ТАҲҚИҚ ВА ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

ФАСЛИ VII.

ТАҲҚИҚ ВА ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

БОБИ 19.

ТАҲҚИҚ

Моддаи 151. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ

Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 119, 120, 125 қисми 1, 126, 131 қисми 1, 171, 195 қисми 4, 213 қисми 1, 230, 232, 234, 235, 237 қисми 1, 238, 242 қисми 1, 243, 244 қисми 1, 252 қисми 1, 254 қисми 1, 255 қисми 1, 256, 259 қисми 1, 286 қисми 1, 294, 341, 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти таҳқиқ анҷом дода мешавад.
Моддаи 152. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ

Фаъолияти мақомоти таҳқиқ вобаста ба амалиёташон бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист ё ин ки бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, фарқ мекунад.
Моддаи 153. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ дар мавриди парвандаҳое, ки доир ба онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмист

1. Дар сурати мавҷуд будани аломатҳои ҷинояте, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро оѓоз намояд. Таҳқиқбаранда қоидаҳои Кодекси мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят мегузаронад, чунончӣ: азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, гўш кардан ва сабти гуфтугў, нишон додан барои шинохтан, шаҳодаткунонӣ, дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, ҷабрдида ва шоҳидон. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Оид ба ҷинояти ошкоршуда ва оѓози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор хабар медиҳад.

3. Пас аз иҷро намудани амалҳои таъхирнопазири тафтишӣ, вале на дертар аз даҳ шабонарўз аз рўзи оѓози парванда мақомоти таҳқиқ вазифадор аст парвандаро ба муфаттиш супорад.

4. Баъд аз он ки парванда ба муфаттиш супорида шуд, мақомоти таҳқиқ амалҳои тафтишӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо супориши муфаттиш анҷом дода метавонад. Дар сурати ба муфаттиш супорида шудани парвандае, ки оид ба он ошкор кардани шахси содиркунандаи ҷиноят муяссар нашудааст, мақомоти таҳқиқ вазифадор аст барои муқаррар намудани шахси ҷиноятро содиркарда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро давом дода, муфаттишро аз натиҷаҳои бадастоварда хабардор кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

Моддаи 154. Тартиби таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онҳо ҳатмӣ нест

1. Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, мақомоти таҳқиқ парвандаро оѓоз мекунад ва барои муқаррар намудани ҳолатҳое, ки бояд оид ба парвандаи ҷиноятӣ исбот карда шаванд, ҳамаи чораҳои пешбиникардаи Кодекси мазкурро меандешад.

2. Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, маводи таҳқиқ барои дар суд баррасӣ намудани парванда асос мегардад.

3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар боби 46 Кодекси мазкур пешбинишуда мақомоти таҳқиқ пешбурди суръатнокро анҷом медиҳад.
Моддаи 155. Мўҳлати пешбурди таҳқиқ

1. Оид ба парвандае, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, пешбурди таҳқиқ бояд дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарўз аз рўзи оѓози парвандаи ҷиноятӣ то рўзи ба прокурор барои ба суд равон кардан ё то рўзи қатъ кардани пешбурди парванда тамом карда шавад.

2. Ба мўҳлати пешбурди таҳқиқ муддате, ки дар давоми он таҳқиқ бо асосҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур боздошта шуда буд, дохил намешавад.

3. Мўҳлати бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи пешбурди таҳқиқ мумкин аст аз тарафи прокурор ё муовини ў дароз карда шавад, вале на зиёдтар аз понздаҳ шабонарўз.

4. Дар ҳолатҳои истисноӣ мўҳлати пешбурди таҳқиқи парванда мумкин аст тибқи қоидаҳои муқарраркардаи моддаи 168 Кодекси мазкур дароз карда шавад.
Моддаи 156. Ҳолатҳои истисноии пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки доир ба он тибқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, ба шарте ки ҷиноят аз тарафи ноболиѓ, шахси номукаллаф ё баъди содиркунии ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифторшуда содир карда шуда бошад, ҳатман тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 157. Анҷом додан ва боздоштани таҳқиқ

1. Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, бо тартиб додани қарор дар бораи ба муфаттиш равон кардани парванда анҷом меёбад.

2. Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарори қатъ кардани парванда анҷом меёбад. 

3. Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбинишудаи моддаи 234 Кодекси мазкур, мақомоти таҳқиқ парвандаро бо қарори асоснок қатъ намуда, нусхаи онро дар муддати як шабонарўз ба прокурор равона мекунад. 

4. Дар сурати қатъ карда шудани парванда нисбати даъватшаванда мақомоти таҳқиқ дар муддати ҳафт шабонарўз дар ин хусус ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) хабар медиҳад. 

5. Дар мавридҳои дигар фикри айбдоркунӣ тартиб дода, бо якҷоягии ҳамаи маводи таҳқиқ парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

6. Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбиникардаи моддаи 230 Кодекси мазкур мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаеро, ки доир ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, боздорад. Дар бораи боздоштани таҳқиқ қарор бароварда, нусхаи он дар муддати як шабонарўз ба прокурор равон карда мешавад.
Моддаи 158. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати пешбурди таҳқиқ

Прокурор дар рафти назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми пешбурди таҳқиқ ҳуқуқ дорад:

– аз мақомоти таҳқиқ маводи таҳқиқро талаб карда гирад;

– парвандаи ҷиноятӣ оѓоз намояд;

-парвандаи оѓозшударо барои пешбурди тафтиши пешакӣ равон кунад;

– ваколатҳои дигарро, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ гардонад.

test

Добавить комментарий