ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА

БОБИ 23.

ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА
Моддаи 197. Ҷои пурсиш

Пурсиш дар ҷои тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад. Муфаттиш, агар зарур шуморад, метавонад шахсро дар ҷои будубош пурсиш намояд.
Моддаи 198. Тартиби даъват ба пурсиш

1. Шоҳид, ҷабрдида, ҳамчунин гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошанд, барои пурсиш тавассути даъватнома даъват карда шуда, дар он ба ҳайси кӣ, ба назди кӣ, ба кадом суроѓа, вақти ҳозир шудан, оқибатҳои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан қайд карда мешавад.

2. Даъватнома ба шахси даъватшаванда супорида шуда, имзои ў гирифта мешавад. Дар сурати набудани даъватшаванда даъватнома барои ба ў расонидан ба яке аз аъзои болиѓи оила супорида шуда, имзои ў гирифта мешавад. Ҳангоми набудани онҳо даъватнома ба ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ё маъмурияти ҷои кор супорида мешавад, ки онҳо вазифадоранд, онро ба шахси даъватшуда супоранд. Даъватшавандаро бо воситаҳои дигари алоқа низ даъват кардан мумкин аст.

3. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда вазифадоранд, ки мувофиқи даъват ба пурсиш ҳозир шаванд. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан дар ҳаққи онҳо метавонанд чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, ки дар моддаи 113 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда шаванд.

4. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ба пурсиш тавассути маъмурияти ҳабсхона даъват карда мешаванд.

5. Шахсе, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамроҳи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ў ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват карда мешавад. Тартиби дигари даъват кардани ноболиѓ танҳо дар сурате, ки ҳолатҳои парванда тақозо мекунанд, имконпазир аст.
Моддаи 199. Қоидаҳои умумии пурсиш

1. Пеш аз пурсиш муфаттиш бояд маълумотро оид ба шахсияти пурсишшаванда муайян намояд. Пурсишшаванда бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод  медиҳад.

2. Ба шахсе, ки ба пурсиш даъват шудааст, хабар дода мешавад, ки ў ба ҳайси кӣ, аз рўи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ўҳдадориҳои ў, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад. Шахсоне, ки ба пурсиш ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват шудаанд, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ огоҳ карда мешаванд.

3. Пурсиш аз он оѓоз мегардад, ки пурсишшаванда ҳолатҳои ба ў маълумбудаи парвандаро баён кунад. Агар пурсишшаванда дар бораи ҳолатҳое сухан гўяд, ки бо парванда ҳеҷ робитае надорад, ў бояд огоҳ карда шавад.

4. Баъди ба охир расидани нақли озод ба пурсишшаванда саволҳое додан мумкин аст, ки мақсад аз онҳо саҳеҳ ва пурра гардонидани нишондод бошад. Додани саволҳои раҳнамункунанда манъ аст.

5. Агар нишондод бо маълумоти рақамӣ ё маълумоти дигар вобаста бошад, ки дар хотир нигоҳ доштани онҳо мушкил аст, пурсишшаванда ҳуқуқ дорад аз ҳуҷҷатҳо ва сабтҳое, ки бо ташаббуси муфаттиш ва бо ризои ё бо хоҳиши пурсишшаванда метавонанд ба парванда дохил карда шаванд, истифода барад.

6. Дар ҷараёни пурсиш муфаттиш метавонад ба пурсишшаванда далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад ва баъди ба охир расидани нақли озод нишондодеро, ки дар маводи парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, бихонад, сабти овоз ва видео ё маводи наворбардоришударо намоиш диҳад ва шарҳи онҳоро пурсад.

7. Пурсиши бефосила аз 4 соат ва давомнокии он дар як рўз аз 8 соат зиёд шуда наметавонад.
Моддаи 200. Протоколи пурсиш

1. Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур тартиб дода, инъикос карда мешаванд. Нишондод аз забони шахси аввал ва аз рўи имкон айнан сабт карда мешавад. Саволҳо ва ҷавобҳои онҳо бо ҳамон тартибе, ки дар ҷараёни пурсиш сурат гирифтааст, сабт мегарданд. Дар протокол  ҳамчунин бояд саволҳои шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, саволҳое, ки аз тарафи муфаттиш дур карда шудаанд ё саволҳое, ки пурсишшаванда ба онҳо ҷавоб доданро рад намудааст, бо зикри   далелҳои дур ё рад кардан инъикос меёбанд.

2. Нишон додани далели шайъӣ ва ҳуҷҷат, хондани протокол ва намоиши сабти овоз, видео ва наворбардории амалҳои тафтишӣ, ҳамчунин нишондоде, ки вобаста ба он аз тарафи пурсишшаванда дода шудаанд, бояд ҳатман дар протокол инъикос ёбанд.

3. Пурсишшаванда дар ҷараёни тафтиш метавонад тарҳ, нақша, расм, диаграмма тайёр кунад, ки онҳо ба протокол ҳамроҳ карда, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

4. Баъди ба охир расидани нақли озод пурсишшаванда ҳуқуқ дорад нишондодашро бо дасти худ нависад. Баъди бо дасти худ навиштани нишондод ва имзо гузоштани пурсишшаванда муфаттиш метавонад саволҳои пурракунанда ва дақиқкунанда диҳад.

5. Баъди ба охир расидани пурсиш протокол барои хондан ба пурсишшаванда пешниҳод мешавад ё бо хоҳиши ў хонда мешавад. Талаби пурсишшаванда дар бораи ба протокол дохил намудани иловаҳо ва тасҳеҳот бояд ҳатман иҷро карда шавад.

6. Пурсишшаванда далели шинос шудан бо нишондод ва дурустии сабти онҳоро бо имзои худ дар охири протокол  тасдиқ менамояд. Ҳар саҳифаи протокол аз тарафи пурсишшаванда имзо карда мешавад.

7. Агар дар пурсиш тарҷумон иштирок карда бошад, ў низ ҳар як саҳифа ва протоколро дар маҷмўъ имзо мекунад. Тарҷумон ба тарҷумаи нишондоди бо дасти худ навиштаи пурсишшаванда имзо мегузорад.

8. Ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, дар протокол имзо мегузоранд.
Моддаи 201. Истифодаи сабти овоз ва видео ҳангоми пурсиш

1. Бо қарори муфаттиш ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида сабти овоз ва видео истифода шуда метавонад. Сабти овоз ва видео метавонад ҳамчунин бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида истифода гардад.

2. Муфаттиш дар бораи сабти овоз ва видео қарор қабул мекунад ва дар ин бобат ба пурсишшаванда то оѓози пурсиш хабар медиҳад.

3. Сабти овоз ва видео маълумотеро, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 172 Кодекси мазкур зикр шудаанд, бояд тамоми ҷараёни пурсишро инъикос намояд. Сабти овоз ва видеои як қисми пурсиш, ҳамчунин такрори маълумоте, ки дар ҷараёни ҳамон пурсиш дода шудаанд, махсус барои сабти нишондод мумкин нест.

4. Баъди ба охир расидани пурсиш сабти овоз ва видео ба пурсишшаванда пурра шунавонида ва нишон дода мешавад. Баъди ба охир расидани намоиш ё шунидани сабт аз пурсишшаванда пурсида мешавад, ки оё ў гуфтаҳои худро пурра ё аниқ карда метавонад ва оё ў дурустии сабтро тасдиқ мекунад. Иловаҳои пурсишшаванда ба нишондодҳои сабти овоз ва видео, ҳамчунин ба фонограмма ва видеограммаҳо дохил карда мешаванд. Сабти овоз ва видео бо изҳороти пурсишшаванда, ки дурустии онро тасдиқ мекунад, ба охир мерасад.

5. Нишондоди дар ҷараёни пурсиш бо истифодаи сабти овоз ва видео гирифташуда мутобиқи қоидаҳои Кодекси мазкур ба протокол дохил карда мешаванд. Дар протоколи пурсиш ҳамчунин инҳо зикр мегардад:

– қайди татбиқи сабти овоз ва видео ва огоҳ кардани пурсишшаванда дар ин бобат;

– маълумот оид ба воситаҳои техникӣ ва шароити сабти овоз ва видео;

– изҳори пурсишшаванда доир ба татбиқи сабти овоз ва видео нисбати ў; 

– тасдиқи дурустии протокол, сабти овоз ва видео аз тарафи пурсишшаванда ва муфаттиш.

6. Фонограмма ва видеограмма ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ мўҳр карда мешаванд.
Моддаи 202. Тартиби пурсиши шоҳид ва ҷабрдида

1. Шоҳид ва ҷабрдидае, ки аз рўи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ ва дар набудани дигар шоҳид ва ҷабрдида пурсиш карда мешаванд. Муфаттиш чора меандешад, ки шоҳидон ва ҷабрдидагони як парванда бо ҳамдигар гуфтугў карда натавонанд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Пеш аз пурсиш муфаттиш ба шахсияти шоҳид ё ҷабрдида боварӣ ҳосил карда, муносибати онҳоро бо айбдоршаванда ё гумонбаршуда муайян менамояд, ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавиро мефаҳмонад, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ онҳоро огоҳ мекунад. Зимнан муфаттиш вазифадор аст фаҳмонад, ки шоҳид ё ҷабрдида ҳуқуқ дорад аз додани нишондоде, ки худи онҳо ё хешованди наздики онҳоро барои содир намудани ҷиноят айбдор мекунад, рад намояд. Шоҳид ё ҷабрдидае, ки аз ин ҳуқуқ истифода набурдааст, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ огоҳ карда мешавад. Дар бобати ба шоҳид ё ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо огоҳӣ доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин дидаю          дониста додани нишондоди бардурўѓ дар протокол қайд намуда, бо имзои шахси пурсишшаванда тасдиқ карда мешавад.

3. Пурсиши шоҳид ва ҷабрдида мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 199 Кодекси мазкур сурат мегирад.
Моддаи 203. Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиѓ

1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи то шонздаҳсола ва бо салоҳдиди муфаттиш ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи аз шонздаҳсола калонтар омўзгор даъват карда мешавад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиѓ намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

2. Шоҳид ва ҷабрдидаи то шонздаҳсола доир ба ҷавобгарӣ барои надодани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ огоҳ карда намешаванд. Ҳангоми ба чунин шоҳидон ва ҷабрдидагон фаҳмонидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии онҳо таъкид карда мешавад, ки танҳо ҳақиқатро гуфтан зарур аст. Ба шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиѓ ҳуқуқи надодани нишондоде, ки худи онҳо ва хешовандони наздики онҳоро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд, фаҳмонида мешавад. Дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқу ўҳдадориҳо дар протокол қайд гузошта, он бо имзои шоҳид ё ҷабрдида тасдиқ карда мешавад.

3. Ба шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми пурсиш иштирок кардаанд, ҳуқуқи пешниҳоди мулоҳизот доир ба вайрон карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пурсишшавандагон, ки бояд ба протокол дохил карда шаванд, ҳамчунин бо иҷозати муфаттиш додани саволҳо фаҳмонида мешавад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад саволро рад намояд, лекин онро бояд ба протокол дохил намояд ва сабаби рад кардани саволро зикр кунад.
Моддаи 204. Рўбарўкунӣ

1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки ду шахси қаблан пурсишшударо, агар дар нишондоди онҳо мухолифати ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад,  рўбарў кунад.

2. Пеш аз оѓози рўбарўкунӣ муфаттиш ба иштирокчиёни ин амал ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон, ҳамчунин тартиби ба ҷо овардани ин амали тафтиширо мефаҳмонад. Агар рўбарўкунӣ бо иштироки шоҳид ва ҷабрдида гузаронида шавад, онҳо дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ огоҳ карда мешаванд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

3. Муфаттиш аз шахсоне, ки дар байни онҳо рўбарўкунӣ сурат мегирад, мепурсад, ки оё онҳо ҳамдигарро медонанд ё не ва ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доранд. Ба иштирокчиён бо навбат пешниҳод карда мешавад, ки оид ба муайян кардани ҳолатҳои рўбарўкунӣ нишондод диҳанд. Баъди додани нишондод муфаттиш метавонад ба ҳар кадоме аз пурсишшавандагон савол диҳад. Шахсоне, ки бо ҳамдигар рўбарў карда мешаванд, метавонанд бо иҷозати муфаттиш ба якдигар саволҳо диҳанд. Дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

4. Ҳангоми рўбарўкунӣ муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳои ба парванда дохил кардашударо нишон диҳад.

5. Хонда додани нишондоди иштирокчиёни рўбарўкунӣ, ки дар протоколҳои пурсишҳои пешина мавҷуданд, ҳамчунин шунавонидан ва намоиш додани сабти овозӣ ва видеоии нишондоди мазкур танҳо баъди аз тарафи онҳо дода шудани нишондод дар вақти рўбарўкунӣ ва сабти онҳо дар протокол мумкин аст.

6. Дар протоколи рўбарўкунӣ нишондоди шахсони пурсишшаванда бо ҳамон навбат сабт карда мешаванд, ки онҳо нишондод додаанд. Ҳар як иштирокчии рўбарўкунӣ нишондоди худ ва ҳар як саҳифаи протоколро дар алоҳидагӣ имзо мегузорад.

7. Агар муқаррар карда шуда бошад, ки рўбарўкунии айбдоршаванда бо ҷабрдида ва шоҳид метавонад ба шоҳид ва ҷабрдида зарар расонад ё онҳоро тарсонад, рўбарўкунӣ бояд истисно карда шавад.

Моддаи 205. Нишон додан барои шинохтан

1. Муфаттиш метавонад шахс ё ашёро барои шинохтан ба шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ё айбдоршаванда нишон диҳад. Барои шинохтан ҷасадро низ нишон додан мумкин аст.

2. Шиносшавандагон қаблан дар бораи ҳолатҳое, ки онҳо шахс ё ашёи дахлдорро дидаанд, оид ба нишонаҳо ва мушаххасоте, ки аз рўи онҳо метавонанд шахс ё ашёро шиносанд, пурсида мешаванд.
Моддаи 206. Тартиби нишон додан барои шинохтан

1. Шахс барои шинохтан якҷоя бо шахсони дигаре, ки аз рўи имкон зоҳиран ба ў монанд бошанд, нишон дода мешавад. Теъдоди умумии шахсоне, ки барои шинохтан нишон дода мешаванд, набояд аз се нафар кам бошад. Ин қоида дар мавриди шинохтани ҷасад татбиқ намегардад.

2. Пеш аз нишон додан барои шинохтан ба шахси шинохташаванда пешниҳод карда мешавад, ки дар байни нишондодашавандагон ҳар ҷоеро, ки хоста бошад, ишѓол намояд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

3. Ҳангоми ѓайриимкон будани нишондиҳии шахс барои шинохтан, ин амал метавонад аз рўи акси ў, ки якҷоя бо аксҳои шахсони аз рўи имкон зоҳиран ба ў монанд, бо теъдоди на кам аз се акс анҷом дода мешавад.

4. Ашё якҷоя бо ашёи якхела бо теъдоди на камтар аз се ашё барои шинохтан пешниҳод карда мешавад.

5. Агар шиносанда шоҳид ё ҷабрдида бошад, ў пеш аз шинохтан дар бораи ҷавобгарӣ барои рад кардан ё саркашӣ кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ огоҳ карда мешавад, ки дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

6. Ба шиносанда пешниҳод карда мешавад, ки шахс ё ашёи дар нишондоди худ зикркардаашро нишон диҳад. Додани саволҳои раҳнамункунанда мумкин нест.

7. Агар шиносанда яке аз шахсон ё ашёи ба ў нишондодашударо шиносад, аз ў пурсида мешавад, ки аз рўи кадом нишонаҳо ё мушаххасот он шахс ё ашёро шинохтааст.

8. Нишон додан барои шинохтан дар ҳузури шахсони холис гузаронида мешавад.

9. Бо мақсади таъмини амнияти шиносанда нишон додани шахс барои шинохтан метавонад дар шароите доир гардад, ки шинохташаванда шиносандаро дида натавонад. Дар чунин ҳолатҳо шахсони холис бояд дар ҷойи қарордоштаи шиносанда қарор дошта бошанд. Ба шахсони холис ва  шиносанда бояд имкон фароҳам оварда шавад, ки шахсони шинохташавандаро дида тавонанд.

10. Дар бораи нишон додан барои шинохтан бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён, натиҷаҳои шинохтан зикр ва аз рўи имкон шарҳҳои шиносанда айнан баён карда мешаванд. Агар пешниҳоди шахсе, ки барои шинохтан нишон дода шудааст, дар шароите анҷом дода шуда бошад, ки шинохташаванда имкони дидани шиносандаро надошт, ин ҷиҳат ҳам дар протокол зикр карда мешавад.
Моддаи 207. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса

1. Нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ва шоҳид мумкин аст дар ҷое, ки ба ҳодисаи тафтишшаванда вобаста аст, барои муқаррар намудани маълумоти нави воқеӣ, нишон додани хатти сайр ва ҷойҳое, ки амали тафтишшаванда содир карда шудааст, ҳамчунин барои муайян намудани эътимоднокии онҳо бо роҳи муқоиса бо вазъи ҳодиса тафтиш ё аниқ карда шаванд.

2. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса метавонад аз инҳо иборат бошад:

– шахси нишондоддода дар ҷои ҳодиса, вазъ ва ҳолатҳои ҳодисаи тафтишшавандаро барқарор мекунад;

– ашё, ҳуҷҷатҳо ва нишонаҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, кофта меёбад ва нишон медиҳад;

– амалҳои муайянро намоиш медиҳад;

– нишон медиҳад, ки дар воқеаи таҳқиқшаванда ин ё он ашё кадом нақшро иҷро кардааст;

– ба таѓйири вазъи ҷои ҳодиса таваҷҷўҳ зоҳир менамояд;

– нишондоди пешинаи худро мушаххас ва аниқ месозад.

3. Ба ин амалҳо ягон дахолати беруна ва саволҳои раҳнамункунанда додан мумкин нест.

4. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса дар ҳузури шахсони холис ва дар мавриди зарурӣ бо иштироки мутахассис гузаронида мешавад.

5. Дар ҷои ҳодиса дар як вақт санҷидани нишондоди якчанд шахс мумкин нест.

6. Баъди аниқ кардани нишондод ва нишон додани амалҳо ба шахсе, ки нишондодаш санҷида мешавад, саволҳои марбут ба амалҳои тафтишӣ додан мумкин аст.

7. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса андозагирию аксбардорӣ‚ сабти овоз, сабти видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо тартиб дода мешаванд.

8. Доир ба гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён ва натиҷаҳои санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса муфассал инъикос карда мешаванд.

test

Добавить комментарий