Чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ

БОБИ 13.

Чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ
Моддаи 113. Асосҳо барои татбиқи чораҳои дигари маҷбурии  мурофиавӣ

1. Бо мақсади таъмини тартиби бо Кодекси мазкур пешбинишудаи тафтиш ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои дахлдори ҳукм таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда чораҳои дигари зерини маҷбурии мурофиавиро татбиқ намоянд:

– муваққатан дур кардан аз вазифа;

– маҷбуран овардан;

– ҷарима таъин кардан;

– ҳабси молу мулк, аз ҷумла маблаѓи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ.

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияташон ҳуқуқ доранд дар ҳаққи ҷабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиа чораҳои маҷбурии мурофиавии зайлро татбиқ намоянд:

– маҷбуран овардан;

– таъин кардани ҷарима.
Моддаи 114. Муваққатан дур кардан аз вазифа

1. Муваққатан дур кардан аз вазифа аз он иборат аст, ки ба айбдоршаванда иҷро намудани ваколат ё машѓул шудан ба фаъолияте, ки ў пештар анҷом  медод, манъ карда мешавад.

2. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор барои муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба суд дархост пешниҳод менамояд. Ин дархост аз ҷониби судя бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 2-10 моддаи 111 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.

3. Қарори муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба роҳбари ҷои кораш равон карда мешавад ва ў вазифадор аст дар мўҳлати се шабонарўз баъди гирифтани қарор онро иҷро карда, дар ин бора ба шахси мансабдори мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд, ки қарори дур карданро аз вазифа қабул кардааст, огоҳ кунад.

4. Айбдоршавандаи аз вазифа дуркардашуда ҳуқуқ дорад бо кўмакпулии ҳармоҳаи давлатӣ дар ҳаҷми на камтар аз аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъмин карда шавад, ба шарте ки ў дар натиҷаи ҳолатҳои ба ў новобаста ба кори дигар гузашта натавонад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №864)
Моддаи 115. Маҷбуран овардан

1. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба даъват ҳозир нашудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бо қарори асосноки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ва ё бо таъиноти суд онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маҷбуран оварда мешаванд. Сабабҳои узрноки ҳозир нашудан ба даъват ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 224 Кодекси мазкур нишондодашуда эътироф мешаванд. Дар бораи мавҷуд будани сабабҳои узрнок, ки ба ҳозир шудан дар мўҳлати муайяншуда тибқи даъват монеа шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бояд мақомоти даъватнамударо огоҳ кунад.

2. Қарор (таъинот)-и маҷбуран овардан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида қабл аз иҷрои он эълон карда, ин ҳолат бо имзои онҳо дар қарор тасдиқ карда мешавад.

3. Маҷбуран овардан ҳангоми шаб ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир иҷозат дода намешавад.

4. Маҷбуран овардани ноболиѓи то 14 – сола, зани ҳомила, инчунин беморе, ки бо вазъи саломатӣ наметавонанд ё набояд маҳалли будубоши худро тарк намоянд ва ин ҳолат аз ҷониби духтури муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 116. Ҳабси молу мулк

1. Ҳабси молу мулк чораи маҷбурии мурофиавӣ буда, аз номнависи молу мулк ва ба молик ё соҳиби он манъ кардани ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдани ин молу мулк иборат аст. 

2. Ҳабси молу мулк барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ба суд дархост менамояд. Судя дар бораи ҳабси молу мулк қарор мебарорад.

3. Ҳабси молу мулк аз он иборат аст, ки ба молик ё соҳиби он манъи ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ манъи истифодаи ин молу мулк эълон карда ё ситонида, барои нигоҳдошт супорида мешавад.

4. Ҳабси молу мулк ва тартиб додани протокол тибқи қоидаҳои моддаҳои 172 ва 173  Кодекси мазкур сурат мегирад.

5. Ҳабси молу мулке, ки мутобиқи замимаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи зарурати аввал ба ҳисоб меравад, мумкин нест.

6. Ҳабси молу мулк бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисе, ки арзиши онро муайян менамояд, сурат мегирад.

7. Молу мулки ба ҳабс гирифтаро ситонидан ё бо салоҳияти шахсе, ки онро боздошт кардааст, барои нигоҳдошт ба намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоти истифодаи манзил, молики ин молу мулк ё ба дигар шахсе, ки барои таъмини нигоҳдошти он мутасаддӣ шудааст, супоридан мумкин аст, ки дар ин бора забонхат гирифта мешавад.

8. Ҳабси маблаѓи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, коѓазҳои қиматнок ҳама гуна амалиёти додугирифтро қатъ мекунад.

9. Ҳабси молу мулк бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судяе, ки парванда таҳти пешбурди онҳо қарор дорад, бекор карда мешавад, ба шарте ки зарурат ба ин чора аз байн равад.
Моддаи 117. Ҷарима

Барои иҷро накардани ўҳдадориҳои мурофиавӣ, риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 118 Кодекси мазкур ба миқдори то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 118. Тартиби таъини ҷарима ва ба фоидаи давлат гузаронидани маблаѓи гарав

1. Ҷарима дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 117 Кодекси мазкур аз ҷониби суд таъин карда мешавад.

2. Агар ўҳдадориҳои мурофиавӣ иҷро нашуда, дар маҷлиси суд тартибот риоя нашуда бошад, қарори ҷарима таъин кардани суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, дар ҳамон маҷлиси суд қабул карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароварда мешавад.

3. Агар ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаи 117 Кодекси мазкур пешбинишуда дар давраи тосудии пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ содир шуда бошанд, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ин хусус протокол тартиб дода, онро ба суд ирсол мекунад. Протокол аз ҷониби судя дар давоми панҷ шабонарўз бо даъвати шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки дар бораи ў протокол тартиб дода шудааст, баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани ҳуқуқвайронкунанда барои баррасии он монеъ шуда наметавонад.

4. Оид ба баррасии протокол судя дар бораи таъин кардан ё накардани ҷарима қарор мебарорад. Нусхаи қарор ба шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки нисбаташ ҷарима таъин карда шудааст,     фиристода мешавад.

5. Масъалаи ба фоидаи давлат гузаронидани маблаѓи гарав дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 109 Кодекси мазкур аз ҷониби суд, судя дар маҷлиси суд бо баровардани таъинот (қарор) ҳаллу фасл мешавад. 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.