Ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ истисно мекунанд

БОБИ 8.

Ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ истисно мекунанд

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд

1. Судя наметавонад дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, агар:

– тибқи қонун барои баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор набошад;

– оид ба ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё шоҳид бошад;

– дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, котиби маҷлиси суд, ҳимоятгар, намояндаи қонунии гумонбаршуда,  айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ иштирок карда бошад;

– худ, хешовандони наздики ў бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд;

– хешованди айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи онҳо, ҳимоятгар бошад;

– ҳолатҳое мавжуд бошанд, ки беѓаразии судяро таҳти шубҳа гузоранд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур судя вазифадор аст аз иштирок дар парванда даст кашад.
Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд

1. Судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро қабул намудааст, мўҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад.  (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №809)

2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок намудааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани ҳукм ё қарор (таъинот) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки бо иштироки ў қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад.

3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ў баровардашуда иштирок карда наметавонад.

4. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.
Моддаи 63. Рад кардани судя

1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 61 ва 62 Кодекси мазкур судя ва машваратчии халқӣ вазифадор  аст аз иштирок дар парванда даст кашад. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва машваратчии халқӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судии дар моддаи 301 Кодекси мазкур нишондодашуда метавонад раддия арз намояд.

2. Раддия бояд асоснок карда, то оѓози тафтиши судӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оѓози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя ё машваратчии халқие, ки ба ў раддия арз шудааст, ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.
Моддаи 64.  Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст

1. Масъалаи рад намудани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машваратӣ ҳал карда мешавад.

2. Раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ѓайби ў ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба ў арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо судя рад кардашуда ҳисоб меёбад.

3. Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.

4. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад ё шикоятро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ ва дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дида мебарояд, аз тарафи судя танҳо тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад.

5. Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҷиноятӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дигар судя супорида мешавад.

6. Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя ҳал карда мешавад.
Моддаи 65. Рад кардани прокурор

1. Прокурор ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ даст кашад. 

2. Прокурор дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ, инчунин дастгирӣ кардани айбдоркунӣ дар суд иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи ў дар парванда монеа шуда наметавонад.

3. Бо асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо раддия арз кунанд.

4. Масъалаи рад кардани прокурор дар давраи пешбурди тосудии парванда аз ҷониби прокурори болоӣ, ҳангоми пешбурди судии парванда бошад, аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда ҳал карда мешавад.
Моддаи 66. Рад кардани муфаттиш ва таҳқиқбаранда

1. Муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 61 Кодекси мазкур иштирок карда наметавонанд. Иштироки онҳо дар таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ, ки қаблан оид ба ҳамин парванда сурат гирифта буд, барои рад кардани онҳо асос шуда наметавонад.

2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда онҳо вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ даст кашанд. 

3. Масъалаи рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда аз ҷониби прокурор ҳал карда мешавад.
Моддаи 67. Рад кардани котиби маҷлиси суд

1. Муқаррароти моддаи 61 Кодекси мазкур ба котиби маҷлиси суд низ дахл доранд. Иштироки қаблии ў дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.

2. Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
Моддаи 68. Рад кардани тарҷумон

1. Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда, ҳамчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ў ошкор мегардад, дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад.

2. Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии ў, ҳимоятгар, айбдоркунанда, инчунин ҷабрдида ва намояндаи онҳо, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.

3. Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ў раддия арз карда метавонад.

4. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.

5. Масъалаи рад намудани тарҷумон ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ мутаносибан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.
Моддаи 69. Рад кардани коршинос 

1. Коршинос дар ҳолатҳои зайл наметавонад дар пешбурди парвандаҳо иштирок кунад:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур зикргардида;

– агар ў таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя, гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дорад;

– агар ў оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;

– дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ў.

2. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.

3. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 70. Рад кардани мутахассис

1. Мутахассис ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад. 

2. Иштироки қаблӣ дар парванда ба сифати мутахассис барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.

3. Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 71. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданиро дар парванда истисно мекунанд

1. Ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ё ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок кунанд, ба шарте ки:

– қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос, мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;

– бо судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд ё бо шахси манфиаташ ба манфиати иштирокчиёни мурофиаи бо ў дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ созишномабаста мухолифанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд;

– ба шахсе, ки манфиаташ ба манфиати айбдоршаванда ё гумонбаршудаи аз ҷониби ў ҳимояшаванда ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, мухолиф аст, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ё қаблан ёрӣ расонидааст.

2. Масъалаи рад кардани ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.