КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАҚАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ

БОБИ 22. КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАҚАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ
Моддаи 190. Асосҳо барои гузаронидани кофтуков

1. Барои кофтуков мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи тахмини он ки дар ягон бино ё ягон ҷой ё дар ягон шахс мумкин аст олоти ҷиноят, ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ё чизҳои арзишманди барои парванда аҳамиятнок мавҷуд бошад, асос мегардад.

2. Кофтуков инчунин мумкин аст бо мақсади ошкор намудани шахси ҷустуҷўшаванда ва ҷасад гузаронида шавад.
Моддаи 191. Асосҳо барои дарёфт кардан

Ҳангоми зарурати дарёфти ашёҳо ё ҳуҷҷатҳои муайян, ки барои парванда аҳамият доранд, ба шарте ки дар куҷо ва дар дасти кӣ будани онҳо маълум бошад, кофтуков ва дарёфти онҳо гузаронида мешавад.
Моддаи 192. Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан

1. Кофтуков ва дарёфт кардан бо қарори асоснок аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бо иҷозати суд, судя гузаронида мешавад. 

2. Кофтуков ва дарёфти ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшуда бояд аз ҷониби суд, судя иҷозат дода шавад.

3. Дар ҳолатҳои истисно, ҳангоми мавҷуд будани хавфи воқеӣ, ки объекти ҷустуҷўшаванда ва ё дарёфташаванда аз сабаби сари вақт ошкор накардан гум ё вайрон карда мешавад ё ба мақсадҳои ҷиноятӣ истифода мегардад ё шахси ҷустуҷўшаванда пинҳон мешавад, мумкин аст бе иҷозати суд, судя кофтуков гузаронида дар ин бора дар давоми 24 соат ба суд маълумоти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

4. Пеш аз оѓози кофтуков таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор шахсони манфиатдорро бо қарори гузаронидани кофтуков шинос мекунанд. 

5. Кофтуков ва ёфта гирифтан бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассис ва тарҷумон сурат мегирад.

6. То оѓози кофтуков‚ ёфта гирифтан таҳқиқбаранда, муфаттиш бояд қарорро ба прокурор дар хусуси аз тарафи прокурор ба суд пешниҳод намудани дархост ирсол намоянд.

7. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ба кофтуков шурўъ намуда, пешниҳод мекунанд, ки ашё ва ҳуҷҷатҳои барои парванда аҳамиятнок ихтиёран супурда шаванд. Агар онҳо ихтиёран супурда шаванд ва хавфи ниҳон кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташаванда аз байн равад, кофтукови минбаъда қатъ карда мешавад.

8. Ҳангоми кофтуков мумкин аст қулфи бино ва анбори маҳкам, ба шарте ки соҳиби он аз ихтиёран кушодан саркашӣ кунад, маҷбуран кушода мешавад. Бе зарурат ба вайрон кардани қулфи дар ва дигар ашё иҷозат дода намешавад.

9. Ҳангоми дарёфт кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои ҷустуҷўшаванда таҳқиқбаранда, муфаттиш онҳоро маҷбурӣ меситонанд.

10. Кофтуков ва дарёфт кардан дар манзили истиқоматӣ, бинои корхонаю ташкилот ва муассиса бо иштироки шахсони дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 183 Кодекси мазкур зикргардида анҷом дода мешавад.

11. Кофтуков ва дарёфт кардан дар биное, ки намояндагони дипломатӣ ишѓол кардаанд, инчунин дар манзиле, ки онҳо бо оилаашон зиндагӣ доранд, бо риояи талаботи муайяннамудаи қисми 10 моддаи 183 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

12. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш вазифадоранд барои фош накардани маълумоти дахлдори ҳаёти шахсии онҳое, ки дар ин бино зиндагӣ мекунанд ва ё шахсони дигари ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардан ошкоршуда чораҳо андешад.

13. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд ба шахсоне, ки дар бино ё маҳалли кофтуков ё дарёфт карда гирифтан ҳузур доранд, инчунин ба шахсоне, ки ба ин бино ё маҳал меоянд, то охири кофтуков ё дарёфт кардан тарк намудани онро, инчунин байни ҳам ё бо дигар шахсон мусоҳиб шудани онҳоро манъ кунанд.

14. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан бояд қатъиян бо гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки ба парванда муносибат дорад, маҳдуд шаванд. Ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки барои муомилот манъ шудааст, сарфи назар аз алоқамандӣ бо парванда бояд  гирифта шаванд.

15. Ҳамаи ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд ба шахсони холис ва дигар иштирокчиён нишон дода, ҳангоми зарурат дар ҷои кофтуков ё ёфта гирифтан бастубанд ва мўҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 193. Кофтукови шахсӣ

1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 190 ва бо риояи талаботи қисмҳои 5 ва 7 моддаи 192 Кодекси мазкур прокурор, таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор ва гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳо, ки шояд дар бадан, либос ё асбобу анҷоми шахс мавҷуд аст, кофтукови шахсиро анҷом диҳанд.

2. Ҳангоми дастгир намудани шахс ё ба ҳабс гирифтан, инчунин ҳангоми будани асосҳои кофӣ, бо тахмини он ки шахси дар бино ё дигар ҷой ҳузурдошта, ки дар он ҷо кофтуков сурат мегирад, ҳуҷҷатҳо ё ашёи барои парванда аҳамиятнокро пинҳон намудааст, кофтукови шахсиро бе қарори махсус анҷом додан мумкин аст.

3. Кофтукови шахсӣ танҳо аз ҷониби шахси бо кофтуковшаванда ҳамҷинс ва бо иштироки шахсони холис ва мутахассисони ҳамҷинс   анҷом дода мешавад.
Моддаи 194. Протоколи кофтуков ва дарёфт кардан

1. Шахсе, ки кофтуков ё дарёфт карданро анҷом медиҳад, бо риояи талаботи моддаҳои 172, 173 ва 192 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.

2. Дар протокол бояд зикр гардад, ки дар куҷо, дар кадом ҳолат ашё ва ҳуҷҷатҳо ошкор гардиданд, онҳо ихтиёрӣ дода ё маҷбурӣ гирифта шудаанд. Шумора, андоза, вазн, аломатҳои инфиродӣ ва ҳаддалимкон бо арзиши ҳамаи ашёҳои гирифташуда бояд дар протокол дақиқ нишон дода шавад.

3. Агар ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан барои несту нобуд ё пинҳон кардани ашё ё ҳуҷҷатҳои гирифташаванда кўшише шуда бошад, ин ҳолат ва чораҳои пешгирии он бояд дар протокол инъикос ёбанд.

4. Нусхаи протоколи кофтуков ва дарёфт кардан бо гирифтани забонхат ба шахсе, ки кофтуков шудааст ё аъзои болиѓи оилаи ў ва дар сурати ҳозир набудани онҳо ба намояндаи ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ супурда мешавад. Агар кофтуков ё дарёфт кардан дар корхона, муассиса ё ташкилот сурат гирифта бошад, нусхаи протокол бо гирифтани забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.
Моддаи 195. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо 

1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои тахмини он, ки мактуб, телеграмма, радиограмма, баста, фириста ва дигар муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд дорои маълумот, ҳуҷҷат ё ашёи барои парванда аҳамиятнок мебошанд, онҳоро таҳти ҳабс қарор додан мумкин аст. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузарони ва дарёфт карда гирифтани онҳо танҳо бо иҷозати суд, судя анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

3. Таҳқиқбаранда. муфаттиш ҳангоми зарурати ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузарони ва дарёфт карда гирифтани онҳо қарори асоснок бароварда, инҳоро зикр менамояд:

– фамилия, ном ва номи падари шахсе, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфй ва хабарҳои дигари тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандаи он бояд хабс карда шаванд;

– суроғаи аниқи ин шахс;

– асосҳо барои ба ҳабсгирӣ ва ёфта гирифтани муросилот;

– навъҳои муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандае, ки онҳо бояд ба хабс гирифта шаванд;

– мўҳлате, ки дар ҷараёни он баҳабсгирӣ бояд амал кунад;

– номи муассисаи алоқа, ки ба зиммаи он ўҳдадории боздошти муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд гузошта шудааст.

4. Баррасии дархости муфаттиш дар хусуси боздошт кардани муросилоти почтаю телеграф, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онро суд, судя тибқи қоидаҳои моддаи 192 Кодекси мазкур анҷом медиҳад. Дар сурати ба боздошти муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд иҷозат додани суд, судя‚ муфаттиш қарорро ба муассисаи дахлдори алоқа фиристода, ба он пешниҳод мекунад, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд боздорад ва фавран дар ин бора муфаттишро огоҳ намояд.

5. Муфаттиш азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан ва нусхабардории муросилоти боздошташудаи почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд дар муассисаи алоқа бо иштироки холисон аз ҳисоби кормандони ин муассиса мегузаронад. Муфаттиш дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд ҳуқуқ дорад мутахассиси дахлдор, инчунин тарҷумонро даъват намояд. Барои ҳар як азназаргузаронии муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд протокол тартиб диҳад ва зикр намояд, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна аз назар гузаронида, нусхабардорӣ шудааст ва ба унвони кӣ равона карда ё боздошта шудааст.

6. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд ҳангоми аз байн рафтани зарурат, вале дар ҳар ҳолат на дертар аз қатъи парванда ё ба суд фиристодани он бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 196. Гўш ва сабт кардани гуфтугў

1. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба шарти мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои тахмини он ки гуфтугўи телефонии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва дигар шахсон ё гуфтугў бо дигар воситаҳои алоқа, ки дорои маълумот дар бораи ҷиноят шуда метавонанд ё дорои маълумоти барои парванда аҳамиятнок мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 192 Кодекси мазкур ва иҷозати суд, судя гўш ва сабт кардани ин гуфтугўро анҷом додан мумкин аст.

2. Ҳангоми мавҷуд будани таҳдиди истифодаи зўроварӣ, тамаъкорӣ ва дигар амали ҷиноятӣ нисбат ба ҷабрдида, шоҳид ё аъзои оилаи онҳо, тибқи аризаи хаттии онҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани чунин ариза тибқи дархости муфаттиш бо иҷозати суд, судя мумкин аст гуфтугўе, ки тавассути телефони онҳо ё ба воситаҳои дигари алоқа сурат мегирад ва сабти он анҷом дода шавад.

3. Дар бораи зарурати гўш ва сабт кардани гуфтугў муфаттиш қарори асоснок мебарорад, ки дар он инҳо зикр мегарданд:

– парвандаи ҷиноятӣ ва асосҳое, ки тибқи онҳо ин амали тафтишӣ сурат мегирад;

– ному насаби шахсе, ки гуфтугўи онҳо гўш карда мешавад;

– дар тўли кадом мўҳлат гўш ва сабт кардани гуфтугў гузаронида мешавад;

– муассисае, ки ба зиммааш воситаҳои техникии гўшкунӣ ва сабти гуфтугў вогузошта шудааст. 

4. Муфаттиш қарорро ба суд, судя ирсол намуда, дар сурати иҷозат додани суд, судя онро барои иҷро ба муассисаи дахлдор равон мекунад.

5. Гўш ва сабт кардани гуфтугў ба мўҳлати на бештар аз шаш моҳ муайян мешавад. Ҳангоми дар оянда зарур набудани ин чора, вале дар ҳама ҳолат на дертар аз қатъи парванда ва ё ба суд равон кардани он ин амал бекор карда мешавад.

6. Муфаттиш дар тўли тамоми мўҳлати муқарраршуда ҳуқуқ дорад, дар ҳар вақту замон фонограммаро барои азназаргузаронӣ ва шунидани он талаб карда гирад. Фонограмма ба муфаттиш дар шакли мўҳршуда бо мактуб равон карда мешавад, ки дар он бояд вақти оѓоз ва хатми сабти гуфтугў ва таснифи зарурии техникии воситаҳои татбиқшуда инъикос гардад.

7. Азназаргузаронӣ ва шунидани фонограмма аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат мутахассис, сурат гирифта, дар ин бора протокол тартиб дода, дар он ҳамон қисми фонограмма, ки ба парванда дахл дорад, айнан оварда мешавад. Фонограмма ба парванда замима мегардад ва дар айни замон қисмате, ки ба парванда алоқаманд нест, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қатъи парванда нобуд карда мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.