АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ, ШАҲОДАТКУНОНӢ, ОЗМОИШИ (ЭКСПЕРИМЕНТИ) ТАФТИШӢ

БОБИ 21.

АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ, ШАҲОДАТКУНОНӢ, ОЗМОИШИ (ЭКСПЕРИМЕНТИ) ТАФТИШӢ
Моддаи 182. Асос барои пешбурди азназаргузаронӣ

1. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса, маҳал, бино, асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо бо мақсади ошкор кардани осори ҷиноят ва дигар объектҳои моддӣ, муайян кардани дигар ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок анҷом дода мешавад.

2. Дар мавридҳои таъхирнопазир азназаргузаронии ҷои ҳодисаро то оѓози парвандаи ҷиноятӣ анҷом додан мумкин аст.
Моддаи 183. Тартиби пешбурди азназаргузаронӣ

1. Азназаргузаронӣ бо иштироки шахсони холис сурат  мегирад. Дар ҳолатҳои истисно (дар маҳалҳои душворгузар, ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳои дахлдори иттилоот, инчунин дар ҳолатҳое, ки азназаргузаронӣ барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок бошад) азназаргузаронӣ бидуни шахсони холис анҷом дода мешавад.

2. Муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд барои иштирок дар азназаргузаронӣ айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассисро ҷалб намоянд.

3. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми азназаргузаронӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, ба навори видео гирифтан, нақшакашӣ ва тарҳрезӣ анҷом дода мешавад. Қолаб ва нусхаи изҳо бардошта мешаванд ва дар сурати имконпазирӣ худи из якҷоя бо асбобу анҷом ё як қисми он бо истифода аз воситаю усулҳои техникии иҷозатдодаи қонун гирифта мешавад.

4. Азназаргузаронии изҳо ва дигар объектҳои моддии ошкоршуда дар маҳалли пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода мешавад. Агар барои азназаргузаронӣ мўҳлати зиёд лозим бошад ё азназаргузаронӣ дар ҷойи муайяншуда ниҳоят душвор бошад, объектҳо бояд гирифта, печонда ва мўҳр зада, бидуни расонидани осеб ба ҷойи дигари барои азназаргузаронӣ мусоид оварда мешаванд.

5. Ҳамаи чизҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ошкоргардида ва гирифташуда бояд ба шахсони холис, дигар иштирокчиёни азназаргузаронӣ нишон дода шаванд.

6. Танҳо объектҳое гирифта мешаванд, ки ба парванда дахл доранд. Объектҳои гирифташуда бастубанд ва мўҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда мешаванд.

7. Иштирокчиёни азназаргузаронӣ ҳуқуқ доранд таваҷҷўҳи муфаттишро ба ҳамаи он чизе, ки ба ақидаи онҳо, метавонад ба дақиқ сохтани ҳолатҳои парванда мусоидат намояд, ҷалб кунанд.

8. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматӣ бояд ҳозир будани шахси болиѓи маскуни он таъмин карда шавад. Дар сурати имконнопазирии ҳозир шудани ў намояндагони ташкилоти манзилию коммуналӣ ё маъмурияти маҳаллӣ даъват карда мешаванд ва азназаргузаронии манзил бо риояи талаботи моддаи 13 Кодекси мазкур амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

9. Азназаргузаронӣ дар бинои корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо иштироки намояндагони онҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад.

10. Азназаргузаронӣ дар биноҳое, ки намояндагиҳои дипломатӣ ҷойгир шудаанд, ҳамчунин дар биноҳое, ки аъзои намояндагии дипломатӣ ва оилаи онҳо истиқомат мекунанд, танҳо бо хоҳиш ё ризои намояндаи дипломатӣ ва дар ҳузури онҳо анҷом дода мешавад. Ризои намояндаи дипломатӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад. Ҳангоми азназаргузаронӣ иштироки прокурор ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
Моддаи 184. Азназаргузаронии ҷасад, эксгуматсия 

1. Муфаттиш азназаргузаронии зоҳирии ҷасадро дар ҷойи ошкор намудани он бо иштироки шахсони холис ва коршиноси судии тиббӣ ва агар иштироки ў имконнопазир бошад бо иштироки духтури дигар анҷом медиҳад. 

2. Ҷасадҳои шинохтанашуда бояд ҳатман аксбардорӣ ва дактилоскопия карда шаванд.

3. Ҳангоми зарурати аз ҷои дафн (гўр) ҷиҳати азназаргузаронӣ берун овардани ҷасад муфаттиш қарор мебарорад. Иҷрои қарор дар бораи аз ҷои дафн (гўр) берун овардани ҷасад (эксгуматсия) барои маъмурияти қабристон ва хешовандони наздики фавтида ҳатмӣ мебошад.

4. Берун овардани ҷасад аз ҷои дафн ва азназаргузаронии он бо иштироки шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда сурат мегирад.
Моддаи 185. Азназаргузаронӣ ва нигаҳдошти далелҳои шайъӣ

1. Ашёе, ки мутобиқи моддаи 78 Кодекси мазкур далели шайъӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ё бино ошкор шудааст, ҳангоми пешбурди кофтуков, ёфта гирифтан, озмоиши тафтишӣ ё амали дигари тафтишӣ гирифта шудааст ё бо талаби муфаттиш корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон пешниҳод кардаанд, бояд тибқи қоидаҳои моддаи 183 Кодекси мазкур аз назар гузаронида шаванд.

2. Дар бораи далели шайъӣ эътироф намудани ашё ва ба парванда замима кардани он муфаттиш қарор мебарорад. Дар ҳамон қарор бояд масъалаи ба парванда хамроҳ кардани далели шайъӣ ё ба молики он ё ба шахсони дигар ё ба ташкилот барои нигоҳдошт супоридани он ҳал карда шавад.

3. Агар ашё вобаста ба калонҳаҷм будан ё дигар сабабҳо ба парванда ҳамроҳ карда нашавад, он бояд аксбардорӣ шуда, аз рўи имкон мўҳргузорӣ ва дар ҷои муайяннамудаи муфаттиш ҳифз гардад. Дар бораи ҷои нигаҳдошти далели шайъӣ дар парванда бояд маълумотномаи дахлдор мавҷуд бошад.

4. Далели шайъии зуд нобудшаванда, ба шарте ки онро ба моликаш баргардонидан имконнопазир бошад, ба муассисаи дахлдор  барои тибқи таъинот истифода бурдан супурда мешавад. Ҳангоми  мавҷуд будани асос ба ивази он ба молик ҳамон гуна чизи дорои ҳамон гуна сифат баргардонида ва ё арзиши он пардохт мешавад.

5. Дар ҳолатҳои бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур боздошта шудани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба маълумоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон ё махсусан калон, дар асоси қарори муфаттиш ва бо розигии прокурор, бо иштироки ҳатмии мутахассис ва шахсони холис бо татбиқи сабти видео ва аксбардорӣ аз ҳаҷми умумии далелҳои шайъӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ намунаҳо мутаносибан ба андозаи на камтар аз ҳадди ибтидоии миқдори калон ё махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар замимаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷудо карда гирифта мешаванд. Қисми боқимондаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 01.08.2012с, № 878)

6. Ҳангоми қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи тафтиш масъалаи далелҳои шайъӣ тибқи қоидаҳои қисми 3 моддаи 78 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 186. Шаҳодаткунонӣ

1. Барои дар бадани инсон ошкор кардани  нишонаҳои махсус, осори ҷиноят, захмҳои ҷисмонӣ, муайян  кардани ҳолати мастӣ ё дигар хусусият ва аломатҳое, ки барои парванда муҳиманд, ба шарте ки он муоина кардан (экспертиза)-ро тақозо накунад, мумкин аст, шаҳодаткунонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид ба ҷо оварда шавад. Дар бораи гузаронидани  шаҳодаткунонӣ муфаттиш қарор мебарорад.

2. Қарори гузаронидани шаҳодаткунонӣ барои гумонбаршуда ва айбдоршаванда ҳатмист.

3. Шаҳодаткунонӣ аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис, дар мавридҳои зарурӣ бошад, бо иштироки духтур ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки ин амали тафтишӣ бо бараҳна кардани шахси муоинашаванда алоқаманд бошад, муоина бо иштироки шахсони холиси ҳамҷинс анҷом дода мешавад.

4. Муфаттиш ҳангоми муоинаи шахси ҷинси дигар иштирок намекунад, ба шарте ки он бо бараҳна кардани шахс алоқаманд бошад. Дар ин сурат муоина аз ҷониби духтур бо иштироки шахсони ҳамҷинси холис анҷом дода мешавад.
Моддаи 187. Протоколи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ

1. Муфаттиш дар бораи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.

2. Дар протокол ҳамаи амалҳои муфаттиш, дар баробари он тамоми объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ ошкоргардида бо ҳамон пайдарҳамие, ки азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифта буд ва дар ҳамон шакле, ки объекти ошкоргардида дар лаҳзаи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ мушоҳида шудааст, дарҷ мегардад. Дар протокол ҳамаи объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ гирифташуда номбар ва дарҷ карда мешаванд.

3. Дар протокол ба ѓайр аз он бояд чунин нуқтаҳо зикр карда шаванд:

– дар кадом вақт, дар чӣ хел ҳаво, дар чӣ хел рушноӣ азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифт;

– кадом воситаҳои техникӣ татбиқ шуд ва натиҷаҳои он чӣ гуна аст;

– киҳо ба азназаргузаронӣ ва ё шаҳодаткунонӣ ҷалб шуданд ва моҳияти иштироки онҳо аз чӣ иборат аст;

– кадом объектҳо мўҳр зада шудаанд ва бо кадом мўҳр;

– ҷасад ё ашёҳое, ки барои парванда аҳамиятноканд, пас аз шаҳодаткунонӣ ба куҷо равона карда шудаанд.
Моддаи 188. Озмоиши (эксперименти) тафтишӣ

1. Бо мақсади озмоиш ва аниқ намудани маълумоте, ки барои парванда аҳамиятноканд, муфаттиш ҳуқуқ дорад бо роҳи аз нав такрор намудани амалиёт, вазъ ё ҳолатҳои дигари ҳодисаи муайян кардан ва анҷом додани амали зарурии таҷрибавӣ озмоиши (эксперименти) тафтиширо анҷом диҳад. Дар айни замон имконияти дарки ягон далел, анҷом додани ҳаракати муайян, фарорасии ягон воқеа санҷида шуда, инчунин пайдарҳамии ҳодисаи рухдода ва тариқи ба вуҷуд омадани изҳо санҷида мешавад. Озмоиши тафтишӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки он ба саломатии иштирокчиёнаш хавфнок набошад.

2. Ҳангоми озмоиши тафтишӣ бояд шахсони холис иштирок дошта бошанд. Дар сурати зарурат барои иштирок дар озмоиши тафтишӣ мумкин аст гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассис, коршинос, шахсоне, ки амалиёти таҷрибавиро анҷом медиҳанд, ҷалб карда шаванд. Ба иштирокчиёни озмоиши тафтишӣ мақсад ва тартиби гузаронидани он фаҳмонда мешавад.

3. Дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳангоми озмоиши тафтишӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз ва видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо таҳия карда мешаванд.
Моддаи 189. Протоколи озмоиши тафтишӣ

1. Дар хусуси гузаронидани озмоиши тафтишӣ муфаттиш бо риояи талаботи моддаҳои 172-173 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.

2. Дар протокол шароит, ҷараён ва натиҷаҳои озмоиши тафтишӣ муфассал инъикос  гардида, инҳо зикр мешаванд:

– бо кадом мақсад‚ кай ва дар куҷо ва дар кадом шароит озмоиш гузаронида шуд;

– айнан такрор кардани вазъият ва ҳолати ҳодиса дар чӣ мушаххас аён гардид;

– кадом ҳаракатҳои таҷрибавӣ, бо кадом пайдарҳамӣ, аз ҷониби кӣ ва чанд маротиба анҷом дода шуд;

– натиҷаҳои ба даст омада чӣ гунаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.