онҳо имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор барои таъин намудани ҳимоятгари дигар бояд чораҳо андешанд. 

7. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда аз ҳимоятгари таъиншуда даст кашанд, амалҳои тафтишӣ бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда мумкин аст бе иштироки ҳимоятгар гузаронида шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд. Даст кашидан аз ҳимоятгар аз ҷониби гумонбаршуда ва айборшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 52 Кодекси мазкур сурат мегирад.

8. Ҳимоятгар дар мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 281 Кодекси мазкур иваз карда мешавад.

9. Музди меҳнати ҳимоятгар мутобиқи қонунгузории ҷорӣ пардохта мешавад. 

10. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя ҳуқуқ доранд, ки дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ пурра ё қисман озод кунанд. Дар чунин ҳолат музди меҳнати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

11. Музди меҳнати ҳимоятгар, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, ҳангоме ки ҳимоятгар тибқи таъинот бе бастани шартнома бо мизоҷ дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё суд иштирок намудааст, аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Дар ин ҳолат ҷуброни хароҷоти давлатро ба ўҳдаи маҳкумшуда гузоштан мумкин аст.
Моддаи 51. Ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгар

1. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳо ҳатмист, ба шарте  ки:

– дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиѓ бошанд; 

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рўҳӣ ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя  мустақилона амалӣ карда натавонанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд;

– шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад.

2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳуқуқ доранд иштироки ҳимоятгарро оид ба дигар  парвандаҳо низ зарур шуморанд, ба шарте онҳо чунин шуморанд, ки мураккабии парванда ва дигар ҳолатҳо метавонанд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда амалӣ гардонидани ҳуқуқашонро барои ҳимоя мушкил намоянд.

3. Агар дар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда ҳимоятгар аз ҷониби худи дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват нашуда бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя вазифадоранд иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. Дар ин сурат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи ҷудо кардани ҳимоятгар барои коллегияи касбии адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор ҳатмӣ аст.
Моддаи 52. Даст кашидан аз ҳимоятгар

1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда бо ташаббуси худ, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, аз хизмати ҳимоятгар дар ҳузури ў даст кашанд.

2. Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблаѓ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад. 

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур ба даст кашидан аз ҳимоятгар иҷозат дода намешавад.

4. Даст кашидан аз ҳимоятгар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро аз ҳуқуқи дар оянда изҳор кардани дархост доир ба роҳ додани ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ маҳрум намесозад. Роҳ додани ҳимоятгар такроран доир намудани  амалҳои мурофиавиро талаб намекунад.
Моддаи 53. Салоҳияти ҳимоятгар

1. Ҳимоятгар вазифадор аст бо мақсади ошкор ва пешниҳод намудани далелҳои сафедкунандаи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё сабуккунандаи ҷавобгарии онҳо ҳамаи восита ва усулҳои дар қонун ва Кодекси мазкур манънашударо истифода барад ва ба онҳо ёрии ҳуқуқии зарурӣ расонад.

2. Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба парванда роҳ дода шуданаш ҳуқуқ дорад: 

– донад, ки шахсе, ки ў манфиатҳояшро ҳимоя мекунад, барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад;

– бе мамониат бо шахси таҳти ҳимояташ буда як ба як, маҳрамона бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокӣ сўҳбат кунад;

– далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод кунад;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 225 Кодекси мазкур ҳангоми ба айбдоршаванда эълон кардани айб иштирок намояд;

– дар пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда, инчунин дигар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости худи ҳимоятгар анҷом дода мешавад, иштирок кунад;

– бо протоколи дастгиркунӣ, қарори татбиқи чораҳои пешгирӣ, протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда ё худи ҳимоятгар гузаронида  шудааст, бо ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод шудаанд ё  бояд ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда пешниҳод карда шаванд, шинос шавад;

– пас аз анҷоми таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шуда, аз он ҳама гуна маълумотро дар ҳар ҳаҷме, ки хоҳад, рўйнавис кунад;

– дархост изҳор кунад;

– дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум иштирок намояд;

– дар музокираҳои судӣ баромад кунад;

– дар маҷлиси суд, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ мекунад ё ҳангоми аз нав оѓоз кардани парванда оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда иштирок намояд ва оид ба шикоятҳо тавзеҳот диҳад;

– раддия арз кунад;

– аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад ва  дар баррасии онҳо иштирок намояд;

– барои ҳимоя ҳама гуна воситаҳо ва усули хилофи қонун набударо истифода барад;

– оид ба эътироз ва шикоятҳои ба парванда пешниҳодшуда маълумот дошта бошад ва нисбат ба онҳо изҳори норизогӣ кунад.

3. Ҳимоятгаре, ки дар пешбурди амалҳои тафтишӣ иштирок кардааст, ҳуқуқ дорад бо иҷозати муфаттиш ба шахсони пурсидашаванда саволҳо диҳад. Муфаттиш ё таҳқиқбаранда метавонад ба додани саволҳои раҳнамункунанда эътироз кунанд, вале вазифадоранд онҳоро дар протокол сабт кунанд. 

4. Ҳимоятгар ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ дар бораи саҳеҳӣ ва пуррагии сабти он эродҳои хаттии худро инъикос намояд.

5. Ҳимоятгари дар баррасии парванда иштироккунанда метавонад ёрдамчӣ дошта бошад. Ёрдамчӣ бо ризои гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда дар ҳузури ҳимоятгар ё бо ваколатномаи ў бо маводи парванда шинос шавад.

6. Ҳимоятгар ҳуқуқ надорад:

– маълумотеро, ки бинобар татбиқи ҳимоя ё расонидани дигар кўмаки ҳуқуқӣ барояш маълум гаштааст, фош кунад;

– аз ўҳдадории худ дар бобати ҳимояи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда даст кашад; 

– шахси таҳти ҳимояташ қарордоштаро бар хилофи мавқеи ў ба кирдори барои ҷамъият хавфнок алоқадор ё дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф намояд;

– бе супориши шахси таҳти ҳимояташ қарордошта дар бораи оштӣ шудан бо ҷабрдида, эътироф кардани даъвои гражданӣ ва баргардонидани шикоятномаи додаи ў арз намояд;

– худсарона ваколатҳояшро қатъ намояд ва бе ризои ҳимоятшаванда ваколатҳояшро дар бобати ҳимоя ба зиммаи дигар кас вогузорад.

7. Ҳимоятгар ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳозир шавад; 

– дар сурати ҳозир шуда натавонистан дар давоми 24 соат дар ин бора мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва судро огоҳ намояд;

– ба амрҳои қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;

– маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки бо сабаби расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ў маълум гаштааст, инчунин маълумоти тафтиши пешакӣ ва маҷлиси пўшидаи судиро фош насозад.

8. Ҳимоятгар барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур огоҳ карда шуда бошад.
Моддаи 54. Ҷавобгари гражданӣ

1. Ба сифати ҷавобгари гражданӣ шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонун барои зарари аз ҷиноятрасида масъулияти молӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. 

2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя дар бораи ба ҷавобгарии гражданӣ кашидани шахс  қарор, судя бошад, таъинот мебароранд.

3. Ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ дорад:

– моҳияти айбдоркунӣ ва даъвои гражданиро донад;

– зидди даъво норозигӣ баён кунад;

– оид ба моҳияти даъвои пешниҳодшуда нишондод диҳад;

– намоянда дошта бошад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост ва раддия диҳад;

– пас аз анҷоми тафтиш бо маводи парванда, ки ба даъвои гражданӣ марбут аст, шинос шавад, маълумотҳои заруриро рўйнавис кунад;

– дар мурофиаи судӣ иштирок намояд;

– дар музокираҳои судӣ баромад кунад;

– аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эрод пешниҳод кунад;

– аз ҳукм ва таъиноти суд дар бобати даъвои гражданӣ шикоят кунад, эътироз ва шикоятеро, ки нисбат ба парванда пешниҳод шудааст, донад ва ба онҳо изҳори норизоӣ баён кунад; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

– дар баррасии судии эътироз ва шикоятҳо иштирок намояд.

4. Ҷавобгари гражданӣ ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя ҳозир шавад;

– ба қарори қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя итоат намояд;

–  маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд, судя огоҳ карда шуда бошад.

5. Ҷавобгари гражданӣ барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 55. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ

1. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ ҳимоятгар, хешовандони наздик ва дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ва Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд манфиатҳои қонунии ҷавобгари гражданиро ҳифз кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё бо таъиноти суд барои иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд.

2. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ дорои ҳуқуқҳое мебошад, ки ҷавобгари гражданӣ дорад.

3. Иштироки ҷавобгари гражданӣ дар парванда ўро аз ҳуқуқи дар ин парванда доштани намоянда маҳрум намекунад.

test

Добавить комментарий