ҚАТЪ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ  27.

ҚАТЪ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 234. Асосҳои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ

1. Парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешавад:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаҳои 27 ва 28 Кодекси мазкур зикршуда;

– ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят, ба шарте, ки тамоми имкониятҳо барои ҷамъоварии далелҳои иловагӣ истифода шуда бошанд.

2. Агар аз рўи парванда якчанд айбдоршаванда ҷалб карда шуда, вале асосҳои қатъ намудани он на ба ҳамаи айбдоршавандагон дахл дошта бошад, он гоҳ таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ карда мешавад.

3. Муфаттиш дар сурати қатъи парванда бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят бояд барои сафед кардани шахс ва ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ѓайриқонунӣ дастгир ва ё ҳабс кардан расонидашуда тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешад.
Моддаи 235. Қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ

1. Дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш қарори  асоснок қабул мекунад.

2. Дар қисми муқаддимавии қарор вақт ва маҳалли таҳияи он, фамилия ва вазифаи  муфаттиш сабт карда мешавад.

3. Дар қисми баёнию асосноккунии қарор ҳолатҳое, ки сабаб ва асоси оѓози парванда гаштаанд, натиҷаҳои тафтиш ба воситаи нишон додани маълумот дар бораи шахсоне, ки аз рўи парванда дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор шудаанд, моҳияти он, бандубасти ҷиноят ва чораҳои пешгирии татбиқшуда дарҷ меёбад.

4. Дар қисми хулосавии қарор муфаттиш дар бораи қатъи парванда бо такя ба моддаи Кодекси мазкур, ки барои қатъи парванда асос шудааст, инчунин дастур дар бораи бекор кардани чораи пешгирӣ, бекор кардани ҳабси молу мулк, дар бораи тақдири далелҳои шайъӣ инъикос карда мешавад.

5. Дар ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун қатъи парванда танҳо бо ризои айбдоршаванда ё ҷабрдида иҷозат дода мешавад, вуҷуд доштани чунин розигӣ бояд дар қарор зикр карда шавад.

6. Ҳангоми қатъи парванда мувофиқи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва қисми 1 моддаи 229 Кодекси мазкур ба қарор дохил намудани ифодаҳои зери шубҳа гузорандаи бегуноҳии шахсе, ки нисбат ба ў парванда қатъ шудааст, манъ мебошад.

7. Нусхаи қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор фиристода мешавад.
Моддаи 236. Амали муфаттиш пас аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ

1. Муфаттиш аз қатъи парванда ва асосҳои қатъи он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё муассисаеро, ки тибқи аризаи онҳо парванда оѓоз шуда буд, хаттӣ огоҳ месозад. Дар сурати қатъи парванда нисбати даъватшаванда муфаттиш дар мўҳлати ҳафт рўз ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар ин бора хабар медиҳад.

2. Ба шахсоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, ҳуқуқи шиносшавӣ бо маводи парванда ва тартиби шикоят кардан аз қарори қатъи он фаҳмонда мешавад. Бо хоҳиши ин шахсон нусхаи қарори қатъи парванда ба онҳо супорида мешавад.

3. Шиносоӣ бо маводи парванда бо риояи талаботи моддаҳои 240-242 Кодекси мазкур сурат мегирад.

4. Агар дар натиҷаи тафтиш ҳолатҳое муқаррар карда шуда бошанд, ки нисбати шахси ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидашуда ё шахсони дигар татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии интизомӣ ё ҷазои маъмуриро талаб мекунанд, муфаттиш парвандаро қатъ карда, маълумотро ба маъмурияти ҷои кори ў мерасонад ва маводро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ба мақомоти салоҳиятдор равон мекунад, ба шарте, ки мўҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашидан нагузашта бошад.
Моддаи 237. Шикоят кардан аз қарори қатъи парвандаи  ҷиноятӣ

1. Аз қарори муфаттиш дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва ё намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё намояндаи муассиса, ки тибқи аризаи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оѓоз шуда буд, ба прокуроре, ки ба тафтиш назорат мекунад, дар давоми ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи ба онҳо супоридани нусхаи ин қарор ё огоҳинома дар бораи қатъи парванда шикоят карданашон мумкин аст.

2. Агар парванда бо ризои прокурор қатъ карда шуда бошад, аз қарор ба прокурори болоӣ шикоят карда мешавад.

3. Мўҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда оид ба додани шикоят аз ҷониби прокуроре, ки ба вай шикоят расидааст, барқарор карда шуданаш мумкин аст.

4. Дар ҳолати шикоятро қонеъ нагардонидани прокурор аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ тибқи қоидаҳои моддаи 124 Кодекси мазкур ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 238. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятии             қатъшуда

1. Агар мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс нагузашта бошад, пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда бо қарори прокурор дар ҳолатҳои зайл аз нав сар карда мешавад:

– бекор кардани қарори муфаттиш дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ;

– аз ҷониби суд бо тартиби муайяннамудаи моддаи 124 Кодекси мазкур қонеъ кунонидани шикоят дар хусуси беасос будани қатъи парвандаи ҷиноятӣ;

2. Дар бораи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ё муассиса, ки бо аризаи онҳо парванда оѓоз шуда буд, хаттӣ огоҳ карда мешаванд.

test

Добавить комментарий