ЭЪЛОН КАРДАНИ АЙБ ВА ПУРСИШИ АЙБДОРШАВАНДА 

БОБИ 25.

ЭЪЛОН КАРДАНИ АЙБ ВА ПУРСИШИ АЙБДОРШАВАНДА 
Моддаи 221. Ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда 

1. Ҳангоми мавҷуд будани далелҳои кофӣ прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ба сифати айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ва ба ў эълон кардани айб қарори асоснок мебароранд.

2. Прокурор , муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршавандаро аз рўзи эълон кардани айб огоҳ намуда, ҳамзамон ҳуқуқи ўро дар бораи даъвати ҳимоятгар ё ба муфаттиш пешниҳод кардани дархост оид ба таъмини иштироки ҳимоятгар мефаҳмонанд.

3. Оид ба парвандае, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 51 Кодекси мазкур иштироки ҳимоятгар ҳатмист, муфаттиш барои таъмини иштироки ў чораҳо меандешад, ба шарте, ки ҳимоятгар аз ҷониби худи айбдоршаванда, намояндаи қонунии ў ё бо супориши ў аз ҷониби шахсони дигар даъват нагардида бошад.
Моддаи 222. Қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда 

1. Дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда маълумотҳои зерин бояд нишон дода шаванд:

– вақт ва маҳалли тартиб додани он;

– аз ҷониби кӣ тартиб дода шудани он; 

– ном, номи падари шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;

– рўз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуди ў;

– баёни ҷинояте, ки тибқи он шахс айбдор дониста мешавад;

– нишон додани вақт, маҳалли содир шудани ҷиноят;

– ҳолатҳои дигаре, ки бояд мутобиқи моддаи 85 Кодекси мазкур исбот карда шаванд;

– Кодекси ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

2. Қарор бояд масъалаи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро оид ба парвандаи таҳти тафтиш қарордошта дар бар гирад.

3. Ҳангоми айбдор намудани шахс дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки дар банду қисмҳои мухталифи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд‚ дар  қарори ба ҷавобгарӣ кашидани ў ба сифати айбдоршаванда бояд зикр гардад, ки кадом амалҳои мушаххас, мутобиқи ҳар як банд ва қисми моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба айбдоршаванда банду баст карда мешаванд.
Моддаи 223. Тартиби даъвати айбдоршаванда

1. Айбдоршаванда барои пурсиш ба назди прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо тартиби зерин даъват карда мешавад:

-айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошад, бо огоҳинома, даъватнома, телефонограмма ё телеграмма;

– айбдоршавандае, ки дар ҳабс аст, тавассути маъмурияти тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва тафтишотӣ.

2. Дар даъватнома маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

– фамилия,  ном, номи падар ва шахси даъватшаванда;

– маҳал, мақомот, вақти ҳозиршавӣ ва ба назди кӣ даъват шудан;

– оқибати ҳозир нашудан.

3. Даъватнома бо гирифтани имзои айбдоршаванда ба ў супорида мешавад ва дар ҳолати ҳозир набудан ба аъзои болиѓи оилаи ў ё намояндаи маъмурияти ҷои кор, ҷои таҳсил ё намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои супоридан ба айбдоршаванда дода мешавад.
Моддаи 224. Ҳатмӣ будани ҳозир шудани айбдоршаванда

1. Айбдоршавандаи дар озодӣ буда вазифадор аст, ки дар мўҳлати муайяншуда бо даъвати муфаттиш ҳозир шавад.

2. Сабабҳои узрноки бо даъвати муфаттиш ҳозир нашудани айбдоршаванда инҳо эътироф карда мешаванд:

– беморӣ, ки ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад;

– фавтидани хешовандони наздик;

– офатҳои табиӣ;

– нагирифтани даъватнома;

– ҳолатҳои дигаре, ки дар мўҳлати муайян ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад.

3. Айбдоршаванда бояд муфаттиш, таҳқиқбарандаро аз сабаби дар мўҳлати таъингардида ҳозир нашуданаш огоҳ кунад.
Моддаи 225. Эълон кардани айб

1. Айб на дертар аз ду шабонарўз аз лаҳзаи баровардани қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс дар ҳузури ҳимоятгар эълон карда мешавад, ба шарте, ки ў дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок дошта бошад ё иштироки ҳимоятгар мутобиқи қонун ҳатмӣ бошад ё дар ин бора айбдоршаванда дархост карда бошад. 

2. Айб ба айбдоршаванда дар рўзи маҷбуран оварда шуданаш эълон карда мешавад. Зимнан, дар сурате ки иштироки ҳимоятгар тибқи қонун ҳатмӣ бошад, муфаттиш бояд барои иштирок намудани ҳимоятгар ҳангоми пешниҳоди айб ҳамаи чораҳоро андешад.

3. Муфаттиш баъди ба шахсияти айбдоршаванда ва супоришнома (ордер)-и ҳимоятгар оид ба пешбурди ҳимоя итминон пайдо кардан ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданро пешниҳод мекунад.

4. Муфаттиш вазифадор аст ба айбдоршаванда моҳияти айби пешниҳодшударо фаҳмонад.

5. Иҷрои амалҳои дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда нишондодашуда бо имзои айбдоршаванда, ҳимоятгар ва муфаттиш дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан бо сабти санад ва соати пешниҳоди айб тасдиқ карда мешавад.

6. Дар ҳолати қарорро имзо накардани айбдоршаванда муфаттиш ва ҳимоятгар, ба шарте, ки ў ҳангоми эълони айб иштирок дошта бошад, дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан ва дар хусуси ба ў эълон карда шудани матни қарор имзои тасдиқкунанда мегузоранд.

7. Ба айбдоршаванда нусхаи қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс супурда мешавад.

8. Нусхаи қарор ба прокурор фиристода мешавад.
Моддаи 226. Дар тафтиши пешакӣ фаҳмонда додани ҳуқуқҳои   айбдоршаванда 

Муфаттиш айбдоршавандаро бо қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданаш шинос намуда, вазифадор аст, ба ў ҳуқуқҳояшро, ки моддаи 47 Кодекси мазкур муайян кардааст, фаҳмонда, дар ин бора дар қарор сабт кунад. Сабт бояд бо имзои айбдоршаванда, инчунин имзои ҳимоятгар тасдиқ карда шавад, ба шарте, ки ў ҳангоми эълони айб ҳозир бошад.
Моддаи 227. Пурсиши айбдоршаванда

1. Муфаттиш вазифадор аст айбдоршавандаро, баъди ба ў эълон намудани айб‚ фавран пурсиш кунад ва дар сурати аз додани нишондод даст кашидани айбдоршаванда дар ин бора бояд дар протоколи пурсиши ў сабт гузорад.

2. Дар оѓози пурсиш муфаттиш бояд муайян кунад, ки оё айбдоршаванда хоҳишманд аст, ки муносибати худро ба айби эълоншуда изҳор намояд, оё ў ба айби худ пурра ё қисман иқрор аст ё гуноҳи худро дар бораи айби пешниҳодшуда рад мекунад. Дар ин бора дар протоколи пурсиш бояд сабти дахлдор ворид карда шавад.

3. Иштироки ҳимоятгар ҳангоми пурсиши айбдоршавандаи ноболиѓ, айбдоршавандае, ки ба сабаби нуқсони ҷисмонию рўҳӣ имкон надорад ҳуқуқашро ҳимоя намояд ва ё забонеро, ки бо он пешбурди парванда анҷом дода мешавад, намедонад, инчунин ҳангоми айбдоркунии шахс барои ҷинояте, ки барои он ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё ҷазои қатл таъин кардан мумкин аст, ҳатмӣ мебошад.

4. Айбдоршаванда тибқи қоидаҳои моддаҳои 199 – 201 Кодекси мазкур пурсиш карда мешавад.

5. Айбдоршавандаҳое, ки аз рўи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ пурсиш карда мешаванд. Зимнан, муфаттиш бояд барои бо ҳам сўҳбат карда натавонистани онҳо тамоми чораҳоро андешад.

6. Ҳангоми оид ба ҳолатҳои парвандаи тафтишшаванда ба миён омадани зарурати саҳеҳ ва ё пурра кардани нишондодҳои қаблан додашуда, айбдоршавандаро ба таври илова пурсиш кардан мумкин аст.
Моддаи 228. Протоколи пурсиши айбдоршаванда

1. Оид ба ҳар пурсиши айбдоршаванда муфаттиш бо риояи талаботи моддаи 200 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.

2. Дар протоколи пурсиши якум маълумот дар бораи шахсияти айбдоршаванда, аз ҷумла маълумоти зайл зикр меёбад:

– фамилия, ном, номи падар, вақт ва маҳалли таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маълумот, вазъи оилавӣ, ҷои кор, машѓулият ё вазифа, маҳалли истиқомат, қаблан суд шудан, инчунин маълумоти дигар, ки барои ҳолатҳои парванда муҳим аст. 

3. Дар протоколҳои минбаъдаи пурсиш  маълумотро дар бораи шахсияти айбдоршаванда, ба шарте, ки таѓйир наёфта бошад, танҳо бо сабти фамилия, ном ва номи падар маҳдуд кардан мумкин аст.
Моддаи 229. Таѓйир додан, илова ва ё қисман қатъ кардани айби эълоншуда

1. Агар ҳангоми тафтиши пешакӣ барои таѓйир додан ва илова  кардани айб асосе ба миён ояд, муфаттиш вазифадор аст бо риояи талаботи моддаи 225 Кодекси мазкур дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан қарори нав барорад ва онро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 225 ва 226 Кодекси мазкур ба айбдоршаванда эълон кунад.

2. Агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ яке аз қисматҳои айби эълоншуда тасдиқ нашуда бошад, муфаттиш бо қарори худ таъқиби ҷиноятии ҳамин қисматро қатъ карда, дар ин бора айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаро огоҳ месозад.

test

Добавить комментарий