БОЗДОШТАН ВА АЗ НАВ САР КАРДАНИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

БОБИ 26.

БОЗДОШТАН ВА АЗ НАВ САР КАРДАНИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ
Моддаи 230. Асос, тартиб ва мўҳлати боздоштани тафтиши пешакӣ

1. Тафтиши пешакӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зайл, ки барои идома ва хатми он монеа шуда метавонад, боздошта мешавад:

– вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад;

– дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ў муайян карда нашудааст;

– дар сурати ба бемории рўҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи табобатии давлатӣ тасдиқ карда шудааст;

– дар сурате, ки маҳалли будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ў ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ў дар парванда мавҷуд нест.

2. Муфаттиш дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор мефиристад. 

3. Агар ба парванда ду ё якчанд айбдоршаванда ҷалб шуда, асоси боздорӣ ба ҳамаи онҳо дахл надошта бошад, муфаттиш ҳуқуқ дорад қисми маводро ба пешбурди алоҳида ҷудо намуда, дар ин қисм пешбурдро боздорад ё агар тафтиши пешакиро бе иштироки айбдоршавандагон давом додан мумкин набошад, пешбурди парвандаро боздорад.

4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда тафтиши пешакӣ танҳо пас аз гузаштани мўҳлати пешбурди он боздошта мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда онро пеш аз хатми мўҳлати тафтиши пешакӣ низ боздоштан мумкин аст.

5. То боздоштани тафтиши пешакӣ муфаттиш вазифадор аст ҳамаи амалҳои тафтиширо, ки пешбурди онҳо бе иштироки айбдоршаванда имконпазир аст, анҷом диҳад ва барои кофтукови айбдоршаванда, ҳамчунин муайян кардани шахсе, ки ҷиноятро содир кардааст, тамоми чораҳоро андешад.
Моддаи 231. Амали муфаттиш пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ

1. Муфаттиш тафтиши пешакиро боздошта, вазифадор аст ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро хаттӣ огоҳ сохта, ҳамзамон ба онҳо фаҳмонад, ки аз қарори боздоштани тафтиши пешакӣ дар давоми панҷ шабонарўз ба прокурор шикоят кардан мумкин аст. Ҳангоми бо асосҳои пешбининамудаи сархати сеюми  қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур боздоштани тафтиши пешакӣ инчунин айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ин бора огоҳ карда мешаванд.

2. Пас аз боздоштани  тафтиши пешакӣ  муфаттиш:

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур мустақиман, ҳамчунин аз тариқи мақомоти таҳқиқ барои муайян кардани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, чора меандешад;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур маҳалли будубоши айбдоршавандаро муайян мекунад, агар ў пинҳон шуда бошад, барои кофтукови ў чора меандешад.

3. Оид ба парвандае, ки тафтиши он боздошта шудааст, гузаронидани амали тафтишӣ мумкин нест.
Моддаи 232. Кофтукови айбдоршаванда

1. Ҳангоми номуайян будани маҳалли будубоши айбдоршаванда муфаттиш ҳуқуқ дорад пешбурди кофтуковро ба мақомоти таҳқиқ супорад. Ин супориш дар қарори боздоштани тафтиши пешакӣ зикр мегардад ё дар ин бобат қарори алоҳида бароварда мешавад.

2. Кофтукови айбдоршавандаро чӣ ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва чӣ ҳангоми боздоштани тафтиши он эълон кардан мумкин аст.

3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 101 Кодекси мазкур нишондодашуда нисбат ба айбдоршавандаи дар кофтуковбуда чораҳои пешгирӣ татбиқ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 111 Кодекси мазкур татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан имконпазир аст.
Моддаи 233. Аз нав сар кардани тафтиши пешакии боздошташуда

1. Тафтиши пешакии боздошташуда бо қарори асосноки муфаттиш аз нав сар карда мешавад, ба шарте, ки:

– асосҳои боздоштан аз байн рафта бошанд;

– зарурати пешбурди амали тафтишӣ ба миён омада бошад, ки бе иштироки айбдоршаванда низ анҷом додани он мумкин аст.

2. Тафтиши пешакии боздошташударо инчунин бо қарори асосноки прокурор, ки бинобар бекор кардани қарори муфаттиш дар хусуси боздоштани тафтиш баровардааст, аз нав сар кардан мумкин аст.

3. Дар бораи аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ айбдоршаванда ва ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо огоҳ карда мешаванд.

test

Добавить комментарий