ТАРТИБИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 18.

ТАРТИБИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 146. Оѓози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии умумӣ

1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи моддаи 140 Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар бораи оѓози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунанд.

2. Дар қарор вақт ва маҳалли қабули он, аз ҷониби кӣ қабул карда шудани он, сабаб ва асосҳо барои оѓози парванда, моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он парвандаи ҷиноятӣ оѓоз шудааст, инчунин самти минбаъдаи парванда нишон дода мешавад. Нусхаи қарор дар бораи оѓози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад. 
Моддаи 147. Оѓози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ- умумӣ

1. Парвандаҳои ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 3 моддаи 24 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор тибқи  муқаррароти Кодекси мазкур, танҳо бо аризаи ҷабрдида оѓоз гардида, дар сурати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Дар  ҳолатҳои истисно, агар парванда дар бораи  ягон ҷинояти пешбиникардаи қисми 3 моддаи 24 Кодекси мазкур дорои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ бошад ё ҷабрдида оид ба ҳамин парванда бо сабаби вазъи оҷизонаи худ, вобастагӣ аз айбдоршаванда ва ё дигар сабабҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ қодир набошад, прокурор ҳуқуқ дорад бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оѓоз кунад. Чунин парванда бо сабаби оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 148. Равон кардани парвандаи  оѓозшуда

Пас аз қабули қарор дар хусуси оѓози парванда:

– мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳое, ки пешбурди тафтиши пешакиашон ҳатмист, баъди иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир аз ҷониби таҳқиқбаранда парвандаро барои пешбурди тафтиши пешакӣ фиристода, аз рўи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 1 моддаи 154 Кодекси мазкур бошад, таҳқиқ мегузаронад;

– муфаттиш баъди қабули парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурўъ мекунад;

– прокурор парвандаи ҷиноятиро барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба муфаттиш ё таҳқиқбаранда равон мекунад ё худаш ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурўъ мекунад.
Моддаи 149. Рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ

1. Ҳангоми мавҷуд набудани асос барои оѓози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор оид ба рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебароранд.

2. Нусхаи қарор дар бораи рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ дар мўҳлати се шабонарўз ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё мансабдоре, ки аз он ариза ё иттилоот гирифта шудааст, равон карда мешавад. 

3. Дар айни замон ба онҳо бояд ҳуқуқҳояшон ва тартиби шикоят кардан аз қарор фаҳмонда шаванд.

4. Аз қарор дар бораи рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ дар давоми чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи қарор ба прокурор ва дар хусуси аз ҷониби прокурор рад кардан аз қонеъ гардонидани шикоят бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба прокурори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.

5. Ҳангоми рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояте, ки вобаста ба содир шудани он иттилоъ аз шахс гирифта шудааст, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда масъалаи оѓози парвандаи ҷиноятиро вобаста ба иттилои бардурўѓи шахс дида мебароянд.

6. Иттилооте, ки дар бораи содир намудани ҷиноят дар воситаҳои ахбори омма чоп гардида, дар рафти тафтиш тасдиқи худро наёфтааст,  дар ҳамон воситаи ахбори омма дар ин бора раддия чоп карда мешавад.
Моддаи 150. Назорати прокурор ҷиҳати қонунӣ будани оѓози парвандаи ҷиноятӣ

Прокурор ҳангоми амалӣ гардонидани назорат ҷиҳати қонунӣ будани оѓози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад:

– мўҳлати баррасии ариза ё иттилоотро бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 145 Кодекси мазкур дароз намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад намудан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда, маводро барои санҷиши иловагӣ ирсол намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оѓози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва оѓози парвандаи ҷиноятиро рад намояд;

–  қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва  парвандаи ҷиноятиро оѓоз намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оѓози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро, агар оид ба он амалҳои тафтишӣ анҷом дода шуда бошанд, қатъ кунад.

test

Добавить комментарий