ЧОРАҲОИ МАҶБУРКУНИИ МУРОФИАВӢ

ФАСЛИ IV.

ЧОРАҲОИ МАҶБУРКУНИИ МУРОФИАВӢ

БОБИ 11.

ДАСТГИР КАРДАНИ ШАХС

Моддаи 91. Дастгир кардани шахс

1. Дастгир кардани шахс, яъне ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани ў ва ба мўҳлати кўтоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур нигоҳ доштан аст.

2. Дастгир кардани шахс танҳо татбиқ мегардад:

– нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбинӣ шудааст;

– нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбат ба ў татбиқшударо вайрон намудааст;

– нисбат ба маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо (моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан (моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), мавқуф гузоштани адои ҷазо (моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавҷуд аст.

3. Шахс танҳо дар ҳолатҳои зайл дастгир карда мешавад:

– дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;

– дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;

– дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани адои ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан.
Моддаи 92. Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят

1. Шахсро дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбаршуда ҳисобидан мумкин аст, ки аз тарафи мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин дастгир карда шавад, агар:

– дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он боздошт шуда бошад;

– шоҳидони ҳодиса, аз он ҷумла, шахси аз ҷиноят ҷабрдида бевосита шахси содирнамудаи ҷиноятро нишон диҳанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 94 Кодекси мазкур боздошт намоянд;

– дар бадан, либос, ашёи ҳамроҳи шахсбуда, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷои кор ё воситаи нақлиёти ў осори бараълои ҷиноят ошкор карда шуда бошанд, ки аз шарик будани ў дар содир намудани ҷиноят дарак медиҳанд;

– агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте ки вай кўшиши аз ҷои ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шуданро карда бошад ё ҷои зисти доимӣ надошта бошад ё дар маҳалли дигар зиндагӣ кунад‚ ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад.

2. Шахс мумкин аст бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда то оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дастгир карда шавад. Дар айни замон масъалаи оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бояд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгир кардан ҳал карда шавад. Дар сурати рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ ё дар мўҳлати муқарраршуда қабул накардани қарор дар бораи оѓози парвандаи ҷиноятӣ дастгиршуда бояд озод карда шавад.

3. Шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мўҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ў чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур.
Моддаи 93. Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастгир кардани шахси ҷиноятсодиркарда

Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсеро, ки ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардани ҷиноят кўшиши пинҳон шуданро дорад, дастгир карда, маҷбуран ба мақомоти ҳокимият супорад.
Моддаи 94. Тартиби дастгир кардани гумонбаршуда

1. Баъди ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб медиҳад, ки дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ (бо зикри рўз, соату дақиқа), натиҷаҳои кофтукови шахсӣ, инчунин вақти тартиб додани протокол дарҷ мегарданд.

2. Протокол ба дастгиршуда эълон ва ҳамзамон ҳуқуқҳои бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинишуда, аз ҷумла ҳуқуқи даъват кардани ҳимоятгар ва дар ҳузури ў додани нишондод фаҳмонида, ин маълумот дар протокол сабт карда мешавад. Протоколро шахси тартибдода ва дастгиршуда имзо мекунанд.

3. Таҳқиқбаранда ё муфаттиш вазифадоранд дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани гумонбаршуда ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд.

4. Гумонбаршуда бояд бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 197-201 Кодекси мазкур оид ба ҳолатҳои дастгиркунӣ пурсида шавад.
Моддаи 95. Дастгир кардани айбдоршаванда барои эълон кардани айб

1. Агар айбдоршаванда дар дигар маҳал бошад ё ҷои будубоши ў маълум набошад, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс қарор барорад. Қарор бояд аз тарафи мақомоти таҳқиқ иҷро карда шавад.

2. Аз иҷро шудани қарори дастгиркунӣ мақомоти таъқиби ҷинояте, ки қарор баровардааст, фавран хабардор карда мешавад.

3. Дастгиркунӣ бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ зиёд идома ёфта наметавонад.

4. Ба дастгиршуда мумкин аст дар мўҳлати мазкур айб эълон карда шавад, ба шарте ки то ба охир расидани 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ вай аз ҳабс бо татбиқи чораи пешгирӣ, ки бо дар ҳабс нигоҳ доштан вобаста нест ё бе татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи ў озод карда шавад.
Моддаи 96. Дастгир кардани айбдоршаванда то ба ҳабс гирифтани ў дар асоси қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ

1. Агар айбдоршаванда қоидаҳои чораи пешгирии дар ҳаққи ў татбиқшударо, ки ба нигоҳ доштан дар ҳабс вобаста нест ё ўҳдадории хаттиашро дар бобати ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ё хабар додан дар бораи ивази ҷои истиқомат риоя накунад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс дар як вақт бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҳал намудани масъалаи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан қарор (таъинот) барорад.

2. Дастгир кардани айбдоршаванда бо тартиби пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани воқеӣ зиёд буда наметавонад.
Моддаи 97. Дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо

1. Суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо қарор (таъинот) мебарорад, ба шарте ки аз мақомоти  ваколатдор пешниҳод бо маводе ворид шуда бошад, ки дар онҳо асосҳои аз ҷониби маҳкумшуда иҷро нагардидани ўҳдадориҳои барои ў аз ҷониби суд муқарраршуда ё дигар шартҳои дар моддаҳои 71, 76 ва 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат диҳанд.

2. Суд, судя дар давоми ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ пешниҳоди мақомоти ваколатдорро баррасӣ мекунад.

3. Суд, судя қарор (таъинот)-ро дар бораи дастгиркунии маҳкумшуда барои иҷро ба мақомоти таҳқиқ равон мекунад. Доир ба иҷрои қарор (таъинот) дар бораи дастгиркунӣ мақомоти онро иҷрокарда фавран судро хабардор мекунад.
Моддаи 98. Тартиби дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда

Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда,  айбдоршаванда, судшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.
Моддаи 99. Озод кардани дастгиршуда

1. Дастгиршуда дар асоси қарори (таъиноти) мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зайл бояд озод карда шавад, агар:

– гумони аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят тасдиқ нагардида бошад;

– асосҳои минбаъд дар ҳабс нигоҳ доштан аз байн рафта бошанд;

– муқаррар карда шуда бошад, ки дастгиркунӣ бо риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ шудааст;

– мўҳлати дастгиркунӣ гузашта бошад.

2. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда сардори муассисаи нигоҳдории муваққатӣ дастгиршударо пас аз огоҳ намудани мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки айбдорро дастгир кардааст, озод менамояд.

3. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар бораи озод кардани дастгиршуда қарор қабул кардааст, ба ў маълумотномае медиҳад, ки дар он аз тарафи кӣ дастгир шудан, асос, ҷой ва вақти дастгиркунӣ, асос, сабаб ва вақти озодшавӣ нишон дода мешавад.
Моддаи 100. Хабар додан дар бораи дастгиркунӣ

1. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиѓи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад.

2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шаҳрванди давлати хориҷиро дастгир кардааст, дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар бораи дастгиркунӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.

test

Добавить комментарий