Иштирокчиёни дигари мурофиаи судии ҷиноятӣ

БОБИ 7.

Иштирокчиёни дигари мурофиаи судии ҷиноятӣ

Моддаи 56. Шоҳид

1. Ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ў ягон ҳолати барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта маълум аст.

2. Ба сифати шоҳид шахсони зерин пурсида намешаванд:

– шахсоне, ки бо сабаби норасоиҳои ҷисмонӣ ё рўҳӣ қобилият надоранд, ки ҳолатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ муқарраршавандаро дуруст дарк ва барқарор намоянд;

– адвокат ва ёрдамчии ў барои аниқ намудани маълумоте, ки мумкин аст ба онҳо ба сабаби муроҷиат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё расонидани чунин ёрӣ аён гардидааст;

– хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд;

– судя, машваратчии халқӣ оид ба ҳолатҳои муҳокимаи масъалаҳое, ки ҳангоми иштироки онҳо дар баррасии парванда маълум гаштааст.

3. Шоҳид ҳуқуқ дорад:

– бо забони модарӣ ё бо забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– ба тарҷумоне, ки дар пурсиши ў иштирок мекунад, раддия изҳор намояд;

– бо дасти худ дар протоколи пурсиш нишондодашро сабт кунад;

– оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ тибқи муқаррароти моддаи 12 Кодекси мазкур дархост пешниҳод намояд;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

4. Шоҳид вазифадор аст:

– бо даъвати таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳозир шавад; 

– ҳамаи он чизеро, ки оид ба парванда барояш маълум аст, саҳеҳ иттилоъ диҳад ва ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб диҳад;

– бе иҷозати пурсишкунанда маълумоти оид ба ҳолатҳои парванда ба ў маълумро фош накунад;

– тартиби муайяншудаи пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси судро риоя кунад.

5. Шоҳид ҳангоми қасдан аз рўи даъват ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории      Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. 

6. Шоҳид барои саркашӣ аз ҳозир шудан ва барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ ё нахостани додани нишондод мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 57. Мутахассис

1. Мутахассис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набуда, дорои донишу таҷрибаи махсус аст ва барои мусоидат намудан ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар ошкор ё дарёфт намудани далел, асоснок кардани он, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникӣ мумкин аст ҷалб карда шавад.

2. Мутахассис барои иштирок намудан дар пешбурди амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 179, 284, 305 Кодекси мазкур даъват карда мешавад.

3. Мутахассис ҳуқуқ дорад:

– сабаби даъват шуданашро донад;

– агар дорои донишу таҷрибаи соҳаи дахлдор набошад, аз иштирок дар пешбурди парванда даст кашад;

– бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ба иштирокчиёни амали тафтишӣ савол диҳад;

– бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок мекунад, шинос шавад ва арзу мулоҳизотеро пешниҳод намояд, ки бояд ба протокол дохил карда шаванд;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

4. Мутахассис ўҳдадор  аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– дар пешбурди амали тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ донишу таҷрибаи худ ва воситаҳои илмию техникиро истифода намуда, барои ошкор ё дарёфт намудани далел ва асоснок кардани он иштирок намояд;

– дар ҷараёни маҷлиси суд оид ба амалҳои анҷомдодааш тавзеҳот диҳад.

5. Мутахассис барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ба даъвати мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишотӣ ва суд ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 58. Коршинос (эксперт)

1. Коршинос дар ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд. 

2. Ба сифати коршинос ҳар шахсе, ки барои пешниҳоди хулоса дониши махсус ва дар ҳолатҳои зарурӣ иҷозатномаи дахлдор дорад, даъват шуданаш мумкин аст.

3. Даъват кардани коршинос, таъин ва пешбурди экспертиза бо тартиби пешбининамудаи боби 24 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

4. Коршинос ҳуқуқ дорад:

– бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд аст, шинос шавад;

– дар бораи ба ў пешниҳод намудани маводи иловагӣ, ки барои додани хулоса заруранд ё дар бораи таъини экспертизаи комплексӣ дархост кунад;

– бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок карда, ба пурсишшавандагон ва дигар шахсон, ки дар ин амал иштирок доранд, вобаста ба масъалаҳои мавзўи экспертиза саволҳо диҳад;

– бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя, ки ҳуқуқи ўро ҳангоми пешбурди экспертиза маҳдуд мекунад, шикоят намояд;

– агар ҳаллу фасли масъалаи гузошташуда аз доираи дониши тахассусаш берун бошад ё маводи дар ихтиёраш буда барои додани хулоса нокифоя бошад, аз пешниҳоди хулоса даст кашад.

5. Коршинос ҳуқуқ надорад бе огоҳ намудани таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя бо дигар иштирокчиёни мурофиа дар бораи масъалаҳои марбут бо экспертиза гуфтушунид кунад, барои тадқиқот мустақилона мавод ҷамъоварӣ намояд, агар барои он иҷозати махсуси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя мавҷуд набошад, тафтише гузаронад, ки боиси пурра ё қисман несту нобуд гардидани объектҳо ё таѓйир ёфтани намуди зоҳирӣ ё хосиятҳои асосии онҳо гардад.

6. Коршинос ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– вобаста ба масъалаҳои тадқиқот ва саволҳои пешниҳодшуда хулосаи асоснок ва воқеъбинонаи хаттӣ пешниҳод намояд;

– маълумоти маводи парвандаро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя намояд.

7. Коршинос барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, инчунин барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 59. Тарҷумон

1. Тарҷумон шахсест, ки забонҳои барои тарҷума зарурро медонад ва барои иштирок дар амалҳои тафтишию судӣ дар ҳолатҳое, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҳимоятгарони онҳо ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиа забонеро, ки пешбурди парванда ба воситаи он анҷом дода мешавад, намедонанд, инчунин барои тарҷумаи маводи хаттӣ даъват карда мешавад.

2. Тарҷумон бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя  ва таъиноти суд таъин карда мешавад.

3. Тарҷумон инчунин мутобиқи Кодекси мазкур шахсе ҳисоб меёбад, ки имову ишораи гунгонро мефаҳмад ва қодир аст бо карҳо бо истифодаи аломатҳо сўҳбат кунад.

4. Тарҷумон ҳуқуқ дорад:

– бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад ва он бояд дар протокол дарҷ шавад; 

– агар ў дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад; 

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

5. Тарҷумон ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– тарҷумаи матни ба ў супурдашударо дақиқ ва пурра ба ҷо орад, саҳеҳ будани тарҷума дар протоколи тафтиш, ки бо иштироки ў сурат гирифтааст, инчунин тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои мурофиавиро, ки ба иштирокчиёни мурофиа бо забони модарии онҳо ё дигар забоне, ки онҳо медонанд, додашударо бо имзои худ тасдиқ кунад;

– маълумоти маводи парвандаро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя кунад.

6. Тарҷумон дар ҳолати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, инчунин ҳангоми саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъват ё аз иҷрои вазифаҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 60. Шахси холис

1. Шахси холис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор нест ва барои иштирок дар амали тафтишӣ ё дигар амали мурофиавӣ барои тасдиқи далели пешбурди он, мазмун, ҷараён ва натиҷаҳои он аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя даъват шудааст.

2. Инҳо шахсони холис буда наметавонанд:

– ноболиѓон;

– шахсони номукаллаф;

– иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва хешовандони онҳо;

– кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дорои ваколатҳои гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таҳқиқу тафтиши пешакӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

3. Шахсони холисе, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок мекунанд, набояд камтар аз ду нафар бошанд. Пеш аз оѓози амали тафтишӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшонро мефаҳмонанд.

4. Шахси холис ҳуқуқ дорад:

– дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;

– оид ба пешбурди амали тафтишӣ мулоҳизаҳояшро баён кунад, ба он эрод гирад ва ин мулоҳизаву эродҳо бояд дар протокол сабт шаванд;

– бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок кардааст, шинос шавад;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор шикоят кунад.

5. Шахси холис ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;

– далели пешбурди ин амал, ҷараён ва натиҷаҳои онро дар протоколи тафтиш бо имзо тасдиқ намояд;

– маълумоти маводи тафтишро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ тартиботро риоя кунад.

6. Шахси холис дар сурати саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ё аз иҷрои вазифаҳои худ тибқи моддаи 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

7. Шахси холис бояд тамоми амали дар ҳузури ў ба миёномадаро пурра ва саҳеҳ дарк карда тавонад.

test

Добавить комментарий