ЭКСПЕРТИЗА

БОБИ 24.

ЭКСПЕРТИЗА
Моддаи 208. Тартиби таъини экпертиза

1. Муфаттиш таъини экспертизаро зарур шуморида, дар ин бора қарор қабул мекунад ва дар он маълумотҳои зеринро зикр менамояд:

– асосҳои таъини экспертиза;

– ному насаби коршинос ё муассисае, ки экспертиза бояд дар он ҷой гузаронида шавад;

– саволҳое, ки дар назди коршинос гузошта шудаанд;

– маводе, ки ба коршинос пешниҳод мешавад.

2. Иҷрои қарори муфаттиш доир ба таъини экспертиза барои шахсон ё  муассисаҳое, ки қарор ба онҳо равон карда шудааст ва ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, ҳатмист.

3. Экспертиза аз тарафи мутахассисони муассисаҳои экспертӣ, муассисаҳои дигари давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ё шахсони  воқиф, ки муфаттиш таъин кардааст, гузаронида мешавад.

4. Иваз кардани экспертиза бо таҳқиқоте, ки берун аз тарзи мурофиавии муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад, мумкин нест. Хулосаҳои нозироти идоравӣ, актҳои ревизия, машваратҳои мутахассисон зарурати гузаронидани экспертизаро истисно намекунанд.

5. То фиристодани қарор ба муассисаи экспертизаи судӣ муфаттиш вазифадор аст, ки бо он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин шоҳидеро, ки таҳти  экспертиза  қарор мегирад, шинос намояд ва ба онҳо ҳуқуқи дар моддаи 210 Кодекси мазкур муқарраршударо фаҳмонад. Дар ин бобат протокол тартиб дода, аз тарафи муфаттиш ва шахсе, ки бо қарор шинос карда шудааст, имзо карда мешавад.

6. Қарор дар бораи таъини экспертизаи равонпизишкии судӣ ва хулосаи коршиносон ба шахсоне, ки вазъи рўҳиашон дарки онро ѓайриимкон мегардонад, эълон карда намешавад.
Моддаи 209. Таъини ҳатмии экспертиза

Агар аз рўи парванда муқаррар кардани ҳолатҳои зерин зарур бошад, таъин ва гузаронидани экспертиза ҳатмист:

– сабаби марг;

– хусусият ва дараҷаи вазнинии зарари ҷисмонӣ;

– синну соли гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ба шарте, ки ин барои парванда аҳамият дошта бошад ва ҳуҷҷатҳо доир ба синну сол вуҷуд надошта ё шубҳаовар бошанд;

– ҳолати рўҳӣ ё ҷисмонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, вақте ки дар масъалаи мукаллафӣ ё қобилияти онҳо дар бобати ҳимояи мустақилонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ дар мурофиаи ҷиноятӣ шубҳа ба миён меояд;

– ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонии ҷабрдида, шоҳид дар ҳолатҳое, ки қобилияти онҳо дар бораи дуруст дарк кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ва додани нишондод доир ба онҳо таҳти шубҳа қарор мегирад.
Моддаи 210. Ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза

1. Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва ҷабрдида ҳуқуқ доранд:

– бо қарори таъин намудани экспертиза шинос шаванд;

– ба коршинос раддия изҳор намоянд;

– дар бораи дур кардани муассисаи экспертӣ аз гузаронидани экспертиза дар сурати муқаррар гардидани ҳолатҳое, ки ба оқибати парванда манфиатдор набудани роҳбари муассисаи экспертӣ – ҷои кори шахси салоҳиятдорро таҳти шубҳа қарор медиҳанд, дархост пешниҳод намоянд;

– хоҳиш намоянд, ки шахсони аз тарафи онҳо зикршуда ё мутахассисони муассисаҳои мушаххаси судии экспертӣ ба ҳайси коршиносон ҷалб карда шаванд;

– саволҳои  иловагӣ пешниҳод намоянд; 

– дар вақти гузаронидани экспертиза ҳузур дошта бошанд ва ба коршинос саволҳо диҳанд, шарҳу тафсир кунанд;

– бо хулосаи коршинос ё хабари имконнопазирии додани хулоса шинос шаванд.

2. Экспертизаи ҷабрдидагон ва шоҳидон танҳо бо ризои ихтиёрии онҳо, ки ба шакли хаттӣ дода мешавад, сурат мегирад. Агар ин шахсон ба синни шонздаҳ нарасида бошанд ё суд онҳоро номукаллаф эътироф карда бошад, ризои хаттиро барои гузаронидани экспертиза намояндагони қонунии онҳо медиҳанд.

3. Дар сурати қонеъ кардани дархосте, ки шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикршуда додаанд, муфаттиш қарори худро оид ба таъини экспертиза мутобиқан таѓйир медиҳад ё пурра месозад. Дар бораи рад карда шудани дархост муфаттиш қарор қабул мекунад, ки он ба шахси дархостдода эълон карда, имзои ў гирифта мешавад.
Моддаи 211. Гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ

1. Ҳангоми гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ муфаттиш қарори худ ва маводи заруриро ба ин муассиса ирсол менамояд.

2. Роҳбари муассисаи экспертӣ вазифадор аст:

– гузаронидани экспертизаро ба як ё якчанд коршинос супорида, дар ин бора ба муфаттиш хабар диҳад;

– ба коршиносон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳоро, ки дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонад, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста хулосаи бардурўѓ додан огоҳ кунад ва дар ин бобат аз онҳо забонхат гирад, ки он якҷоя бо хулосаи эксперт ба муфаттиш равон карда мешаванд.
Моддаи 212. Гузаронидани экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ

1. Агар экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ гузаронида шавад, муфаттиш пеш аз баровардани қарор оид ба таъини экспертиза бояд ба шахсияти фарде, ки экспертизаро ба ў супориданист, ба салоҳиятнокии ў итминон ҳосил намуда, муносибати ўро бо айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида ва бо шахсе, ки таҳти экспертиза қарор гирифтааст, муайян намояд ва санҷад, ки оё асосҳо барои дур кардани коршинос мавҷуданд ё не.

2. Муфаттиш баъди аниқ кардани маълумоти зарурӣ дар бораи таъини экспертиза қарор мебарорад, онро ба коршинос месупорад, ба ў ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинишударо мефаҳмонад ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўѓ огоҳ мекунад. Доир ба иҷрои амалҳои мазкур муфаттиш дар қарори таъин кардани экспертиза қайд мегузорад ва он бо имзои коршинос тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 213. Экспертизаи комиссионӣ

1. Экспертизаи комиссионӣ дар ҳолатҳои зарурати анҷом додани таҳқиқоти мураккаби экспертӣ ва аз тарафи якчанд нафар коршиноси дорои як ихтисос (касб) гузаронида мешавад.

2. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи комиссионӣ коршиносон натиҷаҳои ҳосилшударо якҷоя таҳлил мекунанд ва баъди ба як ақида омадан хулосаи ягона (ё акт дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса) тартиб медиҳанд ва имзо мекунанд.

3. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофи назар дар байни коршиносон ҳар кадоми онҳо ё як қисми онҳо хулосаи алоҳида пешниҳод мекунанд ва ё коршиносе, ки нуқтаи назари ў аз хулосаҳои аксарият фарқ дорад, ақидаи худро дар хулоса алоҳида инъикос мекунад.
Моддаи 214. Экспертизаи комплексӣ

1. Экспертизаи комплексӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки барои таҳқиқот маълумоти соҳаҳои гуногуни дониш зарур бошад. Он аз тарафи коршиносони дорои ихтисосҳои гуногун дар доираи салоҳиятнокии онҳо гузаронида мешавад.

2. Дар хулосаи экспертизаи комплексӣ бояд зикр гардад, ки ҳар як коршинос кадом таҳқиқотро ба кадом ҳаҷм анҷом дод ва ба чӣ хулоса омадааст.

3. Ҳар як коршинос ҳамон қисми хулосаро имзо мекунад, ки дар он таҳқиқоти ў инъикос ёфтааст.

4. Хулоса (хулосаҳо)-и умумиро коршиносоне мебароранд ки дар баҳодиҳии натиҷаи ҳосилшуда салоҳият доранд. Агар далелҳои аз ҷониби яке аз коршиносон (коршиносони алоҳида) муқарраркардашуда асоси  хулосаи ниҳоии комиссия ё як қисми он бошад, он бояд дар хулоса зикр шавад. Дар сурати ихтилофи назар байни коршиносон натиҷаи таҳқиқот мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 213 Кодекси мазкур ба расмият дароварда мешавад.

5. Агар экспертиза ба муассисаи экспертӣ супорида шуда бошад, ташкили таҳқиқи комплексӣ ба зиммаи роҳбари он муассиса гузошта мешавад.
Моддаи 215. Гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ

1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки барои таҳқиқоти муқоисавӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида ва шоҳид намунаҳои дастнавис ё дигар намунаҳо гирад.

2. Ҳангоми гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ набояд усулҳое татбиқ гарданд, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок бошанд ё шараф ва номуси ўро паст зананд.

3. Муфаттиш доир ба гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавии шахсони зинда қарор мебарорад. Гирифтани намунаҳо бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисон гузаронида мешавад. Дар ин бора бо риояи талаботи моддаҳои 172, 183 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад.

4. Агар гирифтани намунаҳо қисми таҳқиқоти экспертӣ бошад, ин амалро коршинос ба ҷо меоварад. Дар ин ҳолат коршинос маълумотро доир ба ин амал дар хулосаи худ инъикос мекунад.
Моддаи 216. Барои гузаронидани экспертиза дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан

1. Агар ҳангоми таъин кардан ё гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ ё равонпизишкии судӣ зарурати муоинаи статсионарӣ ба миён ояд, гумонбаршуда ё айбдоршавандаро дар муассисаи давлатии тиббӣ ҷойгир кардан мумкин аст, ки ин ҳолат дар қарори таъини экспертиза зикр карда мешавад.

2. Агар зарурати экспертиза ва дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардани судшаванда ҳангоми маҷлиси суд ба миён ояд, суд, судя дар ин бобат бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ оид ба ин масъала таъинот ё қарор мебарорад.

3. Ҳангоми дар муассисаи тиббӣ барои гузаронидани экспертизаи статсионарии равонпизишкии судӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда мўҳлате, ки дар давоми он ба ў бояд айб эълон карда шавад, то гирифтани хулосаи комиссияи духтурони равоншинос оид ба ҳолати рўҳии гумонбаршуда боздошта мешавад.
Моддаи 217. Мазмуни хулосаи коршинос

1. Баъди гузаронидани таҳқиқ аз рўи натиҷаҳои он коршинос ё коршиносон аз номи худ хулосае тартиб медиҳанд, ки дар он бояд маълумоти зерин зикр гардад:

– экспертиза кай, дар куҷо гузаронида шудааст;

– аз тарафи кӣ (фамилия, ном, номи падар, маълумот, ихтисос, собиқаи кор, дараҷаю унвони илмӣ, вазифаи ишѓолкарда);

– дар кадом асос экспертиза гузаронида шудааст;

– қайди бо имзои коршинос тасдиқшуда доир ба он ки ў дар бобати ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани хулоса ё дидаю дониста хулосаи бардурўѓ додан огоҳ карда шудааст;

– ҳангоми гузаронидани экспертиза кӣ иштирок дошт;

– коршинос чӣ гуна маводро истифода намудааст ва кадом таҳқиқотро гузаронидааст;

– саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва ҷавобҳои асосноки ў. 

2. Хулоса дар шакли хаттӣ пешниҳод ва аз тарафи коршинос (коршиносон) имзо карда мешавад. Ба хулосаи коршинос бояд далелҳои шайъии баъди таҳқиқ боқимонда, намунаҳое, ки бо роҳи таҷриба гирифта, барои муқоиса истифода бурда мешаванд, ҳамчунин аксҳо, тарҳрезаҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо ва маводи дигари иловагие, ки хулосаҳои коршиносро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд. Замимаи хулоса низ аз тарафи коршинос имзо карда мешавад.

3. Агар коршинос итминон ҳосил намояд, ки масъалаҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ў берун мебароянд ё маводи ба ў пешниҳодшуда барои пешниҳод кардани хулоса корношоям ё нокифоя аст ва пурра кардани он номумкин мебошад ё ин ки сатҳи илм ва амалияи экспертӣ барои ҷавоб додан ба масъалаҳои гузошташуда имконият намедиҳанд, вай хабари асоснок кардашударо дар бораи ѓайриимкон будани пешниҳоди хулоса тартиб медиҳад ва онро ба мақомот ё шахси экспертизаро таъиннамуда ирсол менамояд.
Моддаи 218. Пурсиши коршинос

1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки коршиносро барои шарҳ додани хулосаи пешниҳодкардааш пурсиш намояд. Коршинос метавонад ҷавобҳояшро бо дасти худ нависад. Протоколи пурсиши коршинос бо риояи қоидаҳои дар моддаҳои 172 Кодекси мазкур пешбинигардида тартиб дода мешавад.

2. Пурсиши коршинос то аз тарафи ў пешниҳод шудани хулоса мумкин нест.
Моддаи 219. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида  пешниҳод кардани хулосаи экспертиза

1. Хулосаи коршинос ё хабари ў дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса, ҳамчунин протоколи пурсиши коршинос то анҷоми тафтиши пешакӣ ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин ба шоҳиде, ки таҳти экспертиза қарор гирифта буд, пешниҳод карда мешавад ва онҳо ҳақ доранд, ки шарҳу мулоҳизаи худро пешниҳод кунанд ва ақидаи худро оид ба хулосаи коршинос изҳор намоянд. Дар сурати қонеъ гардонида шудан ё рад шудани чунин дархост муфаттиш қарори дахлдор бароварда, ба шахсе, ки дархост додаст, бо гирифтани забонхат эълон мекунад.

2. Дар бораи шинос кардан бо хулосаи коршинос ва протоколи пурсиш протоколе тартиб дода мешавад, ки дар он хабар ё эътирози баёншуда инъикос карда мешавад.

3. Қоидаҳои ҳамин модда дар ҳолатҳое низ татбиқ мегарданд, ки экспертиза то ҷалб намудани шахс ҳамчун айбдоршаванда, гумонбаршуда ё ҷабрдида эътироф шудани ў гузаронида шуда бошад.
Моддаи 220. Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ

1. Ҳангоми нофаҳмо ё нопурра будани хулоса, инчунин ба миён омадани масъалаҳои нав нисбати ҳолатҳои қаблан таҳқиқшуда, мумкин аст экспертизаи иловагӣ таъин карда, иҷрои он ба ҳамон коршинос ё коршиноси дигар супурда шавад.

2. Дар ҳолати беасос будани хулосаи коршинос ё ба миён омадани шубҳа оид ба дурустии он экспертизаи такрорӣ таъин намудан мумкин аст, ки гузаронидани он ба коршинос ё коршиносони дигар супурда мешавад.

3. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ бо риояи талаботи боби мазкур таъин ва гузаронида мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.