Чораҳои пешгирӣ

БОБИ 12.

Чораҳои пешгирӣ
Моддаи 101. Чораҳои пешгирӣ 

1. Чораҳои пешгирӣ амалҳои маҷбурие мебошанд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё ҳаракатҳои халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд. 

2. Чораҳои пешгирӣ инҳоянд:

– забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат;

– кафолати шахсӣ;

– супоридани хизматчии ҳарбӣ таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ;

– таҳти парасторӣ супоридани ноболиѓ;

– гарав;

– ҳабси хонагӣ;

– ба ҳабс гирифтан.
Моддаи 102. Асосҳои татбиқи чораҳои пешгирӣ

1. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, агар:

– далелҳои аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонанд аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шаванд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунанд, аз ҷумла маводи барои парванда аҳамиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунанд ё бо роҳи ѓайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонанд, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашаванд, ҷинояти дигарро содир намоянд, ба иҷрои ҳукм монеъ шаванд.

2. Ҳангоми зарурати татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машѓулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.
Моддаи 103. Татбиқ ва мўҳлати амали чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда

Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва бо дарназардошти ҳолатҳои дар моддаҳои 101 ва 102 Кодекси мазкур пешбинишуда мумкин аст дар ҳаққи гумонбаршуда чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад. Агар дар ин ҳолат гумонбаршуда дастгир гардида ва сипас нисбат ба ў чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шуда бошад, ба ў бояд айбдоркунӣ дар мўҳлати на дертар аз даҳ шабонарўз аз лаҳзаи татбиқи чораи пешгирӣ, дар ҳамон мўҳлат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ эълон карда шавад. Агар дар ҳамин мўҳлат айб эълон карда нашавад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бояд чораи пешгириро фавран бекор намояд.
Моддаи 104. Тартиби татбиқ намудан, таѓйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ

1. Дар бораи татбиқ намудан, таѓйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя қарор ва суд таъинот мебароранд, ки дар онҳо зарурати татбиқи чораи пешгирӣ, таѓйир додан ва ё бекор кардани он нишон дода мешавад.

2. Ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ҳамчун чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд татбиқ карда мешавад.

3. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ба гумонбаршуда ва айбдоршаванда  қарор ё таъиноти татбиқ намудан, таѓйир додан ё ин ки бекор намудани чораи пешгириро эълон мекунад, тартиби шикоят намуданро фаҳмонида, нусхаи қарор ё таъинотро ба ў месупорад. Иҷрои амалҳои мазкур бо имзои гумонбаршуда ё айбдоршаванда ва шахси мансабдоре, ки қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгириро эълон намудааст, тасдиқ карда мешавад.

4. Агар ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ талаб намоянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда ё таѓйир дода мешаванд.
Моддаи 105. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат 

1. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат дар гирифтани ўҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бе иҷозати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя, монеъ нашудан ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, дар вақти таъиншуда ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ифода меёбад.

2. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда риоя накардани талаботи забонхат дар ҳаққи ў чораи сахттари пешгирӣ татбиқ карда мешавад, ки ин талабот ҳангоми гирифтани забонхат бояд ба ў эълон карда шавад.
Моддаи 106. Кафолати шахсӣ

1. Кафолати шахсӣ аз тарафи шахси ба боварӣ сазовор қабул кардани ўҳдадории хаттӣ аст, ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда ҳангоми дар озодӣ будан аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ё баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷиноятӣ машѓул намешавад. Шумораи кафилон бояд аз ду нафар кам набошад. 

2. Кафолати шахсӣ бо дархости хаттии кафилон ва ризои шахсе, ки ба ў кафолат дода мешавад, татбиқ мегардад.

3. Кафилон забонхат дода, тасдиқ мекунанд, ки моҳияти гумонбар ё айбдор кардани шахсе, ки ба вай кафолат медиҳанд ва масъулияти кафил ба онҳо фаҳмонда шудааст.

4. Дар сурати аз ҷониби кафил иҷро накардани ўҳдадориҳояш ў мутобиқи моддаи 117 Кодекси мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. 
Моддаи 107. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ

1. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ маънои ба зиммаи фармондеҳии қисми ҳарбӣ, қўшун, сардори муассисаи ҳарбӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар он адои хизмат мекунанд ё барои таълими ҳарбӣ ҷамъ омадаанд, гузоштани вазифаи таъмини рафтори матлуби онҳоро дорад.

2. Нусхаи қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгирии мазкур ба ҳайати фармондеҳӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти назорати он супорида шудааст, дода мешавад. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ дар бораи муқаррар намудани назорат мақомотеро, ки ин чораи пешгириро татбиқ намудааст, огоҳ месозад.

3. Ҳайати фармондеҳӣ барои иҷрои ўҳдадориҳояш оид ба назорат кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ба ў тобеъ ҳуқуқ дорад чораҳои дахлдори пешбининамудаи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад, ки метавонанд рафтори дахлдори ин шахсон ва ҳозир шудани онҳоро бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ таъмин кунанд.

4. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда содир намудани амале, ки ҷиҳати пешгирии он ҳамин чораи пешгирӣ андешида шуда буд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ бояд фавран дар ин бора ба мақомоте, ки чунин чораро  татбиқ кардааст, хабар диҳад.
Моддаи 108. Таҳти парасторӣ супоридани ноболиѓи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда

1. Таҳти парастории падару модар, парасторон, васиён ё дигар шахсони сазовори эътимод, инчунин намояндагони муассисаҳои махсуси кўдакон додани ноболиѓон аз он иборат аст, ки яке аз шахсони номбаршуда ба зиммаи худ ўҳдадории хаттӣ мегирад, ки ноболиѓи дар озодӣ будаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ва баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷинояткорӣ машѓул намешавад. 

2. Супурдани ноболиѓ таҳти парастории шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда бо дархости хаттии онҳо имконпазир аст. Дар айни замон онҳо доир ба хусусияти ҷиноят ва ҷавобгариашон дар сурати риоя накардани ўҳдадориҳои парасторӣ огоҳ карда мешаванд.

3. Шахсоне, ки ноболиѓи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти парасториашон супорида шудааст, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани ўҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 109. Гарав

1. Гарав аз супоридани маблаѓ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст. Маблаѓи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва суде, ки ин чораи пешгириро татбиқ мекунад, вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, вазъи молумулкии гаравгузор, вале на камтар аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян менамояд. Гарав ба шарте татбиқ карда мешавад, ки товони зарари моддии бо ҷиноят расонидашуда пурра баргардонида шуда бошад. Гарав нисбат ба шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбаршуда ё айбдоршуда татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №864)

2. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо ризои прокурор татбиқ мекунанд.

3. Ба гаравгузор, агар ў гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.

4. Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблаѓи гарав тибқи талаботи моддаи 118 Кодекси мазкур дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. 

5. Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблаѓи гаравро ҳал менамояд. Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблаѓи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ў баргардонида мешавад.
Моддаи 110. Ҳабси хонагӣ

1. Ҳабси хонагӣ аз комилан ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷамъият бе таҳти ҳабс қарор додан, вале бо татбиқи маҳдудиятҳои ҳуқуқии муайянкардаи суд, судя иборат аст.

2. Ҳабси хонагиро метавон бо чораҳои зерин дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ татбиқ кард:

– тамоман ё дар вақти муайян набаромадан аз манзил;

– манъи гуфтугўи телефонӣ, мукотибот ва истифодаи воситаҳои алоқа, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати панҷуми ҳамин қисм пешбинишуда;

– манъи робита бо шахсони муайян ва дар хонаи худ қабул кардани ягон шахс;

– истифодаи воситаҳои электронии назоратӣ, вогузории ўҳдадорӣ доир ба гирифта гаштани ин воситаҳо бо худ ва кори онҳоро таъмин намудан;

– ўҳдадор кардан дар хусуси ҷавоб додан ба зангҳои назорати телефонӣ ё дигар ишораҳои (сигналҳои) назоратӣ, занг задан бо телефон ё шахсан ҳозир шудан дар вақти муайян ба мақомоти таҳқиқ ё дигар мақомоти назораткунандаи рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда;

– ба зери назорат гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ё ин ки манзил, инчунин муҳофизати манзил ё дигар ҷои ба ў чун манзил ҷудо кардашуда;

– чораҳои дигар, ки рафтори дахлдор ва аз ҷамъият ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро таъмин менамоянд.

3. Асосҳо ва тартиби ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ кардани ҳабси хонагӣ, муқаррар намудан ва дароз кардани мўҳлати он, бекор кардани ҳабси хонагӣ бо меъёрҳои дахлдори марбут ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан танзим мегарданд.

4. Дар қарори судя ва таъиноти суд дар бораи ба ҳабси хонагӣ гирифтан маҳдудиятҳои мушаххасе, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ мегарданд, инчунин мақомот ё шахси мансабдоре нишон дода мешавад, ки чунин назоратро анҷом медиҳад.
Моддаи 111. Ба ҳабс гирифтан

1. Ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае татбиқ карда мешавад, ки барои ҷинояти содиркардаашон қонуни ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати зиёда аз ду сол пешбинӣ намудааст. Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст. Дар мавридҳои истисно ин чораи пешгирӣ, мумкин аст, нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда оид ба ҷиноятҳое, ки барояшон қонун ҷазои маҳрум кардан аз озодиро ба мўҳлати камтар аз ду сол пешбинӣ намудааст, татбиқ карда мешавад, ба шарте ки онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ надошта бошанд ё шахсияташон муқаррар карда нашуда бошад ё ин ки онҳо аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд пинҳон шуда бошанд ё чораи пешгириро риоя накарда бошанд. 

2. Ҳангоми зарурати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо ризои прокурор дархости дахлдорро дар шакли қарор ба суд пешниҳод менамоянд. Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рўи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ѓайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад. Агар дархост нисбат ба гумонбаршуда, ки бо тартиби муқарраркардаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, оѓоз карда шавад, қарор ва маводи номбурда ба судя на дертар аз 8 соат то ба охир расидани мўҳлати дастгиркунӣ бояд пешниҳод карда шавад.

3. Қарори оѓоз кардани дархост дар бораи интихоб кардани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз ҷониби судяи суди шаҳр ва ноҳия ё ин ки суди ҳарбии гарнизон бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда, прокурор, ҳимоятгар, ба шарте ки ҳимоятгар дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, аз рўи маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё ин ки аз рўи маҳалли дастгиршавии гумонбаршуда дар муддати 8 соат аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод баррасӣ карда мешавад. Гумонбаршудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, ба маҷлиси суд оварда мешавад. Дар маҷлиси суд инчунин намояндаи қонунии гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиѓ, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз вақти гузаронидани маҷлиси суд сари вақт огоҳонида шудаанд, барои баррасии дархост монеъ шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои ҳозир нашудани гумонбаршуда ё айбдоршаванда.

4. Дар оѓози маҷлис судя эълон мекунад, ки кадом дархост мавриди баррасӣ қарор мегирад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшонро мефаҳмонад. Пас аз он прокурор ё бо супориши ў шахси дархостро оғозкарда онро асоснок мекунад, сипас баёноти шахсони дигари дар маҷлиси суд ҳузурдошта шунида мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

5. Судя дархостро баррасӣ карда, яке аз қарорҳои зеринро мебарорад:

– дар бораи ба сифати чораи пешгири дар намуди ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтани гумонбаршуда ё айбдоршаванда иҷозат медиҳад; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

– дар бораи рад кардани дархост;

– дар бораи ба таъхир гузоштани қабули қарори дархост ба мўҳлати на зиёда аз 72 соат барои пешниҳоди далелҳои асосноки дастгиркунӣ. Дар ин маврид судя дар қарор муқаррар менамояд, ки мўҳлати дастгиркуниро то чанд  рўзу соат дароз мекунад. 

6. Қарори суд, судя ба шахси дархостро пешниҳодкарда, прокурор, гумонбаршуда ё айбдоршаванда равон карда мешавад ва бояд фавран иҷро гардад.

7. Дар хусуси ба ҳабс гирифтани ҳамон як шахс аз рўи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ пас аз баровардани қарори суд дар бораи рад  кардани интихоби ин чораи пешгирӣ танҳо ҳангоми пайдо шудани   ҳолатҳои нав, ки зарурати татбиқи ба ҳабс гирифтани шахсро ба миён меоваранд, такроран ба суд бо дархост муроҷиат кардан мумкин аст.

8. Агар масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда дар мурофиаи судӣ пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад.

9. Аз қарори судя дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан ё ин ки рад кардани он ба суди болоӣ бо тартиби кассатсионӣ дар муддати 3 шабонарўз аз рўзи баровардани қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин аст. Суде, ки чунин қарорро қабул кардааст, бояд на дертар аз рӯзи дигари ба охир расидани ин мӯҳлат шикоят ё эътирозро якҷоя бо мавод ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рўи шикоят ва ё эътироз дар муддати на дертар аз 3 шабонарўз аз лаҳзаи воридшавии мавод қарор қабул мекунад.  (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №809)

10. Шахсе, ки дар пешбурди ў парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, вазифадор аст, ки барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба шахсони дар моддаи 100 Кодекси мазкур нишондодашуда, дар хусуси хизматчиёни ҳарбӣ бошад, ба фармондеҳи қисми ҳарбӣ хабар диҳад.
Моддаи 112. Мўҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва тартиби дароз кардани он

1. Чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ҳангоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ набояд аз ду моҳ зиёд бошад.

2. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан аз вақти ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда то рўзи аз тарафи прокурор ба суд фиристодани парванда ҳисоб карда мешавад. Ба ин мўҳлат вақти нигоҳ доштани шахс дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ (тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти пешбурди тосудӣ), инчунин мўҳлати ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан ба ҳисоб гирифта мешавад.

3. Дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда дар вақти тафтиши пешакӣ то шаш моҳ аз ҷониби судяи суди ноҳия ва шаҳр ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 2 ва3 моддаи 111 Кодекси мазкур танҳо дар сурати ѓайриимкон будани анҷом додани тафтиш дар мўҳлати 2 моҳ ва дар сурати набудани асос барои нисбат ба айбдоршаванда татбиқ намудани чораи дигари пешгирӣ мумкин аст. Минбаъд дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба мўҳлати зиёда аз шаш моҳ танҳо дар ҳаққи шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин айбдоршаванда, инчунин дар ҳаққи шахсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содирнамудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ надоранд, мумкин аст, ба шарте ки барои гумон кардан асосҳои кофӣ бошанд, ки онҳо аз тафтиш ва суд берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон мешаванд. Дар ин сурат дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро судяи ҳамон суд дар асоси дархости муфаттиш бо ризои прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ризои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳодкарда ба мўҳлати то 12 моҳ амалӣ менамояд.

4. Мўҳлати зиёда аз 12 моҳ дар ҳабс нигоҳ доштан танҳо дар     ҳолатҳои истисноӣ, нисбат ба шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин айбдор карда мешаванд, аз ҷониби судяҳои суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муфаттиш, ки бо ризои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў пешниҳод гардидааст, ба муҳлати то 18 моҳ дароз намудан мумкин аст. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад.

5. Минбаъд ба дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан роҳ дода намешавад ва айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 8 ҳамин модда пешбинишуда.

6. Маводи тафтиши анҷомёфтаи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бояд дар мўҳлати на дертар аз 30 шабонарўз то анҷоми мўҳлати муайяншудаи дар ҳабс нигоҳ доштан, ки қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда муайян кардаанд, пешниҳод гардад.

7. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ маводи парвандаи ҷиноятӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў дар муддати камтар аз 30 шабонарўз то анҷоми мўҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан пешниҳод шуда бошад, он гоҳ пас аз гузаштани ин мўҳлат айбдоршаванда ҳатман озод карда мешавад. Дар ин маврид айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд минбаъд бо маводи парвандаи ҷиноятй шинос шаванд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

8. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ мўҳлати пешбиникардаи қисми 6 ҳамин модда оид ба пешниҳоди маводи парвандаи ҷиноятии мазкур ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў риоя шуда бошаду лекин 30 шабонарўз барои шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ камӣ кунад, муфаттиш ҳуқуқ дорад на дертар аз 5 рўзи то анҷом ёфтани мўҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан бо ризои прокурорҳои дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда пешбинишуда мувофиқан ба судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дархост пешниҳод намояд.

9. Судяи суди дахлдор дар давоми 5 шабонарўзи баъди қабул кардани дархост бояд яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:

– дар бораи дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан то лаҳзаи анҷом додани шиносшавии айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз ҷониби прокурор ба суд фиристонидани парвандаи ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолати дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда;

– дар бораи рад кардани дархост ва аз ҳабс озод кардани айбдоршаванда.

10. Ба мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчунин мўҳлатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:

–  муддати дастгир шудани шахс ба сифати гумонбаршуда;

– муддати дар ҳабси хонагӣ будан;

– муддати дар ҳабс будани шахс дар ҳудуди давлати хориҷа аз рўи талаботи расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ё ин ки мутобиқи талаботи моддаи 481 Кодекси мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ў;

– муддати дар асоси қарори суд ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан.

11. Дар сурати такроран татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда дар рафти тафтиши пешакии ҳамон як парванда, инчунин парвандаи ҷиноятии ба он ҳамроҳ ё аз он ҷудо кардашуда мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо ба ҳисоб гирифтани мўҳлати пештар таҳти ҳабс қарор доштанашон ҳисоб карда мешавад.

12. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки мўҳлати бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ба охир расидаасту аз рўи ҳолатҳои кор бошад, чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан таѓйир додан мумкин нест, мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда дароз карда мешавад. Дар ин маврид мўҳлати дар суд будани парвандаи ҷиноятӣ ба инобат гирифта намешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.